Пайк

ХАБАРҲО

21 миллион сомонӣ қарзи мушкилситон дар андози Бохтар

Аз омили пардохт накардани андоз ва аз фаъолият боз мондани баъзе корхонаҳо қарздорӣ аз ин ҳисоб дар шаҳри Бохтар ба 21- миллион сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи масъулини соҳа ин қарзҳо ҳамчун қарзи беэътимод (мушкилситон) дониста шуда, аз ҳисоб гирифта мешаванд.

Дар зарфи даҳ моҳи сипаригардидаи соли равон иҷориши ҷамъоварии андоз дар шаҳри Бохтар зиёда аз 128- милиону 515 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки дар маҷмуъ 102 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин дар маҷмӯъ аз ҳисоби андозҳо ва андози иҷтимоӣ беш аз 3- милиону 197- ҳазор сомонӣ барзиёд ба буҷаи мамлакат ворид карда шудааст.

Сӯҳроб Назаров, сардори шӯъбаи баҳисобгирии даромадҳо ва пардохти нозироти андози шаҳр иттилоъ дод, ки:

«Аз 10- намуди андоз 2- намудаш иҷро нагардидааст, ки ин андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва боҷи давлатӣ мебошад. Аз ҳисоби иҷро нашудани 2- навъи андоз 4- милион сомонӣ ба буҷаи кишвар ворид карда нашудааст».

Дар ин замина омили дигари ташвишовар он аст, ки аз ҳисоби нардохт накардани андоз қарздорӣ ба 21- миллион сомонӣ расидааст.  Оид ба ин масоили матраҳ манбаъ афзуд, ки ин қарзҳо ҳамчун қарзҳои мушкилситон эътироф шудаанд, ки баргардондани онҳо кори сангин аст, зеро корхонаҳое, ки қарздоранд амволи шахсӣ надоранд.

Аз ҳама бештар дар ин самт корхонаи фаръии «Қурғонтеппагаз», 8 милиону 934- ҳазор сомонӣ, ҶСК «Таъмир ИМБ» 1- миллиону 226- ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Баракат ИМПКС» 696- ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Леваканд» 1- милиону 922- ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пардохт накардани андоз қарздоранд.

Ба иддаои масъулини соҳа, муҳлати  даъвои ин корхонаҳо гузаштааст ва ин қарзҳо ҳамчун қарзи беэътимод дониста шуда, аз ҳисоб гирифта мешаванд. Чунки   ин қабил корхонаҳо амволи шахсӣ надоранд, ки фурӯхта қарзро баргардонем ба онҳо огоҳинома низ фиристода шудааст.  Ҳамзамон ин қарзҳо аз солҳои пешин омада истодаанд, афзуд  Суҳроб Назаров .

Ҳарчанд, ки масъулини ниҳоди мазкур барои баргардонии ин қарзҳо кушиш намуда истодаанд, вале ин омил ҳанӯз ҳам якранг боқӣ мондааст. Ба андешаи ҳолдонон ин қарздорӣ бештар аз ҷониби корхонаҳое  ҳаст, ки имрӯз фаъолият надоранд.  Агар чунин қарзҳои ҳангуфт баргардонида шаванд, албатта барои ғанӣ гардидани буҷаи мамлакат заминаи созгор мегузорад.

Аҳмади Раҳим

Бохтар барои «Пайк»

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru