Пайк

ХАБАРҲО

ЧАРО МАОШ НАМЕДИҲЕД?

Яке аз масъалаҳои ба доғи рӯз мубаддалгашта ин бемаошии кормандон мебошад. Пардохт накардани музди маоши кормандон ҳатто чандин моҳ тӯл мекашад. Доир ба ин масъала чандин матлабҳо интишор намудем, аммо масъулин масъулият ҳис накарданд ва ҳамоно чунин мушкилот дар шаҳр ҳалношуда боқӣ мондааст.

Корхонаи давлатии фаръӣ ва ниҳолпарвариву кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб ё ба истилоҳ «ободонӣ» аз зумраи корхонаҳоест, ки кормандонаш 2 моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Дар ин бобат чанд моҳ пеш маводе интишор шуда буд, вале касе худро масъул надонист ва қарзи маош бошад ҳамоно бепардохт боқӣ мондааст.

Раҳмон Одинаев, сардори Раёсати молияи шаҳр доир ба мавзӯъ чунин гуфт: «Корхонаи давлатии фаръӣ ва ниҳолпарвариву кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб бояд мутобиқи оиннома 70% маоши кормандонро аз ҳисоби худи идора ва 30% дигараш бошад аз ҳисоби буҷаи шаҳр пардохт шавад,  30%-ро сари вақт пардохт менамоем. Мавсуф илова кард, ки ҳамин чанд рӯз қабл мо маоши якмоҳаи онҳоро ҳал намуда будему ҳоло ҳам қарздорӣ вуҷуд дорад. Корхона вазифадор карда шудааст, ки парвариши гулу буттаҳоро ба роҳ монда маоши кормандонро пардохт намояд. Чанд моҳ пеш иддае аз дарахтони шаҳри Кӯлобро идораи болозикр бурида фурӯхтанд. Пул куҷо шуд? Бояд маоши кормандонро пардохт мекарданд, аммо…

Нураҳмад Боронов, сардори идораи Корхонаи давлатии фаръӣ ва ниҳолпарвариву кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбати телефонӣ чунин гуфт: «ҳоло дар идора 72 нафар кор мекунанд. Дар ҳақиқат ду моҳ боз кормандони идора маош нагирифтаанд. Ҳар супоришу фармоне, ки аз тарафи «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб» шудааст, мо онҳоро сари вақт бартараф намудаем. То имрӯз барои ободиву гулгӯлшукуфоии шаҳр камари ҳиммат бастаем. Барои бисёре аз идораҳои шаҳр буттаву гулҳо бурдем, аммо то имрӯз маблағи моро пардохт накардаанд. Дар ҳақиқат, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб иддае аз шохҳои дарахтонро ба тартиб дароварем, вале дарахт набуридаем ва онҳоро ба фурӯш набаровардаем. Мувофиқи супориши раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло онҳоро ба хонаводаҳои маъюбу барҷомондагон бурдем.

Барои андеша: Муҳтарам раисони масъул, шумо шояд мӯҳтоҷи пул нестед, аммо дониста бошед, ки ин тоифаи камбағалу барҷомонда ба ҳамон 400 сомоние, ки шумо онро бар дӯши якдигар ҳавола мекунед, муҳтоҷанд. Боз фаромӯш накунед, ки онҳо ҳам мисли шумо зану фарзанд доранд, бояд зиндагӣ кунанд. Ҳамон маблағ барои он нафарон аҳамияти психологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад.

Шоҳин

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru