Пайк

ХАБАРҲО

ПАХТАИ ТОҶИК МОНОПОЛИЯИ КӢ МЕШАВАД?

Ё худ пахта обирӯ буд, дарди сар шуд!


Гумони ғолиб бар он аст, ки агар Ҳукумати Тоҷикистон ҷилави соҳибкорони худиву тақсими замини тоҷикро барои аҷнабиён ба даст нагирад, дар фурсати начандон дур пахтаи тоҷик монополияи давлатҳои бегона мегардад.

Замоне пахтаи тоҷик ифтихори давлат буд

Дар гузаштаи наздик, аниқтараш ахири солҳои 80-уми асри гузашта, ҳосили яксола рӯёндаи пахтакорони тоҷик аз марзи 1 милён тонна боло рафта буд. Пахтакорони тоҷик, ки усулан «переписка» карданро наметавонистанд, ба ҳисоби дигар, аз ҳар ҳектор майдони пахта то 40-50 ва дар баъзе маврид то 60-сентнер ҳосил ҷамъоварӣ менамуданд. Агарчӣ ҳамон солҳо «перепискаи» пахтакорони дигар республикаҳои советӣ-сотсиалистӣ, ба хусус пахтакорони Узбакистон вирди ғайбатҳо гаштаву даҳҳо нафар аз масъулини баландпояи ин республика бо ҳамин айб зиндонӣ гашта буданд, вале бо санҷишу тафтишоти зиёди комиссионҳои маскавӣ дар ҳисоботу ҷамъоварии пахтаи Тоҷикистон камбудие намеёфтанд. Душанберо дар ҳамаи СССР бо пахтааш васф мекарданд.

Пахтаи тоҷик баъди истиқлолият рушд накард

Аммо, бо гузашти ҳамагӣ 30-сол ҳосили пахтаи тоҷик то ба 10-12 сентнер барои ҳар ҳектор расид. Ҳол он, ки майдони пахта, бино ба оморҳои расмӣ, ҳамасола зиёд гаштан дораду ҳосили он аз 100-ҳазор тона каме бештар. Мантиқан, SOS бояд зад, фиғон бояд намуд, ки ин маҳсулоти стратегӣ, ки дар дунё харидори зиёд дорад, рӯ ба нестӣ меравад.  О, касе бояд барои нестшавии он ҷавобгӯ бошад, охир? Дар ин маврид садҳо нафар давлатмардон дар вазоратхонаҳову кумитаҳои ҷумҳурӣ маошгиранд -ку. Гузашта аз ин, садҳо тан олимону донишмандони соҳа чӣ гуна дар ғафлат монданд? Куҷо шуд он илму донишу малакае, ки эшон аз худ кардаву ҳам рисолаҳои илмӣ ба анҷом расондаву ҳам расонданианд? Ё интизори «супориши махсуси» Президентанд!? Воқеан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора даҳҳо маротиба муроҷиату супоришҳо ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо додааст, то майдони пахтазорро боз ҳам васеъу зиёд намоянд. Аммо, чун барои олимони соҳа супоришу амр набуд, эшон низ парвои пахта на карданду на доранд, дар ҳоле ки он, пахта, нони даҳонашон аст. Агар ҳисоби дуруст ба роҳ монем, шояд шумораи олимони соҳаи пахтаву кишоварзӣ ва мутахассисону умуман маошгирони вазорати кишоварзӣ, аз ҳосили мерӯёндаи  1-ҳектори пахта зиёд бошад. Мисол мехоҳанд? Марҳамат. Танҳо дар вилояти Хатлон 19 ноҳия ба  пахтакорӣ машғул ҳастанд. Тибқи маълумоти Сарраёсати агентии омори назди Президенти ҶТ дар ин вилоят, танҳо рӯзи 25-уми октябри имсол дар ҳамаи 19-навоҳӣ 2697 тонна пахта ҷамъ овардаанду бас. Барои 1-ноҳия 142-тонна, барои ҳар хоҷагӣ ҳатто 1-тонна ҳам рост намеояд. Вале, на ҳама навоҳӣ дар 1 рӯз то 100-тонна пахта мечинанд. Боз ҳам барои мисол, ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ ва Ҳамадонӣ мутаносибан дар санаи 25-уми октябр 60, 15 ва 137-тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, то рӯзи 25-уми октябр хосили рӯёндаи пахта дар ҳамаи вилояти Хатлон, яке аз минтақаи бузурги пахтакорӣ, 128739-тонна, ё 55-фисади дурнаморо ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пахтакорон зиёда аз 105 ҳазор тонна кам пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки имсол бо супориши Президенти ҷумҳурӣ ва тибқи маълумоти пешакӣ, майдони пахтазор дар ҳамаи навоҳии пахтакор зиёд шуда буд. Аммо, ҳосилнокӣ аз ҳар 1 ҳектор 11-13 сентнериро ташкил додааст. Воқеан, ин рақам ҳам воқеият надорад. Зеро, ба иқрори баъзе аз хоҷагидорон, ки намехостанд номашонро ошкор намоем, дар маврид ҳукуматҳои маҳаллӣ эшонро маҷбур мекарданд то «ба истилоҳ ПК, ё варақаи баҳисобгирии пахтасупориро аз корхонаҳои коркарди пахта харида, маълумот пешниҳод намоянд». Дар дигар маврид,  роҳбарони ноҳияҳо ба хотири иҷрои супориши Президент, масъулинро маҷбур мекунанд, то ҳисоботи бардурӯғ дар мавриди зиёд нишон додани майдони кишти пахта ба «боло» пешниҳод намоянд. Ин андешаи муаллиф нест, дар ин бора дар долонҳои ҳукумат ва идораҳои кишоварзӣ мегӯянд. Зеро, дигар ин ашёи пурқиммати стратегӣ аз ягон ҷониб назорат бурда намешавад ва пахтакори тоҷик ҳам акнун мисоли пахтакорони советии Узбекистон ба изофанависӣ мепайвандад.

Чаро ҳосили пахта кам мешавад?

Ин саволест, ки  бояд олимону мутахассисони соҳа ба он ҷавоб ёбанд. Аниқтараш, ҳанӯз барвақттар бояд ҷавоб меҷустанд.

Тавре дар боло гуфтем, ҳосилнокии 40-60 сентнерӣ то ба 10-15 сентнерӣ омада расиду масъулинро аз он парвое нашуд. Кор то ба ҷое расид, ки Президенти мамлакат аз ин гуна фаолият изҳори нигаронӣ намуда, амри махсус барои зиёд намудани майдони пахтазор дод. Пахта, ки ашёи қиммату ҳам серхаридор дар бозори ҷаҳонӣ мансуб аст, мақсади Пешвои миллат ҳам бо ҳамин восита беҳтар кардани сатҳи зиндагонии деҳқон буду ҳаст. Вале, мутаассифона дар ин бора ҳанӯз касе на дар Ҳукумат, на дар вазорати кишоварзӣ, на дар ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ин пешниҳоди Президент дастгирӣ намекунанд. Ченаки заминҳои пахта дар маҳалҳо сар-сарӣ анҷом меёбаду комиссион тақрибан дар ягон ҷо «изофанависиро» ошкор намекунанд ва ё кунанд ҳам хеле кам.

Гузашта аз ин, ба ҳосилнокии пахта ягон масъул ҷавобгӯ нест ва касе ба он аҳамият ҳам намедиҳад. Масалан, бо ҳамин савол ба идораҳои кишоварзии навоҳии минтақаи Кӯлоб муроҷиат кардем. Дар ҳама ҷо як ҷавоб буд, соли гарму хушк омад. Ҳол он, ки пахта растании гармипарвар буда, тибқи иттилоъ, камбуди оби техникӣ дар ягон хоҷагии пахтакор дар ҳамин сол ба мушоҳида нарасидааст. Мантиқан, ин ҷавоби масъулон бепоя буд.

Вирусе, ки асрорашро олимон маълум накарданд

Аммо, хоҷагидорон аз дигар чӣ нороҳат буданд. Деҳқонони минтақа мегӯянд, як беморие рӯйи пахта омад, ки ба якбор гулу шона ва куракҳои пахта рехтан гирифтанд.

Сайҳомид Саидов, як корманди Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ гуфт,  сабабҳои асосии ҳосилнокии ками пахта ин нарасидани агрономҳо, набудани нақшаҳои киштгардонӣ ва обдиҳии саривақтӣ, нарасидани заҳру химикатҳо ва нуриҳои минералӣ ва аз ҳама муҳимтар, набудани ягон ташхисгоҳи химикатҳо, ё ба истилоҳ агрохимлаборатория мебошад. Ба андешаи ин ҷаноб, дар зердастии ҳукумати маҳаллӣ қарор ёфтани идораву мутахассисони кишоварзӣ низ як омили камфаолиятии хоҷагиҳои деҳқонӣ шудааст. ӯ мегӯяд: «чун кормандони Раёсати кишоварзӣ дар итоати ҳукумати ноҳия ҳастанд, чӣ супорише ки аз ҷониби ҳукуматдорон меояд, иҷборан иҷро хоҳанд намуд. Дигар фикру андешаи мутахассисони соҳаро агар хоҳанд гӯш мекунанд, вале ба роҳ намемонанд. Аз ин хотир, на хоҷагидор ба идораи кишоварзӣ гӯш медиҳаду на роҳбарони ноҳия. Ҳатто ҳисоботу маълумоти хоҷагиҳоро Раёсат аз агентии омор дастрас мекунад».

Иллати дигари камҳосилӣ камбуди тухмиҳои серҳосилу босифат мебошад. Тақрибан дар ҳамаи навоҳӣ хоҷагиҳои тухмипарвар вуҷуд доранд. Масалан, танҳо дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ 6 хоҷагии тухмипарвар ба ном фаолият мекунанд. Аммо ин хоҷагиҳо ба ягон хоҷагӣ тухмӣ нафурӯхтаанд. Аз ин ҳам гузашта, дар аксари маврид хоҷагиҳои тухмипарвар барои худашон аз дигар ҷо тухмӣ харида (!!!), мекоранд.

Дорӯҳои хитойӣ бесифатанд ё баҳонаи навбатӣ

Бино ба хабар, имсол аксари хоҷагиҳои пахтакор аз тухмӣ, заҳрхимикат ва нуриҳои чиноӣ харида, истифода бурдаанд. Ба иқрори хоҷагидорон ҳамаи ин маҳсулоти чиноӣ бесифат буда, дар баъзе маврид нишонаи баръакс медодаанд. Ҷура Абдуллоев, сардори Раёсати кишоварзии Кӯлоб гуфт, дар 1-ҳектор замини ҷуворимакка ним ҳекторашро заҳри хитойӣ задему ними дигарашро не. Ахиран, ним ҳектор замини заҳрзада касалманд гаштаву ба пуррагӣ хушк гардид, вале, қисмати заҳрнозада расидаву ҳосили хуб  дод.

Ба ҳамин монанд, деҳқонони фархорӣ ва ҳамадонигӣ ҳам гила аз заҳрдоруҳои чиноӣ намуданд. Онҳо мегӯянд, баъди қабули заҳрдоруҳои хитойӣ,  баргҳои растании пахта якбора пажмурдаву хушк гашта, гулу шонаву куракҳо пайи ҳам ба рехтан даромаданд. Аҷиб он будааст, ки заминҳои ҳамсояи заҳрнозада ҳам  касал шудан мегирифтанд. Деҳқонони фархорӣ барои ҳалли ин касофат ба Вазорати кишоварзӣ ва дигар идораву институтҳои марказӣ муроҷиат кардаанд, то ин вирусро муайян карда, кумакашон намоянд. Олимони соҳа дар ҳалли он оҷизӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки аз ин гуна беморӣ бехабаранд.Аммо, Алихон Холиқзода, муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, баъди инкишофи ин беморӣ аз агрономҳои солхӯрдаи ноҳия кумак хостааст. Ба ақидаи эшон, ин вируси ба истилоҳ «Табачный трипс » буда, ҳанӯз аввали солҳои асри гузашта дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаву ҳамон солҳо ба пуррагӣ нест карда шуда буд. Тайи тақрибан 100-сол ин беморӣ таҳдид намекард, дақиқан онро овардаанд. Табобати он аз агрономҳо не, аз олимони соҳа бастагӣ дорад.

Пахтаи тоҷик аз даст меравад?

Биёем сари андешаи Сайҳомид Саидов, корманди Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ, ки гуфта буд дар ҷумҳурӣ агрохимлабораторияҳо фаол нестанд. Агар ин ташхисгоҳҳо фаолият мекарданд, аз заҳрдоруву нуриҳои бесифату ҳам зиёновар пешгирӣ кардан мумкин буд. Яъне,  фурсати он расидааст, то  мутахассисони соҳа дар Вазорати кишоварзӣ, ки бо шиму костюму галстук карру фарр доранду бо мошинҳои хизмативу маоши баланд   кайфу сафо мекунанд, дар пайи иҷрои вазифаашон «камари ҳиммат» банданду интизори супориши Президент нашинанд, то ҳамон маоши мегирифтаашонро ҳалол кунанд. Агрохимлабораторияҳоро агар фаол накунед, дигар ҳосили баланди пахтаро дар хоби шаб ҳам нахоҳед дид.

Колхозро бояд баргардонид

Заминро  ба деҳқон гардондем. Замин соҳибашро ёфт. Ин шиорҳои замони аввали тақсимоти замин дар Тоҷикистони навистиқлол буд. Аммо, вақт ва таҷриба нишон дод, ки ин раванд  бархӯрди манфиати халқу ҳам деҳқон набудааст. Як назари оддӣ, на профессионалӣ, нишон медиҳад, ки идораи замин дар даст нест. Гумони ғолиб бар он аст, фурсате расидааст, ки заминро аз дасти ба истилоҳ «соҳибаш» бозпас гирифт ва ҳамон сохти колхозиро ба роҳ монд. Зеро ин «соҳибон» заминро бесоҳиб кардаанд! Гузашта аз ин, тибқи як Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи замин аз 31 августи соли 2004, таҳти № 349 омадааст, ки майдони пахтакорӣ барои хоҷагиҳои оилавӣ ва инфиродӣ на камтар аз 10-ҳектор  ва ҷамъиятӣ зиёда аз 50-ҳекторро ташкил бояд диҳад. Вале, дар ҳоли ҳозир хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1,2,3-ҳектор пахта мекоранду тақрибан ҳосиле ба даст намеоранд. Чунки дар ин хоҷагиҳо на агроном ҳасту на мутахассиси соҳа, на заҳр мезананду на нурии минералӣ. Ба андешаи мутахассисон, ин раванд усулан ба фоидаи кор нест ва бегумон ба нестӣ ва камҳосилии замин мерасонад. Як иллати ҳосилнокии паст низ ана ҳамин ҷо ниҳон аст.

Ба ҷойи хулоса

Дар ҳоле, ки пахтакорони тоҷик аз ҳосили нохубу хушкиву гармиву бемориҳои нави пахта шикоят доранд, пахтакорони чиноӣ, ки ҳамагӣ дар чандсад ҳектор майдон дар ноҳияи Данғара пахта коридаанд, ҳосили баланд ҷамъоварӣ намуданд. Ба пахтазори ин аҷнабиён назар андӯхта, гумон мекунӣ, ки болои майдон барф рехтааст. Ҳалолашон бод, ки ҳам замин гирифтанд, ҳам пахта кишт карданд, ҳам ҳосили баланд рӯёнданд ва ҳам пахтаи тоҷикиро бемору… беобрӯ намуданд. Ва агар ин раванд дуруст бошаду аз он сари вақт пешгирӣ нашавад, он рӯз дур нест, ки пахтаи тоҷикро эшон монополия карда, аз худ кунанд. Мо ҳӯшдор додем, дигар олимону пахтакорони тоҷик медонанду  чиноиҳо.

Аслиддин  Достиев

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru