Пайк

ХАБАРҲО

Нархи шиносномаҳои хориҷӣ дар кишварҳои ИДМ тағир ёфт


Соли 2018 нархи шиносномаҳои хориҷӣ дар чанде аз кишварҳои узви ИДМ тағйир ёфт. Дар Тоҷикистон бошад арзиши он бетағйир, дар Қазоқистон ду баробар қимат ва дар Ӯзбекистон бошад шиносномаи хориҷӣ танҳо соли 2018 ҷорӣ мешавад.

Passport Index-2018

Дар Passport Index-и навшуда рейтинги шиносномаҳои кишварҳои гуногун тартиб дода шудааст.Меъёри интихоб шумори кишварҳое, ки дорандаи шиноснома бидуни раводид ё баъди гирифтани он сарҳадро убур кардан имкон дорад, интихоб шуд. Дар Passport Index 2018 Тоҷикистон зинаи 72-юм (бо 55 кишвар равуои бидуни раводид ё соддашуда)-ро ишғол намуда, дар як саф бо Ӯзбекистону Чин, Гаити, Гвинея ва Сенегал қарор гирифт. Ҷойи аввалро Олмон (бо 161 кишвар) ва зинаҳои охирини рейтингро Покистон (бо 29 кишвар), Ироқ (бо 28 кишвар ) ва Афғонистон (ҷойҳои 92,93 ва 94-ум) касб карданд. Шиносномаи хориҷӣ барои шахси сафаркунанда ҳуҷҷати асосӣ аст.

Нархномаи шиносномаи хориҷӣ дар ИДМ

Дар паҳнои кишварҳои ИДМ шиноснмаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҳама гаронтарин аст. Нархи расмии шиносномаи хориҷии биометрӣ (боҷҳои консулгарӣ) тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  ҳоло 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Илова бар ин, бояд боз 75 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 40 сомонӣ ҳаққи хизматгузориро пардохт намуд, ки 115 сомонӣ ё худ 13 доллари дигар илова мешавад. Дар натиҷа нархи шиносномаи биомерии мо 88 долларро ташкил медиҳад. Арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон то муҳлати 15 рӯз тайёр шудан – 75 доллар ва 100 сомонї боҷи давлатӣ, то муҳлати 7 рӯз – 150 доллар ва ҳамон маблағи боҷи давлатӣ ва то муҳлати 2 рӯз – 225 долар ва 100 сомонӣ боҷи давлатиро ташкил медиҳад. Ин нархнома ба шаҳрвандони аз 14-сола боло тааллуқ дорад, барои 14-солагӣ поён нахргузорӣ 50% аст. Соли 2018 нарх тағйир наёфт, аммо қурби доллар дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон 10 сол муқаррар карда шудааст. Ҳамаи нархгузориҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нашр шудааст.

Аз рӯи гаронии нарх мақоми дуюмро Русия ишғол мекунад. Муҳлати муқаррарии гирифтани он 30 рӯз буда, маблағи пардохти арзиши он 3500 рубл ё худ 61,8 доллар барои шаҳрвандлони синни аз 14-сола болои Русия мебошад.

Соли 2018 Қазоқистон арзиши шиносномаи хориҷиро ба таври назаррас боло бурда, ба 8 нишондиҳандаи ҳисоби моҳона (нишондиҳанда – 2405 танга) баробар кард. Акнун арзиши шиносномаи хориҷӣ дар ин кишвар 19240 танга ё худ 59,1 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017 ду баробар зиёдтар аст.

Арзиши шиносномаи биометрӣ дар Арманистон 25 дирҳам ё худ 51 долларро ташкил медиҳад. Шиносномаҳои биометрӣ барои аз Арманистон берун сафар кардан дар соли 2014 ҷорӣ шуданд.

Шаҳрвандони синнусоли аз 18-сола болои Озарбойҷон дар муддати 10 рӯзи корӣ бо пардохти 40 манат ё худ 23,3 доллар шиносномаи хориҷӣ гирифта метавонанд.

Дар Ӯзбекистон аз соли 2018 шиносномаи хориҷӣ ҷорӣ карда шуд. Шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои дохилии ягонаи худ сафар мекунанд, ки зимни сафар ба хориҷа ба он навиштаи махсус (стикер) ҳамроҳ мешавад. Муҳлати ин иҷозатнома  ду сол аст. Нарх 50% аз маоши ҳадди ақал (172240 сӯм дар як моҳ) ҳисоб мешавад. Арзиши расмии шиноснома 11 доллар ва муҳлати муқаррарии гирифтани он 3 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ барои анҷоми расмиёти шиноснома ҷиҳати сафар ба хориҷа 22 доллар зарур аст.

Миёни кишварҳои ИДМ шиносномаи хориҷӣ дар Қирғизистон аз ҳама арзонтар аст. Нархи дастрасии аввали он 530 сом ё худ 7,7 доллари ИМА мебошад. Муҳлати гирифтан 18 рӯз аст. Агар таъҷилӣ лозим бошад, вобаста ба муҳлати омода шудани он, маблағ афзуда, лекин нархи ҳадди ниҳоии он аз 90 доллар ва онро дар муддати 3 соат гирифтан мумкин аст. Барои ивази шиносномаи хориҷӣ 590 сом пардохтан лозим аст. Барои гум кардан ё корношоям кардани он шаҳрвандони ин кишвар 730 сом маблағ месупоранд.


Нуралӣ КАРИМ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru