Пайк

ХАБАРҲО

Қаллобон дастгир шуданд

Қаллобон дастгир шуданд

Акобирзода Дилшод сардори шӯъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 30 январ қайд кард, ки аз тарафи кормандони Агентӣ 2 нафар кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Рустамов Илҳом корманди хадамоти муҳофизати шаҳри Кӯлоб ва корманди ШВКД Рустамов бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуданд, ки дар якҷоягӣ барои тасарруфи беш аз 13 000 сомонӣ айбдор дониста мешаванд. Алайҳи ин ду нафар бо моддаи 247 қ 4 барои қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанду тафтишот идома дорад.

Инчунин нисбати Одинаев Ҳамза  корманди идораи Корхонаи фаръии бақайдгирии давлатии (МБТИ) минтақаи Кӯлоб барои тасарруфи беш аз 7 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Каримов Шодмонхон масъули кумитаи замини ҳукумати ноҳияи Шоҳин аст, ки бо ҷурми қаллобӣ аз тарафи кормандони бахши Агентӣ ба даст афтодааст.

Амонатбонк, «Агроинвестбонк» ва «Содиротбонк» ба қавли Акобирзода фасодсадатарин бонкҳо дар соли гузашта маҳсуб мешаванд.

Нисбати як нафар масъули бонки хурди «Оксус» низ барои тасарруфи 75 000 сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тибқи 137 санҷишҳои гузаронидашуда, қайд кард ҷаноби Дилшод Акобирзода, ба маблаѓи умумии 3 726 365,5 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Аз ин ҳисоб ҷиноятҳои содиршуда ба ниҳодҳои зайл тааллуқ доранд:

Ҳокимияти маҳаллӣ-23 ҷиноят, нисбати 16 нафар

Вазорати Маориф ва Илм- 9 адад нисбати 8 нафар

Вазорати мудофиа- 2 адад нисбати 2 нафар

Вазорати Корҳои Дохилӣ- 2 адад нисбати 2 нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- 6 адад нисбати 6 нафар.

Вазорати кишоварзӣ- 5 адад нисбати 4 нафар.

Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон-3 адад нисбати 1 нафар.

Дар ҳамин нишаст хабарнигорон иброз доштанд, ки тибқи шикояти шаҳрвандон 3 ниҳоди давлатӣ аз назари онҳо фасодзадатарин ниҳодҳо маҳсуб мешаванд, ин ҳам бошад идораи САҲШ, Идораи бақайдгирии Давлатӣ ва идораи Нотариалӣ.

«Пайк»

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru