Пайк

ХАБАРҲО

Бонки Миллӣ бемасъулияттар аст ё «Амонатбонк?»

Ҳамасола дар арафаи ҷашнҳо мушкилоте сари мардум меояд, ки бо айби ду бонк сар мезанад-Амонатбонк ва Бонки миллӣ. Ин ҳам норасоии маблағ аст барои пардохти моҳона ва нафақаи мардум. Дар натиҷа нафарони зиёде аз пиру барно чанд рӯзи умри худро пушти банкоматҳо ва банкҳо сипарӣ мекунанд. Имсол ҳам дар арафаи иди саиди Фитр нафарони зиёдеро дидем, ки пушти дари шӯъбаҳои «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб навбат мепоянд. Бисёре аз ин нафарон то бегоҳ навбат поиста номурод ба хона бар мегарданд. Рӯзи дигар ба ҷои он, ки дар арафаи ид ба рубучини хона ё кӯчаю ҷои кор машғул бошанд, боз пушти дари «Амонатбонк» маскан мегиранд. Дар ин миён, касе ба онҳо сабаби набудани пул дар банкоматҳоро намегӯяд.

Чуноне, ки гуфтем ин мушкили доимии мардум аст. Дар ин бора чандин маротиба матлабҳо дар ин сомона ва ҳафтавори «Пайк» ба нашр расида буд. Масалан «Амонатбонк ба амонат хиёнат мекунад»  «Раиси Амонатбонк куҷо ғайб зад?», хуллас бисёр буданд чунин матлабҳо. Нафақахӯрони синну соли гуногун, маъюбону барҷомондагон, рӯзадорон, зери офтоби сӯзон дар интизори нафақа мебошанд, аммо масъулини бонк дар утоқи корӣ зери «кондисионер» нишаста, дар фикри нафарони берун аз бонк буда нестанд, ки онҳо дар 40 дараҷа гармии ҳаво аз набудани маблағ азият мекашанд. Нафарони берунбуда бошанд нисфи зиёди умри хешро дар хизмати ҳамин кишвар гузаронидаанд. Ҳоло бошад аз бемасъулиятии масъулини  бонк азият мекашанд.

Нафаре, ки аз нафақагирони шаҳри Кӯлоб, ки худро бобои Раҷабалӣ муаррифӣ кард, дар сӯҳбат чунин гуфт: «Ман ҳар моҳ ҳар хел пенсия мегирам. Моҳи гузашта 100 сомонӣ ва ин моҳ бошад 93 сомонӣ дар картаам гзаштай. Ай ҳами сум тоқа 50 сумша гирифтм, гуфтан, ки банкомат суми майда надоштай, моҳи дига биё.»

Боз айби Бонки миллӣ

Бино ба иттилои сардори филиали №56-и «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб Самариддинзода Муҳриддин дар шаҳри Кӯлоб 8 адад бонкоматҳо фаолият доранд, ки аз ин миқдор як ададаш корношоям мебошад. Аммо чизи дигарро ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳоло дар ягон бонкомат пул нест. Мо ба Бонки миллӣ дархост намудем, то ба мо пул равон кунад, аммо 5 миллион сомонӣ танҳо купюраҳои 50, 100 ва 500 сомона равон намудааст. Бо чунин купюраҳо магар метавон нафақа ё моҳонаи бақиядорро, масалан 220, 340 сомонаро пардохт кард, аз куҷо ёбем?  Моҳе қабл пули нақдро аз Бонки миллӣ бо арзиши 0,1% харидорӣ менамудем, айни ҳол бошад 0, 3% мехарем.

Самариддинзода иброз дошт, ки дар инҷо мушкилоти асосии дар Бонки миллӣ, ки ҳоло роҳбарии ин бонк ба дӯши Сайфулло Абдулваҳҳобов аст мебошад, ки пулро бо купюраи баланд ба мо медиҳад. Чанд маротиба дархости пули майда намудем, лекин ин мушкилот ҳалли худро наёфт.»

Ва аммо раиси Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб Сайфулло Абдулваҳҳобов дар сӯҳбати телефонӣ бо «Пайк» иттилои мутафовит ба суханони раиси «Амонатбонк» дод, у гуфт: «Мушкили таъминоти маблағ дар минтақа вуҷуд надорад.      Худӣ имрӯз Амонатбонкро бо 6 миллион сомонӣ таъмин кардем. Тамом шавад боз ҳамин қадар мефиристем. Дар аксар ҳолатҳо Амонатбонк дар суратҳтсобаш пул надорад, аммо аз мо талаб мекунад бо асъор таъминаш созем, ки ин номумкин аст.»

Дар қазияи байни ин ду бонк мо довар шуданӣ нестем, аммо аз иттилои додаи ҳарду ҳам бӯйи бемасъулиятӣ меояд. Бемасъулиятии ин ду ҷаноб бошад, боиси норозигии мардум мешавад.

Бонки давлатӣ 1200 сомонӣ надорад!

Ҳамарӯза тавассути оинаи нилгун мебинем, ки Амонатбонки Ҷумҳурӣ худро хело ҳам тавсифу тарғиб менамояд, ки аз кортҳои Амонатбонк бигиру роҳат бош!?  Ин ҷанобон дар бораи кадом роҳат сухан мегӯянд, кас намедонад. Ҳамин ду рӯзи пеш буд, ки барои кормандони ҳафтавор 1200 сомонӣ туҳфаи идона доданӣ буданд, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тахт намуда роҳ сӯи Амонатбонк гирифтем. Ҳамоно аҳвол ба монанди пештара буд. Ҳамаҷо пур аз кампирону муйсафедон дар интизори пули худ буданд. Мо низ хостем маблағи болозикрро аз суратҳисоби ҳафтавор бигирем, аммо сармуҳосиби калони бахши Амонатбонки минтақаи Кӯлоб акои Аҳмад гуфт: «Дар бонк пул нест, як ду соат баъд биёед. Баъди 3 соати сипаришуда маротибаи 2-юм рафтем, аммо то ҳол ба бонк пул наоварда буданд. Хуллас, дар арафаи иди Рамазон ҳоли мардуми минтақаи Кӯлоб хело ҳам бад аст, дар интизори 100 сомонӣ ҳаққи худ аз субҳ то шом менишинанд.

Абдулваҳҳобов парво надорад?!

Ин барои бори аввал нест, ки чунин мардумозориро  дар минтақаи Кӯлоб кормандони Бонки миллӣ ва дигар бонкдорони мо ҷорӣ намуданд. Шояд барои чунин бемасъулиятӣ боре ҳам аз сарраёсат ва дигар мақомоти болоӣ танбеҳ нагирифтаанд?  Кӣ бояд ба доди ин мардуми бечораю бенаво бирасад? Танҳо Пешвои миллат! Не ҷанобон, ин вазифаи ҷонии шумо аст, кори Пешвои миллат сангинтару болотар аз фаолияти ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ аст. Дар ин ҷода чизи дигарро ёдовар шудан бамаврид аст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 оиди вокунишҳои шахсони мансабдор ба маводи таҳлилию танқидии рӯзноманигорон амал мекунад. Борҳо маводи таҳлилию танқидӣ интишор шуда буд, аммо Самариддинзода Муҳриддин сардори бонки давлатии «Амонатбонк» ва Абдулваҳҳобов Сайфулло мудири шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро халалдор намуда, боре ҳам вокуниш равон накардаанд ва мушкилро ҳам бартараф накардаанд.

Суоле посух меҷуяд, ки оё баъди ҳамаи ин бемасъулиятии ин ду нафар дили мардум аз давлат сард намешавад?  Дар ҳамонҷо шунида будам, ки яке бо дигаре мегуфт: биёед ба ҷаноби Олӣ як мактуб равон мекунем, ин мушкилот ҳал мешавад. Мардум роҳи ҳалли ҳамаи ин мушкилотро танҳо дар муроҷиат ба Пешвои муаззами миллат мебинанд.

Муҳаммад  Мӯсавӣ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru