Пайк

ХАБАРҲО

Тиҷорат ва қонунҳои он

Ҳар яки мо дар ҷомеа ба касбу коре машғулем, то ин ки аҳли оилаи худро ба хӯрокаю пӯшока таъмин намоем. Дар ҳадисҳои Пайғамбарамон Муҳаммад (с) борҳо зикр шудааст, ки талаби касби ҳалол аз бисёрии ибодат дида бофазилаттар аст.

Агар дар касбу кори мо виҷдони пок омили асосӣ бошад, Худованди мутаъол баракоти онро зиёда мегардонад. Дар баробари ин ҳар яки касб қонунҳои худро дорад. Донистану вайрон кардани ин қоидаҳо боиси рафтани файзу баракати хонадон мешавад. Имрӯзҳо ҳамагон медонанд, ки аз сабаби набудани ҷойи кор ё кам будани музди меҳнат бисёр одамон чӣ марду чӣ зан рӯ ба бозор оварда, ба савдогарӣ машғуланд. Азбаски банда чанд муддат ба тиҷорат сару кор доштам ва борҳо дар маъракаҳои хурсандии тоҷирон иштирок намудам, бисёрии онҳо шикоят мекунанд, ки «Аз субҳ то шом дар бозор мешинанд, вале баракаташро намебинанд».

Бале, коре, ки дар фиребу найранг, беҳуда қасам хӯрдан ва монанди инҳо бошад, аз куҷо баракаташро ба ту медиҳад? Мӯйсафед бо риши сафед аз деҳқон савгандхӯрон «барои худоӣ мегирем, арзон диҳед, дар савобаш шарик мешавед»- гӯён «болои сухта намакоб» ба тарозуе, ки 1 килоро 800 грамм нишон медод, ҳамаи бодиринги деҳқонро харидорӣ намуд. Ӯ баъд аз чанд лаҳзае ба овози баланд «бодирингда биё, деҳқониай» ва бо ҳамон тарозуи «ихтироъкардааш», ин дафъа 800 граммро як кило нишон дода савдо мекунад.

Дидам, ки марди чилсола бо чеҳраи маҳзун аз деҳқон «барои маъракаи ҳафти падарам мебарам», гӯён сабзию пиёзро бо нархи арзон харидорӣ намуд, ҳол он ки падараш се сол пеш вафот карда буд.

Чунин рафтори калонсолонро савдогарони ҷавон дида, ба чӣ хулоса меомада бошанд.

Вақте ки дар тиҷорат дуруғ гуфтӣ, қасами беҳуда хурдӣ ва ба фиребу хиёнат даст задӣ, аз куҷо баракатро Худованд ба ту ноил мегардонад? Ҳар як савдогар бояд рӯзи қиёматро пеши назар оварда, ростқавлу ҳалолкор бошад.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Бозоргонони ростгӯй рӯзи қиёмат бо содиқону шаҳидон бармехезанд». Дар ҷои дигар таъкид кардаанд: «Худои таъоло муъмини пешаварро дӯст дорад».

Шояд қисме аз харидорон қоидаи хариду фурушро намедонанд, аз ин рӯ чаҳор қоидаи онро баҳри тоҷирон пешкаш мекунем, то ин ки дар кори ҳаррӯзаашон онро риоя кунанд.

1. Молро аз будаш зиёд ситоиш кардан ҷоиз нест. Зеро муболиға кардан ҳам дуруғ ҳисоб меёбад ва ҳам зулм. Дар савдо аз қасам хӯрдан парҳез бояд кард, хоҳ ҳақ бошед, хоҳ ноҳақ.

2. Айби молро аз харидор пинҳон доштан норавост. Ин фиребгарӣ шумурда мешавад. Қаллобӣ намуда, ба чашми харидор хок пошидан аз доираи инсоф берун аст.

3. Ҳангоми чен кардан (дар тарозу баркашидан, бо метр газвору матоъҳоро чен кардан, бо зарфе равған ё сӯзишворӣ додан) хиёнат набояд кард. Зеро Худованд дар сураи «Мутаффифин» таъкид намудааст. «Вой бар ҳоли касоне, ки ҳангоми харидан зиёд мегиранд».

4. Харидор ё фурушандаеро, ки аз нархи рӯз бехабар аст, фиреб додан гуноҳ аст. Чунончи харидор нархи маҳалларо намедонаду фурӯшанда ӯро фиреб дода, бо нархи гарон мол мефурӯшад. Ё аз фурӯшандае, ки нархи моли маҳаллаи моро намедонад, бо фиреб моли арзон харидан хиёнат аст.

Инчунин яке аз бузургтарини фуқаҳо Имом Муҳаммад Ғазолӣ бо тоҷирон маслиҳат медиҳад, ки ҳангоми муомилот шаш шартро ҳатман нигоҳ бояд дошт. Шарти аввал он ки моли фурӯхташаванда бояд палид набошад. Чунончӣ фурухтани  хук, устухони фил, саргин, гӯшту равғани мурдор ва чизҳои ба ҳамин монанд ботил аст, ки дар моли мефурӯхтагиаш манфиате ба мардум расад.Фурӯхтани муш, мор, каждум ва дигар ҳашароти заминӣ ботил аст. Шарти сеюм он аст, ки мол бояд ҳатман мулки фурӯшанда бошад. Ҳар кӣ моли дигареро беиҷозат фурушад, савдояш ботил аст.

Шарти чаҳорум он ки бояд молеро фурушад, ки бар таслим карданаш қодир бошад. Пешакӣ фурӯхтани моҳии дар об буда, мурғи дар ҳаво буда, ки ҳанӯз сайд нашудааст ва ё фурухтани гусола ё тойчаи ҳанӯз ба дунё наомада, меваи ҳанӯз пурра нопухта ботил аст. Шарти панҷум он аст, ки миқдор ва сифат моли фурухташударо аниқ муайян кунад.Чунончӣ, тахминан «Гусфандеро аз ин рама фурӯхтам» ё «як туп матоеро савдо кардам»-гуфтан ҷоиз нест. Бояд гӯяд, ки иҳотаи ин гусфандро ва ё ин ки як тӯп читро бо фалон нарх фурӯхтам.

Шарти шашум он ки ҳарчи харида буд, то ба даст нагирад, фурухтани он ҷоиз нест. Бояд аввал мол дар дасти вай ояд, он гоҳ боз фурушад.

Тиҷорат ҳалолкорӣ ва адолатро меписандад. Хиёнат ба тоҷир зиён дорад. Савдогар бояд айбу нуқсони молашро аз харидор пинҳон  накунад. Борҳо баҳси ордфурӯшонро бо харидорон дидаем, ки онҳо орди гандуми соли гузаштаро бо орди гандуми якум омехта, бо нархи баланд савдо намудаанд.

Тоҷири ҳақиқӣ бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад, ки ризқу рӯзии бо роҳи фиребу найранг омада, ҳеҷ гоҳ зиёд намешаваду баракат ҳам надорад. Ҳар он чизе, ки ба роҳи дуруғ ва фиреб ба даст ояд,ба як роҳу воқеае аз даст меравад.

Баракати ҳақиқӣ аз савдои ҳалол ба даст меояд. Имрӯзҳо ҳама ба тиҷорат сару кор доранд. Махсусан, занҳое, ки аз ночорӣ бинобар дар Русия будани  шавҳаронашону  нарасидани даромади оила ба харҷи рӯзгор, кам будани музди маош, ба савдо машғуланд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар мадди аввал ҳаё, вафо, садоқат ба пеши худро фаромӯш накунанд. Қисми онҳо барои ҷалб намудани харидорон ба занони аврупоӣ тақлид намуда, либосҳои тангу нимурён пушида, бо суханҳои аз одоби муошират берун ба мардон муносибат мекунанд. Намоишкорона ба харидорон таърифу ситоиш менамоянд, то ин ки молашон ба савдо раванд. Ба андешаи ман ин рафтор ба зани тоҷик зебанда нест. Баъд шикоят мекунем, ки файзу баракат дар тиҷорати мо нест.

Хуб мешуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон  тамоми аҳли бозор дар кори ҳаррӯзаи худ адлу инсофро риоя карда, тартибу низом ва он қонуну қоидаҳои тиҷоратро, ки зикр намудем, ба ҷо оранд.Агар ин корҳоро мо анҷом диҳем, иншоаллоҳ назди Худованди муттаъол савоби калон насибамон хоҳад гашт.

Рӯзимад Тоҳир

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru