Пайк

ХАБАРҲО

КОРХОНАИ БЕГ САБУРОВ...

КОРХОНАИ БЕГ САБУРОВ ДАРДИ САРИ КИСТ?

ё

Қарзҳои андоз кай пардохт мешаванд?

Корхонаи ҶДММ «Хишти Кӯлоб» аз нозироти андоз ба андозаи 1,3 миллион сомонӣ қарздор мондааст. Бо ин қарз корхона дарди сари шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод гаштааст. Гап сар  он, ки ин корхонаи дар гузашта «роҳати ҷон»-у ҳамакнун баъди хусусӣ шудан «дарди сар»-ро касе ба зиммаи худ гирифтан намехоҳад. Он дар марзи ноҳияи Муъминобод ва Кӯлоб наздик ба деҳаи Тебалай ҷойгир аст. Дар гузаштаи начандор дур ин ду ноҳия барои молик шудан ба ин корхона талош меварзиданд. Дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки корхона ба мувозинаи ноҳияи Мӯъминобод гузаштааст, аммо дар нишасти хабарии Мӯъминобод муовини раиси ноҳия Абдуллоев иброз дошт, ки корхонаи «Хишти Кӯлоб» аз мувозинаи ноҳияи Мӯъминобод бароварда шудааст.

Бақияпулиҳои андоз шармандагӣ меоранд

Сабаби безор будани ду субъекти хоҷагидор қарзи корхона аст, ки ба мувозинаи касе афтад бақияпулиҳои андози он бамаротиб меафзояд ва обирӯяш мерезад. Ба замми ин корхона мувоҷеҳи муфлисӣ гаштааст.

Бақияпулиҳои андози шаҳри Кӯлоб мисли баъзе навоҳии минтақа сол то сол зиёд шуда, хеле афзудааст.

“Бақияпулиҳои андози шаҳри Кӯлоб ба 01-ноябри соли 2016 -13,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 3,2 миллион  сомонӣ зиёд мебошад. Сабаби зиёд гардидани бақияпулиҳо ин ба нозироти андоз дар шаҳр вобаста гардидани Кооперативи тиҷоратии М.С. А. Ҳамадонӣ ва ҶСК “Пахтаи Кӯлоб” мебошад”-омадааст дар ҳисоботи муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб. Ин ҳам дар ҳоле, ки қарзи “Корхонаи Хишт” бештар аз “Пахтаи Кӯлоб” ва хоҷагии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ мебошад. Пас, чаро дар ҳисобот сабаби асосии афзоиши бақияпулиро “Хишти Кӯлоб” намегӯянд? Гуфтан ё нагуфтанашон барои мо муҳим нест, аммо барои кам шудани бақияпулиҳои андози шаҳр ва афзудани обирӯи Кӯлоб аҳамияти бузург дорад. Номбар накардани ин корхона маънии онро дорад, ки минбаъд ҳам касе паи ситонидани андози ин корхона намегардад. Соҳибкори “Корхонаи Хишт” мӯҳтарам Бег Сабуров низ аз беҳавсалагии шаҳрдорон истифода бурда дар фикри супурдани андози корхонаҳои худ намегардад. Чаро корхонаҳо? Чунки дар баробари “Хишти Кӯлоб” корхонаҳои пояфзолбарорӣ, пахта ва равғани Кӯлобро ҳам ҳамин вазир-соҳибкор харида гирифтаасту ҳама бефаолиятанд. Бихарад, ошаш шавад, мо бахил нестем, аммо корхонаҳоро кор бифармояд, то мардум ҷои кор ёбанду аз лаззати сиёсати пешгирифтаи Пешвои Миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор шаванду лаззат баранд. Дар гузашта дар ин се корхона ҳудуди 2000 коргарон кор мекарданду маош ба даст меоварданду рӯз мегузарониданд ва ин се корхона ифтихори шаҳри Кӯлоб чӣ ки ифтихори тамоми Тоҷикистон буданд. Замони Шӯравӣ чанд сол дар Осиёи Миёна сазовори ҷоизаҳои бонуфуз гашта буданд.

Нест бод саноат, зинда бод меҳмонхонаҳо!?

Агар соҳибкор мисли корхонаҳояш муфлис мебуду бепул гапи дигар буд, аммо соҳибкор алҳол машғули сохтмони азими навбатӣ аст. Дар як қисмати “Боғи Фарҳангӣ”-и Кӯлоб тасмим дорад сохтмони меҳмонхонаи бузурги сеюми худро оғоз кунад. Қабл аз ин дар паҳлӯи “Маҷмааи Варзишӣ” меҳмонхонаи бузург сохта буд. Баъди он меҳмонхонаи “Чинор”-ро, ки он ҳам хеле боҳашамат аст сохт.

Хуб мешуд, агар соҳибкор се корхонаи моли шахсиашро барқарор карда ба истифода медоду сипас аз пули даромади ин корхонаҳо сето не, сито меҳмонхона месохт. Хосса ин корхонаҳои азим то ҳанӯз замина барои эҳё шудан доранд.

Дар гузаштаи начандор дур, дар ҳамин замони истиқлолият, соли 2003-2007 қариб ҳамаи сохтмонҳои ҷашнии 2700 солагии шаҳри Кӯлоб бо хишти корхонаи хишти шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода дода шуданд. Аз хиштҳои босифат ва мустаҳками ин корхона касе аз сохтмончиён шикоят накард. Он вақт садҳо нафар дар ин корхона соҳиби ҷои кор, маош ва хӯроки гарми бепул буданд. Он вақт барои утоқи кории директори корхона Мирзомурод Расулов даромадан кори осон набуд, номнавис мекардӣ, навбат мепоистӣ.

Баъзе аз масъулин иллати асосии муфлисшавии корхонаро қатъ гардидани кони гази “Хоҷа-Сартез” медонанд. Гап сари он, ки корхона бо ин газ фаолият мекард. Ба андешаи мо ин нодуруст аст, чунки ҳоло бубинед, ки корхонаҳои хишт бе газ ҳам фаолият доранд ва хишти босифат мебароранд. Ҳамон замон ёд дорам, ки директори вақти он Мирзомурод Расулов қабл аз муфлис шудани кони “Хоҷа-Сартез” хеле даводав карда корхонаи хиштро бо ангишт мутобиқ кунонд. Дастгоҳи ангишт хеле моҳирона сохта шуда буд, ки бо ангишти кам хишти зиёд истеҳсол мешуд.  Аммо базудӣ соҳибмулки корхона раҳматии Чолов директорро аз кор пеш карду умури корхонаро ба дасти ақрабои худ дода ҳолашро табоҳ кард. Инак корхонаи азими ҶДММ “Хишти Кӯлоб” аз борон гурехта ба барф зад. Баъди харидорӣ шудани он аз ҷониби Бег Сабуров батамом аз кор монд.

Чӣ бояд кард?

Дар мавриди эҳё шудани корхонаи хишт ҳафтавори “Пайк” се пешниҳод дорад, ки пешкаши хонанда ва масъулин мегардонад.

Бег Сабуров аз рӯйи оини ҷавонмардӣ онро ба фурӯш гузорад, то соҳибкори дигаре онро бо нархи харидаи Сабуров харидорӣ кунад. Сипас дар якҷоягӣ бо мардуми хайрхоҳи шаҳр, бо маблағҳои хайрия ва худи соҳибкор онро дар 1 соли оянда ба истифода диҳад ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар он кор карда маош дарёфт кунанд.

Соҳибкори кунунӣ дар заминаи ин завод, заводи истеҳсоли шиша сохта ба истифода диҳад. Хосса коршиносон гуфтаанд, ки қуми минтақа барои истеҳсоли шиша муфид аст.

Корхонаро метавон ба корхонаи азими истеҳсоли хиштҳои сабук аз партовҳои шаҳр табдил дод. Инҷо партовҳои металлиро ҳам метавон ҷамъоварӣ карда коркард кард ё ба фурӯш гузошт.

Маблағҳои дотатсионӣ пурра пардохт намешаванд

Агар масъулин инро қабул надоранд, пас бо фикри худ коре кунанд, ки дар Кӯлоб 65 корхонаи саноатии дарди сар набошаду ҳамагӣ 5 то бошаду садҳо нафар дар онҳо кор кунаду буҷҷаи шаҳр аз ҳисоби андозҳои онҳо пур шавад.

Ҳоло бошад нақшаи андозҳои навоҳӣ ҳар сол дар ҳоли афзоиш асту манбаи даромад мисли пештара боқӣ мондааст. Нақшаи андози бисёр навоҳӣ аз 1 то се миллион сомонӣ дар як сол афзудаасту навоҳии бечора аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи буҷҷа набаромада истодаанд. Ин дар ҳоле, ки соли гузашта ҳам нақшаи андози навоҳӣ ё 100, 00% иҷро мешуд ё умуман иҷро намешуд.

Маблағҳои дотатсионӣ ҳам соли гузашта ба буҷҷаи навоҳӣ ба пуррагӣ пардохт нашуданд. Ин нақша 94-95 % иҷро шуд, ки ба некуаҳволии мардум бетаъсир намонд.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru