Пайк

ХАБАРҲО

Зарари сел беш аз 2 миллион доллар ҳисоб шуд

Зарари сел ба чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷу Фархор, беш аз 19,5 миллион сомонӣ, баробар ба беш аз ду миллион доллар ҳисоб шудааст.

Аз ҳукумати вилоят ба “Пайк” гуфтанд, ки комиссияи вижа охири ҳафтаи гузашта, ҳисоби зарари расидаро ба поён расонд. "Ҳоло мақомот аз пайи кумак ба осебдидаҳо ҳастанд", - афзуд ӯ.

Боронгариҳои шадид ва сел дар ду ҳафтаи пеш дар Хатлон хонаи даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар замини кишти мардумро аз байн бурд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо ду нафар ҷон бохтаанд.

Кумитаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ гуфтанд, дар пайи боронгариҳои рӯзҳои 16-21-уми май дар ҷануби Тоҷикистон 9 русто ва ду ноҳия зиёни ҷиддӣ дидаанд. Ин ду созмон мегӯянд, дар офатҳои табии моҳи май ба камияш шаш нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор хонавода зарари ҷиддӣ дидаанд.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru