Пайк

ХАБАРҲО

Султон Кабиров: як ҳафта доданд, то дуконҳоро барқарор кунем

Султон Кабиров, мудири бозори “Султони Кабир” 3 июн гуфт, ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст, ки мағозаҳои ба коми оташрафтаро аз нав барқарор карда, ба соҳибкорон супоранд. “Асосан ошёнаи аввали бинои бозор осеб дидааст”, - афзуд ӯ.

"Султони Кабир", яке аз бозорҳои бузург дар пойтахти Тоҷикистон, шаби 2 июн оташ гирифт. Мақомот гуфтанд, сӯхтор 4 соат идома карда, барои фурӯ нишондани он 3 ҳазор нафар ва сад мошини сӯхторхомӯшкуниву нақлиёти дигар сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи ин сӯхтор чанд анбор ва 21 дӯкону мағоза ба коми оташ рафтаанд.

​Шаҳрдории Душанбе 3 июн хабар дод, ки барои таҳқиқи сабабҳои сӯхтор як гуруҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Яке аз соҳибкорони "Султони Кабир", ки дӯконаш шаби гузашта сӯхтааст, гуфт, намояндагони шаҳрдорӣ субҳи якшанбе бо онҳо суҳбат карданд. “Гуфтанд, ки бояд ёрӣ дода шавад. Аммо ҳодисаҳои гузашта дар бозорҳои дигар нишон дод, ки дар чунин рӯзҳо соҳибкорон бо қарзу фоизҳои бонк тани танҳо мемонанд. Агар кумак кунанд, хуб мешавад", - афзуд ӯ.

Сабабҳои сӯхтор ҳоло маълум нест, аммо риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ, бахусус дар тобистони гарми Тоҷикистон аз омилҳои аслии оташ гирифтани бозорҳои кишвар гуфта мешавад.

Комментарии  

 
#1 Сухроб 03.06.2018 04:13
Закотро супоранд, зарар намебинанд. :zzz
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru