Пайк

ХАБАРҲО

Ду дуруғи директори бозори Восеъ

Таҷрибаи бозорсӯзии панҷсоли ахир дар кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам дар аксари бозору марказҳои савдо шакл нагирифтааст ё тартиботи дохилӣ ҷорӣ нагаштааст. Бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Восеъ низ қисман дар ҳолати нохуби санитарӣ қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари тоҷирони  ин бозор роҳравҳоро банд кардаанд, ки на мошини оташхомӯшкунӣ даромада метавонад на чизи дигар.

Искандаршо Раҳмонов, сардори бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба “Пайк” гуфт, ки “Дар бозор 120 нафар соҳибкор фаъолият доранд. Барои тоҷирон бошад барои аз канори роҳ дур рафтан мо дар дохили бозор ҷойҳои нав таъсис додаем, вале қисме аз соҳибкорон то ҳол ба ҷойҳои худ нагузаштаанд, мо кушиш ба харҷ медиҳем то ҳамаи онҳо ба дохили бозор дароянд. Дар идомаи сӯҳбат иброз дошт: “Мо бо идораи комуналии ноҳия шартнома дорем, ҳар моҳ барои кашонидани партовҳои партовгоҳи бозор 450 сомонӣ пардохт мекунем”.

Ин дар ҳолест, ки партовгоҳи бозор пуропури партов буду буи ғализи он бозорро фарогир аст. Аз ҳама бадтарин ин буд, ки дар ҳар тарафи партовгоҳ хонаҳои баландошёна ҷойгир буд, Сабаби набурдани партовҳоро аз ҷаноби раис пурсон шудем, гуфт: “маблағро сари вақт пардохт менамоем, вале кормандони Корхонаи фаръии давлатии ноҳия партовҳоро намебаранд, гарчанде чандин маротиба ба онҳо занг зада хоҳиш намудем, онҳо бошанд як сухан доштанд- техникаҳоямон вайрон аст.”

Дурӯғи якуми раис

Роҷеъ ба масъалаи он ки директори бозори ноҳияи Восеъ Искандаршо Раҳмонов гуфта буд, ки 120 адад соҳибкор дар бозор ба тиҷорат машғуланд, вале ба ҳисоби мо дар бозор на 120 адад, балки 163 адад дукону мағозаҳо вуҷуд доранд, пас худ қазоват намо хонанда, ин оё пинҳон кардани андоз нест ё маблағи андоз ва чеки бозори ин 43 адад дукону мағозаҳо ҷайби раиси бозор ва ё сардори нозироти андозро пур мекарда бошад?

Дар ин масъала хостем бо сардори нозироти андози ноҳияи Восеъ Файзуллозода Хайрулло оиди андозсупории бозор сӯҳбате дошта бошем, дар мавриди он, ки шумораи андозсупорандагон дар бозор чӣ қадар аст ва барои надоштани мошинаи хазинавӣ чанд нафар аз соҳибкорони бозор огоҳнома ва нисбати чанд нафари дигари ин бозор санадҳо тартиб дода шудааст? Вале сардори нозирот як сухан дошт: ҳамаи ин сирри андозсупоранда ва андоз мебошад наметавонем, ки ба шумо гӯем дар бозор чанд нафар андозсупоранда аст. Гузашта аз ин дар бозори мазкур мошинаи назорати хазинавӣ тамоман ба чашм намерасид. Ин ҳам дар ҳолест, ки кумитаи андози кишвар корро дар ин самт пурзур карда, рӯз то рӯз санҷишҳо дар ин самт идома доранд. Худи ҳамин ноҳия бо машаќќати зиёд андозро базӯр то 100% мерасонад. Дар дигар гӯшаҳои минтаќа тољирон то андозае бо мошинҳои мазкур таъминанд. Ҳатто дар Кӯлоб хурдтарин тоҷирон низ ба ин намуди таҷҳизот таъмин шудаанд. Дар ин бора ба сардори нозироти андози ноҳия гуфтанием, ки агар надодани интервю ба хабарнигор сирри шумо бошад, пас ин сирро раиси бозор ҳарчанд дӯруғ ҳам бошад ба мо ошкор кард, гуфт, ки дар бозор 120 нафар андозсупоранда мебошад.

Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки пинҳон кардани шумораи ҷойҳои савдо ва бо ҳамин роҳ гурез аз пардохти андоз амали бесобиқа нест. Соли гузашта айнан бо ҳамин масъала бозори “Саховат”и Кӯлобро ёдрас карда будем, ки роҳбарияти бозор гуфта буд дар бозор 250 нафар ба тиҷорат машғуланд, вале тадқиқоти мо собит сохт, ки на 250 нафар, балки аз 300 зиёд аст. Дар ҳақиқат, ҳамон вақт кормандони нозироти андоз рафта диданд, ҳақ ба ҷониби хабарнигор буд, ин маротиба ҳам аҳвол дар ноҳияи Восеъ чунин аст.

Мӯҳтарам Файзуллозода, ҳангоме, ки сухан сари андозу андозсупоранда равад обирӯйи давлату ҳукумат рӯйи кор аст. Инро набояд фаромӯш кард!  Оё пинҳон намудани андозсупоранда ин худ чӣ маъно дорад?

Дуруғи дуюми раис

Суоли дигар дар мавриди тоза накардани атрофи бозор буд, ки раис гуфт, мо ҳар моҳ маблағи корхонаи комуналиро месупорем, аммо онҳо партовҳоро намебаранд.

Роҷеъ ба ин масъала раиси Корхонаи комуналӣ-и ноҳия дар сӯҳбат бо хабарнигори “Пайк” чунин гуфт:  “Дар давоми соли 2016 бозори ноҳия бо мо тамоман шартнома набаста буд, имсол бошад дар моҳи май  баъди чандин маротиба рафтани кормандони мо ба ин марказ як шартнома бастанд, ки он ҳам бошад 250 сомониро ташкил медиҳад. Мо дар давоми соли равон танҳо як мартиба партовҳоро кашондаем. Дар мавриди он, ки гуё техникаҳои мо вайронанд, дурӯғи маҳз мебошад. Ҳоло 4 адад техникаҳои мо дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Барои “квитансияҳое”, ки мо ба масъулини бозор додаем ҳаминро бояд гуфт, ки онҳо барои тоза намудани ҳоҷатхонаи бозор мебошад. дар 1 моҳ барои ин намуди хизматрасонӣ 350 сомонӣ муайян шудааст. Онҳо бошанд ҳатто ҳамин маблағро ба пуррагӣ намесупоранд. Дар давоми сол 3 адад "квитансияҳо" ба масъулини бозор дода шудааст, ҳамон ҳам бошад сари вақт кормандони комуниалӣ корҳои заруриро анҷом додаанд. Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки дар давоми 8 моҳ танҳо як маротиба пули кашондани партовҳоро пардохт намудаанд. Чандин  маротиба ба мақомотҳои дахлдор мактубҳо дар бораи шартнома надоштан бо корхонаи комуналӣ ирсол карда будем",-- гуфт ҳамсӯҳбатамон директори идораи комуналӣ Эмом Қараев.

Ҳоло бошад бо кӯшиши шабонарӯзии мақомотҳои низомӣ саҳни пеши бозори “Саховат” кушода шуда ин мушкилот сари бозори Восеъ омадааст. Пас, худ қазоват намо хонанда, бо ин ҳама чӣ гуна наметавон гуфт, ки бозори Восеъ бадтар аз Кӯлоб нест. Нигаронкунанда ва боиси таассуф аст, ки маҳз ҷиҳати саҳлангории бозордорон ду моҳи пеш ду бозори бузурги ноҳияи Фархор батамом сухта хокистар шуд.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

 

 

 

Комментарии  

 
#1 1122 21.08.2017 07:00
Салом Мухаммад
Цитировать
 
 
#2 Худойдод чалолов 21.08.2017 10:44
Бозори давлатиро чордонаи арматур зада шабона соати 1 бачои АЗ савдогарон то 10 азор сомони фрухтай кани и сумо нахо бозори давлатиро фруши кани Карупсия кани Конун ин Раиси Нохияи Восе мега и Конунои ки Чаноб мегуяд ин Конуно тока Маркази Душанбеда ба Кор меравад хато конунои Пешвои Милатро сарзаниш кард Мовинашхам мега вахте ки ма дар ами Бозор кор мекунам конун конуни Ман аст Чунки ТАМОМИ милиса кормандони суд прокрор кгб амара харидаст КОНУН ТОКА ДАР ДУШАНБЕ БУДАСТ ДАР НОХИЯИ ВОСЕ НЕ МАН АЗ СОЛИ 2000 СОЛ КОР МЕКАРДАМ ВАХТЕ БОЗОРО ЧАПА КАРД ЧОИ МАН ЧОРУМ БУД НОМИ МОРА НАВИШТАН АМО БОЗОР СОЗ ШУД ШАБАКИ АМАРА ФРУХТАН КАНИ КОНУН КАНИ КОРУПСИЯ КАНИ ДАВЛАТ КАНИ ПЕШРАВИ И САГХОИ БОЗОР ХУДАШОНА ДАЖЕ АЗ ЧАНОБИ ОЛЛИДА БОЛО МЕГИРАНД КИ ИН ШОРАИ ИН БЕСОХИБОРА МЕБИНАН МАН ЧАЛОЛОВ ХУДОЙДОД АЗ МАРКАЗИ НОХИЯИ ВОСЕ МАН АМАИ ДАЛЕЛХОРО ДОРАМ.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru