Пайк

ХАБАРҲО

Қонун догма нест, аммо маош догма шуд!

Ё худ то ба кай масъулин бо баҳонаи иваз кардани ҳуҷҷат даст ба ҷайби ниматиҳии мардум мехалонанд?

Дар ҳамин 10-соли ахир мо ҳиҷ нафаҳмидем, ки чӣ қавонине бофтаем, ки ба ҷуз ҷайби бе ин ҳам холии мардумро такидан, дигар ҳиҷ ҳадафи хубтаре дошта бошад. Шиносномаи хориҷиро 2 маротиб иваз кардем, аввал ранги кабуд дошт ва баъдан рангашро сиёҳ кардему муҳлати истифодаашро ба 10 сол тамдид намудем. Мардуми бечора, ба вежа муҳоҷирон, ки аксаран талабгори шиносномаи хориҷиянд, охирин пайсаи худро харҷ кардаву шиносномаашонро иваз карданд, аммо ҳамагӣ 2-3 соли муҳлати истифодаи шиносномаашон нагузашта буд, ки ба шиносномаи рақамӣ гузаштем. Ун замон дар оғоз гуфтанд, ки «шиносномаи плостикӣ барои унҳое, ки нав шиноснома гирифтаанд шарт нест, фақат вақте муҳлати истифодаашон гузашт, сипас маҷбуранд ба шакли нави шиноснома гузаранд». Аммо вақте чанд фисади мардум ба ун шиносномаҳо таъмин гашт, дигар мақомот ҳам ба таъбире «шерак» шудаву тасмим гирифтанд фаолияти шиносномаҳои кабудро комилан аз миён бардоранд, новобаста аз он, ки шаҳрвандон бо ун шиноснома дар кадом гӯшаи дунё машғули коранд ё шароити аз нав баргашт ба ватану тағири ҳамун коғазро доранд ё на!

Сертификати заминдориро иваз карданду ким-кадом як коғази навро ба ҷояш ҳукми қонунӣ доданд. Нарху навои ҳуҷҷатҳои мошинро боло бурданду сабабашро ҳам гуфтанд, ки «қонун догма нест». Аммо касе нагуфту гуфтан ҳам нахост, ки агар қонун догма нест пас маоши мардум чаро догма шуда?! Дар 1 сол ҳамагӣ 1 маротиб маоши кормандони давлатӣ чанд фоизак боло мераваду баробараш нархи бозору мағозаҳо осмонӣ мешаванд, ки ба ҳиҷ ваҷҳ зури ягон ниҳод ва ягон мақомдори сатҳи баланд ҳам ба контроли нарху навои бозор нарасиду намерасад ва инро мо солҳост шоҳидем, аммо бадтар аз ун ин аст, ки баъди як «оромӣ» дар ҷомеъа ҳатман кадом ниҳоди давлатие ба ҷайби мардум зери парчами «қонун догма нест» даст мехалонад! Навбат ба БДА ва масъулини макотибе расид, ки то ин рӯз ҳуҷҷати ронандагӣ ба фурӯш гузоштаанду мардумро бо таври порагирӣ соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ намудаанд ва инро дар охирин мулоқоти худ Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам қатъан таъкид карду ишораҳои ошкор дошт, ки сабабҳои аксари садамаҳои нақлиётӣ ҳамун ронандагонеанд, ки саводи кофии ронандагӣ надоранд-яъне ҳуҷҷатро харидаанд! Вале баъди 2 рӯзи таъкидҳои Президент, мақомоти БДА ошкор ва бидуни ҳиҷ далел ва бидуни хиҷолат, эълон кард, ки «бояд ҳарчӣ зудтар ронандаҳои мо ҳуҷҷати ронандагияшонро, ки аллакай барои мақомоти мо куҳна шудаанд, ба ҳуҷҷати ронандагии шакли нави рақамӣ, яъне плостикӣ иваз кунанд, новобаста аз он, ки муҳлати истифодаи ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё на». Яъне ба таъкиди масъулин, ҳатто агар ҳуҷҷати ронандагиятро ҳамагӣ 1-2-3-4-5 сол ҳам шуда бошад, бояд ивазаш кунӣ ва ҳатто агар 1 моҳ ҳам. Бар ивази 435 сомонӣ тибқи қонун!!! Ба назар мерасад, ки масъулини мо комилан вазифа, масъулият ва ҳатто ваколати худро фаромӯш кардаанд, ки тибқи қавонини байналмилалӣ, агар мардумро маҷбур ба тағири кадом ҳуҷҷате мекунӣ, аввалтар аз ҳама ин кор БОЯД РОЙГОН анҷом шавад ва баъдан агар ин кор маҷбурӣ нест, пас аз ингуна эълонҳо дар расонаҳо бояд даст кашид. Баъдан бояд гуфт, вақте қонун догма несту рушд мекунад, бояд ба назар гирифт, ки ҳуҷҷатҳои ронандагии нав, бигзор агар плостикӣ бошад ё алюминӣ ва ҳатто оҳаниву тиллоиӣ ҳам, ҳамагӣ ҳуҷҷате беш нест ва дар кадом кишварҳо ба кор меравад?! Шояд ҳуҷҷати ронандагии нав дар кадом кишвари хориҷ ба кор раваду этироф гардад, аммо дар ҳамин Русияи шарики стротегиятон, ки селаи ронандагони тоҷик ҳаминҷо машғули кори таксиянду мусофиркашиву дар ширкатҳо ба ҳайси ронанда кор мекунанд, ҳуҷҷати ронандагӣ на ун шартҳои «оҳанину плостикӣ», балки тибқи дигар шартҳо ба кор меравад ва мо инро ҳамарӯза шоҳидем. Дидему дида истодаем, ки Русия ошкор эълон кард, ки дигар бачаҳои муҳоҷир аз Осиё, ба вежа тоҷикон дар ширкатҳои мусофиркашӣ ё дигар ширкатҳо ба ҳайси ронанда танҳо дар ҳолате ба кор гирифта мешаванд, ки ҳуҷҷати ронандагии Русияро дошта бошанд! Шумо мефаҳмед, ин яъне чӣ? Яъне ҳуҷҷати ронандагие, ки дар Тоҷикистон ба мардум дода мешавад, ҳатто дар хоки ҳамин «шарики стротегӣ» ба кор намеравад куҷо расад ба кишварҳои ғарбӣ, ки масъулини мо ҳам дар эълонашон аз кадом конвенсияи Австрия мисол овардаанд!! Шумо масъулини мӯҳтарам киро фиреб медиҳед?!

Воқеан, боварӣ доред, ки дар зери ҳамун хабарҳое, ки бобати эълони тағири ҳуҷҷати ронандагиянд ҳатто 1 нафар беақл пайдо шуда бошад, ки ин найранги пулканиро дарк накарда бошад?! Дароед ба инет ва бубинед, ки ҷомеъа бо чӣ дағалие ин хабарро «пешвоз» гирифт!!!

Ин ҳама дар ҳоле, ки масъулин ҳатто таҳдид доштанд, ки «дар сурати дар наздиктарин фурсат иваз накардани ҳуҷҷати ронандагӣ, мошинҳои мардумро ба ҷаримагоҳ мебарем»! Ин чӣ тарзи тафаккуру чӣ шакли эълондиҳисту чӣ роҳи навкорӣ, ки шумо масъулини мӯҳтарам ба кор мебаред? То кай Давлатро назди мардум мисли як аждаҳо муаррифӣ мекунед, ки «ҳар гоҳ хоҳад сари касеро мехӯрад»? Ин таъкиди масъулинро ҷомеъа бидуни шакку шубҳа як таҳдиди ошкор ба ронандаҳо қабул кард, ки БДА мардумро аз кормандони радарбадасташ метарсонад, ки сари ҳар гардиш ба таъбири Ҷамшеди Ҳалим мислиТангем «яке пайдо» шудаву охирин пулатро кашида мегиранд. Бе ин ҳам нозирони роҳи мо аз фарҳанги муошират бо мардум ва масъулияти касбиву тарзи бархурди муаддабона бо ронанда бархурдор нестанд ва борҳо дағаливу бетартибиҳои рухдода бо гуноҳи нозирони роҳро ҷомеъа наворбардорӣ кардаву дар инет гузоштаанд, ки ҳамагӣ шоҳидем, пас шарт аст фишори дигаре алайҳи ронандагон кашф карду хашми мардумро барангехт?! Шумо ҳам хуб медонед, ки 435 сомоние, ки бар ивази 1 коғазе, ки ба ҷуз дар Тоҷикистон дигар дар ягон кишвари олам, ба вежа дар Русия ба кор намеравад, маоши моҳонаи аксари мардум аст, пас чаро инқадар бераҳмонаву дағалона бо такя бо қонун ба ҷайби мардум даст мезанед? Кӣ ба ин иҷоза дода? БДА!?

Шахсан ман ба ҳиҷ ваҷҳ зарурати тағири ҳуҷҷати ронандагиямро намебинам! Зеро далелҳое, ки масъулини БДА дар расонаҳо пешкаш карданд, ҳамагӣ бӯи пулкоркунӣ дошту халос. Ҳоло БДА-и Тоҷикистон аз ФМС-и Русия ҳиҷ фарқе надорад, ки ҳарду ҳам ошкоро бачаҳояшонро дар кучаҳо мепартоянд, то аз муҳоҷирон пора гиранд ё муҳоҷиронро маҷбур кунанд, ки ба идораҳои ҳадамотҳои мазкур рафтаву ҳуҷҷатҳое созанд, ки воқеан ба касе даркор нест. Аммо ФМС ку ҳадиаққал муҳоҷиринро ба кор даъват мекунад, БДА-и мо чӣ? Ҳиччӣ!

Натанҳо БДА, балкӣ аксари ниҳодҳои ҳуҷҷатдиҳандаи мо тавони кор пешниҳод карданро надоранд. Моро дипломҳоямон ҳам ба кор намераванду унвонҳоямон ҳам, куҷо расад ба ҳуҷҷати ронандагиямон. Лек ҳарчӣ ҳаст диплому унвонҳо бастагӣ доранд ба муносибатҳои давлатӣ ва масъулияти Ҳукумати кишвар аст, ҳуҷҷати ронандагӣ чӣ? То кай худатонро мавриди масхараи хориҷиён ва мухотаби хашми мардум қарор медиҳед? Айб нест? 435 сомон ин ҳоло оғози кор асту ба таври расмӣ, аммо дар дохили нуқтаҳои ивазкунии ҳуҷҷати ронандагӣ чӣ мегузарад, мо бештар аз шумо медонему дар роҳҳо чӣ шакли бархурди нозирони роҳ бо ронанда, инро ҳам ҳамагӣ медонаду борҳо шоҳид шудааст. Ҳукумати Тоҷикистонро мебояд сари ин мушкил таҷдиди назар кардаву дар наздиктарин фурсат пеши роҳи ин мушкилсозиро гирад, вагарна мардуми бе ин ҳам ноумед аз фардои хубро ноумедтар хоҳад карду худро боз ҳам мавриди интиқодҳои созмонҳои хориҷӣ қарор хоҳад дод, ки на ба фоидаи миллат асту на бар нафъи давлат. Мо мушкилро расондем, дигар касе мехонад, механдад, мегиряд, ё ба кораш идома медиҳад, моро коре нест. Бе ин ҳам ба фасодзадагии ниҳодҳои расмӣ дар Тоҷикистон ҷомеъаи байналмилалӣ ҳам мутмаин аст, куҷо расад ба мо сокинонаш, ки ҳамарӯза ин ҳамаро мебинему шоҳидему қурбони воқеот. Воқеан, агар тасмиматон ҷиддисту ба таъбири БДА «хостори «дар наздиктарин фурсат» тағири кулли ҳуҷҷатҳои ронандагии мардумед, пас инро ба таври ройгон анҷом диҳед, агар дар фикри боз ҳам харобтар кардани иқтисоди мардумед, дигар шумо медонеду инсофатон. Гури шумо ҷудову аз мо ҳам ҷудову дуртарак…

Хосса кас намедонад ҳуҷҷатҳои ба тозагӣ ивазшуда боз чанд сол ё моҳ кор медиҳанд, шояд то пулфор шудани масъулин…?

Шарифхони Тағоймурод, Москава

 

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru