Пайк

ХАБАРҲО

“Амонатбонк” ба амонат хиёнат мекунад?

Шумори зиёди нафақагирон дар шаҳри Кӯлоб бо иллати ба таъхир афтодани пули нафақаашон изҳори норозигӣ доранд. Ин барои бори аввал нест, ки падарону модарони яко яки мо бо сабабҳои сањлангории масъулини “Амонатбонк” нафақаашонро намегиранд. Дар њоле, ки ҳар рӯз тавассути ТВ шабакаҳо таърифу тавсифи модар ба ављи аъло мерасад,  дар Кӯлоб, модарони пиронсол дар гармии то 40 дараҷа зери офтоби сўзон дар интизори нафақа нишастанд.

Роҷеъ ба ин масъала сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб Қурбонзода Ҷурабек дар сӯҳбат "Пайк" иброз дошт, танҳо дар худи шаҳри Кӯлоб маблағи масрафшуда барои нафақахӯрон ‎4868593,56 сомонӣ мебошад, ки ин маблағи кам нест, бо ҳамин сабаб мо наметавонем, ки маблағи нафақаро сари вақт пардохт намоем. Моҳонапӯлии нафақахурон бошад дар моҳи июл пурра гузаронида шудааст. Гарчанде, ки иҷроиши андози ғайри бюҷетӣ њамагӣ  87,5% ро ташкил мекард мо аз ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва дигар ноҳияҳо маблағи нафақахӯрони Кӯлобро  пурра гузаронидем.

Мувофиқ ба маълумоти сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Одинаев Раҳмон андози иҷроиши бюҷет аз ҳисоби тамоми идораву муассисаҳои буҷетӣ 113% -ро ташкил медиҳад, ки барзиёди нақша мебошад.

Боз “Амонатбонк ” гунаҳкор

Ҳамагӣ чанд моҳ қабл мо оиди нагирифтани пули омӯзгорон бо сабабҳои гуногуни “Амонатбонк ” маводе ба чоп додем, ки бо сабаби набудани маблағ мардум маош нагирифта буданд.  Ҳаминак боз ҳамон мушкилотҳоро масъулини бонк ба сари пирону барҷомондагон оварда истодаанд. Аз ин моҳ 10 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам то ҳол нафақахӯрон ҳамон маблағи ночизи худро аз “Амонатбонк” гирифта наметавонанд.

Перумони ин масъала хостем бо роҳбарияти “Амонатбонк” Самариддинзода Муҳриддин суҳбате дошта бошем, аммо ин ҷанобашон хело ҳам бо карру фар буд ва чунин гуфт: “ма ҳичкасда интервю намедиҳам чун, ки моро роҳбарият иҷозат намедиҳад , мо маркази акои Сайфулло дорем, хадамоти реклама барои додани интервю мо бе иҷозати ӯ коре карда наметавонем, гуфт Самариддинзода М. Бо яке аз зердастонаш супориш дод, ки маро ба утоқи дигар баранд ва аз акои Сайфулло иҷозат гиран то ба мо сабаби то ба имрӯз нагирифтани нафақаро шарҳ диҳанд, лекин ҳайҳот, Сайфулло кайҳо телефонашро хомӯш карда буд. Бо ҳамин мо аз гирифтани маълумот танқисӣ кашидем ва бо сабаби хомуш будани Самариддинзода мо натавонистем ба ту маълумоте пешкаш намоем хонанда. Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки аз зиёд будани муйсафедону кампирон ба дари “Амонатбонк” даромадан хело мушкил буд.

Хоҷаев Мадислом, яке аз нафақахӯрони шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Пайк” чунин гуфт: "Мо аз 5-уми моҳ то инҷониб дар назди дари бонк мебошем, масъулин бошанд мегўянд имрӯз биёед фардо биёед мардумро саргардон карда гаштанд".

Пас суоле ба мудири сарраёсати “Амонатбонки” ҷумҳурист, ки қонун дар бораи надодани интервю дар бораи кормандони бонк кай ба тавсиб расидааст ва оё ин кори зертобеини шумо хиёнат ба бонк ва худи ҳукумату нафақахӯрон нест?

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

Комментарии  

 
#1 be nom 09.08.2017 18:05
har moh ami bechorora amikhe meknan hichkas ba dodshon narasid
Цитировать
 
 
#2 Саъди 10.08.2017 01:47
Мард ва зане ки 40 ё 50 сол хизмати мардум карданд барои он ки имрӯз ким кадом як номард онҳоро ба ин ҳол оварад? Ана ба Шумо қадрдонӣ ва дастгирии пиронсолон ва нафақахӯрон. Боз шарм надошта ҳар рӯз таъриф мезанем
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru