Пайк

ХАБАРҲО

Зувайдзода: Аз 2399 муроҷати шаҳрвандон 486 тоаш қабул шуд

Зувайдзода Маҳмасаид рӯзи 25.07.2017 дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуфт: Ба дафтари мо 2399 шаҳрванд муроҷиат карданд, ки аз ин миқдор 486 муроҷиаташ қабул шудаанд.

Мо ният дорем, ки дар муддати  3 сол ҳамаи роҳҳоро аз таъмир барорем  дар мавриди таъмири роҳҳои шаҳри Душанбе Зувайдзода гуфт:

Инчунин дар вақти ҳисоботдиҳи Зувайдзода изҳор дошт: Дар шаш моҳи аввали соли 2017 бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 449 чорабинӣ бо фарогирии 117 ҳазору 289 нафар баҳри рушди инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, 243 чорабинӣ бо фарогирии 116 ҳазору 723 нафар ва дар сами сайёҳӣ 44 чорабинӣ бо фарогирии 8 ҳазору 160 нафар. Дар маҷмӯъ 736 чорабинӣ бо фарогирии 242 ҳазору 172 нафар гузаронида шуда, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 297 чорабинӣ ва шумораи фарогирандагон 59 ҳазору 331 нафар зиёд мебошад.

Интиқоли ғайриқонунии мол ба маблағи 1 миллиону 411 ҳазор дар Исфара

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки ҳангоми муоинаи як мошини боркаши "Дулон” дар марзи Қрғзистон бо Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи 55 номгӯйи молу маҳсулотҳои сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷуздонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардумро ба таври қочоқӣ мехостанд вориди кишвар кунанд, пешгирӣ кардаанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 24 июл хабар дод, ки ба зидди  А. И., намояндаи ҶДММ «Ориён Таъминот» бар асоси 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтишот қарор дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумрук гуфт, рӯзи 17 июл дар гузаргоҳи марзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат мебошад.

Дар ҷараёни муоина маълум гардидааст, ки А. И. "дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Ориён Таъминот" баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон санаи 22 – юми июни соли ҷорӣ ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиаш 06 KG 975 AA J / 073 OC аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 55 номгӯйи молу маҳсулотҳои сохтмонӣ, бастаҳои полиэтиленӣ, ҷуздонҳои занона, чойи хушк, қандилҳои гуногун ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст".

Бино ба хулосаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд А. И. ва дигарон, маблағи умумии 1 миллиону 411 ҳазору 70 сомониро ташкил дода, дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Боздошти шаҳрванд А. И. ҳангоми ба таври қоҷок гузаронидани дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, Хадамоти гумруки Тоҷикистон як мошини боркаши "Дулон”-ро дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон  ҳангоми кӯшиши қочоқи 7500 ампула доруи сахттаъсири "Диазепам” ва доурвориро пешгирӣ карда буданд.


Қурбонзода: Камшавии кормандони агентӣ аз ихтисор нест.

Айни замон дар сохторҳои Агентӣ 6908 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 нафар кам мебошад ва бояд гуфт, ки камшавии кормандон аз ихтисор нест. Ин нуқтаро рӯзи 24.07.2017 муовини аввали директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода зимни нишасти хабарии ин ниҳод изҳор дошт. Дар илова гуфта шуд, ки  музди миёнаи моҳонаи кормандони агентӣ 616 сомониро ташкил медиҳад, ки метавон гуфт нисбати соли гузашта 137 сомонӣ зиёд шудааст

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4826 нафар ва 542909 гектор замин бо арзиши 32,7 млн. сомонӣ об овард, илова намуд муовини директор.

Инчунин Қурбонзода гуфт: Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 17,1млн.сомонӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 6,9 млн.сомонӣ, Суғд 8,4 млн.сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 1,8 млн.сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки агентии мазкур ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ба собиқадорони меҳнат ва оилаҳои камбизоат ва Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус, ки бевосита сарпарастиаш бар зиммаи агентӣ аст 128 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонидааст.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра ба агентӣ 78 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" 70 ададаш ҳалли худро ёфта, 8 адади боқи монда дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Хатари сел дар Восеъ зиёд аст

Оби рӯди Ёхсуи ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ соҳилҳоро қисман тахриб кардааст. Дар ин бора ба хабарнигори «Пайк» гурӯҳе аз сокинони деҳаи Иттифоқ хабар доданд, ки оби «Ёхсу» имкон аст, берун баромада, 100 -ҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва деҳаҳоро шӯста барад, мутаассуф ҳукумати ноҳия парвое надорад.

Сокинони деҳаҳои Иттифоқ ва Шобикаи ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ аз ҳоло тарс доранд, ки одатан селҳои даҳшатбор дар моҳи май меоянд. Ҳоло ин об 300-400 гектар заминҳои кишоварзиро зер кардааст ва боз ба  деҳаи онҳо "ҳуҷум" хоҳад кард. Ватанов Бегаҳмад раиси маҳаллаи Иттифоқ дар сӯҳбати хабарнигор афзуд,ки чанд сол аст,ки соҳилмустаҳкамкунии Ёхсу нашудааст ва ин мушкилие, ки деҳа дорад сўзан нест,ки пинҳон кунем ва худи шумо шоҳидед,ки чигуна соҳил рахна шуда истодааст.Чанде пеш як сокини ҳамин деҳа хоҷагии деҳқонӣ дошт ва дар 15 гектар замин гандум ва пахта кошт, ки ҳамааш ба коми сел рафт.

Гуфта мешавад, ки солҳои пеш масъулини ҳукумати ноҳияи Восеъ аз ин мушкилӣ дидан карданд ва ваъда доданд, ки пеши оби рўди "Ёхсу"-ро мустаҳкам мекунем. Инак 2 сол гузашт, ки домани сокинони деҳаро пур аз чормағзи пуч карданду халос. Агар чунин ҳолат рафтан гирад,деҳа дар масофаи 100-150 метри дигар мондааст,ки об 25-30 хоҷагиро барбод диҳад.

Раҳматулло, 1 сокини деҳаи «Иттифоқ» мегӯяд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ мардумро ҷалб намудем ва хостем, ки саҳми худро низ гузорем. Дар ин маврид зиёда аз 50 нафар сокини  деҳа 200 қопчаро пур аз қуму санг карда,  хостем каме ҳам боша пеши роҳи оби рўди Ёх-суро бандем, мутаассифона ҳамаи заҳматҳои моро дарё канда бурд, дигар ба ҳоли худаш гузоштем. Мо сокинони деҳаҳҳо чунин қувват надорем, ки пеши роҳи рахна кардани рўдро гирем, аз баски мо  чанд маротиба хоҳиш кардем ва мактуб низ пешниҳод кардем ба ҳукумати ноҳия. Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо имконияти пеши роҳи рўдро гирифтан надорем чунки баҳор асту обхезӣ зиёд.Чаро ҳукумати ноҳия дар вақте, ки об баланд нашуда буд чора наандешид, акнун баҳонаи тайёр шудааст. Агар  ҳукумати ноҳия ё мақомоти лозим пеши роҳи селро  нагиранд, эҳтимол аст, ки сел деҳаро зер кунад, афзуд сокини деҳа Раҳматулло

Дар сўҳбат хабарнигори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ Усмонов Субҳон иброз дошт, ки муддати 5 сол мешавад, ки соҳили Ёхсу заминҳои корамро рахна мекунад. Барои соҳилбандӣ маблағи бениҳоят калон лозим аст. Мутаассифона ҳукумати ноҳия чунин маблағ ва имконият надорад, ки пеши роҳи рахна кардани соҳили Ёхсуро гирад, лекин маблағи муайян  ҷудо шудааст ва  Худо хоҳад ба пуррагӣ соҳилро тобистон  мустаҳкам хоҳем кард. Ҳоло ҳамагӣ 100-150 метри дигар мондааст?

Агар чунин масофа кам мондааст ва деҳа зери хатар аст, чаро раиси ҷамоат ва намояндаи Ситод бонги хатар намезананд, охир гап сари ҳаёти одамон меравад?

Аммо Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаражданӣ дар вилояти Хатлон Исоев Сулаймон дар сӯҳбат мегуяд, ки дар миқёси вилояти Хатлон бо супориши Президенти кишвар  соҳилмустаҳкамкунӣ масъалаи ҷиддӣ аст. Инчунин дар ноҳияи Восеъ,нафарони муттасаддӣ афзуданд, ки дар лоиҳа аст, ки фасли тобистон бояд соҳилҳо мустаҳкам шаванд.

Сардори Ситод ба таври аҷиб афзуд: «Мавзеъеро,ки мардум аз он изҳори нигаронӣ мекунад зери назорати худ мегирам. Ҳоло бошад, бо супориши Президенти кишвар соҳилмустаҳкамкунї дар авҷ аст ва дар вилоят ягон мавзеъ зери хатар нест.»

Агар дар вилояти Хатлон ягон мавзеъ зери хатар набошад, чаро соҳилмустаҳкамкунӣ дар авҷ аст? Суоли матраҳ аст ба сардори ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулоддаи ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боиси қайд аст, ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд. Ҳадаф аз сафари Сарвазир таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҷаласаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дода шуда буданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар наздикиҳои рӯду дарёҳо ҷойгир мебошанд, бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин карда шудаанд. Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои таҳкими соҳил дар мавзеъҳои сойи Даҳана, Тебалай ва дарёи Ёхсу шинос шуда, дар ноҳияи Восеъ аз мавзеъҳои наздисоҳилии Кафтархона ва Ҳоҷаи Шом дидан карданд.

Иҷрои тадбирҳои саривақтии соҳилмустаҳкамкунӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ногувори ҳолатҳои фавқулода дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат амали муҳим шуморида шуд. Дар ҷараёни шиносоӣ Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирӣ аз ҳама ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини амнияту бехатарии аҳолию иншооти таъминоти гуногун ва иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намуд.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

 

Беморхонаи рӯҳӣ мошини ҷомашӯи надоранд

Вақте бо супориши редаксия барои фаҳмидани авзо ва шароитҳои табобатӣ ба беморхонаи бемориҳои рӯҳии шаҳри Кӯлоб равон шудем, гумонҳои ногуворе дар сарамон чарх мезад. Шояд, ки беморон аз камтарин шароит маҳрум бошанд, оё онҳо ҳамагӣ шиками сер доранд, ё аз гуруснагӣ азият мекашанд? Ё ин ки шароити бади табобатгоҳ, норасоии дору, ҷойи хоб ва дару тирезаҳои шикаста ҳоли беморони гирифтори маризии рӯҳиро мисоли «болои сухта намакоб» аз ин дида бадтар гардонидааст? Ҳамин аст шубҳаҳое, ки ҳар лаҳза гирди сар чарх мезаданд. То он лаҳзае, ки худ аз вазъ воқиф нашудем, шубҳаҳои мо низ моро тарк накарданд. Нигарониҳои мо аз вазъи бади чанд соли пеши беморхона буд. Он замон беҳимоятарин табаа ҳамин беморони рӯҳӣ буданд. Ҳатто хешовандони наздикашон ёди онҳо намекарданд. Ҳоло дидем, ки бо таъсири як журналист вазъи беморхона ва ҳоли беморон хело хуб шудааст. Нахуст бо масъули рақами 1 ҳамсӯҳбат шудем.

Фарух Сафаров, директори Маркази вилоятии равонпизишкии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба хабарнигори «Пайк» чунин ибрози ақида намуд: «Марказ дорои 60 кати хоб буда, ҳоло шумораи беморон ба 51 нафар мерасад. Марказ барои беморони гирифтори бемориҳои рӯҳии навоҳӣ ва шаҳри Кӯлоб хизмат мерасонад. Соли 2015 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ барои беморхона тахминан  300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Ин маблағ барои таъмиру навсозии боми бино, дару тирезаҳои замонавӣ, ошхона сарф гардидааст. Оид ба маводҳои доруворӣ, хӯрока, ҷойи хоб дар марказ шароит хеле хуб аст. Дар соли ҷорӣ бошад 30 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят барои таъмири беморхона ҷудо шудааст, ки ҳоло корҳои таъмирӣ давом доранд.»

Дар ҳақиқат, имрӯзи бемористон аз дирӯзаш ба куллӣ фарқ дорад. Ҳуҷраҳои алоҳида бо катҳои хоб, тирезаҳои замонавии «плостикӣ», ошхонаи замонавӣ ва камераҳои назоратӣ номгӯйи нопурраи муваффақистҳои ин беморхона аст.

Шароити ҷомашӯӣ нест

Бар он нигоҳ накарда, ки дар маркази равонизишкӣ пешравиҳо чашмрасанд, аммо бояд ба як нуқтаи заъф ниш ишора кард. Дар муассиса то  ҷое, ки ба мо маълум шуд, барои шустани либосҳои беморон ҳамагӣ ду мошинаи ҷомашӯӣ мавҷӯд аст, ки ба ақидаи масъулон ҳаҷмашон хӯрд буда ба таври комил аз иҷрои кор баромада наметавонанд. Агар чунин аст, пас чаро то ин муддат барои хариди чунин таҷҳизот мушкилӣ мекашанд ё чаро маъмурон аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида натавонистанд, ки дастикам 3 ё 4 мошинаи ҷомашӯии хуби замонавӣ бихаранд? Наход 300 ҳазор сомонии ҷудогардидаи дар боло зикрёфта ин камбудиро бартараф накард.

Маркази вилоятии равонпизишкии ш. Кӯлоб солҳои қаблӣ мувоҷеҳи мушкилоти зиёде буд, ки аз гуфтанашон ашки чашм ҷорӣ ва хун дар рагҳо ҷуш мезанад. Ҳуҷраҳои хоби дар зимистон бешиша, хӯроки хеле бесифат, набудани дорӯворӣ, ҷойхобҳои ифлос…Худо накунад, ки чунин рӯзҳоро ба сари беморхонае оварад. Дар пайи як матлаби навиштаи журналисти шинохта номи «Девонаҳо ҳам одаманд» вокунишҳои мусбатро ба бор овард, ки намунаи онҳо то ҳол натиҷа дода истодааст ва онро худи масъулон низ ҳамаҷониба тасдиқ месозанд. Ҳар гоҳи хитоб яке аз масъулон гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ину он ҷое ки мебинед дар гузашта вайрону валангор ё ин ки кӯҳнаю фарсуда буд ва бо мусоидати сармӯҳарири ҳафтаномаи «Пайк» ва чопи як мақола имрӯз дигаргуниҳои хуб ба миён омадааст.

Ҳуҷҷатҳо мероси «падарӣ» ё шахсии сармуҳосиб?

Аз рӯи рақамҳои қайдкардаи директори Маркази равонпизишкӣ бобати маблағҳои ҷудогардида барои беморхона кушидем бо ҳуҷҷатҳои лозима шинос гардем. Зеро таври маълум аксар маврид забон дигар чиз мегӯяду ҳуҷҷатҳо бошанд тамоман чизи дигар. Дар ин ҳол муносибати ҳавобаландона ва бемасъулиятонаи сармуҳосиби беморхона Нуров Хайрулло барои нусхаи сметаи хароҷотии муассисаро ба ихтиёри мо гузоштан монеа эҷод кард. Мавсуф чунон пофишорӣ мекард, ки гӯё ҳӯҷҷатҳо мероси падараш бошанду мо онро дар хонаи худаш талаб карда бошем. Ҳамин қадар монда буд, ки ҷаноби Нуров моро аз қавонини марбут ба ихтисосамон огоҳ кунад. Якравӣ то ҳадде зиёд буд, ки ҳикмати ин амали сармуҳосиб бароям минбари гумон қарор гирифт. Дар интихоби директори беморхона бошад чандон шубҳа кардам, ки нафаҳмидам ки ин нафар Сафаров аст ё Нуров, ки ба ин ҳад густохона қонунро поймол месозад.

Худойдоди ИСЛОМ, «Пайк»

 

 

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАР ҶУМҲУРӢ 28681 НАФАР РАСМАН БЕКОРАНД


Рӯзи   20.07.2017  Тағойзода Сумангул зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт: Айни замон дар сартосари ҷумҳурӣ ба  28681 нафар расман унвони бекорӣ дода шудааст ва ба шахсони бекор эълоншуда 3 моҳ кумакпулӣ дода мешавад, аз он ҷумла моҳи аввал 50% моҳи дуюм 40% ва моҳи сеюм 30%. Пас аз ин ба шахсони бекор кор пешниҳод мешавад.

Дар саросари  кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 420 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод шуда гузашт, ки 3434 нафар дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷои кор шуданд, илова намуд Тағойзода дар идомаи ҳособоти ниҳодаш.

Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи охир 242792 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафтанд, ки аз ин шумора 88,8%  мардон ва 12,2% занонро ташкил медиҳанд.

Ба саволи Рӯзноманигор, ки чаро маъюбонро аз корхонаҳо пеш мекунанд, Сумангул чунин гуфт: Дар маълуотномаи тиббии ҳар нафаре, ки маъюби гурӯҳи якум ва дуюм дарҷ шуда бошад, онҳо кор ношояманд ва наметавонанд кор кунанд.

Ҳалокати Музафар Самадов ҳангоми чидани торон

Як сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии алафҳои баҳорӣ аз кӯҳе афтода ҳалок шудааст. Музафар Самадови 30-сола аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳия, рӯзи 15-уми апрел ҳангоми чидани торон дар кӯҳҳои ҷамоати Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, (Шӯрободи пешин) афтода ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Араби Дӯстмурод, яке аз ҳамдеҳагони Музафар Самадов ба payk.tj  гуфт, ки ӯ ҳамроҳи бародару падараш ба фурӯши алафҳои баҳорӣ машғул буданд ва онро аз кӯҳҳо чида мефурӯхтанд.

"Дирӯз бо ҳамроҳи падар ва бародараш барои чиндаи алафҳо ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мераванд ва аз лаби ҷар торонро мегирам мегӯяд, вале сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳолокат мерасад. Ӯро дирӯз дар деҳа дафн кардем." - гуфт Араби Дӯсмурод.

Ҳамдеҳагони Музафар Самадов, ки ҳоло аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст, мегӯянд, ки онҳо зиндагии миёнаҳолона доштанд ва ҳар сол бо оғоз шудани баҳор онҳо ба ин кор машғул буданд.

Бонки миллӣ хост, ба муштариёни доимӣ доллар нафурӯшанд

Ҳоло нархи 100 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои расмии Душанбе ба 852 сомонӣ расидааст ва ин ҳисоб дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 22 сомонӣ ё ҳудуди 3 дар сад бештар аст. БМТ якбора болоравии қурби долларро “ҳосили амалҳои ҳаннотии баъзе афрод” номид.

Ба огаҳии ин ниҳод, барои ба эътидол даровардани вазъи бозори хариду фурӯши доллар “захираву имкониятҳо мавҷуд буда, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд”.

Бархе аз соҳибкорону тоҷирон мегӯянд, барои ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷи кишвар ба доллар ниёз доранд, вале наметавонанд ин асъорро аз саррофиҳои расмӣ харидорӣ кунанд. “Дар бонкҳо мегӯянд, ки доллар дошта бошед, мехарем, вале барои фурӯш доллар надорем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар пайи болоравии якбораи қурби доллар дар нимаи аввали соли 2015 раҳбарияти нави БМТ сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар фаъолияти саррофиҳои хусусии кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, баъдан, сар аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузошта, ба дари нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъор муҳр заданд.

Страница 2 из 3

Суроғаи мо:

Joomla ru