Пайк

ХАБАРҲО

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАР ҶУМҲУРӢ 28681 НАФАР РАСМАН БЕКОРАНД


Рӯзи   20.07.2017  Тағойзода Сумангул зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт: Айни замон дар сартосари ҷумҳурӣ ба  28681 нафар расман унвони бекорӣ дода шудааст ва ба шахсони бекор эълоншуда 3 моҳ кумакпулӣ дода мешавад, аз он ҷумла моҳи аввал 50% моҳи дуюм 40% ва моҳи сеюм 30%. Пас аз ин ба шахсони бекор кор пешниҳод мешавад.

Дар саросари  кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 420 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод шуда гузашт, ки 3434 нафар дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷои кор шуданд, илова намуд Тағойзода дар идомаи ҳособоти ниҳодаш.

Гуфта мешавад, ки дар шаш моҳи охир 242792 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафтанд, ки аз ин шумора 88,8%  мардон ва 12,2% занонро ташкил медиҳанд.

Ба саволи Рӯзноманигор, ки чаро маъюбонро аз корхонаҳо пеш мекунанд, Сумангул чунин гуфт: Дар маълуотномаи тиббии ҳар нафаре, ки маъюби гурӯҳи якум ва дуюм дарҷ шуда бошад, онҳо кор ношояманд ва наметавонанд кор кунанд.

Ҳалокати Музафар Самадов ҳангоми чидани торон

Як сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии алафҳои баҳорӣ аз кӯҳе афтода ҳалок шудааст. Музафар Самадови 30-сола аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳия, рӯзи 15-уми апрел ҳангоми чидани торон дар кӯҳҳои ҷамоати Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, (Шӯрободи пешин) афтода ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Араби Дӯстмурод, яке аз ҳамдеҳагони Музафар Самадов ба payk.tj  гуфт, ки ӯ ҳамроҳи бародару падараш ба фурӯши алафҳои баҳорӣ машғул буданд ва онро аз кӯҳҳо чида мефурӯхтанд.

"Дирӯз бо ҳамроҳи падар ва бародараш барои чиндаи алафҳо ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мераванд ва аз лаби ҷар торонро мегирам мегӯяд, вале сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳолокат мерасад. Ӯро дирӯз дар деҳа дафн кардем." - гуфт Араби Дӯсмурод.

Ҳамдеҳагони Музафар Самадов, ки ҳоло аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст, мегӯянд, ки онҳо зиндагии миёнаҳолона доштанд ва ҳар сол бо оғоз шудани баҳор онҳо ба ин кор машғул буданд.

Бонки миллӣ хост, ба муштариёни доимӣ доллар нафурӯшанд

Ҳоло нархи 100 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои расмии Душанбе ба 852 сомонӣ расидааст ва ин ҳисоб дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 22 сомонӣ ё ҳудуди 3 дар сад бештар аст. БМТ якбора болоравии қурби долларро “ҳосили амалҳои ҳаннотии баъзе афрод” номид.

Ба огаҳии ин ниҳод, барои ба эътидол даровардани вазъи бозори хариду фурӯши доллар “захираву имкониятҳо мавҷуд буда, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд”.

Бархе аз соҳибкорону тоҷирон мегӯянд, барои ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷи кишвар ба доллар ниёз доранд, вале наметавонанд ин асъорро аз саррофиҳои расмӣ харидорӣ кунанд. “Дар бонкҳо мегӯянд, ки доллар дошта бошед, мехарем, вале барои фурӯш доллар надорем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар пайи болоравии якбораи қурби доллар дар нимаи аввали соли 2015 раҳбарияти нави БМТ сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар фаъолияти саррофиҳои хусусии кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, баъдан, сар аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузошта, ба дари нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъор муҳр заданд.

«ВАВИЛОН» БОЗ ФИРЕБ ДОД, БЕГ САБУРОВ БА ДОДИ МО БИРАС!

Оне, ки ширкатҳои хориҷии дар ватани мо фаолияткунанда мунтазам ба фиреби мизоҷон даст мезананд, ҳақиқати бебаҳс аст. Фақат ишора кардан лозим, ба редаксия сад мактуб-далели ин гуна фиребкуниҳо ворид мешавад. Ҳангоми навиштани ин матлаб ба наздам тасодуфан Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори радиои «Озодӣ омад. Гуфтам «Вавилон» фиреб дод. Сахт хандиду баъд ба ғазаб омада гуфт: «маро ҳам ин ширкат на як бору ду бор фиреб додааст, касе ба доди мизоҷони ин ширкат намерасад, на масъулини худи «Вавилон» на «Тоҷиктелеком.» Ахиран ҳудуди 300 сомониамро хурданд»

Ин дар ҳоле, ки Маҳмудҷон онқадар ба ин ширкатҳо олуда аст, ки анқариб коршиноси соҳа шудааст. Ӯро ҳам фиреб додаанд. Аламовараш ҳамин аст, ки касе ба доди мизоҷони тоҷик намерасад. Ин дар ҳоле, ки содда карда гӯем, хӯҷаини ҳамаи ин ширкатҳо бояд ширкати ватании «Тоҷиктелеком», сардораш мӯҳтарам Бег Сабуров бошад. О, ширкатро фаол карда натавонистед, ақаллан коре кунед, ки дар назди аждаҳоҳое чун «Вавилон», «Тсел», «Билайн» ширкати ватанӣ ба зонӯ назанад! Баръакс, ин ҳама ширкатҳои аҷнабӣ, ки ҳиссаи ширкати ватаниро мерабоянд, бояд мутеи ширкати ватании мо бошад.  Ва аммо фиреби ин ширкатҳо хеле моҳирона (агар маккорона нагӯем) аст. Масалан, вақте мизоҷи ин ё он ширкат мешавӣ ба ту қоидаҳои тарофаро ба хубӣ намефаҳмонанд. Чанд соли пеш аҳёнан ба дастат буклет (муаррифнома) медоданд, ки баёнгари қоидаҳои тарофа буд, ҳоло ин корро намекунанд. Гап сари интернет бошад, қоида ҳамин аст, ки пулро ба хазина месупориву онҳо интернетатро мекушоянд. Гоҳо намекушоянду пули супоридаат фақат барои як рӯз кифоят мекунад. Гашта рафта ҳайрону зор мепурсӣ, ки чаро 1 рӯз, на мисли ҳарвақта 1 моҳ? Ҳама масъулин гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад, туро гунаҳкор мекунанд, ки рамзро (код) истифода набурдаӣ, барои ҳамин «моби-пакет» фаол нашуда аз интернет истифода бурдаӣ. Гӯё мизоҷи бечора бо шири модар бояд қоидаҳои истифодаи интернетро медониста бошад...

Муфассал дар  ҳафтавори "Пайк"

ХАЗИНАИ ТЕМУРМАЛИКРО КӢ БА ЯҒМО БУРД?

Сайфиддин Сироҷзода додситони ноҳияи Темурмалик дар нишасти хабарии раиси ноҳия Аслзода Имомиддин рзи 23 январ ба саволи хабарнигори «Пайк» ба саволи роҷеъ ба маблағҳои хазинаи рушди ноҳия посух дода иброз дошт, ки тибқи аризаи беном собиқ раиси ҳукумати ноҳия Мирзохон Сангов барои ба яғмо рафтани маблағҳои «Хазинаи рушди ноҳия» мавриди бозпурс қарор гирифтааст. Марҳилаи аввали бозпурсӣ нишон додааст, ки фактҳои мактуби беном, ки аз номи як гурӯҳ сокинони ноҳия навишта шудааст, қисман тасдиқ нашудаанд. Тафтишот идома дорад, гуфт додситон.

Гуфта мешавад «Хазинаи рушди ноҳия» се соли пеш таъсис дода шуда буд, ки ба он соҳибкорони маҳаллӣ ва субъектҳои дигар ба таври тобу тавон маблағ мегузарониданд. Ин маблағҳо билохира барои корҳои ободонӣ дар ноҳия сарф мешуданд. Дар аксарияти навоҳии ҷумҳурӣ чунин хазина таъсис дода шудаасту ба нафъи нооҳияҳо фаолият доранд.  Бино бар иттилои як манбаи ғайрирасмӣ ахиран дар суратҳисоби Хазинаи рушди ноҳияи Темурмалик ҳудуди 800 000 сомонӣ ҷамъ шуда буд.

Писари Санговро кӣ ба гарав гирифтааст?

Идомаи саволи хабарнигор ба додситон ҳамин буд, ки оё дуруст аст, ки ашхоси номаълум мағозаи собиқ раиси ноҳияро ғорат карда, писари Санговро ба гарав гирифтаанд?

Додситон ба ин савол посух дода гуфт, ки амали ба гарав бурдани писари Сангов тасдиқ нашудааст.

Ва аммо як корманди ҳукумати ноҳияи Темурмалик, ки нахост номаш зикр шавад ба хабарнигори «Пайк» гуфт, ки ашхоси номаълум мағозаи писари Санговро дар ҳақиқат ғорат кардаанд. Дар мағоза ба ҷуз писараш, келин ва наберагонаш ҳам будаанд, ки яғмогарон дасту пой ва даҳони ҳамаи онҳоро бо скоч бастаанд. Чун додситон дар ин маврид иттилоъ додан нахост, мо бо такя ба овозаҳо иброз медорем, ки тахмин меравад, ки мағозаро шахсоне ғорат кардаанд, ки саҳми бориз дар ғанӣ гаштани Хазинаи рушди ноҳия доранд. Онҳо умед доштанд, ки маблағҳои ба Хазина супурдаи онҳо баҳри корҳои ободонӣ дар ноҳия сарф мешаванд.

Сайфиддин Сироҷзода мегӯяд мақомоти прокуратура ҳуқуқи санҷиши суратҳисоби дар «Амонатбонк» будаи Хазинаро надорад, магар оиди ба яғмо рафтани он аризаи шаҳрвандон ворид шавад.

«Пайк»

Дузди ҷавоҳирот дастгир шуд


Дар сўҳбати хабарнигори ПАЙК Раҷабзода Нуралӣ сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа гуфт,ки ба қисми навбатдорӣ оиди ҳодисаи дуздӣ хабар ворид шуд, ки рӯзи 2-юми феврали соли 2017 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии  Маҳмадиева Малоњати 53-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазору 770-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздӣ Қурбонов Назруллои  50-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа кўчаи Мирзо Қодиров хонаи 31-ро дастгир намуданд. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Баҳодур Уроќов  вилояти Хатлон.

АВИАКОМПАНИЯ «ТАДЖИК ЭЙР»...

ПРЕСС – РЕЛИЗ

Душанбе, 31 января 2017г.–Национальная авиакомпания Таджикистана «Таджик Эйр», получила согласование на два дополнительных рейса в аэропорт Жуковский.

Авиакомпания успешно осуществляет 7 рейсов в неделю в Международный аэропорт Домодедово и дополнительно будет выполнять 2 рейса в подмосковный аэропорт Жуковский.

«Российская Федерация является одним из самых актуальных направлений для пассажирских авиаперевозок из Таджикистана.Сейчас ведётся активная работа по новому направлению. Мы оперативно сообщим нашим уважаемым пассажирам через средства массовой информации о конкретных числах и датах назначения полёта по маршруту Душанбе – Жуковский», –отметили в  пресс – службе «Таджик Эйр».

Напоминаем, что авиакомпания «Таджик Эйр» обеспечивает пассажирские рейсы в 6 стран мира и осуществляет коммерческие посадки в 12 пунктах назначения.

Справка: Национальная авиакомпания Республики Таджикистан, ОАО «Таджик Эйр», была основана в 1930 году. Авиакомпания «Таджик Эйр» специализируется на авиаперевозке пассажиров, багажа и груза, а также выполняет техническое обслуживание и ремонт авиационной техники. ОАО «Таджик Эйр» строит свою стратегию, основываясь на принципах максимального удовлетворения потребностей пассажиров, добросовестной конкуренции и информационной открытости. Расширение географии полётов, обеспечение безопасности и регулярности, надёжность и комфорт являются основными задачами ОАО «Таджик Эйр». На сегодняшний день в ОАО «Таджик Эйр» работают свыше 500 авиационных специалистов.  Самолёты ОАО «Таджик Эйр» осуществляют регулярные полёты в Индию (Дели), КНР (Урумчи), Иран (Тегеран), Казахстан (Алматы), Кыргызстан (Бишкек) и Российскую Федерацию (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск). Авиакомпания «Таджик Эйр» также  выполняет регулярные внутренние авиаперевозки в Худжанд и Хорог.


За дополнительной информацией обращайтесь:

Пресс – служба ОАО «Таджик Эйр»

Моб.: (+992) 88 444 75 00

Раб.тел: (+992) 48 701 50 48

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Web:www.tajikairlines.com








РАИСИ ВИЛОЯТРО ФИРЕБ...


РАИСИ ВИЛОЯТРО ФИРЕБ ДОДАНД

Яке аз иқдомҳои неки сарвари давлат Пешвои миллатамон ин шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва сарсабзгардонидани диёрамон мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ярмарка- фурӯши ниҳолҳо баргузор мегардад. Ин ид «ярмарка» дар шаҳри Кӯлоб имсол 15 январ дар назди донишгоҳи Кӯлоб баргузор гардид, ки ҳама масъулин аз Кулоб, Восеъ, Данғара, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва  Шоҳин иштирок карданд. Аз ин маърака муовини раиси вилояти Хатлон Курбонбой Ҳакимзода дидан намуда,  беҳтаринҳоро бо ифтихорнома сарфароз гардонид. Ва аммо иддае аз масъулини бесалоҳият дар инҷо ҳам даст ба фиреб заданд.

Даст холӣ, кисса пур…

Як чиз боиси таъкид аст, ки ҳама масъулин аз ноҳияҳо бо дасти холӣ вале киссаи пур омаданд. Гап сари он, ки танҳо аз 3 ноҳия дарахтҳоро ба ярмарка оварданду тамом. Ин ҳам бошад Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ, дигар ҳама аз деҳқонони минтақаи Кӯлоб аз номи ноҳияҳо баромад намуданд. Дар дилхоҳ хайма даромада пурсӣ, ки ниҳолҳо аз куҷоянд, посух як аст: «Мо аз «Лесапутовникем», 100 сомонӣ ба мо доданд ва гуфтанд, ки аз номи ноҳияи мо баромад кунед. Ин ҳолатро дар хаймаҳои Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳо дидан мумкин буд. Бо чанд нафар масъулин ҳамсӯҳбат шудам, яке аз онҳо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, чунин гуфт:

«Кадом гумроҳ  аз ноҳияҳои дурдаст дарахт пушт карда меояд, вақте дар хоҷагии боғпарварии ноҳияи Восеъ, ки 2 км аз шаҳри Кӯлоб дуртар воқеъ аст дарахт бисёр. Ин кишоварзон дарахтони худро дар бозори Кӯлоб бе ярмарка ҳам савдо мекунанд, мо онҳоро киро мекунем, дар ярмарка аз номи мо дарахт савдо мекунанд, кӣ медонад, ки ин дарахтони ноҳияи моян аз Восеъ?

Як нафари дигар, ки худро Зафар Холиқов, муовини раиси ҷангали ноҳияи Муъминобод муаррифӣ кард чунин гуфт:

«Ҳамаи дарахтони мо аз ноҳияи худамон оварда шудааст.»

Ва  аммо  нафаре, ки дар дохили хаймаи Муъминобод ба намоиш ва фурӯши ниҳол машғул буд чунин гуфт: маро пул доданд, ки омада аз номи онҳо баромад кунам, аслан ман аз «Лесапутовникам».

Минбаъд аз масъулин хоҳиш мекунем, ки ақалан дарахтфурӯшони бегонаро ба ҷуз 100 сомонӣ додан, боз таъкид кунанд, ки сиро фош насозанд, набошад ҳамаамон шарманда мешавем.

Магар мушкил аст аз ноҳияи худ пушти мошини сабукрав ё ягон «тангем» 500-1000 дарахт овардан. Бовар дорем, бо ҳамон 100 сомонӣ метавон ба мошин бензин рехт ва ба Кӯлоб дарахт овард, аммо ин мардум ончунон аз фиреб лаззат мебардоранд, ки аз қавли рост онқадар ҳаловат намебаранд.

Пас, суоле матраҳ аст, ки ба чӣ хотир муовинон ва масъулини шаҳру ноҳияҳо бе ягон азоби виҷдон Пешвои миллат, раиси Вилоят ва муовини ӯ Қурбонбой Каримовро фиреб медиҳанд? Каримов бо умед аст, ки навоҳӣ дарахтони худро ба маъраз гузоштаанд, аммо масъулини бемасъулият ҳамаро баякбор фиреб додан мехоҳанд. Мо ҳам гумон кардем, ки агар ҳафтавори «Пайк» ин ҳақиқатро нагӯяд он фақат барои раиси вилоят пӯшида мемонад, аммо мардум онро медонанд-ку. Писханд мезананд.

Бинобар ин, барои он, ки писханди мардум бемаънӣ шавад, мо аз раиси вилоят хоҳиш дорем, ки намоиш-ярмаркаи ниҳолро бори дигар дар шаҳри Кӯлоб баргузор намуда, бо назардошти эроди гирифтаи мо гузаронанд, то иқдоми Пешвои миллат иҷро шаваду фиреб ба майнаи масъулин ва мардум таъсири бад нагузорад.

Чун нек нигарӣ ҳатто ҳамин фиреб-ярмарка ҳам фоида дошт, аммо хуб мешуд, агар кор бефиреб сурат мегирифт ва фоидаи бештар ба соҳаи кишварзӣ меовард.

Қурбонбой Каримов бошад, ба андешаи мо чорабиниро дар сатҳи баланд гузаронд, аммо аз куҷо донад, ки масъулини айёр ҳамаро фиреб карданд?

Муҳаммади Мӯсавӣ

Страница 4 из 5

Суроғаи мо:

Joomla ru