Пайк

ХАБАРҲО

Президент дар бораи қарзҳои "Умед 88" ва барнагардондани пули мардум

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул ва низоми электронии бақайдгирии қарзҳо ташкил гардад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони Тоҷикистон таъкид намуд, феҳристи мазкур бо дар назардошти муттаҳид гардонидани он аз рӯи ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ таъсис дода шавад. Ӯ дар шарҳи зарурати чунин феҳраст таҷрибаи “Умед 88” ва бемасъулиятии кормандони Вазорати молияро зикр кард, ки бидуни санҷиш даҳҳо миллион пули буҷаи давлатро ба ин ширкати қарздор додаанд. 

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарияти ширкати “Умед 88” 170 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлатро, ки пули халқ мебошад, бо ҳар роҳу восита ба ивази 18 фоизӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст: “Соли сеюм-чорум аст бар намегардонад. На фоиз, на маблағи буҷаи давлат. Буҷаи давлат буҷаи халқ аст. Андозсупоранда ин халқ аст мардуми Тоҷикистон аст”. 

Раисиҷумҳур дар мавриди маблағҳои гирифтаи “Умед 88” афзуд, "60 миллионашро ба “Тоҷиксодиротбонк”, ки қарздор будааст ва 25 миллиони дигарро ба “Амонатбонк”, ки аз он ҳам қарздор будааст, мегузаронад, боқимондаро обу лой мекунад”. 

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз маблағҳои пинҳонкардаи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор бо изҳори нигаронӣ гуфт, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд: “Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст”.

Дар идома раисиҷумҳури кишвар таъкид кард, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон талаб кард, санҷиши соҳибкорон кам шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хост, ки аз дахолат ба кори соҳибкорон даст бардоранд. Ӯ тафтишҳои пайваста ва санҷишҳои бидуни асоси фаъолияти соҳибкорон ва, инчунин, фоизҳои баланди қарзи бонкиро аз мониаҳои рушди иқтисод дар кишвар донист.

Оқои Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар рӯбарӯи даҳҳо соҳибкор ва молики корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорон дар Душанбе гуфт, "ҳанӯз дахолати мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронист." Ӯ афзуд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз санҷишҳои беасос ба Вазорати адлия, Кумитаи сармоягузорӣ ва Кумитаи андоз дастур додааст, то тарҳи ислоҳ ба қонунҳои ҷориро дуруст кунанд.

Қаблан бархе аз сармоядорону соҳибкорон ва нозирони умури бизнес дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки агар Тоҷикистон муносибатро ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ беҳтар накунад, бизнес дар кишвар натанҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар фирор мекунанд.

Аз ҷумла, чанд соҳибкорони тоҷик, ки кишварро ба қасди пешбурди бизнес дар Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон тарк кардаанд, гуфтанд, тафтишҳои зиёд аз ҷониби мақомоти санҷишӣ, набуди додгоҳҳои мустақил барои ҳалли баҳсҳои молиявӣ ва зиёновор шудани бизнес онҳоро маҷбур кард, тиҷорати худро ба хориҷ бубаранд.

Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кам шудани санҷишҳо набояд соҳибкоронро фориғбол ва мақомотро дубора ба тафтиш маҷбур кунад. Ӯ гуфт, бо вуҷуди ироаи сабукиҳо ба соҳибкорон ҳанӯз бархе аз онҳо аз пардохти андоз ё молиёт сарпечӣ мекунанд ё даромади воқеии худро пинҳон медоранд. "Шумораи мақомоти санҷишӣ то 28 номгӯй кам гардида, соли ҷорӣ санҷишҳо нисбат ба соли гузашта 70 фоиз камтар шудаанд. Вале аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

"Агроинвестбонк” ҳудуди 2 ҳазор кормандашро ҷавоб дод

“Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ки раҳбариашро Муродалӣ Алимардон бар зимма дорад, ҳудуди ду ҳазор корманди худро ҷавоб додааст. Манобеъ дар бонк гуфтанд, ин тасмим дар асоси тавсияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гирифта шуд, ки 12%- саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро дар даст дорад.

Пештар хабар доданд, ки ширкати байналмилалии Alvarez & Marsal ба ду бонки Тоҷикистон - “Агроинвестбонк” ва "Содиротбонк" барои раҳоияшон аз буҳрони молӣ кумак мекунад. Ширкати мазкур бо таҳияи нақшаи беҳбудбахшидани вазъи бонкҳои мазкур машғул аст. Ба огаҳии Вазорати молияи Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин раванд кумаки техникӣ хоҳад расонд.

“Ба мо гуфтанд, ки ҳоло депозит кабул намекунед, қарз намедиҳед, низоми интиқоли пул ҳам дуруст кор намекунад, пас, мутахассисони ин соҳа чаро бекор нишаста, маош бигиранд?", - гуфт як масъули "Агроинвестбонк” ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти "Агроинвестбонк” кормандони мазкурро то ба ҳол бо назардошти вазъи иҷтимоии кишвар нигоҳ медошт. "Ин қадар мутахассисро омода кардан ҳам кори осон нест, аммо ба хотири беҳбуди вазъ бояд ба тавсияҳо гӯш диҳем”, - афзуд мусоҳиби мо.

“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки бузурги Тоҷикистон тайи ду соли ахир гирифтори мушкил ҳастанд. Дар пайи чунин мушкилот «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуданд, вале “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо ёрии давлат тавонистанд аз ин буҳрон то ҳадде наҷот ёбанд. Давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбонк" кумак кард.

Қиммат шудани нерӯи барқ ногузир аст

 

Мусоҳибаи хабарнигори “Пайк” дар шаҳри Душанбе Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо

Сардори Сарраёсати Молия ва хизматрасонии маъмурии ШСХК “Барқи Тоҷик”

Маҷидов Рустам Абдураззоқович

Имсол нисбати соли гузашта 7 милиарду 736 миллион кВс соат барқ зиёд истеҳсол шудааст, аммо мувофиқи маълумотҳо аз моҳи октябр нархи барқ зиёд мешавад, чаро?

Ин тадбир барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон ва вобаста ба талаботи рӯзафзун, ба нерӯи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар тадбири муҳим ва ногузир аст. Гап сари он, ки танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои такрористеҳсолкунии қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави барқтавлидкунанда ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст.

Проблемаи аз ҳама муҳим, ки ба таъминоти барқ таъсири ҷиддӣ мерасонад, муайян намудани арзиши аслии он, яъне тарифи нерӯи барқ мебошад. Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки  манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ,  ҳатто  барои об ҳам пул сарф мегардад, Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати Олмонии Fichtner (Фихнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани  нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша барои танҳо таҷдиди нерӯгоҳҳо  дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблаѓгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии  мӯҳлатҳои кафолатии истифодабарии таҷҳизоти асосии нерӯгоҳҳо тарҳрезӣ гардидаанд. Барои нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ ин мӯҳлати кафолатии истифодаи  бехатари таҷҳизоти  асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, “Варзоб-1”-соли 1936, “Варзоб-2”-соли 1949,”Варзоб-3”- соли 1952 ба истифодабарӣ дода шудаанд. Онҳо алҳол барои таҷдиду модернизатсия сахт эҳтиёҷманд гардидаанд.

Дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани  онҳо  таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ  дар солҳои наздик зери хавф мемонад. Паст будани тарифи нерӯи барқ, ки хароҷотро намепушонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад.

Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён Ширкати “Барқи Тоҷик” дар нерӯгоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ѓайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва капиталиро анҷом медиҳад, ки барои он маблаѓҳои калон лозиманд. Инчунин, барои хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва ангишт) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои  “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷотҳои хусусияти истеҳсолӣ дошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ ҳар сол маблаѓ сарф мешавад ва ин хароҷот сол то сол зиёд мегардад.

Вобаста ба ин ҳама, давра ба давра баланд бардоштани тарифи нерӯи барқ ва гармӣ, дар назар дошта шуда буд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, барои кори муназзами Ширкат мебоист  дар соли 2010 тарифи миёнасолаи нерӯи барқ ба сатҳи 2,5 сенти ИМА баробар мешуд, ки ин асоси бартараф намудани вазъи ногувори молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва таъмин намудани худмаблаѓгузории соҳа буд.

Гарчанде, ки тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ солҳои охир тадриҷан зиёд шуда бошанд ҳам, аммо бо назардошти он, ки  дар системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳмгузории ШСХК «Барқи Тоҷик» корҳои зиёде оид ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда  ва бунёди инфрасохтори энергетикӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуда истодаанд, ки ин барои система ногузир буда, хароҷоти истеҳсолии Ширкатро пурра рӯпуш намекунад. Илова бар ин, тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 23,4 дирам ва аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2” бо тарифи 26,7 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солона 15,0 дирам  (бо назардошти ААИ)  ба фурӯш мебаровард. Дар натиҷа,  фарқияти тарифи барқи аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ва “НБО-и Сангтӯда-2” харидоришуда, ки нисбати тарифҳои дохилиҷумҳуриявӣ қиммат будан, ба вазъи молиявии Ширкат таъсири манфӣ мебахшад.

Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки тарифи нерӯи барқе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, нисбат ба тарифи нерӯи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад. Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ,  дар соли 2016 тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ , дар Россия – 4,49 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,91 сент, Белорус – 10,23 сент, Молдова – 9,80 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, он вақт  тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи  барқ 1,68 сентро ташкил медод.

Ҳоло баъд аз ворид намудани таѓйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ  барои  аҳолӣ 16,85 дирамро ташкил медиҳад.

Чаро барқ барои Талко қиммат нашуд?

Айни замон Хадамоти зиддинҳинсории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ШСХК “Барқи Тоҷик” дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави тарифҳои барқу гармиро таҳия намуда истодаанд, ки ба муштариён пешниҳод мешавад. Масъалаи зиёд кардани тарифи нерӯи барқ барои “Талко”дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда истодаст.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба мо чӣ дод?

Баъди пурра ба истифода додани МБГ-2 иқтидори энергетикии  он 400 МВт ва иқтидори гармидиҳиаш ба 235,46 Гкал баробар хоҳад шуд. Ин ҳама чунин маъно дорад, ки сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле кам гардида, сифат ва дараҷаи таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо нерӯи барқ хеле беҳтар мегардад. Аз дигар тараф, Миқдори гармие, ки баъди фаъол гардидани навбати дуюми иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.

Афзалияти дигари Маркази нави барқу гармидиҳӣ дар он аст, ки  дар корхона бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад. Зиёда аз ин, хокистари ангиштсанг – ҳамчун партови истеҳсолӣ – бо иштироки ширкатҳои ватанӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон истифода мегардад. Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад.  Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронда шавад.

Дар баробари дигар иншоотҳо, маҳз МБГ “Душанбе-2” имконият дод, ки муҳлати маҳдудият хеле кам гардад.

Дар мавриди содироти барқ ба хориҷи кишвар чӣ гуфта метавонед?

Ҳаҷми  содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳашт мохи соли 2017 дар маҷмӯъ ба 977,3 млн.кВт.соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон дар ҳаҷми 971,0 млн.кВт.соат содирот карда шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” асосан дар фаслҳои гарм, ки барқи зиёдатӣ дорад, ба хориҷа барқ интиқол медиҳад. Дар фасли зимистон содироти барқ ба маротиб маҳдуд мегардад.

1. Истифодабарандагони барқ аз Барқи Тоҷик чӣ қадар қарздоранд ва қарзи Барқи Тоҷик ба чанд расидааст?

Қарзи дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик” дар дар ҳашт мохи соли   2017 аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 277,2 млн.сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1 июли  соли 2017 қарзи умумии дебиторӣ ба 1 млрд. 873,4 млн.сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, қарзи КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 429,3 млн.сомонӣ,  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 133,8 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 126,7 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 26,5 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 39,2 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷиккимёсаноат» 19,4 млн.сомонӣ, Комбинати маъдантозакунии куҳии Адрасмон 5,3 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 788,3 млн.сомонӣ ва ѓайра.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2017 дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андозҳо  - 183,5 млн. сомонӣ аз ҷумла қарзи асосӣ 97,4 млн.сомонӣ ва фоизҳои ҳисобишуда 86,1 млн.сомонӣ,  ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” – 738,8 млн.сомонӣ, дар назди НБО-и “Сангтӯда-2” – 103 млн. Доллари ИМА ва қарз аз ҳисоби харид ва кашонидани ангишт – 67,2 млн.сомониро ташкил дод.

Дар охир Барқи Тоҷик аз минбари “Пайк” ба истифодабарандагони барқ чӣ гуфтанист?

Нерӯи барқ ва гармиро  сарфакорона истифода баред ва ҳаққи истифодаи онҳоро  сари вақт пардохт намоед, ҳеҷ вақт бе барқ ва гармӣ намемонед.

 

Корхонаҳои саноатиро аз соҳибмулкон гиред!

Дар даврони шӯравӣ овозаву ҳангомаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ шаҳри Кӯлоб дили сокинони кишварро ба ваҷд меовард. Мутаассуф, ки тайи чанд сол боз аз фаъолияти корӣ корхонаҳои саноатӣ Кӯлоб хабари хуше намешунавед. Корхонаҳои саноатӣ Кӯлоб ба гушаи фаромӯшӣ рафтаанд. Ба қавле корхонаҳо «бесоҳиб» монда бошанд? Ҳеҷ кас ёди онҳо намекунад. Баҳри дақиқ намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Кӯлоб ва сабабҳои аз фаъолият боз мондани онҳо хабарнигори рӯзнома мавзуъро пайгири намуд.

Тибқи оморҳои бахши «саноат энергетика» дар шаҳри Кӯлоб айни ҳол 50 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин рақам 10 адади он бо сабабҳои ба таъхир афтодан ва аз фаъолият боз мондан аз омор бароварда шудааст. Икром Исматов, мудири бахши санот энергетикаи шаҳри Кӯлоб зимни як суҳбат тазаккур дод, ки аз шумораи 50 - корхонаи санотӣ дар Кӯлоб  40 - адади он фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо мавсимӣ амал мекунанд. Ба гунаи мисол ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб» корхонаи мавсимӣ буда, дар он теъдоди 20 то 30 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Корхона аз соли фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва қаннодӣ пардохтааст. Сабабҳои дигаре, ки корхонаҳо аз фаъолият боз мемонанд, пеш аз ҳама набуди ашёи хоми  ватанӣ мебошад» -  гуфт ӯ.

Шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, шумораи 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ин шаҳри бузург теъдоди кормандони ошхонаҳо аз коргарони корхонаҳои саноатӣ бештар аст. Аз ҳама риққатовараш ин аст, ки дар корхонаҳои саноатӣ шумораи кормандон ками дар кам аз 6 то 10 нафарро дар бар мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як ошхонаи наздик ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бо фарогири 10 нафар аз ин ҳам зиёд корманд фаъолият мекунанд. Дигар миёни корхонаву ошхона ҳеҷ фарқе нест. Ба ҳамин монанд ҶДММ «Ориён Рӯстам» корхонаи ҳасиббарории шаҳри Кӯлоб. Роҳбари корхонаро Амриддин Рӯстамов, ба уҳда дорад. Дар як суҳбат бо ин масъул маълум гардид, ки дар корхона теъдоди 14 – 15 нафар корманд фаъолият мекунанд. Музди миёнаи маош бошад, аз 400 то 500 – сомонӣ мебошад. Кунун дар корхона истеҳсоли ҳасиб ба роҳ монда шудааст. Ба иддаои масъулин маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи ин корхона дар бозор харидори худро пайдо кардааст. Корхона ѓайр аз истеҳсоли ҳасибб маҳсулотҳои ширӣ низ истеҳсол мекунад.

Бояд гуфт дар ин корхона замони Шӯравӣ беш аз 500 нафар кор мекард ва ризқ дарёфт мекарданд. Ҳоло фаолияти корхона бо як сехи хурд иктифо ёфтааст. Ягона корхонае, ки коргарони бештар дораду сол то сол маҳсулоти бештар истеҳсол мекунад корхонаи нони шаҳри Кӯлоб аст роҳбараш Баҳром Рустамов. Ҳатто ҳамин корхонаи фаъол ҳам ҳамагӣ як ё ду сехи истеҳсолиашро кор мефармояд.

Бештари корхонаҳо аз бемасъулиятии соҳибмулкон рӯ ба харобӣ овардаанд. Ҳаминак  феҳристи корхонаҳоеро рӯи саҳифа меорем, ки дар солҳои қаблӣ бо фаъолияти пурсамари худ, дар тамоми  манотиқи кишвар ва берун аз он ном ва манзалати худро доштанд.  
Ягона корхонаи азими саноати ресандагии шаҳри Кӯлоб «Тента - Кӯлоб» мебошад, ки пурра аз фаъолият боз мондааст. Дар даврони фаъолияти ин корхона, ки ба даврони Истиқлолият рост меояд, шумораи 100 то 200 нафар корманд, фаъолият мекарданд. Ҳоло фабрика аз кор мондаасту ба гушаи фаромӯши рафтааст.

Солҳои 2000 - ум Асоосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш ба шаҳри Кӯлоб ба соҳибкорони муваффақ дастур дода  буданд, ки то дар шаҳр бунёди корхонаи ресандагиро ба роҳ монанд. Ҳадаф пеш аз ҳама дар пайдосозии имконоти васеи коркарди ашёи хоми дохилӣ – пахта, фароҳамории шароити ҷойи корӣ барои корҷӯён ва дигар равишҳои ба рушди иқтисоди шаҳр мусоидаткунанда равона буд. Баъди гузашти андак вақт, соли 2001 корпоратсияи «Сомониён» муштаракан бо ширкати «Око - Биланс» - и Австрия дар деҳаи Чоқтемур ҳозира Бахтобод ҷамоати Зиракӣ ноҳияи Кӯлоб бунёди корхонаро ба роҳ монданд. Ҳамон сол фабрикаи ресандагии «Кӯлоб - текстайл» ба кор шуруъ намуд. Корхона қариб бо тамоми ширкатҳои пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зич дошт. Ашёи хомро аз онҳо дастрас менамуд. Фаъолияти хуби корӣ дошт. Банда хуб дар ёд дорам, ки ҳамарӯза мошинҳои гаронвазн ашёи хомро аз ноҳияҳои дурдаст ба ин корхона ворид мекарданд. Риштаи дар ин корхона тавлидшуда бештар ба мамолики хориҷи кишвар содирот мешуд.

Мутаассифона, соли 2012 корхона аз фаъолият боз монд.  
Ҳеҷ кас ёди он намекунад. Ѓайр аз посбон дар корхона ҳеҷ кас нест. Деворҳои бинои корхона кандаю фарсуда шудааст.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пахтаи - Кӯлоб» ҳам се соли пеш баъди аз даст ба даст фурӯхта шудан пурра аз кор монд.  Даромадан баробар биноҳои вайрону валангор касро истиқбол мекунанд. Сехҳои истеҳсолӣ лонаи паррадагон гаштааст. Таҷҳизотҳо занг хурда куҳнаю фарсуда шудаанд. Ба иддаои масъулон корхона тайи 8 сол боз фаъолият намекунад. Иллати аз фаъолият боз мондани онро дар набуди ашёи хом- пахта ва куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизотҳо унвон карданд. Бояд гуфт, ки дар даврони Шӯравӣ шукуҳу шаҳомати ин корхона ба тамоми Осиёи Миёна паҳн буд.  Теъдоди зиёди шаҳрвандони Кӯлоб фаъолияти корӣ намуда, бо маоши хуб таъмин буданд. Корхона ба адам рафт. Соҳибмулкон бошанд бар лаб муҳри хомӯшӣ задаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки то ба кай ин ҳама саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ нисбати корхонаҳои азими саноатии Кӯлоб идома меёфта бошад? Кӣ бояд, ба ин ҳама хунукназарии соҳибмулкон  нуқта гузорад? Охир дар шатномаи хариду фурӯши ин корхонаҳо гуфта шудааст, ки дар сурати дар самти худ фаолият накардани корхона шартнома бекор карда мешавад. Пас ку дасти зӯре, ки қонунро иҷро кунад!?

Исломи РАҶАБАЛӢ

 

Чаро бутпарастонро бикушем?

Ё худ

Мо барин мусалмонон барои Худо ҳам лозим нашуда мондаем

Аз овони кӯдакӣ аз лаҳни пешвоёни ислом шунидаам, ки вазифаи асосии мо мусалмонон бад дидан ва муборизаи беамон бурдан бо ҳама нерӯ ва ашёи ғайриисломӣ, бахусус оташпарастону бутапарастон аст. Гӯё Худованд дини исломро маҳз барои мубориза бо дигар динҳо ва куштори ғайриисломиҳо офарида бошад. Ҳатто дар Чаҳоркитоб, ки барои мардуми форс баъди Қуръон дуввумин китоби муқаддас маҳсуб мешавад, муаллиф менависад:

Бенамозон бутпарастон ҳардуро дузах баранд,

Гар бимиррад бенамозе ту макун бар вай намоз,

Дар шариат воҷиб ояд куштани(!) он бенамоз.

Дигар барои муаллиф фарқ надорад, ки бенамоз аз табори мусалмон аст ё маҷусиву бутпараст. Маҳз ана ҳамин аст таълимоти террористӣ. Дар ҳама ҷо дод мезанем, ки ислом ба терроризм ягон иртибот надорад. Бале, исломи Худо ба терроризм ягон иртибот надорад, аммо мо боре ба худ савол надодаем, ки исломи ихтироъкардаи мо мусалмонон чӣ…!?

Исломро дини террористӣ худи мо мусалмонон кардаем!

Ҳар қадар тоб надиҳем, аллакай исломро дини террористӣ эълон кардаанд. Ҳар куҷо куштор асту бераҳмӣ «қаҳрамонон»-и асосиашон чанд нафар аст дар қиёфаи исломӣ ва дар забон нидои аллоҳу акбар. Як харсифат дар кӯчаҳои Лондон ҳатман бо нидои аллоҳу акбар корд ба дили як зани бегуноҳ мезанад. Қисме ҳам инро ҷиҳод эълон мекунад.  Ҳамаи ин андешаро суи он мекашонад, ки маҳз мо мусалмонон, аниқтараш пешвоёни кутоҳандеши мо дини поку беолоиши Исломро дар муддати як садсола ба дини террористӣ мубаддал гардонидаем. Ҳама ҷо дод мезанем, ки мамолики ғайру куфр коре кардаанд, ки дини ислом бадном шавад. Агар мо мусалмонон моҳияти пайдоиши ин динро дуруст ва беғаразона аз аввал дарку фаҳм мекардем, имрӯз ин дин террористӣ унвон намешуд. Ҳар қавму ҳар равияи муғриз барои пиёда кардани ақидаҳои сиёҳу бадхоҳонаи худ аз Қуръон оятҳои махсус кофта ёфта, онро ба тарзи худ талаққӣ дода, дигар намемонанд, ки касе ин ақоиди ботили онҳоро шарҳи дуруст диҳад. Ин ҳамаро ба зеҳни мусалмонон таҳмил дода, ғаразҳои худро пиёда карданд. Ин пешвоёни ба истилоҳ «тупой» намояндагони дигар дину дигар қавмҳоро онқадар барои мо баду даҳшатнок нишон додаанд, ки бо дидани онҳо кас беихтиёр даст ба қабзаи шамшер мебарад. Гурӯҳҳое ба монанди салафиҳои ҷиҳодӣ ҳатто хуни онҳоро рехта, худро дар ҷаннат тасаввур карданд. Наворҳои каллаҳои масеҳиёнро буридани салафиҳои террорист дар Сурия се соли пеш, намунаи  олии зулми фиребхурдагони пешвоҳои хунхори мусалмон буд.

Суистифода аз Ислом кай оғоз шуд?

Саволе, гумон дорам, бояд бе посух намонад, ки чаро то солҳои 70-ӯми қарни гузашта ислом буду терроризми исломӣ набуд. Гап сари он, ки инсоният то он замон дуруст суистифода кардани исломро наомухта буд. Солҳои 70—ӯм, вақте муносибатҳо дар Шарқи Наздик дар заминаи фурӯши нафт тезу тунд шуданд, гурӯҳе исломро барои дарёфти расидан ба аҳдофи ғаразолӯдаи худ қарор дод. Бозингарони асосии бозори сиёҳи нафт Русия ва Амрико буданд. Маҳз Амрико барои тарсонидани рақиби аршади худ-Русия ақоиди салафияи ҷиҳодиро дар мамолики Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷорӣ карданд. Аҷибаш ҳамин аст, ки ақидаҳои Салафияро дар мавриди камхарҷ гузаронидани маъракаҳо, ботил будани маросимҳои панҷшанбегиву ҳафту чилу сол он вақт мардум напазируфта буд. Балки мулло Ҳайдар барин пешвои дин мардумро бар алайҳи салафиҳо (он вақт ваҳҳобиҳо) пешвояшон мулло Абдураҳим, шӯронида буд. Маҳз дар ҳамин замина оташи ҷанги бародаркуш ҳамон солҳо аланга зад. Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо дар ин ҷанг ҳалок шуданд, аммо ҳоло ҳамаи он ақидаҳои салафиҳоро мо қабул карда истодаем.

Чун нек бингарӣ ҳама чизе, ки ба ғорату куштор ва ташаннуҷи авзо даъват мекунад барои исломи ҳақиқии Худо офарида бегона аст. Баръакс, ҳама чизе, ки ба пешравӣ, оромӣ, навоварӣ, илмомузӣ дахл дорад аз таълимоти исломи ҳақиқӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷоҳилону коҳилон дар либоси исломӣ бар зиёиёни мусалмон ғолиб омадаанд.

Дар куштори Роҳинҷиҳо айби мо мусалмонон ҳам ҳаст

Имрӯз дар мамлакати Миянмаи ҳамсарҳад бо Индонезия ҳукумат ва аҳолии бутпараст бар алайҳи мусалмонон дандон тез кардаанд. Садҳо нафар мусалмононро куштаанду ҳазорҳо нафарро маҷбур кардаанд хонаву дари худро партофта фирор кунанд. Инро инсоният бо қаҳру ғазаби беандоза қабул кардааст. Тамоми олами ғайриисломие, ки террористон кофирашон ҳукм кардаанд, барои ҳимояи мусалмонон барпой бархостаанд. Дар ин миён давлати исломие, ки ҳамвора ҷаҳонро бовар кунониданӣ мешуданд, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ба даҳон об гирифта нишастааст. Ту гуфтӣ усулан мусалмон набудаанд. Инҷо, ки аҳдофи муғризонаи онҳо ҷо надорад, ба ислому бутпарастон коре надоранд, яъне ин воқеот ниқоб аз рӯяшон барканд.

Хуб, бало ба паси ин муҷоҳидони зидди исломӣ. Биёед даст рӯйи сина гузошта, бе эҳсосот андеша кунем, ки магар дар азоби Роҳинҷиҳои Миянма мо мусалмонон гунаҳкор нестем? Магар танҳо ҳамон кали бутпарасти разиле, ки дар он мамлакат бар алайҳи мусалмонон бутпарастонро ба по хезондааст, гунаҳкор аст? Ба андешаи мо не. Ҳамин пешвоёни ҷоҳилу аз ояту ҳадис дур ва афсонагуи мо мусалмонон набуданд, ки ҳамвора мусалмононро бар алайҳи бутпарастон мешурониданд, балки то ҳанӯз мешӯронанд? Дар ҳамон ҷо ҳам муллоҳои чалласавод бисёр аст. Ин тоифа дар байни бутпарастон истода, нону намаки онҳоро хурда дар мавъизаҳояшон мусалмононро ба куштори бутпарастон даъват мекунанд. Магар ту, хонандаи азиз, бисёр дидаӣ, ки масеҳиёну батпарастон куштори мусалмононро воҷиб дониста бошанд? Шахсан ман нашунидаам, агар ҳамон кали Миянмагиро ба инобат нагирем. Аммо аз лаҳни пешвоёни ислом басо шунидаам, ки мегӯянд куштори бутпарастон ҷиҳод аст. Ҳамон калҳои бутпараст ҳам номус доранду ғурур. Як сол хомӯш меистанд ду сол хомӯш меистанд, билохира косаи сабрашон лабрез мешудагист. Ин ҳам дар ҳоле, ки на Худо ва на паёмбари ӯ дар ягон ҷо ба куштори бутпарастон даъват накардаанд. Пас ин тоифаи ҷоҳил бартар аз Худоянд? Ҳоло боз иғво дар байни мусалмонон ангехтаанд, ки бояд бо бутпарастон ҷиҳод кунем. Яъне мо мусалмонон аз рӯйи гуфтаи ин пешвоёни ҷоҳил бояд бо Хитой, Ҳиндӯстон, Ҷопон, Куриё, Муғулистон, Африқо ва як қатор мамолики дигари бутпараст биҷангем. Фаромӯш кардаанд, ки имрӯз артиши Хитойи бутпараст 70 миллион сарбози ҷаррор дораду инҳо хун дар рагҳои ҳатто Амрико ва Русия хушк мекунанд. Чӣ ҷои бо онҳо ҷангидан аст? Агар бо бутпарастон биҷангем, аз мо ба ҷуз ҷои тар чизе боқӣ намемонад. Пас чӣ лозим аст ба сари онҳо дандон тез кардан? Магар ин монанд ба худкушӣ нест? Хосса исломи мо ба таълимоти Худо хеле кам наздикӣ дорад, ки бигӯем Худо ба мо нерӯ медиҳад. Террористони Сурияву Ироқ ҳам, гумон доштанд, Худо ба онҳо зафар медиҳад. Фаромӯш кардаанд, ки Худо террорист нест!

Аҷибаш ҳамин аст, ки дар гӯшҳоямон телефонҳои истеҳсоли бутпарастон, дар таги поямон мошинҳои «Тоёта»-и бутпарастон, ҳамаи ашёи хонаамон истеҳсоли бутпарастону худи мо аз ӯҳдаи истеҳсоли ҳатто дандонковак намебароему баҳри нобуд кардани бутпарастон камари ҳиммат мебандем. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки агар коре шавад, ки бутпарастонро бикушем, худ аз гуруснагӣ ва лучиву урёнӣ мемурем. Имрӯз ду ҳамсояи мусалмонро намебинӣ, ки байни ҳам дар заминаи замин, чаронидани чорво, оби техникӣ ё нӯшокӣ муноқишаҳои ҷиддӣ надошта бошанд. Чун нек бингарӣ аз мо мусалмонон дида маҷусиҳову масеҳиён ва бутпарастон муттаҳиданду бовиҷдон ва ростқавлу меҳнатдӯст. Ҳар куҷо мусалмонест хеле муттаҳам гаштаасту дастнигари ғайриисломиҳо. Бо ин ҳама, мудом дар фикри куштану нобуд кардани онҳоем.

Туфон хонаҳои масеҳиён ё бутпарастонро чаппа мекунаду мо мусалмонон шод мешавем, ғирев мебардорем, ки ба ғазаби Худо гирифтор шуданд. Даҳ миллион аҳолии мусалмон дар дунё имрӯз гурезаанду бехонумон ва садҳо ҳазори дигар кушта шудаанд, боре намеандешем, ки барои хуи бадамон Худо моро ба ғазабаш гирифтор кардааст. Ҳатто ба гӯшаи хаёл намеорем, то ислоҳ шавем. Чор гурезаи мусалмон ба Эрон ё Туркиё барин мамолики исломӣ аз тангии рӯзгор гурехта сарпаноҳ ҷӯянд, Раҷаб ё охундҳои Эрон талхакаф мешаванд. Зуд бутпарастонро ба ёрӣ ҷеғ мезананд, ки кумак кунед, ки мо худ гурусна мемонем. Ҳамон чор гурезаро то замоне нигоҳубин мекунанд, ки ҳаққи 40 гурезаро бутпарастон ё масеҳиён ба ин мамолики исломӣ равон мекунанд. Чун ёрӣ қатъ шуд онҳоро шаттакорӣ карда пеш мекунанд. Боре намеандешанд, ки канслери Олмон ҳазрати Ангела Меркел, ки миллионҳо нафар мусалмонони гурезаву бесарпаноҳу гурӯснаро сарпарастӣ мекунад, кайҳо дар назди Худои мо мусалмонон маҳбуб шудааст. Не, аз рӯйи ҷоҳилӣ ҳамоно дод мезанем, марг ба католикҳо, масеҳиён ва бутпарастон. На Рамзан Қодиров на охундҳои Эрон на шайхони Араб на Раҷаб Эрдуғон на муллоҳои мо тоҷикон боре ба ин католик барои дастгирии мусалмонон раҳмат нагуфтаем, чунки мусалмонони худро хеле бад мебинем.

Дар куштори мусалмонони Роҳинҷаи Миянма аввалин шуда масеҳиён ва католикҳо садо баланд карданд, на мо мусалмонон. Онҷо ҳам таъқиби мусалмонон аз ҷониби давлати террористии Миянма ва чанд террористи дигар дар либоси бутпарастон сурат гирифтааст, на аз ҷониби дини буддоӣ. Бинобар ҳамин, ҳама кушишҳои ҷанг андохтани мусалмонон ва бутпарастон ба ҷуз ғаразҷӯии чанд нохалаф чизе дигар нест.

Худованд дар қуръони азимушшаънаш дар сураи «Кофирун» гуфтааст: «Дашном надиҳед динҳояшонро, то дашном надиҳанд динатонро.» Маҳз итоат накардан ба ҳамин оят ва беэҳтиётии худи мо мусалмонон боиси кушта шудан ва бехонумон шудани садҳо бародарони мусалмони мо гаштааст. Бубинед, ки як масеҳӣ дар бораи паёмбари мо ва Қуръони мо андак бо лафзи тунд сухан гӯяд мо ҳатман ба ҷиҳод бар мехезем. Мо чӣ? Қариб дар ҳамаи амри ба маъруфи пешвоёни мо садҳо лаънат ба намояндагони динҳои дигар мекунем ва ҳатман куштори оташпарастону бутпарастонро воҷиб мешуморем! Ин дар ҳоле, ки қудрати ҷангиданро бо онҳо усулан надорем.

Ҳақиқат ҳамин аст, ки аз роҳи «сиротим мустақим» бар гаштаем ва зифу муттаҳаму нотавон гаштаему дастнигар. Бояд мусалмонон ба худ биёянд ва аз роҳи бад аз куштору терроризм ва нияти маҳв кардани бутпарастону масеҳиён бароянд, набошад зуд ин дин аз байн меравад. Аз афташ барои Худо ҳам мо барин мусалмонон лозим нашуда мондаем.

Аҳмади Иброҳим

Шаш роҳбари "пирамидаи молӣ" дар Тоҷикистон бо айби қаллобӣ зиндонӣ шуданд

Баъд аз чаҳор соли баҳсу баррасиҳо ба баҳси ширкати “Ҳафт бурҷ” дар Тоҷикистон нуқта гузошта шуд ва шаш масъули ин ширкат мутаносибан ба 8 то 11 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Додгоҳ Осимҷон Маруфовро ба 8, Олим Маруфов, Ориф Расулов ба 10 ва Саидҷон Садуллоев, Раҳимбек Саидов, Шарифбек Хушмаҳмадовро ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин афрод, ҳамчунин баъди озод шудан аз зиндон то 4 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва тиҷорӣ маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи додгоҳ, раҳбарони ширкати “Ҳафт бурҷ” тӯли се соли фаъолият беш аз як миллион доллар маблағи муштариёнро аз худ кардаанд.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар, вориди ширкат мешуданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда, даромади муайяне ба даст меоранд. Ба ин хотир, ҳар муштарии ин ширкатҳо манфиатдор буд, ки дигаронро низ ба ин кор ҷалб кунад.

Додситонии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, "раҳбарони “Ҳафт бурҷ”, бо машварати пешакӣ ва бо мақсади аз роҳи фиреб, сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиӣ ба роҳ монда, якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои компютерӣ, ронандагӣ ба шаҳрвандон пешниҳод намудаанд."

Ба гуфтаи Додгоҳи ноҳияи Сино, аз соли 2011 то моҳи июли соли 2013 масъулини “Ҳафт бурҷ” беш аз 1 миллион доллар ва наздики 10 ҳазор сомонии шаҳрвандонро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 фаъолияти ширкати “Ҳафт бурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кул он замон гуфт, ки “Ҳафт бурҷ” мисли пирамидаи молӣ кор мекунад ва мумкин аст, аз фаъолияти он мизоҷонаш зиён бубинанд.

Бо супориши президенд дар Бохтар ба 300 нафар кӯмак ва як тӯйи арӯсӣ гузаронида мешавад.

Як суханронии Саидшо Асророви 23-сола дар назди президент кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиндагии ӯро комилан тағйир дод. Ҳоло рӯзи 27-уми август дар тарабхонаи “Мафтуна” тӯй мешавад. Барои ин тӯй як суханронии Саидшо дар назди президент сабаб шуд.

Ҳоло дар баробари тӯи Саидшо Асроров ҳукумати ноҳияи Бохтар ба беш аз 300 нафар камбизоатон, маъюбон ва ятимон кумак кардааст. Ин кӯмак дар ҳоле ба ба ниёзмандон тақсим карда шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳинни сафари кориаш дар ноҳияи Бохтар аз тамоми саховатмандон даъват ба амал овард, ки ба камбизоатону ятимон кӯмакҳои худро дареғ надоранд.

Аз тӯи Саидшо то кумак ба 300 нафар

Ҷабборӣ Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар ба "Пайк" гуфт, ки  баъди суханон ва супориши Пешвои миллат аз ҳисоби ҳукумати ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба 41 нафар ятимон сару либос ва дар суратҳисоби онҳон то ба имрӯз беш аз 2 800 сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Раиси ноҳия илова кард, ки ба маъюбон маводи хӯрока ва барои пухтани шириниҳову кулчақандҳо  тафдон кӯмак карданд ва ин иқдом идома дошта, то арафаи иди Қурбон ба тамоми оилаҳои ниёзманд кӯмак карда мешавад. Ӯ гуфт, ки дар баробари ин кумакҳо онҳо рӯзҳои наздик тӯйи арӯсиву домодии Саидшо Асроров ва Марҷона Худойдодова гузаронида мешавад.

Ин кӯмаку тӯй аз сӯи ҳукумат ва презденти кишвар ба сокинони ноҳияи Бохтар дар ҳоле тақдим мешавад, ки рӯзи 16-уми август президент дар меҳмони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар буд. Лаҳзае, ки ӯ дар мулоқот бо фаъолону сокинони маҳаллӣ дар минбари пур аз гул нишаста буд, омӯзгори ҷавони фанни таърих дар мактаби 39-уми ноҳияи Бохтар Саидшо Асророви 23-сола назди микрофон омад. Ӯ гуфт, хушбахт аст, ки метавонад рӯбарӯ бо президент сӯҳбат карда, барои заҳматҳояш дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон ташаккур кунад. Дар суханрониаш Асроров чанд пораи шеърро ҳам қироат кард.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ кӯтоҳ суолу ҷавоб кард ва аз ҷумла пурсид, ки оиладор аст ё на ва баъдан назди худ даъват карда ба ӯ як соати саримизӣ тақдим намуд. Баъди ин президент аз соҳибкорон ва мақомот  даъват ба амл овардааст, ки дар оиладор кардани омӯзгори ҷавон мусоидат кунанд ва дар баробари ин ба ниёзмандон ва маъюбон кумакҳои худро дареғ надоранд. Сокинон мегӯянд, ки ҳоло онҳоаз президент минадоранд, ки ҳамеша ғами онҳоро мехӯрад.

Султонов Бобоёр, як иштирокчии ҶБВ изҳори минтадорӣ ба перезиденти кишвар ва раиси ноҳия карда гуфт, ки хело шодам, президенд ба моҳ таваҷҷӯҳи бештар дорад ва дар ҳар баромадаш таъкид мекунад, ки ҳамеша ба мо дасти кӯмак дароз кунанд.

Аммо  Сафина Ходжаеваи 12 сола, ки бо пои худ роҳ гашта наметавонад бо чеҳраи хандон раиси ноҳияро хуш омадед гуфта, хело хурсанд шуд ва гуфт, ки хурсандии ӯ дар он аст, ки ба суроғаш раиси ноҳия омадааст. Ӯ илова кард, ки ин ҳама бо дастгирии бе воситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмаон буда ва дуогӯи он аст, ки ҳамеша онҳоро дастгирӣ мекунанд.

Дар баробари ин кӯмакҳо ҳоло ҳукумати ноҳияи Бохтар ба тӯйи арӯсии Саидшоҳ Асроров ва Марҷона Худойдодова омодагӣ мегиранд. Ҳанӯз як моҳ қабл ин ду ҷавон – яке ҳамшираи шафқат ва дигаре омӯзгори мактаб – тасаввур ҳам намекарданд, ки ба зудӣ оила барпо хоҳанд кард. Инҳо ҳатто 5 рӯз пеш аз тӯй якдигарро надидаанд. Тасмими оиладориро ба ҷойи онҳо гирифтаанд.

Худи Саидшо рӯзи ба "Пайк" гуфт, дар ҳамон лаҳза суханрони хеле ҳаяҷонзада буд. Саидшо илова кард, ки ин мулоқот барояш фаромӯшношуданӣ шуд. Саидшо қисса кард, ки дар як оилаи  5-нафарӣ дар ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад. Ду соли ахир омӯзгори таърих ва ҳуқуқ аст. Баъди мулоқот бо президент ва бархостани масъалаи оиладории ӯ ба хостгорҳо гуфтааст, мехоҳад бо Марҷона оила барпо кунад. Марҷона – духтари омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонист. Саидшо духтарро солҳои донишҷӯияш дар коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз дур дида будааст.  “Ҳаяҷон доштам, баромад кардам, президент дар бораи ман ва хонаводаам пурсид. Гуфт, ки зан дорӣ? Ман гуфтам зан надорам. Президент ба роҳбарияти ноҳия дастур дод. Ҳама чиз хуб пеш меравад. Рӯзҳои наздик тӯй мешавем.”

Хостгорҳо аз ҳукумат дари хонаи Миҷгонаро куфтанд

Акнун баъди ин ҳама қарор аст, ки рӯзи 27-уми август дар тарабхонаи “Мафтуна” тӯй шавад. Пеш аз ин дар дили Саидшоҳ ҳамин андеша ҷой доштааст, ки бо ин духтар зиндагии муштарак барпо кунад, ҳарчанд ошиқи Марҷона набуд. Дере нагузашта ин тахаёл ба воқеият пайваст ва рӯзе дари хонаи Марҷона Худойдодоваи 22-сола дар деҳаи Гулзор тақ-тақ шуд. Хостгорҳое, ки рӯзи 19-уми август ба хонаи Марҷона омаданд, намояндагони ҳукумати ноҳияи Бохтар буданд. Ҳайати хостгорҳоро Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини бахши идеологияи ҳукумати ноҳияи Бохтар раҳбарӣ мекард. Муовин ба мо гуфт, ки  барои Саидшо як духтари таҳсилкардаву арзандае аз деҳаи Гулзор ёфта, ба хостгории ӯ рафтанд.

"Мо худамон хостгорӣ кардем. Духтари таҳсилкардаро келин мекунем. Муаллим аз оилаи эҳтиёҷманд аст, падару модараш бознишаста аст. Сару либоси арӯсро худамон бурдем, ҳамаро ҳал кардем. Рӯзи якшанбе тӯйи ин ду ҷавон дар тарабхона баргузор мешавад. Ҷиҳоз ва лавозимоташро гирифтем, ба хонаводаи духтар низ кумак кардем. Ҳарду оилаи хуб ҳастанд”, - илова кард ӯ.

Хонаводаи  Марҷона ҳарфи хостгорҳои баландпояро, ки бо як рисолати махсус омада буданд, рад накарданд. Савлатбӣ Худойдодова, модари 8 фарзанд қисса кард, ки  то ин замон бисёриҳо бо нияти арӯсӣ бо Марҷона хостгор шудаанд, вале вақте ба ҳамаашон шарт гузоштанд, ки духтарашон бояд баъди арӯсӣ аз рӯи ихтисосаш кор кунад, ноумед мешуданд. Хонаводаи арӯс мегӯяд, ки шарти онҳо ба Саидшоҳ ҳам ҳамин аст, ки Марҷона баъди арӯсӣ бояд дар ягон муассисаи тиббӣ аз рӯи ихтисосаш кор кунад ва дар зиндагӣ хушбахт бошанд.

Домод арӯсро аз дур дид, арӯс домодро чӣ?

Марҷона ҳам  ҳамеша орзу доштааст, ки  бо шахсе оила барпо кунад, ки барои кори ӯ монеъ нашавад ва ҳамин сабаб шуд, ки хостгории домодҳои дигарро рад кардааст. Марҷона, ки дар бораи арӯсиаш бо шарми духтари шарқиёна сӯҳбат мекард, дар бораи маросими хостгории мақомот чунин нақл кард: “Ман он рӯз дар хона будам ва онҳо бо калонтарҳо – хонагиҳомон – падару модарам гап заданд. Розӣ шуданд. Гуфтанд, ки бимонанд кор кардан, баъд розӣ мешавем. Мехоҳам, дар оянда дар ягон касалхона кор кунам”.

Ин арӯс то ҳол домодро надидааст ва эҳтимол дар рӯзи тӯй аввалин бор бо ӯ рӯ ба рӯ шинос шавад. Модари Марҷона илова кар, ки дар хонадони онҳо таҳсилу кори духтар як масъалаи муҳим аст. Ду фарзанди калониву домоди ӯ табиби дипломдор ҳастанд, як духтараш табиби занона ва Марҷона – ҳамшираи шафқат.

Ҳоло арӯсу домод аз ташхиси тиббӣ гузашта, табибон натиҷаҳо аз назари мувофиқати хуни ҳамсарони оянда ва ҳам бакорати арӯсро қонеъкунанда гуфтаанд. Дар ин замина қарор аст рӯзи якшанбе ҷашни тӯйи Саидшову Марҷона баргузор шавад.

Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар ба "Пайк" гуфанд, ки ингуна иқдомҳо идома дошта, онҳо ба тамоми камбизоатону макъюбон дастӣ кӯмак дароз хоҳанд кард. Масъулони ин ноҳия илова карданд, ки онҳо дар ҳар арафа ҷандин хатнасур ва мисли тӯи арӯсиву домодии Саидшо ва Марҷона баргузор кардани ҳастанд, ки саҳми соҳибкорон низ дар он дида мешавад.

Баҳодур Уроқов "Пайк"

 

 

Страница 1 из 4

Суроғаи мо:

Joomla ru