Пайк

ХАБАРҲО

Ба таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилаи ҷумҳурӣ генерал-полковник мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон

ОБЛАВА КАРДЕД, ЧАРО ТАҲҚИР МЕКУНЕД!?

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Дар ин росто, барои ба ин кор ҷалб кардани ҷавонон баробари фиристодани даъватнома, инчунин масъулин аз усули иҷборан бурдани ҷавонон ё ба истилоҳи забонзада “облава” кор мегиранд. Субҳи дирӯз чун шунидам, ки як ҳамсабақамро “облава” кардаанд, лозим донистам, ки ба донишгоҳ рафта аз онҷо гувоҳнома гирифта, ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб барам. Мутаассифона дар роҳ ба Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб 3-4 нафар бо либосҳои шаҳрвандӣ маро низ дастгир карданд. Ҳарчанд мегуфтам, ки донишҷӯям, ҳеҷ бовар намекарданд.

Маҷбуран бурдани ман амали нангине набуд, чун аз боиси артишгурезии ҷавонон масъулон маҷбуранд аз облава кор бигиранд, лекин аз облава дида кори бадтари масъулин ин аст, ки дар дохили бино ё саҳни комиссариат, масъулони болоӣ бо ҷавонон бо лафзи тунду бад муносибат менамоянд. Дашномҳои қабеҳ медиҳанд, дастҳоро метобанд, хуллас бо ҳар роҳу восита сарбози ояндаро дилшикаста мекунанд. Назири чунин масъулин сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб Субҳон Мирализода аст, ки ба як афсари нозири тартиботи ҷамъиятин кор зебанда набуд. Он ҳам дар марҳилаи ислоҳоти милиса. Магар вазири ВКД ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон аз аъмоли зердастонаш огоҳӣ надорад?

Хуллас, худ шоҳид шудем, ки сардори милиса облавашудагонро дашномҳои қабеҳ медод ва боисрор мегуфт, ки ин сиёсати давлат аст. Кас намедонад, аз кай боз дашному ҳақорат додани ашхоси бегуноҳ, он ҳам аз тарафи як масъули баландпоя сиёсати давлат шудааст. Ин дар ҳоле, ки давлати сохтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлол асту ҳуқуқбунёд. Ба андешаи мо  бисёр бад аст, вақте масъулин бо аъмоли зишт ҷавононро дилшикастаю рӯҳафтода карда ба хизмати Ватан-модар сафарбар месозанд. Дар ҳамин ҳафтавор гуфта будем, ки ҷавонони гумроҳ бар асари чунин дағалӣ ва ба истилоҳи бародарони рус “беспредел” ва таҳқиру таҳдиди чанд масъули бемасъулият тарки ватани ҷоноҷон кардаву ба Русия барои мардикорӣ рафтаанд ва ҳатто ифротию террорист шуда алайҳи модари худ садо баланд мекунанд. Ба андешаи инфиродии мо, модоме, ки ҷавонон ба аскарӣ бо ихтиёри худ намераванд, барои пур кардани сафи артиш даст ба облава задан ногузир аст, аммо дашному таҳқиру таҳдид ба дунбол зиёни сахт дорад ба ҷомеа. Дар шумораҳои гузашта ҳафтавори “Пайк” ҳушдор дода буд, ки бо чунин шеваи кор даъват ба сафи артиш сол то сол мушкилтар мешавад. Ҳам муаллифи ҳамон мавод роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод карда буд. Мутаассифона касе ба он аҳамият надод. Агар масъулин аз адолат кор гирифта вазифаҳои худро поквиҷдонона иҷро мекарданд ва тарбияи дурусти ватандӯстиро ба роҳ мемонданд, ҳоҷат ба “ихтиёриёни облавашуда” намебуд.

Бо талаби масъулин ҳафтавор омода аст пешниҳодҳои худро дар мавриди аз байн рафтани облава бори дигар ба нашр расонад.

Муҳаммади Мӯсавӣ

Комментарии  

 
#1 Рустам 11.04.2019 07:37
Дар хакикат беспредели мекунанд
Цитировать
 
 
#2 Мансур 11.04.2019 12:39
Марам амихе кадан зик наша
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru