Пайк

ХАБАРҲО

УРА, ДАР РӮЗИ ҶАШНИ НАВРЎЗ 24 СОАТ БАРҚ ДОДАНД!

Санаи 29-феврал Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бино бар сабаби мушкилоти пешомада вобаста ба таъмини мамлакат бо нерўи барқ ба  истифодабарандагон муроҷиатнома паҳн намуд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаҳост, ки дар минтақаҳои гунонуни ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорист.

Дар муроҷиатнома омадааст, ки “Чанд сол муқаддам мо орзу мекардем, ки маҳдудият барҳам дода шавад. Инак, аз 14 январи соли 2017 инҷониб дар сар то сари ҷумҳурӣ  ин маҳдудият бардошта шуд. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан, истифодаи дигар намудҳои сӯзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ  нишон намедиҳанд. Ин аст, ки то имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба  як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон  гардидааст». Дар идома масъулини ширкат ба насиҳати мардум гузашта, онҳоро ба сарфаҷӯйиву сариштакорӣ дар самти истифодаи нерўи барқ ҳушдор додааст.

Инчунин дар муроҷиатнома масъулин гила карда гуфтаанд, ки “зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ  беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд... Ба ғайр аз ин Ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад”.

Дар охир чунин ишора шудааст, ки “Алҳол Ширкати «Барқи тоҷик» имконияти техникии ба таври  инфиродӣ хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз неруи барқ маҳрум созем. Аз дигар тараф, ин нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, ноинсофӣ мешавад. Аз ин рў, мо аз шаҳрвандони ҳисси масъулияташон баланд хоҳиш менамоем, ки бобати пардохти маблағи барқи истифодабурдаашон нисбат ба ҳамсояҳои худ таъсир расонанд”.

Шояд хонанда ва истифодабарандагони барқ пас аз пурра хондани муроҷиатномаи пешниҳоднамудаи «Барқи тоҷик» хулосаи худро бароранд. Аммо аз чӣ бошад, ки масъулини «Барқи тоҷик» бо баҳонаҳову муроҷиатномаҳои беҳуда ва нодаркор сари мардуми бебарқро дард мекунонанд. Ба ҷойи он ки барқро барқарор кунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар пайи расонаӣ шудани шикояту нигарониҳои сокинон, ширкати "Барқи тоҷик" миёнаҳои моҳи март бо пахши изҳороти расмӣ сабаби қатъи қувваи барқро иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ арзёбӣ намуда, гуфта буд, ки мушкили интиқоли нерӯи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад. Аммо ин изҳорот дурўғи беш набудааст ва шояд пас аз ин муроҷиатномаи ахир дурӯягии «Барқи тоҷик» маълум гардад.

Лимити барқ, ки аз аввали моҳи март  оғоз гардид, на танҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар, балки дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ ҷорист. Айни ҳол, мисли 10 соли қабл барқро 4 соат саҳар ва 4 соат бегоҳ ба сокинон медиҳанд.

Бояд гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ низ лимити бардавоми барқро бемасъулиятии роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» дониста, талаби истеъфои онҳоро доранд. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон бархе аз расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки тавлиди барқ дар неругоҳи “Роғун” мутаваққиф ва сатҳи об дар обанбори он поин оварда шудааст. Масъулини НБО “Роғун” ин амалро раванди муқаррарии профилактикӣ гуфта, таъкид карданд, ки корҳо дар “Роғун” тибқи нақша ва зери назорати роҳбарияти кишвар идома доранд.

Ва аммо дар охир оё ҷанобон барқчиёни ҷумҳурӣ метавонанд сабаби аслии бебарқӣ дар мамлакат ва кай бартараф шудани онро барои мардум шарҳ дода метавонанд ё боз ҳам раҳгумии мардум идома хоњад ёфт?

Алҳол бошад барои сокинони мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврўзи хуҷастапай на сумалакпазию на ҳафтсину ҳафтшин, балки 24 соат ба хонаҳои мардум интиқол додани барқ хотирмон будааст. Дар ин бора сўҳбатҳои сарироҳӣ ва зангҳои телефонӣ шаҳодат медиҳанд.

Н.Карим

Комментарии  

 
#1 вахдат 30.03.2019 04:11
Бачои пешрави задний
Цитировать
 
 
#2 Сарханг 04.04.2019 03:44
Ба хама кучахо надоданд. Рузи Навруз ба кучаи мо 10 соат доданд.Пулашро пурра талаб мекунанд.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru