Пайк

ХАБАРҲО

Нархи интернет чӣ гуна баланд мешавад?


Охири моҳи майи соли 2019 мардуми Тоҷикистонро болоравии нархи интернет ва алоқаҳои мобилӣ интизор аст. Мувофиқи фармоиши нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ "Дар бораи тарофаҳои алоқаи барқӣ" , ки аз 4 марти соли 2019 ба имзо расидааст ва аз 27 март амалӣ мешавад, бояд 1 Мб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 5 дирам (0,06 доллар)-ро ташкил диҳад, як дақиқа гуфтугӯ бо телефон дар дохили шабака бошад – 10 дирам (0,12 доллар) берун аз шабака – 20 дирам. Бо назардошти арзиши ҳозира 1 Гб интернет ба миқдори 30 сомонӣ гарон мешавад ва 63 сомониро (6,69 доллар) ташкил мекунад, як дақиқа гуфтугӯ бошад бо ҳисоби андозҳо – 25 дирам (1,75 доллар).

Феълан як гигабайт интернети операторҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудудан 30-35 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас аз 27 март он на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Якҷо бо бо ҳисоби андозҳо бошад, тақрибан 62 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки интернет ду маротиба гарон мешавад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар фармоишаш инчунин талаб кардааст, ки арзиши зангҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тариқи NGN гарон карда шавад. "Арзиши зангҳои баромад ба кишварҳои хориҷ ба воситаи технологияи навин, аз ҷумла ба воситаи NGN на камтар аз 1 сомонӣ муайян карда шавад", - гуфта мешавад дар фармоишот.

Ҳоло дақиқаи сӯҳбат ба воситаи мессенҷерҳои "Чӣ гап?", "МобиГап", "Мегафон Лайф" ва "Салом" аз 10 то 20 дирамро ташкил медиҳад. Мувофиқи фармоиши нав дақиқаи сӯҳбат тариқи ин мессенҷерҳо бе ҳисоби андоз 1 сомониро ташкил медиҳад, ки ба зангҳои бевоситаи байналмилалӣ баробар аст. Яъне сӯҳбатҳо тариқи NGN 10 баробар гарон хоҳанд шуд.

Хабари гарон шудани арзиши интернети мобилӣ дар Тоҷикистон боиси мавҷи интиқодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз љумла Фейсбук ба бор овард. Дар натиҷа, бештари корбарон бо норозигии "Я_ против", (Ман мухолифам) зидди ин иқдом буданашонро ифода кардаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз 15 то 40 фоизи аҳолии кишвар аз интернет истифода мекунанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз дар кишвар тақрибан 3 миллион нафар аз интернет истифода менамоянд.

Н.Карим

Комментарии  

 
#1 Фирдавс 17.04.2019 10:34
Эээ ин қарор аз ҷониби Адлия тасдиқ нашудааст. Чаро ин Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз пеши худ ҳар хел қарор мебарорад. Интернет 62 сом шавад фикр мекунед ягон кас интернет медарояд? Мардумро аз интернет дур карда якбора қафомонда мекунед!!!
Цитировать
 
 
#2 Фирдавс 17.04.2019 10:37
Мардум бе интернет фикр мекунед китобхон мешаванд? Хобатонро ба об гуед.
Цитировать
 
 
#3 Фирдавс 17.04.2019 10:37
Мардум бе интернет фикр мекунед китобхон мешаванд? Хобатонро ба об гуед.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru