Пайк

ХАБАРҲО

ҲАТТО РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҲАМ БА ДОДИ МО НАРАСИД


Ё худ Басманда писари угайи вилоят аст?

Ба Сармуҳаррири рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Пайк» мӯҳтарам   Аҳмади Иброҳим. Аз номи сокинони деҳаи Басминдаи ноҳияи Ғончӣ (ҳозир Деваштич,вилояти Суғд).

Аввало ассалому алайкум мӯҳтарам Аҳмадҷони Иброҳим.

Деҳаи Басманда дар миқёси ноҳияи Деваштич вилояти Суғд воқеъ гардида нуфӯси аҳолиаш зиёда аз 10000 нафарро ташкил медиҳад. Масофаи байни маркази ноҳия то деҳаи Басманда қариб 40 км ва аз маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо дурии 100 км ҷойгир аст. Мо як гурӯҳ сокинони деҳа, оид ба талабот ҷавобгӯӣ набудани  муассисаҳои тандурустии деҳаамон ба унвони раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,мактуб  бо ҳамин мазмун ирсол доштем. Ҳамаи он нафароне,ки ному насабашон дар сатрҳои поён зикр мегардад,маслиҳат доданд,ки ҳамаамон овора нашавему  як нафарамон ба қабули раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода рафта мактуб,яъне аризаи дархостиро супорем. Мазмуни мактуб ҳамин буд, ки «Ба Шумо, мӯҳтарам раис, оиди ба талаботи рӯз мувофиқат накардани биноҳои хизматрасонии тиббии деҳаи Басмандаро мерасонем. Дар деҳа солҳои 70-ум асри ХХ-ум тариқи ҳашар 1адад (амбулатория),яъне нуқтаи тиббӣ бо масолеҳи хоку кулӯх сохта будем,айни ҳол ҳамчун маркази саломатӣ дар қисми шарқии деҳа дар як ҷои селроҳа воқеъ буда, бо ном ба сокинон хизмат мерасонад. Боз дар қисми шарқии деҳа дар вақти колхози ба номи Лелин (раисаш С. Холиқов), яъне соли 1968 биноеро сохта бо 4 ҳуҷра ҳамчун К.Б.О ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ –сартарошӣ, сехи дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва инчунин почта истифода мебурдем. Вале бинобар афзоиши зиёди тибиии аҳолӣ ва вазнин гардидани вазъи шароити иҷтимоии мардум аз ҳисоби маблағҳои ҷудокардаи собиқ совхози «Басманда»(роҳбараш Ҳ.Азимов)бо тариқи ҳашар соли 1996 ин бинои хизматрасонии маиширо «азнавсозӣ» намуда, боз бо тариқи ҳашар «беморхона» гӯён бино сохта, барои 25 кат, аз ҷумла,шӯъбаи зоишгоҳ барои 5 кат табдил додем. Ин бино ҳам дар мавзеъи Даҳанаи «Чашма» наздикии баландии собиқ «Хокканак»-и сокинони деҳа , ки барои масолеҳи бинои сохтмонҳояшон бо маркаб хок мебурданд, сохта будем.

Бо афзоиши рӯз то рӯзии аҳолӣ роҳбарияти хоҷагии деҳа ба хулосае омад,ки дар бинои шӯъбаи алоқаи деҳа ду ҳуҷраи майдаеро чун ба сифати бунгоҳи тиббӣ табдил диҳанд. Бо вуҷуди ҳамаи ҳамин, ин биноҳои кӯҳнаю таъмирталаб бо ҳаму каму костагӣ нигоҳ накарда ба мардум хизмат карда истодаанд. Раҳмат ба табибони дилсӯз.

Афзоиши аҳолӣ, хоҳу нохоҳ зиёдшавии бемориҳои сироятиро ба бор меорад ва дар шароити муосир боло бурдани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро тақозо намуда, сохта истифодабарии биноҳои ҳозиразамони тиббии  асри 21-умро талаб менамояд .Дурии роҳҳои ноҳамвор,чуқӯриву вайрона будани роҳҳои аз замони Иттиҳди Шӯравӣ боқимонда , ки камтар регу шағал  меандозему мегӯем ,ки роҳҳоро таъмир кардем ва инчунин барои як деҳаи сернуфуси аҳолӣ доштаи ноҳияи Деваштич, вуҷуд надоштани автомашинаи  «Ёрии таъҷилӣ чӣ мушкиливу сарсону саргардон гардидани ин деҳаи «бетолеъ»-ро ба бор меоварад, худашон медонанду боло, яздони Пок. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, болоравии нархи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо дар имрӯза тарзи ҳаётгузаронии мо сокинон маълум аст. Тасаввур кунед, ки зани ҳомилаи дар ҳоли зоиш қарор доштаро чӣ гуна бо роҳҳои ноҳамвор ва мошинҳои кирокаш ба маркази ноҳия ба зоишгоҳ 40 км. бурдан имкон дорад. Аз ин лиҳоз, мӯҳтарам раис, барои сокинони деҳаи дурдасти Басмандаи вилоят  аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем,ки як беморхонаи замонавӣ бо асбобу анҷоми лозимӣ барои 10 000 нафар аҳолӣ  дар доираи сиёсати ободкориву  созандагии пешгирифтаи  фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат Президенти азизу муътабари ҳар яки мову Шумо, сохта диҳед. Ин ба шарафи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ тӯҳфаи арзанда мешуд.»

Ин аризаи дархости санаи 07-04-2018 дар мақомоти  иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд. Ҷавоби муроҷиати мо собиқадорон аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки санаи 10-уми апрели соли 2018 №4/Т-908 ба қайд гирифта шуда, чунин мазмун дорад: Ҳангоми баррасии муроҷиат ба Шумоён посух дода шуд,ки  бо сабаби дар буҷети ноҳия барои руйпуш намудани хароҷотҳои ғайринақшавӣ набудани маблағи озод дархости Тошев Тоҷибой саҳмдорони хоҷагии деҳқонии  Ҳ. Қурбонов дар соли 2019 оиди ба таъмири саросарии беморхона ба инобат гирифта мешавад. Сардор Ф.Мақсудзода  03.05.2018 №01-14/1184.»

Санаи 26 майи соли 2018 бори дуюм банда, яъне Тошев Тоҷибой ба қабули раиси вилоят номнавис шудам. Бандаро муовини раиси вилояти Суғд,Анвар Яъқубӣ қабул карданд. Ҷавоби мактуби дархостӣ оиди сохтани беморхона дар деҳаи Басманда бо имзои муовини раиси вилоят Яъқубӣ Анвар: «Маълум гардид,ки дар ҳақиқат беморхонаи марказии №4-и ноҳияи Деваштич ба таъмир ниёз дорад. Соли 2017 аз ҷониби маъмурияти беморхонаи мазкур бо маблағи 138000(яксаду сию ҳашт ҳазор) сомонӣ сметаи хараҷотӣ тартиб дода шуда, бинобар аз сабаби нокифоя будани маблағи буҷети маҳаллӣ таъмир гузаронида нашудааст. Ҳамчунин дар соли 2017 бо тариқи ҳашар ба маблағи 15000(понздаҳ ҳазор) сомонӣ як қисми корҳои таъмирӣ аз ҷумла тунукапӯш  намудани қисми берунаи бинои мазкур пурра гузаронида шудааст. Бинобар дар ҳолати пайдо шудани имкониятҳои молявӣ муроҷиати Шумо ба назар гирифта шуда, ҳангоми тартиб додани буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои соли 2019 таъмири асосии беморхонаи мазкур ба нақша гирифта мешавад. Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ

25-06-2018№04-1069/Т14

Ана ҷавобу мана ҷавоб. Мо муроҷиаткунандагон хоҳиш кардем ки як беморхонаи ҳозиразамон бо таҷҳизотҳояш аз ҳисоби буҷети вилояти овозадори Ҷумҳурӣ, яъне вилояти Суғд сохта шавад, на ин ки таъмир аз ҳисоби буҷети як ноҳияи камбағале, ки дотатсионӣ асту маоши мардум ва нафақаи барҷомондагонро базӯр медиҳад. Ана ба ин ҷавобу суханрониҳои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мӯҳтарам Ф. Мақсудзода ба банда, яъне истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич Ҷ/д Ваҳдат сокини деҳаи Басманда Тошев Тоҷибой гӯш андозед аз 02.07.2018№01.14/1704.

«Бинобар бо мақсади баррасии пурраи муроҷиати мазкур дар маҳал мувофиқ намудани ҳуҷҷатҳо омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ талаб карда мешавад. Аз ин лиҳоз бо мақсади гузаронидани санҷишҳои дақиқ ва ҳаматарафа ҳаллу фасл намудани муроҷиати Шумо мӯҳлати баррасии он тибқи қонун дароз карда шуд. Сардор Ф. Мақсудзода.»

Саволе ба миён меояд -кадом санҷишҳои дақиқ ва ҳаматарафа ҳаллу фасли муроҷиат? Муаммое сарбаста. Ана боз як мактуби ҷавобии мо муроҷиаткунандагон аз номи 10 000 нафар сокинони деҳаи Басманда оиди сохта ба истифода додани як беморхона бо лавозимотҳояш,ки ба номи банда яъне Тоҷибой Тошев аз тарафи сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ф.Мақсудзода омадааст. Мазмуни зайл: ҳангоми ташриф ба беморхонаи ноҳияи №4 маълум гашт ки шӯъбаҳои беморхона ба таъмири куллӣ ва пайваст намудан ба шабакаи гармдиҳӣ ниёз дорад. Ба ин мақсад дар соли 2017 ба маблағи 138,0 ҳазор сомонӣ харҷнома тартиб дода шудааст ва бинобар нокифоя будани буҷети маҳаллӣ таъмири бинои беморхонаи мазкур гузаронида нашуд. Ҳангоми баррасии муроҷиат ба шумо посух дода шуд, ки  бо сабаби дар буҷети ноҳия барои рӯйпуш намудани хароҷотҳои ғайринақшавӣ набудани маблағи озод таъмири кулли беморхона дар соли 2019 ба инобат гирифта мешавад. Сардор Ф Мақсудзода. Чигуна суханҳои тасаллобахшу умедворсоз аз тарафи сардори раёсати тандурустии вилоят мӯҳтарам Ф.Мақсудзода ба гӯшамон фораму ҷиззоб садо медиҳанд. Ҳангоми ташриф ба беморхонаи ноҳиявии №4 маълум гашт ки шӯъбаҳои беморхона ба таъмири куллӣ ва пайваст намудан ба шабакаи гармидиҳии марказонидашуда ниёз дорад. Кадом шабакаи гармдиҳии марказонидашуда…? Муаммоест сарбаста. Ё ин ки мӯҳтарам Ф. Мақсудзода калимаи шабакаи марказонидашударо ба забон овардаанд он шабакаи марказонидашудаи беморхонаи марказии воқеъ дар маркази ноҳияи Деваштич шаҳраки Ғончиро ки аз деҳаи Басманда ба масофаи зиёда аз 40 000 метр ё 40 км дур воқеъ асту ба ҳамон гармидиҳӣ пайваст месозанд? Ё худ беморхонаи дар ҳудуди деҳа воқеъ гардида аз соли 1996, яъне 22 сол боз барои табобати сокинони Басманда дар фасли зимистони қаҳратун баҳору боридани барфу жола ва мавсими боронҳои дарозмуддат ,ки ба ин деҳа хос аст, соҳибони шахси бемор барои печкаҳои шӯъбаҳоро бо гармӣ таъмин кардан аз хонаҳояшон сӯзишворӣ ба монанди таппаку ҳезум бурда таъмин мекунанд? Имрӯзҳо,ки фасли зимистон дар деҳаи Басманда ҳукмронӣ дораду гирду атроф барфпуш аст, он бемороне,ки дар ин беморхонаи «намунавӣ»-и №4 деҳаи Басманда хобидаву табобат мегиранд, гирифтори боз ҳамон ташвишу талвоса сарсону саргардониҳо баҳри гарм кардани печкаҳои ҳуҷраҳо бо ҳамон таппаку ҳезум гаштаанд.

Чӣ илоҷ, редаксияи азизи рӯзномаи додрасу мушкилкушои  халқ «Пайк», тақдиру насибаи мо сокинони ба қавле сарсахту камнасибаи 10000 нафараи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамин будааст. Ба ҳаминаш ҳам шукр,ки зери осмони софу беғубор тинҷу ором дар як давлати биҳиштосо таҳти Сарвари оқилу доно созандаву бунёдкор Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаолият ва зиндагонӣ карда истодаем. Мо сокинон тариқи ВАО ҳар як сафарҳо вохуриҳо ва ҷамъомадҳое,ки Сарвари давлат, инчунин он ободиву сохтмонҳо тунелу роҳҳои тахту ҳамвор боғу бустонҳо, стансияҳои барқӣ, табобатгоҳҳову биноҳои ҳозиразамони мактабҳо, марказҳои адрасу атласбофӣ,ҳунарҳои мардумиро ва дигар ободиҳоро дида ба Сарвари давлат таҳсину офаринҳо мегӯем. Сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем.

Аммо дастуру супоришҳои ин сарвари худодода барои мо истиқоматкунандагони деҳаи Басманда амалӣ намегарданд. Эҳ агар камбудиҳои ин деҳаро рӯи коғаз оварем, ҷилд ҷилу асар роман, қиссаҳо, китобҳо мешаванд. Хайр чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд. То кай ин навис навису муроҷиатҳои бепоёни мо сокинон ба охир мерасаду сокинон соҳиби як беморхонаи замонавӣ гардида, саломатиашонро барқарор менамоянд. Ҳаминро қайд кардани ҳастем, ки масъулини ин соҳаи тиббии ноҳияву вилоят худ дар утоқҳои кори васеъу барҳаво бо ҳамаи лавозимотҳо таъмину аз пушти ин вазифаҳояшон маош мегиранду аҳли оила ва фарзандҳояшонро таъмин мекунанду бо роҳи тахту ҳамвор мошинҳои сабукрави ҳозиразамони хизматӣ ба кор мераванду иҷрои вазифа менамоянд. Гумон мебаранд, ки табибони беморхонаи як деҳаи дурдасти вилоят ҳам мисли онҳо ҳастанд, ҳаргиз ин тавр нест?

Як чизро хотиррасон менамоям, ки он масъулоне, ки муроҷиати мо сокинонро дар ҳузури банда як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳ.Қурбонов, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди сардори хоҷагии Сӯфиев Мирзобой, Сангинов Бозорбой ва дигарон бо  иштироки сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Маҳмадалиев Н.Р сартабиби беморхонаи №1 Машарифов Ш.К, раиси хоҷагии деҳқонии Ҳ. Қурбонов- Миров Раҳмонқул вохӯрӣ гузаронида будем ва ҳамаи он камбудӣ ва он норасогиҳоро нақл карда буданд ва онҳо аз ҳамаи он нуқтаҳои хизматрасонии тиббии деҳа дидан карданд. Ҳаминро бояд қайд намоем, ки ҳамаи он масъулоне, ки Худо накарда бемор шаванду дар чунин як беморхонаи №4 Басманда, ки дар сатрҳои болоӣ зикр ёфт, хобида ба чашмони худ бинанд, ки соҳибони бемор бо таппак ҳуҷраҳои хобби беморхонаро гарм мекунанд шояд ба қадри азобу ранҷи мо барин беморону сокинони сарсахт мерасидагӣ мешаванд.

Ҳамин тавр не «Пайк»-и азиз!? Дар охир аз ту «Пайк»-и овозадори мушкилкушою додраси халқи оддии мо, кулли сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ҷ/д Ваҳдат, вилояти Суғд на фақат додраси мо, балки тамоми ҷумҳурӣ аз ту илтиҷову зориву тавалло мекунем, ки арзу доди моро ба вазири тандурустии ҷумҳурӣ мӯҳтарам Олимзода Насим расонед. Ба он касс расонед, ки масъулин ҳар сол бағали мор обо чормағзи пус пур мекунанд.

Бо эҳтирому самимияти беандоза аз номи сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич, вилояти Суғд, рафиқон Тошев Тоҷибой Камолов Абдумавлон, Азимов Ҳошим, Холиқов Абдусаттор, Суфиев Мирзобой, Ҳақназаров  Маҳмадназар, Ғафуров Қузибек, Раҷабов Қурбон, Расулов Ғафур, Ғафуров Сабур, Юлдошев Рустам, Ашуров Насриддин, Тоҷиев Мирзоюсуф, Қурбонов Ҷумъабой, Худойбердиев Худойдод, Маҳмудова Мақсадой, Раҷабов Раҳматбой, Ҳотамов Султон, Қурбонова Оим, Тошов  Миршариф ва дигарон.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru