Пайк

ХАБАРҲО

САФАРИ МАХФИИ САРВАЗИР БА КӮЛОБ

Ҳафтаи гузашта сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард. Пештоз бояд бигӯям, ки сарвазир дар Кӯлоб, намедонам барои чӣ  аз эҳтироми хосаи мардум бархурдор аст.Мардум дар кӯчаю бозор фақат аз ҳисси масъулиятшиносӣ ва донишу малакаи Қоҳир Расулзода ҳарф мезанад, ин ҳақиқат аст на тамаллуқзаниҳои беинтиҳои масъулини чоплус. Аммо банда дар ҳақиқат намедонам, ки сарвазирро чаро мардум то ба ин ҳадд эҳтиром мекунанд. Чун мардуми оддӣ дар ҷаласаҳои гузронидаи ӯ марбут ба ободонии шаҳри Кӯлоб ширкат намеварзад, чун авом дар ин ҷаласот роҳ надорад. Омадани сарвазирро масъулини таҳҷоӣ ҳам аз намояндагони Васоити Ахбори Омма пинҳон медоранд. Ҳар чизе, ки роҷеъ ба омадани сарвазир дар ВАО гуфта шуд, маҳсули мушоҳидаҳо аст аз дурр ва овозаи соҳибкорони дар ҷаласа ширкат дошта..

Бори аввал сарвазир се моҳ қабл ба Кӯлоб омад ва соҳибкоронро дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр гирд оварда дар бораи ободии шаҳр ва фаол гардонидани корхонаҳои саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ сӯҳбат орост. Инро ҳам масъулини ҳукумати шаҳр аз ҳама пинҳон доштанд. Мегӯянд сарвазир аввалин шахси воломақом буд, ки ба соҳибкор-вазири номдори ҷумҳурӣ Бег Сабуров ҳушдор дод, ки корхонаҳои саноатии харидаашро фаъол гардонад. Ба ин нукта равшанӣ меандозем. Ин ҳамон соҳибкорест, ки баъди ҳазор сол мардуми Кӯлоб дар борааш  хоҳад гуфт: «ин ҳамон соҳибкор-вазирест, ки корхонаҳоро харида ба дарашон қулф зада мардумро аз ҷои кор ва ризқу рӯзӣ маҳрум сохта буд» Ё худ «Бег, ҳамоне, ки шояд худро Беги Кӯлоб муаррифӣ карда Боғи Фарҳангии шаҳрро кандаю валангор сохта мехоҳад меҳмонхонаи навбатӣ созад? Ҳамон гуна баландошёнае, ки пушти он дар масофаи ҳамагӣ 10 метр мақбараи алломаи Машриқзамин ва аждоди Паёмбари Худо ҳазрати Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, чун ҳоҷатхонаи ин бино ба чашм мерасад?»

Меҳмонхонаи навбатӣ ба он хотир гуфтем, ки қабл аз ин Бег ду меҳмонхонаи дигар дар маркази шаҳр сохтаасту ҷиҳати бемеҳмонӣ рӯ ба муфлисӣ овардаанд. На идораи андоз дилу гурдаи пардохти ҳаққи ҳалоли ҳукуматро аз ӯ мекунаду на дигар хадамот.

Чун дар бораи корхонаҳои саноатии харидаи ӯ ва қулф задаву маҳфуз нигоҳ доштаи ӯ борҳо гуфта будем, алҳол такрори матлабро барои худ раво намебинем.

Ва аммо ҷорӯбкаши дарбори Бег Сабуров- мӯҳтарам Муҳаммадсодиқ Кулулов дар як сӯҳбати телефонӣ на бе эҳсосоти пинҳонӣ ба банда гуфта буд, ки «Бег Кӯлобро обод карда истодааст.»

Ҳамин рӯзҳои наздик телевизиони маҳаллӣ низ аз «ободкорӣ»-ҳои Бег намоиш таҳия карда буд. Масъули намоиш бо исми Хайрандеш сияҳкориҳои вазирро пинҳон дошта мегуфт: «Соҳибкор (Бег дар назар аст. А.И) корхонаи «Пахтаи Кӯлобро», ки солҳо бекор мехобид харида обод карда истодааст.» Телефони ин, ба истилоҳи дохили муассиса, журналистро, дастрас карда занг зада хостам бипурсам, ки наход фаромӯш карда бошад, ки то харидорӣ шудани муассиса аз ҷониби «соҳибкор» ҳудуди 100 нафар сокинони шаҳр дар онҷо кор карда ризқ дарёфт мекарданд ва соҳибкори ҷонхалоси дигар, ки муассисаро фурӯхта буд бо исми Лашкарӣ Мирзоев кашида кашидаю мурда мурда бошад ҳам андоз месупорид ва аз ин ҳисоб буҷҷаи шаҳрро ғанӣ мегардонид. Акнун 4 сол боз корхона бекор хобидааст.

Алҳол кас ҳайрон мешавад, ки чӣ гуна вайронкор худро ободкор муаррифӣ мекунад ва чанд нафари дигарро пайдо карда метавонад, ки вайронкории ӯро «ислоҳ» карданӣ мешаванд.

Аммо як ҳақиқат бандаро ором намегузорад. Оё Бег Сабуров аз ҳамаи объектҳои харидаи худ андози замин месупорад? Агар ҳа, ин дар як моҳ баробар ба миллионҳо сомонӣ мешавад. Оё сардори кумитаи андози шаҳри Кӯлоб Зуҳуршо Назарализода даст болои сина монда гуфта метавонад, ки Бег андозҳоро сари вақт месупорад? Агар супорад, чаро нақшаи андози шаҳр базӯр иҷро мешавад? Ё зери коса нимкосае ҳасту мо намедонем?

Мегӯянд аввалин масъалае, ки сарвазир ҳангоми ташрифаш ба шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дод ҳамин кургиреҳҳои андохтаи Бег аст дар таноби шаҳрдорӣ. Аммо чун ташрифи сарвазир сахт махфӣ будааст, мо ҳам ҳақиқатро дар ин бора намедонем, то ба ту, хонандаи азиз, баён дорем. Кушиш кардем, аммо масъулини ҳукумати шаҳр инро сахт пинҳон доштанд. Мегӯед аз кӣ пурсидем? Саволи бамаврид. Аз масъули Маркази матубот ва бойгонии шаҳр Сулаймон Ситамов ва худи раиси ҳукумати шаҳр Хайрулло Амонулло. На аввалӣ ва на дуввумӣ роҷеъ ба масъала маълумот надоданд. Аз Ситамов мустақиман пурсидему ба раис 5 савол пешниҳод кардем, ки ё хаттӣ ё рӯёрӯ посух бигӯяд. Аммо ду ҳафта гузашту то ҳанӯз мо интизори вақт ёфтани раису гирифтани посухем. Намедонам, шояд ёрдамчии раис, ҷавоне бо исми Фирӯз дилу гурда накард, ки саволҳоро ба раис бирасонад, гарчанде гуфт расондам. Чун медонем, ки раис аз мардум ва ВАО дур фосила мегирад, аз ин лиҳоз ба ёрдамчӣ дар мавриди ба раис расонидани саволҳои хаттии мо бовар кардем. Инак, ҳамон 5 савол:

Мусоҳиба


бо раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мӯҳтарам Хайрулло Амонулло, барои саҳифаи «Дар меҳмонии «Пайк».

Мӯҳтарам Амонулло Хайрулло, аввало ин ҳама корҳои созандагиро дар шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бароятон муборак мегӯем.

  1. Лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз ташрифи ахирии сарвазири кишвар якҷо бо вазирони дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Кӯлоб чӣ буд?
  2. Моҳи майи имсол сарвазири кишвар дар шаҳри Кӯлоб бо соҳибкорони минтақа вохӯрӣ гузаронд. То ҷое огоҳем, соҳибкорони алоҳида дар назди сарвазир барои бунёди иншооти гуногун баъзе ваъдаҳо доданд. Лутфан бигӯед, ки кадоме аз онҳо ба ваъда вафо карду кадоме карда истодааст ва ҳам кадоме то ҳанӯз ба иҷрои ваъда камар набастааст?
  3. Алҳол дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ оғоз шуданд ва босуръат идома доранд. Бигӯед, ки дар байн сохтмони чанд коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, чанд нафарро бо кор фаро гирифта метавонанд?
  4. Мӯҳтарам раис, оё Шумо мувофиқ ҳастед, ки дар шаҳри Кӯлоб муҷассамаи қаҳрамони Тахористон Катани диловар гузошта шавад? Бостоншиносони муосир гувоҳанд, ки диловарӣ ва ҳисси ватандӯстии ӯро дар набард бар зидди урдуи ғосиби Александри Македонӣ ҳатто муаррихони бузурги юнони қадим ба монанди Ариан, Страбон, Скиллак  васф кардаанд.
  5. Ояндаи Кӯлобро, Шумо мӯҳтарам раис, чӣ гуна мебинед?

Ба хотири он матнро пурра овардем, ки мабодо ёрдамчӣ саволҳоро ба раис нарасонда бошад, раис дар саҳифаи ҳафтавор ба онҳо посух гӯяд, то билохира мӯҳри «махфӣ» аз рафти ташрифи сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода билохира бардошта шавад…

Кӯлобро бошад на сарвазир на Бег ва на сағиру кабири беруна обод карда метавонад. Кӯлобро мардуми шарифи Кӯлоб бо иқбол ва дастгирии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод хоҳанд кард. Хосса пирони кор сохтмончиён ва саноатчиёни чирадасти Кӯлоб ба монанди Раҳим Ҳабибулло, Бобоҷон Пираков, Шарипов, Мирзомурод Расулов ва даҳҳо ободкунандагони дигар шукр, ки дар қайди ҳаётанду боқувват.

А. Иброҳим

Комментарии  

 
#1 Дилшод 24.11.2018 22:08
Проста Призидент дар пеши мардуми Кулоб қадру қиматша гум кардаги ҳаст ,ба ҳами хотир Саовазирша равон мекна.
Цитировать
 
 
#2 Орзу 24.11.2018 23:41
Ака зинда бошед! Шумониз ободкунандаи ин шаҳр, ин кишваред. Худованд Шумо, ки дарди мардумро мегӯед саломат бошед. Дар тору пудатон ҳиси ватандӯстию меҳанпарасти ҳаст ва бо ҷасоратию ҳақиқатнигорият он нерӯи мо шудааст.
Цитировать
 
 
#3 Раҷаб 03.02.2019 17:30
:lol: :lol:
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru