Пайк

ХАБАРҲО

АКРАМЗОДА: ВАЗИФАИ МО ДАСТГИРӢ КАРДАНИ КИШОВАРЗОН АСТ

Савол: Лутфан бигӯед, ки истилоҳи Агролизинг чӣ маънӣ дорад? Муассисаи Шумо кай таъсис ёфта буд?

Акрамзода: Ташаккур барои даъват ба меҳмонии Пайк ва мехоҳам изҳори сипос аз кормандони ин рӯзнома кунам, ки шабу рӯз заҳмат мекашанд, то фазои иттилоотии на танҳо вилояти Хатлон, балки тамоми ҷумҳурӣ пур бошад. Воқеан ҳафтавор тавонист дар муддати кӯтоҳи мавҷудияташ мақом ва ҷойгоҳи хоси худро пайдо кунад.

Корхонаи Агролизинг 30 ноябри соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.Асосан бо тариқи иҷораи молиявӣ таъмин кардани техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ ба тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли хоҷагидориашон, мӯҳтавои фаолияти мост.

Аз замони таъсисёбӣ чӣ миқдор мошинолот ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст, кадом минтақаҳо бештар аз хизматрасонии Шумо истифода мебаранд?

Акрамзода: Асосан эҳтиёҷоти мардум ба техникаҳои хоҷагии қишлоқ хеле зиёд аст, чунки мувофиқи меъёри  талаботе, ки дар ҷумҳурӣ бошад, дар ҳама бахшҳо тамоми намуди техника ва таҷҳизот ягонтаи он пурра таъмин нест. Барои пурра таъмин кардани деҳқонон ва кишоварзони ҷумҳурӣ ба мо қариб зиёда 4 миллиард сомонӣ лозим аст, ки  мо пурра бо трактор, комбайн,  мошинолот аз ҷумлаи тухмипошакҳо , испорҳо ва дигар намуди техникаҳо  кишоварзони ҷумҳуриро таъмин намоем. Хушбахтона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳисоботи роҳбари корхона  моҳи июли соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд, оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағироти куллӣ ба миён омад.То соли 2015 ҳамагӣ аз маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 28 млн сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Тамоми паҳлӯҳои хоҷагии қишлоқ оиди таъминоти  техника ва мошинолоти кишоварзӣ пурра тағир ёфт .Дар маҷлиси Ҳукумат қарор қабул карда шуд, ки шурӯъ аз соли 2016, минбаъд ба корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳурявии «Тоҷикагролизинг»  маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии кишоварзон ҷудо карда шавад ва хушбахтона соли 2016 ба маблағи 15 млн сомонӣ , соли 2017 50 млн сомонӣ ва соли 2018 30 млн сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин хело кори кишоварзонро осон гардонид. Агар дар давраи 8 соли фаъолият корхона ҳамагӣ ба маблағи 102 млн сомонӣ техникаю таҷҳизот ворид карда бошад, пас дар ана ҳамин се соли боқимонда ба маблағи қариб 200 млн сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ  аз дохил ва хориҷи кишвар ворид карда шуд .Дар маҷмуъ зиёда аз 1500 камбайну таракторҳо харидорӣ ва ворид шудааст. Қариб 5000 мошинолоти кишоварзӣ харидори шудааст, ки дар маҷмуъ 300 млн сомониро ташкил медиҳад.Корхона дар асоси дархости кишоварзон кору фаъолият мекунад.Албатта дар минтақаҳое, ки соҳаи пахтакорӣ тараққӣ кардааст, талабот зиёдтар аст ва маблағҳои воридшуда муфид истифода шудаанд. Бо тариқи иҷораи молиявӣ ба вилояти Хатлон 45% , ба вилояти Суғд 15 %, ба ноҳияҳои тобеи марказ 22 % ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10%  рост меояд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки кишоварзон ба он ру ба ру мегаштанд, нархи дандоншикани дарави заминҳои ғалладона аз ҳисоби норасоии камбайнҳои ғалладарав  буд. Маблағҳо ҷудо шуданд ва мо дар давоми се сол зиёда аз 70 комбайни ғалладарав ворид кардем. Масалан дар минтақаи Олимтойи ноҳияи Данғара 1 га заминро бо маблағи 550 сомонӣ дарав мекарданд.  Вақте рақобат шуд, техникаи мо талафоту хароҷоташ кам ки буд, маблағи ҳақи хизмат аз техника то 300 сомонӣ поён фаромад, ки ин барои деҳқонон дастгирии хеле назаррас шуд. Маблағҳои буҷетӣ бояд зери назорат бошанд, хоҳишмандон ба идораи хариду фурӯши мол муроҷиат мекунанд. Дар асоси тендер нархҳоро муайян мекунанд ва нархҳо бояд дастрас бошанд. Техникаҳоеро, ки мо харидорӣ мекунем  нисбатан арзон аст. Ҳадафи мо таъмин намудани кишоварзон бо техникаи зарурию муосир ва дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ аст. Дар ҷумҳурӣ 170 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки онҳо имконоти техникиашон пурра  таъмин нест. Шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар ҷумҳурӣ ба 59 адад расидааст, ки ба воситаи ин марказҳо метавонем ба корафтодагон, кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат расонем. Ҳадафҳои мо ин аст, ки таъкидҳои Президенти кишвар Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ табдил диҳем. Аксарияти корҳое, ки тариқи дастӣ кишоварзон анҷом медоданд, минбаъда ҳадафи мо ин аст, ки тариқи техника ба роҳ монем, ки хушбахтона ин иқдоми моро деҳқонон хуб дарк ва дастгирӣ намуданд. Яке аз мушкилот дар чанд соли охир  шинонидану ғундоштани картошка буд, ки мо тайи ду сол аст онро тариқи техника анҷом медиҳем, ки ин кори деҳқонро якчанд маротиба осон мегардонад. Нақшаҳои минбаъдаи мо ҳамин аст, ки мувофиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат бояд дар наздиктарин фурсат як қатор дастгоҳҳое барои кишт ва ҷамъоварии пиёз ворид намоем, ки аллакай ба ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ, Данғара ва дигар навоҳии кишвар дастгоҳи пошидани тухми пиёз ва чидану ҷамъоварӣ кардани пиёз дастгоҳҳоро тақсим намудем. Вақте кор ба воситаи техника шуд арзиши аслӣ кам мешавад, хоҷагӣ имконият пайдо мекунад, ки фоида бисёртар  ба даст биёрад, вақте вай фоида ба даст овард, имконият пайдо мекунад, ки техника харидорӣ намояд.  Корхонаи мо хизматрасон аст ва мо бояд ба мардум хизмат кунем .Пеш муҳлати техникаҳо- трактор, камбайн то се сол буд, таҷҳизот то 1 солу 5 моҳ муҳлат медодем.Буҳрони иқтисодиро мо ба назар гирифта, муҳлати шартномаҳои тарафайнро   дароз намудем, аз 3 то 6 сол илова кардем.Фоизҳои мо хеле ночиз аст ва дар давоми як сол мо аз мизоҷони худ 12% мегирем.Агар пеш аз муҳлати дар шартнома ношондода пули таҷҳизот ё техникаи мо пардохт шавад, умуман фоиз аз ин қабил ашхос ситонида намешавад. Мо вобаста ба хости мардум амал мекунем, дилхоҳ ҳолат мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем.

Кишоварзоне, ки ин мошинолотро гирифтаанд, оё сари вақт аз уҳдаи пардохти маблағи боқимондаи он мебароянд?

Акрамзода:  Кор бидуни мушкилот намешавад, баъзе таҷрибаҳо нишон доданд, ки мо бояд ҳолатҳои пурра сопоридани маблағҳо аз ҷониби шарикони худро тариқи комиссия санҷем. Дар ҳолати аз соҳибони техника ва таҷҳизот вобаста набудани ҳолати ногувори ба амал омада, яъне хушксолӣ, хароб гаштани заминҳои кишт ва дигар ҳолатҳои ҷойдошта мавриди санҷиш қарор мегирад ва мо метавонем муҳлати шартномаи худро дароз намеоем.Дар ҳолатҳои дидаю дониста хунукназарӣ кардани хоҷагидорон нисбати напардохтани маблағ мо онҳоро тариқи мақомоти дахлдор ҷаримабандӣ менамоем. Танҳо дар натиҷаи муроҷиати хаттии шахсони таҷҳизоти моро дар асоси шартнома гирифта, комиссияи Лизингӣ ҳолатҳои дар муроҷиати хаттӣ омадаро санҷида мебинанд. Мувофиқи хулосаи камиссия мо ҳолатҳои ҷойдоштаро ба назар мегирем.

Мӯҳтарам Акрамзода, бигӯед, ки асосан мошинолоти кадом мамлакатҳо ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд?

Акрамзода: Дар соҳаи пахтакорӣ, мо асосан таҷҳизот ва техникаамонро аз Узбакистон ворид мекунем, ки маблағи сарфшуда 7 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумҳуриҳои Чин, Туркия, Беларусия, Русия , Эрон ва Олмон таҷҳизот ворид намудем. Мувофиқи амру супоришҳои роҳбари давлат, ки маблағ дар дохил монад, мо бо як қатор корхонаҳои ватанӣ шартнома карда, баъзе таҷҳизоти лозимиро  аз дохил харидорӣ намудем. Ният аст, ки дар наздиктарин фурсат муассисаи "Сомон Кӯлоб"-ро дубора ба кор андозанд ва мо ҳамкориро бо ин корхона ба роҳ монем.

Ташаккур барои сӯҳбати пурмуҳтаво ва муфид.

Барнои БЕГМАДЗОДА

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru