Пайк

ХАБАРҲО

РОҲИ ПУРХАТАРИ ДУШАНБЕ-СУҒД КАЙ БЕХАТАР МЕШАВАД?

Шанбеи ҳафтаи гузашта барои иштирок дар тӯйи дӯстамон  тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ ба вилояти Суғд сафар доштем. Ростӣ пас аз сафар дар нимашаб аз ин роҳ хулоса баровардан мумкин аст, ки шояд дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати хатарнокӣ дигар роҳе ба андозаи ин роҳ вуҷуд надошта бошад.

Терминали “Маром” бемаром шудааст

Терминали мусофирбари “Маром”, ки дар баромадгоҳи шимоли Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, бесарусомон ва бесоҳиб менамуд. Нарху наво арзон, аммо аз тарафи муқобил, яъне аз самти вилояти Суғд ба Душанбе, нархҳо осмонбӯсанд. Чун ба истилоҳи ронандагони терминал “аз ин тараф одам нест, барои  ҳамин бояд  аз он тараф ду баробар қимат орем”. Инро бинед, ки ягон масъул ё вазифабадӯше дар ин вақт ёфт  нашуд, ки пешгиркунандаи ин нобаробарии иҷтимоӣ бошад. Вале афсус, ки ба ин нобаробарӣ ҳар рӯз, ҳар ҳафта ва ҳар моҳ дар ин терминал сокинон рӯ ба рӯ мешаванд. Пас аз кашмакашии зиёд ба як сабукрави хурд нишастем ва роҳ сӯйи шаҳри Истаравшан пеш гирифтем. Қариб шом буд, ки аз шоҳроҳи ноҳияи Варзоб гузаштем, ки роҳ хуб ва чароғон буд. Пас аз фаро расидани торикӣ ба ағбаи Анзоб расидем, ки ба ноҳияи куҳистони Айнӣ дохил мешуд. Аз як тараф ронандагони саросемаву бемасъулият мехоҳанд муқобили ҳаракат бароянд, аз тарафи дигар номусоид будани ҳаво ва чароғон набудани роҳи ағба мушкилоти ҳаракат дар роҳҳоро барои мошинҳо зиёд мекард. Аз нақби чароғони як километраи “Дӯстӣ” гузаштем, ки аз ҷониби чиноиҳо сохта шуда буд. Роҳ чандон мушкил набуд, аммо...

Нақби “Истиқлол” нақби  аҷал

Аммо баъд ба нақби “Истиқлол”, ки аз ҷониби роҳсозони ҷумҳурии Эрон сохта шуда буд, дарозиаш қариби 5 км аст, расидем. Нақби хурд, ки дар бари нақби асосӣ ҷойгир аст, махкам буд . Вориди нақб шудем, “гӯри торик”-ро мемонд, ягон чароғ надошт. Бинобар кор накардани системаи ҳавотозакунии нақб дохилаш пури дуду ғубори нақлиётӣ буд. Наметавон аз суръати 25-30  мошинро зиёд ронд, зеро боварӣ нест, ки идомаи роҳи нақб ҳамвор ё таъмиршуда бошад. Пас аз қариби 10-13 дақиқа аз нақб баромадем. Роҳ вазнин ва гардишҳояш борику пурхатар буд.

Ширкати IRS ва тарозуҳои он сабаби гаронии раҳкиро будааст

Тааҷҷубовараш дар он аст, ки наздики 250-300 метр мондан ба плазаҳои толлингии ширкати хориҷии IRS роҳ ҳамвору чароғон аст. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ягона роҳи пулакӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, аммо аз чӣ бошад, ки дар шаб сафар дар ин шоҳроҳ хатарзо аст ва пардохт низ гарон.  Аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Ашт 6 плазаи толлингии ширкати IRS гузошта шудааст. Ронандагони таксиҳои Истаравшану Душанбе мегӯянд, ки мо дар сафари яктарафаи ин роҳ 48 сомонӣ пардохт мекунем, аз ин сабаб мо низ маҷбурем роҳкироро барои шумо қимат кунем ва агар роҳ ройгон мешуд, мо низ мисли дигар минтақаҳо мусофиронро арзон мебурдем. Ҳамаи ин гарониҳо сабабаш маҳз ҳамин тарозуҳои IRS мебошад, мегӯянд ронандаҳо, зеро гаронбудани нархи роҳкироро низ ба он рабт медиҳанд.

Пас аз гузаштан аз плазаи толлингии Шаҳристон, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон мавқеъ дорад, мо ба наздикии Истаравшан расидем.

Роҳи бесоҳиби Истаравшан-Деваштич

Мебояд аз шаҳри Истаравшан то шаҳраки Калининободи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) мерафтем, ки роҳи ин минтақа дар вилояти Суғд аз ҷиҳати ноободӣ ва валангорӣ ҷои якумро мегирад. Агар мо аз Душанбе то Истаравшан, ки 220 км масофа дорад, дар 4 соат омада бошем, пас роҳи Истаравшан - шаҳраки Калининобод 25-30 км-ро дар муддати 1.5-2 соат тай кардем. Дар ягон қисмати роҳ порае аз асфалтҳои шӯравӣ боқӣ намондааст ва кайҳост, ки дар нақшаи Ҳукумати вилояти Суғд гӯё таъмири ин роҳ ворид шуда бошад, аммо ҳанӯз нишонае аз он ободӣ нест.

Идомаи роҳ дар торикӣ давом меёфт, зеро ба гуфти сокинони маҳал қариби як моҳ аст, ки дар ин ҳудуд барқро 4-5 соат дода шабурӯз онро хомӯш мекунанд ва мардум худро бо шамъу чароғ ва фурӯзонаку гармии печкаҳову сандалӣ фиреб медиҳанд.

Пас аз ин қадар мушкилӣ мо ба манзили лозимиамон расидем, аммо аҳволи роҳ, нобаробарии истифодаи роҳ ва шароити зисти  мардуми кӯҳистони маҳал моро то замони навиштани ин мушкилот ором нагузошт...

Нуралӣ Карим

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru