Пайк

ХАБАРҲО

ҚАРОР РӮИ КОҒАЗУ ПУЛГИРӢ ДАР АВҶ


Ба ҳар масъуле, ки муроҷиат кардем, танҳо ва танҳо аз боби ройгон будани муоинаи тиббии ҷавонони навхонадор (домоду арӯс) лаб мекушоду қарори мазкурро пеш мегузошт. Вале як тадқиқоти хурди мо нишон дод, ки ин қарор ба манфиати омма набуда, балки ашхоси манфиатхоњ онро помол кардаанд.

Чанд рӯзе аз хабарнигори ҷавони ҳафтавор Исломи Раҷабалӣ дарак нашуду диламон қарор нагирифта ба ӯ телефонӣ тамос гирифтем. Ҳамкасби мо иброз дошт, ки чандест, ки пушти маросими тӯям саргардонам ва бояд аз муоинаи тиббӣ гузарам. Чун чанде ҷавонон бобати пулакӣ муоина кардани табибон ба редаксия шикоят карда буданд, фурсатро ғанимат дониста, ба масали «Аз нӯги хамир фатир» гуфта, барои кушодани гиреҳи бастаи муоинаи тиббӣ ва мушкилоти ҷавонон дар рафти он тадқиқоти хурди журналистиро анҷом додем.

Пештоз бояд хотиррасон шавем, ки тибқи моддаи 15-и Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2011 таҳти №791 гузаштани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, (домоду арус) дар марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ройгон, яъне (бепул) муқаррар гардидааст. Инчунин, дар ҳамин қарори қабулгардида омадааст, ки «Муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад». Ҳоло мо дар зер ба таври пурра барои хонандаи закӣ дар беморхонаҳои вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб буда чӣ гуна сурат гирифтани муоинаи тиббии никоҳшавандагонро рӯи саҳифа меорем

Беморхонаи наркологӣ: қонундонҳо қонуншиканӣ мекунанд

Ин беморхона, ки яке аз нуқтаҳои тавсиявии муоина барои навхонадорон аст, ки бояд аз қайди ин беморхона ҳатмӣ гузаранд. Вақте, ки хостем ба сармутахассиси беморхона Сайлонбӣ Тағоева муроҷиат кардем, (сардухтур дар рухсатии меҳнатӣ будааст) мавсуф сараввал худро ҳомии қонун гирифта, қонунҳое, ки мо аз ибтидо онро сармашқи фаолияти кории худ гардондаем, хотирнишон сохт. Ҳол он ки маълумоти ба мо даркорӣ ба ягон гуна сирри махфӣ бастагӣ надошт. Аз ин хулоса кардем, ки ин нафар бояд аз ҳама ҷиҳат дар касби худ риоякунандаи қавонини ҷорӣ бошад. Дар хусуси муоинаи тиббии навхонадорон иброз дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 309 нафар аз муоина гузаштаанд. Касоне, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи САҲШ муроҷиат менамоянд, онҳое, ки камбизоат ҳастанд ва ҳатто бидуни ҳуҷҷати ҳуқуқӣ низ бепул хизмат мерасонем ва аз касе пул намегирему нагирифтаем. Вақте аз ин нафари «серталаб» ва «ба касби худ содиқ» аз мӯҳтавои қарори болотар дарҷшуда пурсон шудем, то дами варақгардон кардани чанд поп-файлу ҳуҷҷатҳои дигар натавонист дар кадом моддаву банд зикр шудани онро ба мо фаҳмонад. Хонум Тағоева дар рафти мусоҳиба ҳам аз ҳар ҷиҳат қоидаҳои кориро ба мо нишон медод ва ҳатто моро гунаҳкор низ кард. Дар оддитарин суол низ ба эҳсосот дода мешуду бо садои баландаш муҳити ҳуҷраи кориашро ноором месохт.

Мутаассифона, маҳз худи ҳамин масъули «қонундон» аз хабарнигори мо 20 сомонӣ гирифтааст-10 сомонӣ ҳаққи духтару 10 сомонии дигар аз они писар. Ана дар ҳамин сурат дарк кардем, ки Тағоева ки аз худ қонундони асил метарошид ба хотири манфиат қарори мазкурро кайҳост, ки пушти пой мезадааст.

Мутаассифона, қарори мазкур аз ҷониби дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, бахусус духтурони беморхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб риоя намешавад. Гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ дар ин муассисаҳо барои никоҳшавандагон зиёд мушкил ва нигаронкунанда мебошад.

Дар беморхонаи вӣлоятӣ ҳуҷҷати ҳуқуқиро талаб намекунанд

Санаи 17 - уми октябри соли равон барои муайян кардани гурӯҳи хун ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб рафтем. Дар ташхисгоҳ гӯё ҳама ба даҳон об гирифта бошанд, ягон тан аз масъулон напурсиданд, ки барои чӣ хунатро месанҷӣ ё роҳхати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали зистатро дорӣ ё не? Маблағ барои муайян кардани гурӯҳи хун 15-сомонӣ нархгузорӣ шуда буду мо низ ягон ќарору ќавонинро иќтибос наоварда ин маблағро супоридему беморхонаро тарк гуфтем.

Ғаюров дар ҳуҷраи корӣ нишаста, камбудиҳоро намебинад

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бобати масъалаи ҷойдошта чунин гуфт: «Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани муоинаи тиббӣ барои домоду арӯс ройгон аст. Яъне бепул муқаррар гардидааст. Ростӣ ман ҳам ин овозаҳоро мешунавам, аммо ягон нафар аз никоҳшавандагон то ба имрӯз ба мо муроҷиат ё шикоят накардааст. Тайи 2-3 моҳ боз ягон нафар шикоят кардагӣ нест. Ҳама мегӯянд, ки духтурони беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб аз никоҳшавандагон маблағ меситонанд. Дар солҳои аввал ҳам гузаштани муоинаи тиббӣ пӯлакӣ набуду духтурон маблағ мегирифтанд. Баъди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  ройгон шуд. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки аслан никоҳшавандагон аз ду муоина -гепотит ва ВНМО мегузаранд.»

Дар воқеъ, ҷаноби Ғаюров дуруст мегӯяд, ягон нафар муроҷиат накардаву шикоят набурдааст. Агар дар утоқи корӣ нишаставу танҳо ба оморҳо рӯ оварӣ албатта, ки ҳеҷ шикояте ба гӯшат намерасад. Он ҷавононе, ки аз ташхис мегузаранду боз аз онҳо пул ҳам мегиред, худ гирифтори сад мушкилу дигар проблемаи ҷашни тўяшонанд, аз куҷо серкории худро як сӯ гузошта ба назди шумо шикояткунӣ меомадаанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ низ муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба бахши иҷтимоӣ Кенҷамо Маҷидова гуфта буд, ки муоинаи ҳатмии ҷавонон ба таври ройгон сурат мегирад…

Маркази ВНМО: муоина «ради галочка»

Давлатов Акрам, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО-и ш. Кӯлоб, ки ҳамзамон дар утоқи кории Ғаюров қарор дошт, мегӯяд, ки домоду арӯс дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷат аз САҲШ ҳуқуқи ройгон гузаштан аз ВНМО - ро доранд. Бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда мо бе маблағ наметавонем аз муоинаи тиббӣ гузаронем. Тибқи Қарори 600 як нафар 22 - сомонӣ нархгузори карда шудааст. Ду нафар бошад маблағи гузаштани муоинаи тиббӣ 44 - сомониро ташкил медиҳад. Давлатов мегӯяд, ки дар сурате, ки шаҳрванд ҳуқуқу  уҳдадориҳои худро намедонад, дилхоҳ нафар аз ӯ маблағ меситонад.

Ба саволи мо, ки  дар 9 моҳи соли ҷорӣ чанд нафар (домоду арӯс) аз муоина гузаштаанд ва чанд ҳолати манфии бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст? Давлатов дар ҷавоб гуфт, ки ҳамагӣ дар бадани як нафар (духтар) бемории ВНМО ба қайд гирифта шуд. Ва онҳо оиладор шуданд. Мо ҳуқуқи вайрон кардани оилаҳоро надорем ва ба онҳо роҳҳои бемориро мефаҳмонем. Дар сурати натиҷаи манфӣ ба онҳо ягон ҳуҷҷат намедиҳем. Дар ҳоле, ки ВНМО маризии сирояткунанда асту ба атрофиён хатар доштанаш аён аст, чаро ки дар маркази мазкур ба ин масъала диққат намедиҳанду нафари беморро боз аз хонадоршавӣ манъ намедоранд? Пас, ташхис танҳо барои ба қайд гирифтану пул кор кардан аст?

Дар маркази бемориҳои пӯст ҷавонони сироятёфтаро иҷозаи хонадоршавӣ намедиҳанд

Дар Маркази вилоятии бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии ш. Кӯлоб акси фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон хело ҷиддӣ сурат мегирифтааст. Ин нуқтаро сардухтури марказ Муродов қайд кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон 542-нафар никоҳшавандагон аз ташхис гузаштаанд, ки аз инҳо як нафар бемории оташаки дараҷаи якум маълум гардид. То як давраи муайян издивоҷро мавқуф гузоштем ва се моҳ онҳоро зери назорат қарор додем ва табобат кардем. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки нархгузорӣ тибқи қарори №600 –и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Аз писар 19 - сомонӣ аз духтар 10-сомонӣ мебошад. Онҳое, ки аз САҲШ роҳхат дошта бошанд, ройгон аз ташхис мегузаранд. Дар сурати надоштани роҳхат маблағ ситонида мешавад. Маркази вилоятии бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии шаҳри Кӯлоб дар як сол анқариб ба маблағи 60-70 ҳазор сомонӣ ба сокинон ройгон хизмат мерасонидааст.

Миёни кормандони тиб корҳои фаҳмондадиҳӣ кам аст

Аксари масъулони марказҳои саломатӣ аз мӯҳтавои амиқи «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2011 таҳти №791 гузаштани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, (домоду арус) дар марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ройгон муқаррар гардидааст» бехабаранд. Инчунин муқаррароти моддаи 15 Кодекси Оилаи ҶТ-ро сарфи назар мекунанд. Ҳар вақти муроҷиат мутасаддиёне, ки ба қабули ҳуҷҷатҳо ва махсусан бо ҷавонони хонадоршаванда сару кор доранд, талаб кардани ҳуҷҷати тасдиқшавандаро (САҲШ) дуюмдараҷа медонанд. Аз ин рӯ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва сартабибонро зарур аст, ки ҳадди ақал дар як моҳ як ё ду маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мизҳои мудавварро таъсис дода, ба ин тариқ зердастони худро қонуншиносу аз тартиби қарору фармонҳои соҳавӣ ба таври зарурӣ огоҳ созанд.

Худойдоди Ислом

Исломи Раҷабалӣ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru