Пайк

ХАБАРҲО

“ҶИЯН”-И ПРОКУРОР ХОНАҲОРО МЕСАНҶАД?

Ба таваҷҷӯҳи додситони кулл

Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ

“ҶИЯН”-И ПРОКУРОР ХОНАҲОРО МЕСАНҶАД?

Дар солҳои ахир сомонаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти нафароне хабар медиҳад, ки худро ҷияни вазиру кабир муаррифӣ намуда, даст ба ҷиноятҳои сангин мезананд, аммо ин сару садоҳо ва муҷозоту ҳушдор барои бархе нафарон то ҳол мояи ибрат нашудааст ва чунин шахсон аз номи додситониву  вазирон истифода карда, манфиат меҷӯянд.

Ҷияни додситон Машрабзода, ё муовини раиси Кумитаи заминсозӣ?

Тайи чанд моҳи ахир дар шаҳри Кӯлоб сокинон аз он шикоят доранд, ки муовини Кумитаи заминсозии шаҳр Аҳлиддин Бобозода худро ҷияни додситони минтақаи Кӯлоб Машрабзода муаррифӣ карда, даст ба тафтиши ғайриқонунии хонаҳои мардум зада истодааст. Касе, ки аз болои Ҷаноби Бобозода шикоят кардан хост, муовин ӯро таҳдид карда, худро ҷияни Машрабзода муаррифӣ намудаву даст ба корҳои ғайриқонуниаш зада истодааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар ҳар шаҳру новоҳӣ ҳаққи санҷидани ҳуҷҷатро дар он ҳоле муассиса пайдо мекунад, ки дар он иҷозаи муовини раиси соҳавии шаҳру навоҳӣ ва комиссия ташкил шуда, баъдан ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Аммо сокинони шаҳр мегӯянд, ки Аҳлиддин Бобозода, омада ба онҳо танҳо шаҳодатномаи хизматӣ нишон дода, аз онҳо ҳуҷҷати хонадориро талаб мекунад. Сокинон мегӯянд, ки намедонанд мақсади ӯ дар чист,аз ин боб чизе намегӯяд.

Ашуралӣ Мадалиев, сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба “Пайк” гуфт: ҳафтаи гузашта хонаводааш ба ӯ занг зада гуфтанд, ки як нафар аз Кумитаи замини шаҳр омада ҳуҷҷати хонаро пурсон дорад. Мард мушаввашхотир гашта аз ҷои кораш зуд ба хона рафта дид ва пурсон кард, ки ин нафар кист ва барои чӣ ҳуҷҷати хона барои ӯ лозим аст. Дар посух танҳо шаҳодатномаи хизматиашро нишон дода, ҳуҷҷатҳои хонаро талаб кардааст. Мадалиев қисса кард, ки ҳуҷҷаташро гирифта ба идораи Кумитаи замин рафт ва ҳуҷҷатро диду чизе нагуфта онњоро баргардонид.

“Ростӣ ман ҳиччиро нафаҳмидам, ки барои чӣ ҳуҷҷати хонаро Кумитаи замин ва он ҳам муовинаш бо нишон додани ҳуҷҷат месанҷад. Хонаводаам ба ман занг зад, аз Кумитаи замин омада ҳуҷҷати хонаро пурсон шудаанд. Рафтам, шаҳодатномаи хизматиашро нишон доду гуфт, ки ҳуҷҷати хонаатро гирифта ба кумитаи замин ой ва мо низ бурда нишон додем, дигар чизе нагуфт ва гашта рафтем”,--нақл кард Ашуралӣ Мадалиев.

Шаҳрдорӣ посух надод, Аҳлиддин Бобозода чигуна ваколат пайдо кард?

Аммо саволе матраҳ мешавад, ки пас дар шаҳру навоҳӣ идораи Меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки вазифаи аслии онҳо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб меравад дар чист? Магар бе иҷозат, бе имзои масъулини боло ва таъсиси комиссия тафтиши худсаронаи ҳуҷҷатҳои хонаи шаҳрвандон суистифода аз мансаби давлатӣ нест? Ин ҳам дар ҳоле, ки Бобозода на танҳо аз мансаби худ, балки аз мансаби прокурори минтақаи Кӯлоб суистифода кардааст, чуноне, ки гуфтем худро ҷияни прокурор муаррифӣ мекунад. Дигар шаҳрвандони ҳайратзада то ҳанӯз намедонанд, ки  ҷаноби Аҳлиддин Бобозодаро кӣ ваколатдор кардааст, ки рисолати муовини раиси шаҳр Пулод Ҳафизовро, ки раиси комиссияи манзил аст, бар дӯш гирад. Ё шояд гумон мекунад, ки ҷияни прокурор буданаш мансаби махсус аст?

Аз ин рӯ барои дақиқ кардани масъала ва ба корафтодагон фаҳмондани он ба назди ҷанобӣ Аҳлиддин Бобозода раҳсипор шудем ва хостем донем, ки ин ҳодиса то чӣ андоза воқеъӣ мебошад. Ҷаноби Аҳлиддин Бобозода аз курсии нишастааш бар нахеста, бо телефон сӯҳбат анҷом медод ва мо худро муаррифӣ кардем, ки аз рӯзномаи “Пайк” омадем, то воқеиятро фаҳмем, ки ӯ дар кадом асос ҳуҷҷати хонаи сокинонро месанҷад. Посух гуфт, ки рафта иҷозаи раиси шаҳрро гиред, баъд сӯҳбат хоҳад кард. Аммо дар ин миён саволе пайдо мешавад, ки чаро Аҳлиддин Бобозода, муовини Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб барои тафтиши ҳуҷҷати хонаҳо иҷозаи раиси шаҳҳро нагирифт ё ҳаддӣ ақал муовини соҳавиро? Баъди пофишорӣ ва саволҳои пайдарпайи мо аз мудири кадом идора ва кадом ашхос сӯҳбат мекард, худро роҳбари ин корхона ва заминҳои шаҳри Кӯлоб медонист ва суханро ба ҳар тараф мебурд, ки гуноҳаш фош нашавад. Аммо худ намедонист, ки чӣ кореро бе иҷоза анҷом дода истодааст. Гуфтор дарҳаму барҳам ва берабту бенизом буд.

Машрабзода: ман чунин ҷиян надорам!

“Барои санҷиш мо ба раиси шаҳр пешниҳод кардем, вале ҷавоб нагирифтем, вале аз рӯзе дар ин вазифа таъин шудам ба санҷиши ҳуҷҷатҳои хонаҳо машғулам”,--мегӯяд Аҳлиддин Бобозода.

Вале ин муовини раиси Кумитаи заминсозӣ иқрор мешавад, ки то ҳол раиси шаҳр ҷавоб ба дархости ӯ надодааст, аммо чигуна бе иҷозати раиси шаҳр ҳуқуқи тафтишро пайдо кард ё шояд худаш, ба саволи мо, ки чаро худро ҷияни додситон муаррифӣ мекунад, дар посух боз ҳам аз ҷияну писари кадом одам буданаш сӯҳбат мекард, ки ба мо ҳеҷ рӯшан нашуд ин шахс дар асл ҷияни кист.

Аммо барои дақиқ кардани ин, ки Аҳлиддин Бобозода, муовини Кумитаи заминсозии шаҳр дар воқеъ ҷияни додситонӣ ҳаст (чуноне, ки боисрор мегуфт) ба суроғи ӯ рафтем.

Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ин ҳамаро инкор кард ва гуфт, ки ӯ чунин шахс гуфтани ҷиян дар Кӯлоб надорад. Машрабзода суҳбаташро идома дода гуфт, ки ӯ ду ҷияни биологӣ дорад, он ҳам дар Кӯлоб нестанд ва ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки ҷиянҳояш аз мансаби ӯ суистифода кунанд.  Ӯ дар идома гуфт, ки ин нафарро ҳатман ба додситонӣ даъват карда, қазияро санҷида мебинад.

Баъди анҷоми сӯҳбат ҳангоме, ки мо тарки бинои додситонӣ мекардем ҷаноби Аҳлиддин Бобозода ба назди додситон даромад. Сӯҳбаташон бо чӣ анҷомид, мо намедонем, аммо борҳо мушоҳида кардем, ки чунин ашхос ҳамвора аз об хушк баромадаанд.

Ин аввалин нафаре нест, ки баъди чанде ҷинояташ ошкор шуда, аз сӯи мақомот ҷазо дода мешавад. Ҳатто афроде буд, ки худро писари Пешвои миллат муаррифӣ карда, даст ба даҳҳо ҷиноят зада буд. Шояд Аҳлиддин Бобозода низ дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб кору фаъолият карда, аз номи додситони минтақа суистифода карда бошад. Ҳатто шояд даст ба чунин аъмоли ғайриқонунӣ зада бошад, ки ин дигар ба салоҳияти худи додситону дигар мақомот вобаста аст. Ҳоло ин аввалин корҳои ғайриқонунии як нафар, он ҳам муовини Кумитаи замини шаҳр аст, ки ошкор мешавад ва дар оянда низ дар ин масъала бар хоҳем гашт, зеро пеш аз Аҳлиддин Бобозода даҳҳо нафари дигар фаъолият карда буданд, аммо боре сокинон аз тафтиши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои хонаҳояшон шикоят надоштанд. Тафтиш буд, аммо он ҳам дар баҳсҳои хонаводагӣ ва ғасбу дигарҳо буд, ки он бо иҷозаи суд анҷом мешуд. Аммо сокинони калонсол низ мегӯянд, ки дар ҳаёти сарашон бори аввал мебинанд, ки аз идораи заминсозӣ омада, ҳуҷҷати хонадорӣ месанҷанд ва боз худро ҷияни прокурор муаррифӣ мекунад. Охир пеш аз замин додан онқадар месанҷанд ва ҳуҷҷат омода месозанд, ки сари калобаатро гум мекунӣ.

Барнои Бегмадзода

Комментарии  

 
#1 Рустам 07.11.2018 14:22
Нав дарак ефти. Ин мошенники чанд сол шуд.
Цитировать
 
 
#2 Хикмат 08.11.2018 12:32
эха и бобозода бо ки бд аз номи пракрору суд гап мезана чи хукук дора хонахои мардма месанча
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru