Пайк

ХАБАРҲО

Пешвои миллат таъкид кард, аммо…

Таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати фаъолияти тандурустиро хоҳонем!

(моҷарои духтурон дар озмоишгоҳи Беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб)

Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил: «…Бори дигар  таъкид менамоям, ки солимии миллат боигарии давлат аст. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф, мо, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббиро таҳким бахшидем… Вале тибқи маълумоти мақомоти дахлдор дар бештари озмоишгоҳҳо сатҳи касбияти кормандон, малакаи истифодаи таҷҳизоти муосир ва сифати хизматрасонӣ қонеъкунанда нест. Бо назардошти ин, зарур аст, ки сатҳу сифати фаъолияти озмоишгоҳҳо ҳамаҷониба баррасӣ гашта, кормандони онҳо аз аттестатсия гузаронида шаванд…».

Рӯзи 22.11.2018 иҷборан аз баҳри баъзе корҳоям гузашта,  хоҳарзодаам (Холиқов Шаҳром Сангович)-ро, ки зонуи пойи росташ шадидан азияташ медод, барои ташхис, таҳлил ва табобат ба Беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб бурдам. Аз шиддати дард ҷавони 29-сола дар даст асобағал гирифта буду чашмонаш пуроб буданд. Нахуст ба утоқи кории табиби хеле ҳозиқу донишманд - Кабиров Наврӯз барои маслиҳату машварат даромадем. ӯ хеле ҷиддӣ муоина карда, моро ба назди табиби дигар, ки хеле муомилаи хуб дошт - Баротҷонов фиристод. Муҳтарам Баротҷонов ҳам муоинаи ҷиддӣ гузаронида, машварат дод, ки дар озмоишгоҳи ҳамин беморхона бояд хун супорем то ин ки бӯғумдард (брутселлез) ва ё тарбод (ревматизм) буданаш мушаххас шавад. Ҳамин тавр ҳам кардем,  гуфтанд, ки фардо барои ҷавоби таҳлили хун бояд биеём. Фардои он рӯз ман саҳар барвақт барои гирифтани ҷавоби таҳлили хун ба озмоишгоҳи беморхона рафтам, ки балое ба сарам омад. Ҷавоби таҳлили буғумдардро ёфта доданду ҷавоби таҳлили хунро барои тарбод (ревматизм) намеёфтанд ва яке ба гардани дигараш инро бору ҳавола мекард. Хулоса маро ба назди корманди ҳамин озмоишгоҳ Гулаев Суҳроб бурданд ва ӯ бояд ҷавоби таҳлили хунро медод. ӯ ҳарчанд дафтари қайду сабти таҳлилҳои дирӯзаи хунро мекофт, намеёфт, ки намеёфт. Гуфт, ки ҷавоби таҳлили хуни Шуморо ман ба Хидиров Раҷабалӣ бурда додам. Аммо Хидиров Раҷабалӣ мегӯяд, ки мо нагирифтаем. Хулоса ҷанҷол байни Суҳроб ва апаи Лутфия сар шуд…  Ба  Суҳроб таъкидан мегуфтанд, ки мо хунро ба ту супоридем, аммо чаро таҳлил нагузаронидаӣ? ӯ ҷавоб медод, ки бояд худаш наздам меомад. Во аҷабо! Чаро ман бояд наздаш хунро гирифта  мерафтаам? Дар озмоишгоҳ кормандони зиёде кор мекунанду хунҳоро мо худамон бояд ба ин ва он тараф бубарем? Ё ин ҷо таги коса нимкосае нуҳуфтааст?  Ман дафтари қайду сабти таҳлилҳои хунро дархост кардам ва баногоҳ Гулаев Суҳроб даст ба навиштани  нишондодҳои таҳлили хун оид ба тарбод (ревматизм)  зад, аммо дидам, ки ному насаби хунсупорида Темуров М. аз ноҳияи Темурмалик сабт шудааст,  аммо  на Холиқов Ш.С. аз ш. Кӯлоб. Ман ӯро таъкид кардам, ки ному насаби бемори мо дар дафтаратон  сабт нашудаасту аз куҷо медонед, ки ин ҳамон хун аст? ӯ бо исрор мегуфт, ки не, ҳамин ҷавоби таҳлили хуни Холиқов Ш.С. аст.

Ман кормандони озмоишгоҳро ба назди сартабиб бурдаму қазияю мушкилиро фаҳмонидам. Медонам, ки сартабиб – муҳтарам Атоев Давлат хеле инсони хушахлоқу масъул аст, аммо дигар аз қазия муфассалтар  чизе напурсида, зердастони худро ақаллан танбеҳе надода, дастур дод, ки рафта корро ҳал кунед. Хулоса ба ман ҷавоби таҳлилҳои хуни дигар нафарро дода гуфтанд, ки ин ҷавоби таҳлили хуни хоҳарзодаат аст. Дигар чизеро нафаҳмидам ва намедонам, ки ин ҷавоби таҳлили хуни хоҳарзодаам буд ва ё нафари дигаре аз ноҳияи Темурмалик. Ҳоло намедонам чӣ кор кунем? Оё бо таҳлили хуни дигар кас нафари дигареро мубталои бемории тарбод (ревматизм) ташхису таъйин кардан мумкин аст,  ё не? Нашавад, ки дорую давоҳои барои тарбод тавсияшуда инсони мубталои навъи бемори дигарро ба ҳалокат расонад ва ё маъюб кунад!?

Чаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ қариб ду моҳ пеш оид ба ҳамин масъалаҳо ҷиддӣ таъкид карданду мо беэътиноӣ мекунем? Киҳо масъуланд? Киҳо бояд қилро аз хамир ҷудо намоянд? То ба кай чунин номураттабию номуназзамиҳо дар калонтарин беморхонаи Кӯлоб идома меёбад?

(Сабти ҷанҷоли кормандони озмоишгоҳи беморхона маҳфуз аст)

Ҷумъахон АЛИМӣ,

профессор, Корманди шоистаи

Тоҷикистон, Аълочии маориф,

илм, матбуот ва фарҳанг, Узви

Иттифоқи журналистон, собиқадори

ҷанги Афғонистон

махсус барои «Пайк»

Аз редаксия:

Оиди камбудиҳои ҷойдошта дар ин беморхона ва хунукназарии сардухтури он Атоев нисбат ба масъулияти бардӯштоштааш дар ду соли ахир камаш 4 мақолаи танқидӣ бо факту далели қотеъ, дар ҳамин ҳафтавор ба нашр расид, аммо аҷиб аст,ки касе дар фикри андешидани чора нест. Шурӯъ аз бозори фурӯши «бахел» (халтае, ки барои ворид шудан ба беморхона дар пой мекашанд) то норасоии доруву дармон ва шароитҳои дигари ташхису табобат, қабули пурғаразонаи кормандони нав то мизи ҷарроҳи ба редаксия даҳҳо шикоят аз шаҳрвандон вориди редаксия шуд, аммо мо салоҳ надидем ҳамаи онро ба дасти чоп диҳем. Аммо ин бор чун кирдори кормандони беморхона хатар ба ҷони инсон дорад мо онро нашр накарда натавонистем. Ин ҳам ба хотири он, ки масъулини дар боло буда шурӯъ аз сардлори раёсати минтақавии тандурустӣ Ғаюров то муовини раиси вилояти Хатлон Мағфират Хидирзода шахсан ба ин масъала расидагӣ кунанд.

Комментарии  

 
#1 Рустам 25.10.2018 12:29
Атоев мисли мехмон аст дар беморхона на мисли сардухтур.балне са бесохиб аст.
Цитировать
 
 
#2 фарух 26.10.2018 13:59
Ғаюров масъули Раесати тандуруст дар минтакаи Кулоб кучора нигоҳ мекна, рост гуфтен ришваситоние, ки дар беморхонаи вилотии кулоб аст дар ягончо нест ҳато духтурони ин беморхона аз никохшавандагон маблаг меситонанд дар холе гузаштани муоинаи тибби домоду арус ройгон аст барои грфтани хулоса агар пул нати духтурони ВНМО бахона кофта домоду аруса мегуянд пагох бие, фардо дигар домоду арс аз ноилочи маблаг медиханд то хулосара бгиран аз ахли эчоди Пайк хохиш мекнем и масалара чидди бинанд
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru