Пайк

ХАБАРҲО

БЕМОРХОНАИ ДАНҒАРА ҶАВОБГӮ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ АСТ

Гумон мекардем аз ағба ин тараф шароити табобат барои мардуми минтақаи Кӯлоб нест. Ростӣ аз сохтмони беморхонаи Данғара огоҳӣ доштем, аммо гумон кардем боз ҳам беморхонае сохтаанд бо ҳамон шароитҳои пештара, фақат деворҳо наванду таҷҳизот аз дақиюнус боқӣ монда.

Ҳамин чанд рӯзи пеш бемореро, ки давояшро дар шаҳри Кӯлоб наёфтанд, хостем ба шаҳри Душанбе барем. Ташвишу тараддуди роҳ, хароҷоти зиёд, шуру ғавғои пойтахт аз мушкилоте буданд, ки моро хеле нигарон карда буд. Расо 15 рӯз барои сафар омодагӣ мегирифтем. Дар ин миён фавқулодда бо як сокини шаҳр –Бобоев Қурбон ҳамсӯҳбат шудем, ки гуфт: «Чанд моҳ қабл келинамро бо бемории вазнини гурда ба шаҳри Душанбе мебурдем. Дар роҳ бемориаш хуруҷ карду мутахассисон гуфтанд, ки то пойтахт гумон аст зинда монад. Ночор беморамонро ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол додем, то ба худ ояду роҳамонро идома диҳем. Чун вориди беморхонаи мазкур гашта ин ҳама мутахассисони варзида ва таҷҳизоти нодирро дидем, қарор додем беморамонро дар ҳамин ҷо бистарӣ карда табобат кунем. Ва хато накардем. Бемореро, ки дигар мутахассисон ҳукмашро хонда буданд дар инҷо ба пуррагӣ шифо бахшиданд.»

Ба ҳамин монанд, боз чанд нафари дигар дар бораи муваффақиятҳои беморхонаи марказии ноҳияи Данғара лаб кушоданду мо мутамаин шудем, ки сараввал беморамонро ба ҳамин беморхона барем, чунки ташвишу тараддуди инҷо бамаротиб камтар аст. Бурдем ва пушаймон нашудем. Барои пурра бовар кардан, ки беморхона арзанда аст бо сардухтури ҳамин даргоҳи уммеди мардум Хизматшо Шамсов ҳамсӯҳбат шудем. ӯро хеле ҳамсӯҳбати самимӣ ва инсони наҷиб дарёфтем. Дертар маълум кардем, ки мутахассиси хуби соҳаи худ ва ташкилотчии беҳамто низ будааст. Аз сардухтур хоҳиш кардем моро бо шароитҳои ташхису табобати беморхона шинос кунад. Сардухтур бо майли том розӣ шуд.

Хоҳ бовар мекунӣ хонанда хоҳ не мо дар пойтахти кишвар ҳам чандин табобатгоҳҳои муосирро дида будем, аммо он ҳама, ба ин беморхона баробар шуда наметавонад. Зиҳӣ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллатҳо, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтем, ки дар минтақа чунин як дармонгоҳи беҳамто сохта ба мардум тақдим кардааст. Ҳама таҷҳизоти муосир, шурӯъ аз дастгоҳи гемодиализ (покиза кардани хун) то томографияи компютерӣ, дастгоҳи маммография (дастгоҳи муониаи модару кӯдак), то ЭКГ-ву ЭЭГ ва даҳҳо дастгоҳи УЗИ-ву боз ким чиҳои дигар, ки ҳар кадом машғули кор буданд дар ин беморхона маҳфуз аст. Ҳайрон шудем, ки аз куҷо ин ҳама мутахассисон барои ин таҷҳизоти нодир пайдо шуд. Ҳамин саволро ба сардухтур додем. Сардухтур гуфт дар чанд моҳи аввал дар ҳақиқат аз камбуди мутахассисон танқисӣ мекашидем, аммо баъд роҳашро ёфтем. Аз шумори мутахассисони ҷавону боидрок ва боҳӯш ҳар сол ҷавононро барои такмили ихтисос ба беруни кишвар ба шаҳрҳои пешрафтаи Русия, Белорус ва дигар мамолик роҳхат медиҳем. Ҳама фиристодаҳои мо мутахассисони хуби соҳа шуда баргашта омаданд ва бомуваффақият фаолият карда истодаанд.

Собирова Шабнам, яке аз чунин ҷавонони кордон аст, ки ба ҷавонии худ нигоҳ накарда дастгоҳи маммографияро ба хубӣ ба нафъи модарони навзо истифода мебарад. Корафтодагон мегӯянд мутахассиси хеле хуб аст.

Абдуллоев Наврӯз табиби ҷавони дигар аст, ки бо роҳхат ба хориҷи кишвар сафар карда нозукиҳои кори таҷҳизоти нодири томография компютериро  омухтааст.  Хеле ҷавон бошад ҳам, мутахассиси хуби соҳаи худ аст. Қиссаеро дар бораи ин ҷавон дар ҳамон беморхона шунидам, ки марди сарватманде гирифтори иллати гурдаҳо будааст. Ба ҳама ҷо, аз ҷумла пойтахти кишвар сафар карда ташхис гузаронида табобат кардааст, аммо бенатиҷа. Ҳолаш рӯз то рӯз бад шуда, хеле лоғару барҷомонда гаштааст. Бо тавсияи яке аз дӯстон ба назди ҳамин мутахассиси ҷавон, яъне Наврӯз ба ҳамин беморхона меояд. Ҷавон баъди ташхис ба хулосае меояд, ки иллати бемории ин мард на дар худи гурда, балки ғадудҳои болои он будааст. Ташхис дуруст, ки буд, табобат ҳам самар дод. Баъди чанд моҳ марди тануманде ба назди Наврӯз омада мегӯяд, ки ман ҳамон марди лоғари нимҷонам, ки аз баракати ту табобат ёфтам.

То қиссаро шунидан мутахассисон хабар доданд, ки бемории моро аз ташхис гузаронида барои табобат омода карданд. Гуфтанд бемор дар ҳақиқат иллати синусит (балғаму рими пешонӣ) доштааст, аммо сардардаш аз ин беморӣ нест, балки фишори майнаи сар баланд аст. Ҳайрон шудем, ки наход то ин дам мутахассисони зиёд онро муайян карда натавонистанд. Аммо хулосаи мутахассисони варзида тавассути дастгоҳҳои нодири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ боварнакарданӣ набуд. Ҳамакнун бемор табобатро бо дигар доруҳо оғоз кардааст. Умед аст, ки шифо меёбад. Дар ҳар сурат, мо аз натиҷаи табобат ба хонанда иттилоъ хоҳем дод.

Дар ин беморхона хабари хуби дигареро ҳам шунидем. Сардухтур гуфт, ки беморхонаи мо бо беморхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари аврупоии Шветсария ҳамкорӣ дорад. Ҳар сари чанд вақт мутахассисони ин мамлакат омада чанд муддат дар беморхонаи мо машғули табобат мешаванд.

Яъне як бемори тоҷик бо харҷи чанд ҳазор евро ба Шветсария рафта табобат намегираду бо харҷи ҳамагӣ чанд сомонӣ ҳамон табобатро дар Данғара мегирад.

Шукр гуфтем, ки чунин табобатгоҳи хеле нодир дар минтақа арзи ҳастӣ дорад ва он дар дасти мутахассиси хуби соҳа Хизматшо Шамсов аст. Умед кардем, ки ин ҷавон аз рӯйи дастурҳои Пешвои миллат амал карда, дар атрофи худ ҷавонони дигарро тарбия дода ба воя мерасонад ва дар ҳозира ва оянда ин даргоҳ аз ӯҳдаи таъмири беҳтарин махлуқи Худо, яъне инсон мебарояд.

А. Иброҳим

Комментарии  

 
#1 Суруш 29.09.2018 02:40
Акалан дар Дангар аст хуб аст. Дар Кулоб хам кардан даркор.
Цитировать
 
 
#2 Бекмад 29.09.2018 02:40
Сардухтур ро мешиносам мутахассиси хуб аст.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru