Пайк

ХАБАРҲО

Дар Кӯлоб реҷаи барқ чанд соат?

Дар ҳамин шабу рӯз дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб барқро ба муддатҳои номаълум хомӯш мекунанд. Байни мардум овозаҳо паҳн гаштааст, ки дар ҷумҳурӣ реҷаи барқ ҷорӣ шудааст. Агар чунин бошад барои аввалин маротиб аст, ки дар моҳи сентябр реҷа ҷорӣ мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки шурӯъ аз зимистони соли гузашта реҷаи барқ батамом бардошта шуда буд. Ин иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат мардумро хеле дилгарм карда буд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар баъзе аз навоҳӣ ин дилгармкунӣ ба табъи масъулини барқ нест. Дар маҳаллаҳои Чарм гарон, Нонбои поён, Суғдиён, Даминзода, Корвонгузари шаҳри Кӯлоб, масалан рӯзи гузашта 26 сентябр, барқ рӯзона ба муддати камаш 4 соат хомӯш буд, боз ин иқдом аз соати 24 шаб то соати 5 саҳар такрор шуд. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ, чаҳор соат бекор нишастанд ва ин боиси саргардонии ронандагони зиёд шуд.

Имрӯз 27 сентябр ҳам дар маҳаллаҳои мазкур ва баъзе маҳаллаҳои дигар ҳам барқ аз соати 12 то 16 -20 дақиқа хомӯш буд.

Қутбиддин Самиев, сармуҳандиси ҶСШК «Шабакаҳои Барқ»-и шаҳри Кӯлоб тариқи телефон ба саволҳои хабарнигори Пайк посух дода гуфт: «Реҷаи мазкур вобаста ба хомӯш кардани барқ ба муддати 4 соат дар як шабонарӯз бо супориши ҳукумати вилояти Хатлон дар ҳақиқат дар шаҳр ҷорӣ шудааст. Мақсад дар ҷараён будани корҳои таъмирӣ аст. Дар муддати тобистон «Шабакаҳои Барқ»-и шаҳри Кӯлоб бо сабаби сари вақт дастрас нашудани таҷҳизоти лозима аз ӯҳдаи таъмиру барқароркунии таҷҳизоти барқӣ набаромад. Таъмир ҳамагӣ 80 фоиз иҷро шуд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамвора таъмири хатҳои барқ ва зеристгоҳҳо тибқи ҳисоботи сардорони шабакаҳои барқи вақт дар муддати тобистон пурра ба анҷом расонида мешуд.

Имсол ҳам тобистон мунтазам дар шаҳр барқро  ба муддати 2-3 соат ба хотири таъмир хомӯш мекарданд. Аммо аҷиб аст, ки масъулини Шабакаҳои Барқи шаҳри Кӯлоб ноӯҳдабароии худро ба зиммаи ширкати «Барқи Тоҷик» ва ҳукумати вилоят бор карданӣ мешаванд.

Пайк

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru