Пайк

ХАБАРҲО

Соате пеш Фарзона худро оташ зад

Имрӯз 19 сентябр ҷисми сухтаи Фарзона  Ғуломоваи 26 сола, сокини н. Восеъ, ҷамоати Х.Раҷабов, деҳаи Пахтакорро аз хонаи шавҳараш ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оварданд.

Ғуломова Гулдаста, апаи ҷабрдида дар сӯҳбат ба Пайк иброз дошт, ки "сӯбҳи имрӯз аз хонаи шавҳараш қисмати саҳар ба ман занг зада гуфтанд, ки омада мурдаатонро баред. Мо намедонем, ки чӣ гуна хоҳарам худашро оташ задааст. Сабаби асосии ин фоҳиа тӯҳмат задани ӯст. Зеро дар хонаи хушдоманаш гарданбанди заррин гум шуда буд ва аҳли оилаи шавҳараш ӯро гумонбар медонистанд».

Тибқи иттилоъи масъулони Беморхонаи вилоятии ш. Кӯлоб ҳамин лањзањо ташхиси пурра гузаронида шуда маълум шуд, ки 24% баданаи Фарзона Ғуломова сӯхтааст. Тафсилоти бештари ин ҳодисаро дар кутоҳтарин муддат «Пайк» пешниҳоди хонанда месозад.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru