Пайк

ХАБАРҲО

НАХУСТИН СОҲИБКОРИ КӮЛОБӢ БА ВАЪДА ВАФО КАРД

Таври маълум, ҳудуди 1 моҳ қабл ёвари Президенти кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов перомуни омодагӣ барои истиқболи арзандаи 30 солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ соҳибкорони кӯлобиро дар толори ҳукумати шаҳр гирд оварда машварат орост, то баҳри корҳои созандагӣ камари ҳиммат банданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ақидаи баъзе аз мардуми маҳал, баъди корҳои созандагӣ дар чаҳорчӯби ҷашни 2700 солагӣ, 13 сол қабл, шаҳри Кӯлоб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Корхонаҳои саноатӣ бекор, роҳҳо вайрон, кӯчаҳо ифлос, бозорҳо бетартиб, шабҳо тор гаштанд. Маҳз баъди машварати Абдуҷаббор Раҳмонов шабҳои тори Кӯлоб равшан шуданд, роҳҳо сафолакпеч шуда истодаанд. Ҳафтавори «Пайк» ҳам хиёбони назди мағозаи ҳафтаворфурӯширо ободу зебо кард. Соҳибкорон ва аҳолӣ пушти хонаҳои худ ва муассисоти хусусиву давлатӣ садҳо чароғҳои каммасрафи  зебо насб карданд.

Мутаассифона соҳибкороне, ки дар он ҷаласа ҳузур доштанд ваъдаи зиёд доданд, аммо то ҳанӯз баҳри иҷрои ваъда камар набастаанд ба ҷуз як нафари онҳо, он ҳам Абдунабӣ Зардиев. Ин соҳибкор нахустин соҳибкори кӯлобӣ аст, ки баъди 27 соли истиқлолият ба ваъдаи додаи худ сари вақт вафо кард. ӯ дар деҳаи Сарёзии ҷамоати Зиракии шаҳр мактаби ибтидоӣ сохта ба истифода дод. Дуруст аст, ки мактаб ҳамагӣ иборат аз 8 синфхона аст, аммо синфхонаҳо хеле зебо ва барҳавоянду муҷаҳҳаз ба ҳама шароитҳои таълиму тадрис. Муҳимтар аз ҳама ин мактабро соҳибкор дар муддати хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ 1 моҳ(!) сохт, ки ин нишонаи ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат аст.То ҳанӯз соҳибкорони кӯлобӣ ба чунин иқдоми беғаразона ва дур аз манофеи шахсӣ даст назада буданд. Ҳама чизе месохтанд, ки аз он бевосита манфиат мебардоштанд.

Маросими ботантанаи ба истифода дода шудани муассисаи таълимии сохтаи Зардиев дар рӯзи ҷашни истиқлолият, яъне 9 сентябр ба вуқӯъ пайваст ва боиси хурсандии беҳадду канори сокинони деҳаи Сарёзӣ гашт. Дар маросими ботантана раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мӯҳтарам Хайрулло Амонулло, муовинони ӯ, раиси хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев, шоири номдори миллат Ҳақназар Ғоиб, собиқадорони меҳнат ва дигар ашхоси мӯътабар ширкат доштанд. Қисми тантанавӣ, ибоат аз намоишҳои театрикунонидашуда ва консерт дар бинои боҳашамати Қасри фарҳанги хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баргузор гашт.

Ба ваъда вафо кардани нахустин соҳибкори кӯлобиро сокинони маҳалл бо дилгармӣ пазируфтанд. Умед бастанд, ки шояд соҳибкори дигаре бо номи Бег Сабуров ба ваъда вафо карда корхонаҳои саноатии Кӯлобшаҳрро аз қабили корхонаи хишт, Пахтатозакунӣ, Равған, Пояфзол ба кор дарораду билохира ҷавонони кӯлобӣ соҳиби ҷои кор ва зиндагии муносиб шаванд. Алҳол ин соҳибкор ба сохтмони хонаҳои баландошёна барои фурӯш ва меҳмонхонаҳо банд аст.

Ду соҳибкори дигар ҳам дар назди хонаҳои худ чанд метр роҳро асфалтпӯш кардаанд, ки ин кирои гап набошад ҳам, барои шаҳри Кӯлоб амали кучак нест.

Ду соҳибкори дигар Наврӯз Комилов ва Масидиқ Одинаев ҳам мутаносибан яке саргарми сохтмони озмоишгоҳҳои Донишгоҳи технологии Кӯлоб асту дигаре гири сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ, аммо ин ҳарду ба ваъдаҳои як моҳ пеш дода дохил намешавад. Балки ин сохтмонҳо аз баракат ва иқболи баланди Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст ва мардум барои чунин сохтмонҳо аз Президент миннатор аст.

Ҳафтавори «Пайк» минбаъд ҳам пайгири ин масъала боқӣ хоҳад монд. Ҳар як хишти гузоштаи соҳибкорон аз назари мо дур нахоҳад монд.

Аҳмади Иброҳим

Комментарии  

 
#1 Марчона 11.09.2018 11:06
Рахат ба чунин сохибкор
Цитировать
 
 
#2 Некукор 12.09.2018 01:15
Як бунгохи тиббии дигар месохт зур мешуд.
Цитировать
 
 
#3 Фарҳод 12.09.2018 06:11
Бо оли то маҷлис нашава маҷбуршон накнан намекнан!
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru