Пайк

ХАБАРҲО

ТОҶИРОНИ ГАНДА ИДҲОРО БАРҲАМ МЕДИҲАНД


Бе ягон далели шаръию баҳси домандору видеову аксу садои таскиндеҳ яқинан, ки аз арафаи ду иди мусалмонӣ аз ҳама дида ҳамон савдогароне фойда мебинанд, ки бо хости худ нархро бозӣ медоронанд. Омма бошад танҳо хариданро медонаду баъд аз маърака аз куҷо овардану ёфтани пул ва пушондани «ушерб»-ро. Агар дар бозорҳои мо чунин шеваи доду гирифт сурат гираду нарх танзим нашавад, интизор бошем, ки аз касофатии нархи баланд идҳои фархунда Рамазону Қурбонро барҳам диҳанд. Аз нафси беинтиҳои як гурӯҳ тоҷиракон хурсандию фараҳ ва табассуму сарфарозии мардум, шуруъ аз тифли гаҳвора то пири асобадаст дар арафаи ҷашнҳо ба интиҳо расад. Қадами он хешу ақрабо ва дӯстону наздикон, ки як соли расо аз ҳолу аҳволашон бехабарему бо шарафи ду ид ба хонаамон қадам мегузоранд, канда мегардад.

Тоҷирон, идҳоро барҳам надиҳед!

Дастурхони идонае, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросим, чӣ ҷашни чилу солу ҳафту тӯй ва минҷумла, ду иди суннатие, ки пеш аз таҷлили он ба хароҷоти ҳангуфту миёншикан панҷа мехалонанд, ҷонибдорам, ки 100 фоиз ба танзим дароварда шавад! Агар он дар ҳақиқат мавриди амал қарор гирад, албатта ба нафъи вазъи иқтисодии оилаи ману шумову онҳо ва садҳои дигар анҷом хоҳад ёфт. Аз мавзуъ каме дур рафтем, вале на он қадаре, ки ба сафсатта печида бошем. Хуб, мегузарем сари хурсандии кӯдакон дар ин ду ҷашн. Қасам ба виҷдонам, ки ҷуз кӯдакону наврасон дар ду ҷашни болозикр ҳеҷ як нафар хурсандии беш дошта наметавонад. Ин аз он сарчашма мегирад, ки ҳанӯз як моҳ қабл аз ид эшон барои дастаҷамъона “идгаштак” ё “идгардак” кардан ба худ бо сад орзуву ҳавас либосу халтачаи идона мехаранд. Чун дар олами кӯдаконаи худ дар ибтидои рӯз дастаҷамъона дарҳои хонаҳоро мекубанду болидарӯҳона «иди мора биёреду иди шумо муборак» гуфта, ба ҳар як хона файзу баракати худро меоранд, ки ҳамин идҳоро иди кӯдакон номем ҳам бехатост. Хусусан ҳамин манзара дар русто бисёртар ҷолибу фараҳбахш аст. Кӯдакону наврасон субҳи барвақт бо шеъри идонаи худ дарҳои хонаи ҳар яки моро мекубанду шодиёна мехоҳанд.

Ҳароси бештар сари он аст, ки аз пушти як туда савдогарони оҷиз аз инсофу дур аз имон шуда ду ҷашни муборак Рамазону Қурбонро барҳам надиҳанд. Пеш аз оне, ки ба савол посух гардонем бояд саволе ба миён гузорем, ки аз ин ду ҷашн кӣ нафъи бештар мебардорад, мардум ё тоҷир?

Ва агар ба вазъияти як ҳафта ё ду рӯз қабл аз ин маросимҳо диққат диҳем, тамоми дукону бозору мағозаҳоро анбуҳи мардум пахш мекунад. Ба хотири хариди анвои маҳсулоти идона. Ва он ҳам бошад чун одат ва «анъана»-и савдогарон бо нархи дандоншикан. Дар инҷо як нуқтаро бояд ба инобат гирифт, ки эшон дар кадом вазъият, бо қарз ё пули дуздӣ ё пули бо ранҷу меҳнати беинтиҳо нияти дастурхони идонаашонро аз анвои маҳсулот пур кардан мехоҳанд. Пас, қазоват бояд кард, ки дар ҳамин гуна мавридҳо ба ҷуз «ушерб» ба мардум чизи дигаре насиб намегардад. Вазнинии тарозу (яъне фоида) ҳамеша ҷониби тоҷирону савдогаронест, аз ин ҳол пайгирона ва ҳадафмандона суистифода менамоянд. Интизор меравад, ки аз касофати як тудаи ҷаллобону хоинон шуда, иду ҷашнҳоямонро аз даст медиҳем.  

«Деҳқонбозор» бозори деҳқонон ё монополияи ҷаллобон?

Намоиши, ба қавле молу маҳсулоти арзони як рӯз қабл аз иди Қурбон баргузор гардида, нишон дод, ки ҳануз барои марди деҳқон «шонси васеъ» гуфтани мафҳум барои савдои маҳсулоташ ба даст наомадааст. Усулан бо нияти хариди маҳсулоти арзон мардум ба тарафи Деҳқонбозор  мешитобанд, ба хотире, ки ба маҳсулоти арзони бобои деҳқон дастрасӣ пайдо созанд. Бехабар аз он, ки деҳқон дур аз чашм дар кадом кунҷе нишаста аз тарси чекчину савдогарони ғоратгар савдо дорад. Ба далели он ки анқариб ҳамаи фурӯшандагон деҳқон не, балки ҳамунҳое буданд, ки солҳои сол дар бозори марказӣ ба савдои анвои мевагӣ машғул. Тарзи дигар гӯем, ҳамон гургҳои борондида, ки солҳои сол ба фарқ аз деҳқон нархи маҳсулоти худро як ё ду дараҷа баланд мебардоранд.

Дар ҷодаи нарх бошад, боз ҳамон нигарониҳои қаблӣ. Ҳеҷ як пешравӣ ё беҳбудӣ  дар нархгузорӣ дида намешуд. Не, бахшиш хонада, каме хато кардам, беҳбудӣ буд албатта, лекин барои мардум не, барои киссаи худи ҳамон савдогарон. Чун ба нархи қаблии маҳсулоташон боз маблағи бештар зам карда буданд. Шояд лозим набошад иқтибоси нархҳои он молу маҳсулоти ба заҳр баробар. Лекин мебояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти ба ном арзону деҳқонӣ,  дар асл ҷаллобона чӣ фоида?

Агар гӯям, ки деҳқон набуд, дар арафаи моҳи муборак гуноҳи азим мешуд, вале он ҷойҳои ба гуфти мардуми мо «пристиж» дар дасти ҳамон тоифае буд, ки пайваста нархро бозӣ медоронанд. Деҳқононе, ки маҳсулоти худро арзонтар пешниҳод месохтанд, аз чашми харидор дур дар қисмати охири намоишгоҳ қарор гирифта буданд, ки имкони ками фурӯши маҳсулоташонро доштанд.

Ҷони мурда раҳм дораду дили савдогар не!

Бегумон, нархи аз эътидол бологузоштаи молу маҳсулот зарбаи асосӣ баҳри барҳам занондани ду ҷашни барои мардуми мусалмон муқаддас хоҳад гашт. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, пеш аз истиқболи иду ҷашнҳо яку якбора нархи аксари маҳсулот боло меравад, не саросема шудем, боло бурда мешавад. Шуруъ аз оддитарин ашёи рӯзгор то маҳсулоти ниёзи аввал. Баъди афзоиш ёфтани нархи картошка, хусусан дар Кӯлоб ва ба ҳадди эътидол надаровардани он фикри ғолиб он буд, ки шояд дар арафаи моҳи Рамазон он то андозае поин фароварда шавад. Ҳангоми харид аз як фурӯшанда нархи картошка ва аз куҷо овардани онро пурсидем. Гуфт картошкаро аз Муъминобод овардему як киллограммаш 5 сомонӣ. Қаблан ҳам бо ҳамин нарх ва аз он зиёд картошкае, ки аз хориҷи кишвар ворид мешуд фурӯхта мешуд, лекин ба маҳсулоти дохилӣ чӣ бади мерасад?

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр

Беназмию ҳаёҳую ҳангомаҳо бувад,

Парвози фикрашон фақат то нархи ину он,

Маънии зиндагияшон нарху наво бувад.

Салоҳ надонистем, ки гапро ба дарозо барем ва ҳамин сархати навиштаамонро бо шеъри пурмаънии шоири шинохта устод Лоиқ Шералӣ анҷомидем. Ҳарчанд устод ҳаждаҳ сол муқаддам аз дунё гузашта бошанд, вале аз шеър бар меояд, ки то ҳол рӯҳи эшон зинда асту аз вазъияти нарху наво ва муқаррароти савдо куллан бохабаранду дилашон ба ҳоли мардуми бечора месӯзаду кори «аферистона»-и баъзе тоҷиронро ба риштаи назм кашидааст.

Худойдоди Ислом

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru