Пайк

ХАБАРҲО

Бақайдгирии симкортҳо то 1 январ тамдид шуд


Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки фурӯши симкортҳои 250-сомониро то 1-уми январи соли 2019 манъ кунанд. Ба ин тартиб, ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, то чаҳор моҳи дигар симкортҳоро ба таври маъмулӣ фурӯшанд.

Президент ғами мардумро хурд

Дар бобати қарори мазкур сухангӯйи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода, гуфтааст, ки масъалаи афзоиши нархи симкортҳо рӯзи 30-юми август дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шудааст, ки дар робита ба масъалаи нарх ва тартиби истифодабарии симкортҳо пешниҳод ироа кунанд. Дар  ҳоли ҳозир масъалаи ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ додани як симкорт ва маҳрум сохтани истифодаи симкорт то синни 14-сола дар ҳоли санҷиш аст. Инчунин, пешниҳод шудааст, ки ояндаи наздик операторони телефонҳои мобилӣ ба ҳар як шаҳрванд аз рӯи коди идентификатсионӣ (рақами ягонаи миллӣ), ки дар шаҳодатномаи миллӣ сабт шудааст, симкорт бидиҳанд.

Овоза

Аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар карданд. Дар аввал қарор буд, ин тасмим 20-уми август иҷро шавад, вале дертар ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ин тасмим аз 1-уми сентябр амалӣ мешавад. Ин тасмимро мардум дар аввал овоза ва хабари дурӯғ гумоштаанд, аммо баъдан сару садои якбора 50 баробар боло рафтани нархи симкортҳои мобилӣ мардумро ба таҳлука андохт. Аз муҳлати ками вақт мардуми тоҷик истофода бурда, то охирин рӯзҳои моҳи август, ҳатто бо номи шаҳодатномаҳои фарзандону набераҳояшон симкорт харидорӣ кардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳабсро талаб кард!

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба касоне, ки симкорташонро барои истифода ба нафари дигар додаанд ё каси дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", ҷазо пешниҳод кард. Вазорат дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи 341-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои чунин афрод аз 150 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 7,5 ҳазор то 12,5 ҳазор сомонӣ) ҷарима ва ё аз ду то се соли ҳабсро талаб намудааст. Мақомоти вазорат то ба ҳол расман тасмими худро шарҳ надодаанд. Аммо ин тасмим ҳануз дар њоли омўзиш аст. Ҳадаф аз ин пешниҳод ҷилавгирӣ аз фаъолияти аъзои гурўҳҳои ифротгаро ва мамнуъ аст. Онҳо аксаран аз симкорти афроди дигар истифода мекунанд. Аз як тараф боздоштани онҳо мушкилтар аст, аз сӯйи дигар метавонад одами бегуноҳеро зери зарба гузорад. Дар сурати ворид шудани ин иловаҳо ба қонун мардум ҳам боэҳтиёт мешаванд ва симкорташонро ба ҳар кас намедиҳанд ва ё бо шиносномаи худ ба дигарон симкорт намегиранд.

Решаи қарор ҳамла ба сайёҳон

Дар  Тоҷикистон чаҳор ширкат – "ВаВилон", "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон айни замон 4,1 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ вуҷуд доранд.  Тасмими якбора боло бурдани нархи симкортҳоро ба ҳамлаи террористон ба 7 сайёҳи хориҷӣ арзёбӣ мекунанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ба ҳалокат расида буд, ки маќсадашон обру ва эътибори миллиати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст задан буд.

Нуралӣ КАРИМ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru