Пайк

ХАБАРҲО

ЧАРО НУСРАТУЛЛО САЛИМОВ БА ВАЪДА ВАФО НАКАРД?

Бахшида ба рӯзи кормандони тибби ҷумҳурӣ


Ҳафтаи гузашта корамон ба беморхонаи вилоятии №2 мустақар дар шаҳри Кӯлоб афтид. Рентгени косахонаи сар лозим шуд. Табиб тавсия дод, ки барои рентген кардан ба ноҳияи Восеъ равем, чунки дар шаҳри Кӯлоб чунин дастгоҳ вуҷуд надорад. Аз дил гузаронидам: «кори Кӯлоб ба ҷое расида, ки акнун беморонаш барои дарёфти акси босифати сар ё узви дигар ба ноҳияҳо мераванд. Баъди ин, насли навҷавон шояд шубҳа кунад, ки дар гузашта Кӯлоб маркази вилоят буд. Воқеан барои ин насл чӣ фарқ дорад, ки вилояти Кӯлоб бошад ё вилояти Восеъ?

Чун нек андеша кардем, вилояти Кӯлоб баъди барҳам хурданаш дар аҳди салтанати сардори Фронти халқӣ Сангак Сафаров дар соли 1992 бо амри тақдир на танҳо аз корхонаҳои саноатӣ, балки аз бисёр чизҳои дигар ҳам маҳрум гаштааст. Зикри бадбахтии саноати Кӯлоб ва соҳибкорони фориғболашро мо дар ҳамин ҳафтавор дар мақолаи «Кӯлоб барои соҳибкорон қабристон аст!?» (Пайк, №22 (233) аз 30 майи соли 2018) баён карда будем. Ташаккур ба ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ, ки ба ин мақола вокуниши ҷиддӣ нишон доданд. Кор дар самти эҳёи корхонаҳои саноатӣ аллакай оғоз шудааст, умед аст, ки дар 3-4 соли дигар мардум соҳиби ҷойҳои кор ва зиндагии муносибтар шаванд. Ҷаҳду талошҳои раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ёвари Президенти ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода имрӯзҳо дар самти кор бо соҳибкорон назаррас аст. Гарчанде, ки то ҳанӯз ягон соҳибкор барои адои ваъдаҳои додааш гоми нахустин нагузоштааст. Ҳамин ки гузоштанд, мо ҳатман аввалин шуда  ба хонандаи ҳафтавор хабар медиҳем.

Ва аммо алҳол мушоҳида кардем, ки соҳаи тандурустӣ дар минтақа бо ду пой мелангад. Ин ҳам дар ҳоле, ки вазири тандурустии ҷумҳурӣ Насимҷон Олимзода худ зодаи ҷамоати «Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб аст. Таманниёти Пешвои муаззами миллат дар мавриди обод кардани зодгоҳи худ айни ҳол нодида гирифта шудааст; бошад ки бинанд.

Ҳасрати Искандаров

Чанд нафар аз шумори беморони шифоёфта дар ҳамин ҳафтавор ба вазири ҳозираи тандурустии ҷумҳурӣ Насимҷон Олимзода изҳори сипос карданд, ки мо онҳоро бе таъхир ба нашр расондем. Аммо барои як вазир, гумон дорам, изҳори сипоси даҳ бист бемори шифоёфта кам аст. Ақидаи ман ҳамин аст, намедонам дигарон чӣ андеша доранд. Дар ҳар сурат ақидаи дигарон барои мо муҳим аст. Рисолати як вазир бештар аз он аст, ки 5-6 нафар шифо ёбад, балки рисолати вазири тандурустӣ ҳифзи сиҳатии тамоми мардум аст! Ҳамин ҷо мо аз ҷузъи рисолати аслии вазир сухан мегӯем, ки иҷрои он обирӯйи вазирро хеле боло мебардорад.

Хуллас, ҳамон рӯзе, ки ҷиҳати ташхиси як бемори ошно ба шӯъбаи гӯшу гулӯйи беморхонаи №2 вилоятӣ муроҷиат кардем як нафари дигар бо писараш дар утоқи кори табиби хеле ҷавону умедбахш Искандар Шарипов менишаст. Онҳо расми акси рентгениро ба табиб нишон дода гуфтанд, ки ин акси томографияи сарро дар шаҳри Душанбе карда овардаанд, чунки дар Кӯлоб набудааст. Сипас илова кард, ки харҷи сафар баробар ба нархи томография шуд.

Ду ҳафта қабл аз ин  хабарнигори ҷавони ҳафтавори «Пайк» Худойдоди Ислом гирифтори иллати санги гурда шуду боз ба ҳамин беморхона муроҷиат карда будем. Дигар куҷо равем, ин беморхона хонаи уммеди на танҳо мо, ки мақарри табобати хело бештар аз 1 миллион аҳолии камбағали (!) минтақаи Кӯлоб аст.

Хулласи калом, табиб Искандаров Саид ба аксҳои хира ва бесифати рентгении (он вақт мо намедонистем, ки дар Восеъ дастгоҳи рентгении рақамӣ аст) узви бемори Худойдод назар афканда, бо маҳорату таҷрибаву малакаи хуби худ макон ва феъли сангро дуруст муайян кард ва тавассути ҷарроҳӣ ин иллати беморро бартараф намуд, ки мо аз духтур то қиёмат миннатдорем. Бе асбоби муосир ҳам кор тамом шуд, аммо… Саволе посух намехоҳад, ки чунин табиби кордида ва боҳӯш дар минтақа чанд нафар боқӣ мондааст? Табибони ҳозиқи камҳавсала ва бедилу гурда минтақаро кайҳо тарк карда ба мақарри таҷҳизоти муосир рафтаанд. Ва аммо дар тамоми давраи муолиҷа ин табиби хеле маҳбуб афсус мехурд, ки беморхона дастгоҳи замонавии шикастани санги гурдаро надорад, набошад ҳоҷат ба истифодаи теғ намешуд.

Ба ҳар ҳол, сипоси беҳад ба Искандаров, ки бо асбобҳои асри гузашта ба хубӣ аз ӯҳдаи наҷоти ҷони як инсон баромад. Табибон бузурганд, чунки ҳамвора машғули таъмири вуҷуди беҳтарин ва дӯстдоштатарин махлуқи Худо- ИНСОНАНД! Кош ҳама инро дарк мекард. Гоҳо чун дар маъракаҳо мебинӣ, ки устои мошин боиззаттар аз устои вуҷуди инсон аст, хастарӯҳ мешавӣ.

Бубинед, акнун чанд дастгоҳи замонавӣ дар беморхонаҳои Кӯлоб нест: рентгени рақамӣ, томография, дастгоҳи лазерии шикастани санги гурда… Шояд ин рӯйхат идома дошта бошад, аммо мо дараки фақат ин се дастгоҳро ёфтем. Маълум аст, ки беморони ниёз ба ин таҷҳизот дошта чӣ қадар сарсон мешаванд. Дар сомонаҳои тиҷоратӣ банда нарху навои ин таҷҳизотро ҷӯё шудам. Чун гуфтанд беш аз 100 000 евро, ҳӯш аз сарам парид. Ҳамин ҳиссиётамро баён доштам, ки фурӯшандаи виртуалӣ хандид (смайлики занда равон кард). Гашта пурсидам чаро. Гуфт инҳо камбаҳотарин таҷҳизоти тиббианд. Таҷҳизте дорем, ки беш аз миллион евро нарх дорад!

Кӯлоб аз Нусратулло Салимов миннатдор аст

Мардуми огоҳи минтақаи Кӯлоб аз вазири собиқи тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода ва ҳафтавори «Пайк» миннатдор аст. Гап сари он, ки баъди нашри мақолаи «Кӯлобиҳоро вазир намонед!» (Пайк №42 апз 21.12 2016) вазир дар чаҳорчӯби вокуниш ба мақола ба беморхонаи №2 вилоятӣ кумаки назаррас карда буд. Тибқи вокуниши ирсолкардаи маъмурияти беморхона баъди нашри мақолаи танқидӣ вазири мӯҳтарам чунин кумакҳоро ба беморхона расонда буд. Иқтибос аз вокуниш: «Хушбахтона баъди нашри мақола бо мусоидати вазорати Тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи мазкур ба маблағи зиёда аз 578 716 сомонӣ таҷҳизоти тиббии замонавӣ аз қабили дастгоҳи ЭЭГ, ултрасадо, ЭКГ, анализатори биохимиявӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва доруворӣ ворид карда шуд.» (вокуниш ба мақолаи «Кӯлобиҳоро вазир намонед» Пайк №21 (188) аз 21 июни соли 2017).

Инчунин Нусратулло Салимов ба муовинаш супориш дода буд, ки ҷиҳати ошкор кардани камбудиҳои дигари соҳа ба шаҳри Кӯлоб биёяд. Дар баробари дигар корҳои профилактикӣ муовин барои ошкори камбудиҳои дигар дари редаксияи ҳафтаворро низ куфт. Гуфт мо фалону фалон миқдор камбудиҳоро ошкор сохта бартараф кардем, акнун шумо бигӯед, ки боз чӣ камбудиҳоро шумо дар рафти тадқиқоти журналистӣ ошкор кардед, ки мо онҳоро бартараф созем. Ба андешаи мо ин аст ҷавонмардӣ, дарки масъулият, ғамхорӣ ба соҳа ва мардум, дипломатия боз ким чиҳои хуби дигари вазири собиқи тандурустии ҷумҳурӣ, алҳол раиси ҳукумати ноҳияи Синои пойтахти кишвар Нусратулло Салимов. Фурсат ғанимат гуфта, мо ҳам дар бораи ду дастгоҳи барои сохтори тандурустии минтақа муҳим- рентгени рақамӣ ва дастгоҳи шикастани санги гурда лаб кушодем. Баъди сӯҳбат бо вазир, муовин иброз дошт, ки ин камбудиҳоро низ вазир бартараф мекунад. Мо аз ин ваъдаи вазири тандурустии вақт хело шод шудем. Ва аммо…

Афсус, ки вазир ба кори дигар гузашту муовин вазир шуд, вале ваъдаи додаи мӯҳтарам Салимов иҷро нашуда монд.

Восеъ «брэнд» шуданист?

Табибони ҳозиқи камҳавсала бошанд то ҳанӯз бо ҳасрат аз таҷҳизоти замонавӣ ёд мекунанд ва ба қавли бародарони рус ҳамвора рӯйи ҷомадон нишастаанд, то ба хотири дарёфти беморхонаҳои замонавӣ дар пойтахт, тарки Кӯлоб кунанд. Даҳҳо ҳазор беморони минтақа бошанд бо умеди дарёфти табобати муносиб ва замонавӣ бо харҷи  маблағи хело бештар ба шаҳрҳои ободтари ҷумҳурӣ: Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Бохтар ва ҳатто Восеъ мераванд. Кас намедонад, аз ин ба баъд ба ҷои Кӯлоб ноҳияи Восеъ «брэнд» шуданист…??? Шавад ҳам аҷаб нест, чунки Восеъ хеле мардуми бофарҳанг дораду обод аст.

Иттилоъ барои андеша:

Камаш таи даҳ соли ахир. шахсан банда боре надидаам ва нашунидаам, ки дар минтақаи Кӯлоб шахси сарватманде дар беморхонаҳои Кӯлоб бистарӣ шуда бошаду табобат гирад. Шояд дар Кӯлоб табобат гирифтанро барои худ айб шуморанд. Ҳатман маблағҳои ҳангуфт сарф карда берун аз минтақа табобат мегиранд. Мабодо касе аз онҳо хасисӣ карда дар Кӯлоб табобат гирад ҳам, инро сахт пинҳон медорад.

Шояд сабаб ҳамин кӯлоббезории дастдарозони давр бошад, ки дар Кӯлоб табибони савори мошинҳои дакаданг хело кам ба чашм мерасанд. Ҳама савори мошинҳои «Некси» ва «Опел»-ҳои кӯҳнаю вайронаанд.

Ахиран, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб Шокировро дидам, ки ҷиҳати тамом шудани бензини мошини тамғаи «Опел»-аш дар нимароҳ монда буд. Шояд дар ҳамин лаҳза беморе рубарӯ бо марг роҳи ӯро мепоид. Ҳамагӣ ду моҳ қабл Шокиров якҷо бо табибони дигари пиёдаву қисман савори ин беморхона барои аз чанголи марг наҷот додани журналисти шинохтаи ҷумҳурӣ Аслиддин Достиев бо тамоми ҳастӣ мубориза мебурданд. Бо таҷҳизоти кӯҳнаи аз дақиюнус боқимонда ин табибони камбағал ҳамарӯза даҳхо беморонро ба мисли ҳамкасби мо аз чанголи марг наҷот мебахшанд.

Табиби ҳозиқи дигар ҳам, ки басо мебинам аз саҳар то шом рӯйи по рост асту машғули табобати кӯдакон Сӯҳроб Сайдалиевро ҳам мудом баъди кор «Тангем»-савор мебинам. Аҷибаш ҳамин аст, ки ин табибони камбизоат мудом машғули табобати «Ҷип»-саворон ё пайвандони оҳоянд.

Яке аз чунин сарватмандон васфи табиби хеле ҷавони беморхонаи вилоятӣ Дилшод Холматовро мекард, аммо нагуфт, ки ин табиби умедбахши соҳаи асаби минтақа аз неъматҳои моддӣ то куҷо таъмин аст. Гумон дорам мегуфт, худ шарм медошт. Искандар Мирзоев, ки мошини беҳтар дорад «Хундай Тюксан» мошинро дар роҳҳои сангӣ онқадар оҳиста ва боэҳтиёт меронад, ки ту гуфтӣ агар ин мошин шиканад дигар велосипед харида наметавонад. Ман аз боби шароити фаолияти ҳамшираҳо ва бародарони шафқат чизе намегӯям. Фақат ҳамин чизи маълумро ёдрас мекунам, ки ин тоифа бо 400 сомонӣ маош соле камаш ду маротиба аз ҳисоби худ барои  семинар гузаштан ба пойтахти кишвар фиристода мешаванд. Гоҳо табибони ҳозиқи фироркарда, барои семинар гузаронидан ба Кӯлоб меоянд, аммо аз иштирокчиёни семинар, ки асосан ҳамшираҳои нодору бечораанд, то ду маошашонро мерӯёнанд. Ин дар ҳоле, ки малакаи баъзеи ин ҳамшираҳо ва бародарони шафқат бештар аз табибони маълумоти олидор аст. Бовар намекунед? Марҳамат, санҷида бинед, ки масалан ҳамшираҳо ва бародарони собиқадори шафқати беморхонаи №2  аз шӯъбаи Эҳёгарӣ Адолат, Анварбӣ Чупонова, Ҷамшед ё ҳамшираи беморхонаи бемориҳои сили вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб Дилафрӯз Раҳмонова дар муолиҷаи беморон ба чӣ қодиранд. Шахсан худ шоҳиди ҳол будам, ки Адолат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте табибони камҳавсала аз Кӯлоб гурехта рафтанд, шабу рӯз бо эпидемияи домана даст ба гиребон буд. Касе намегуфт, ки ин духтар маълумоти олӣ надорад. Гоҳо шаб то ба рӯз ройгон (!) болои сари бемор менишаст, саҳар шавҳар ба сари ӯ мушт мебардошт, боз пайвандони бемор омада ҷонашро халос мекарданд. Рӯзи дигар ин ҷавонзан ба оби чашми пайвандони бемор раҳмаш омада, боз бе иҷозати шавҳар (аздусар шавҳар иҷозат намедод) ба сари болини бемор мерафт, боз шавҳар… Бо ин ҳол Адолат даҳҳо беморро аз чанголи марг кашида гирифта наҷот дода буд, то ҳанӯз ҳамааш зиндаю саломат ҳастанду баъзеашон аз носипосӣ ҳатто ба тӯйи фарзандонашон ӯро даъват намекунанд!

Аз фурсат истифода бурда ба вазири тандурустии ҷумҳурӣ муроҷиат карда мепурсам, ки магар вақти он нарасидааст, ки барои ҳавасманд кардани дигарон ба чунин ҳамшираҳо барои хизмати шоён нишон ё мукофоти дигари бигзор камбаҳо диҳед? Ҳақиқатро дар бораи фидокории онҳо метавон аз беморони шифоёфта  пурсид.

Кош Салимов вазир мешуду ин кори хайрро ба сомон мерасонид.

Ид муборак!

Аз фурсат истифода барда, аҳли эҷоди «Пайк» тамоми кормандони тибби минтақаи Кӯлобро бо иди касбиашон 17 август, ки ба рӯзи мавлӯди Пешвои табибони ҷаҳон Шайхурраис ҳазрати Абӯалӣ Ибни Сино рост меояд, табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, дасти гиро, чашми бино ва киссаи доро таманно дорам.

Се дастгоҳи нодиреро, ки закрашон дар ин матлаб рафту барои сокинони минтақа чун боду ҳаво зарур ҳастанд, дар ин рӯзҳои иди Қурбон ва рӯзи табибон аз даргоҳи Худованд талаб дорем. Бигзор ваъдаҳои додаи собиқ вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш иҷро нашуданд, бо изни Худо иҷро шаванд.

Аҳмади Иброҳим

Комментарии  

 
#1 Карим 24.08.2018 05:32
Саимов зур буд
Цитировать
 
 
#2 Рустам 07.09.2018 10:52
Як сол пеш дар беморхонаи вилояти №2ш.Кулоб падарам бистари буданд.Ва барои муаян кардани бемориаш духтурон гуфтанд,ки бояд аз чанд ташхис гузарад мо рози шудем аммо чи?Аммо духтурони ташхисгох гуфтанд,ки мо реактив надорем ва моро равон кардан ба ташхисгохи хусусии "Диамед"нарх дар ин ташхисгох дар осмон.Бовар кунед аз осмон ситора овардан арзонтар меафтад.Кас фикр мекунад,ки мардуми ин шахр "долар" ва ё "евра" маош мегирифта бошад.Дар хакикат Насимчон Олимзода нисбати беморхонаи №1дар минтака чора чуи карда ёрдами худро расонад!!!
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru