Пайк

ХАБАРҲО

Тоҷикон ба Русия кӯч мебанданд

Тибқи иттилои Федератсияи муҳоҷирон, Вазорати умури дохилии Русия дар нимсолаи 2018, аз январ то июн 8 216 812 нафар муҳоҷири хориҷиро сабт кардаанд, ки аз теъдод— 1 131 392 нафарашон шаҳвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботи тахминӣ ҳаррӯз 90 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро мегиранд.

ӯзбекон якум, тоҷикон дуюм…

Дар ҳисоботе, ки аз ҷониби Вазорати умури дохилии Русия интишор ёфтааст, дар гирифтани шаҳвандии Русия дар ин шашмоҳа шаҳрвандони ӯзбекистон зиёд шаҳрвандии кишвари Русияро ба даст овардаанд.  Чунончи дар ҳисобот омадааст аз ӯзбекистон - 2 247 519 нафар, Тоҷикистон — 1 131 392 нафар,  Чин — 663 779, Украина — 858 162 ва аз Қирғизистон 411 321 нафар мебошанд. Пойтахти Русия шаҳри Маскав, ки  дар маркази таваҷҷуҳи муҳоҷирони корӣ  қарор дорад 855 ҳазору 580 муҳоҷири хориҷӣ сабт шудаанд.   Дар ин радиф Вазорати корҳои дохилаи Русия шумораи муҳоҷироне, ки ҳадафашон кор аст, дақиқ нашр кардааст. Муҳоҷироне, ки ҳадафашонро кор нишон додаанд, дар Русия ба 2 миллиону 676 ҳазору 580 нафар баробар шудааст. Ки аз ин шумора муҳоҷирони меҳнатӣ аз ӯзбекистон- 1 116 598 нафар,  Тоҷикистон — 551 504 нафар, Украина — 238 655 ва Қирғизистон- 161 839 нафарро ташкил медиҳанд. Тайи моҳҳои январ — июни соли 2018 беш аз 126 ҳазору 412 нафар шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ин нишондод соли 2017 — 125 279 нафар ва 2016 ба 133 603 нафар баробар буд.  Тайи шаш моҳи аввали соли равон шаҳрвандони кишварҳои зерин табааи Русияро гирифтаанд:  Украина — 39 582 нафар, Қазоқистон — 21 266 нафар, Тоҷикистон — 16 324 нафар, Арманистон — 12 989 нафар, Узбакистон — 9 879 нафар, Молдова — 7 759 нафар ва Озарбойҷон — 5 668 нафар.

Вазорати муҳоҷират чӣ мегӯяд?

Ин ҳисоботи Вазорати корҳои дохилаи Русия дар ҳолест, ки қаблан дар нишасти матбуотии 26-уми июли соли ҷорӣ вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  Сумангул Тағойзода дар Душанбе гуфта буд, ки феълан ҳоло дар қаламрави Федератсияи Русия 1 121 337 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 250 ҳазор шаҳвандони Тоҷикитон ба Русия рафтаанд, ки аз 218 ҳазору 760 нафар мардҳо ва 32 ҳазору 487 нафарро занҳо ташкил медиҳад.

Аммо ба таъкиди вазир на ҳамаи онҳо муҳоҷирони меҳнатиянд ва теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро 664 ҳазор нафар арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Сумангул Тағойзода сафари шаҳрвандон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Беш аз 240 ҳазор муҳоҷир дар ин давра ба Русия ва наздик ба 7 ҳазор ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Тағойзода таъкид карда буд, ки дар дар баробари мардон занони тоҷик низ дар қаламрави Русия кору фаъолият мекунанд, ки қисми зиёдашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Ба кӣ гирифтани шаҳвандии Русия осон аст?

Вазорати умури дохилии ФР қаблан моҳи гузашта тарҳи қонунеро омода кард, ки мувофиқи он мутахассисони моҳири хориҷӣ пас аз як соли кор дар Русия метавонанд шаҳрвандии ин кишварро  ба даст оранд. ВУД Русия пешниҳод мекунад, ки тартиби гирифтани шаҳврандӣ барои хориҷиёни соҳибихтисос осон шавад. Тавре муовини аввали вазири умури дохилаи Русия Александр Горовой хабар дода буд, пештар мутахассисон метавонистанд пас аз се соли фаъолият дар кишвар шаҳрвандӣ ба даст оранд, қонуни нав ин мӯҳлатро то 1 сол кам хоҳад кард.

Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Президенти Русия Владимир Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид карда буд. Владимир Путин дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия гуфта буд, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад. Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад. Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд.

Ба гуфтаи вакил, дар ҳоли сода кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, хориҷиёни бештаре ҷалб мешаванд. Зеро бештари нафаронеро, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудан мехоҳанд, ҳуҷҷатгузорӣ ва давутози зиёд метарсонад.

Тоҷикон зани рус мегиранд...

Чандин сол сипарӣ мешавад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба занҳо рус оила барпо мекунанд, зеро дар ҳоли оиладор шудан бо шаҳрванди Русия барои муҳоҷир имкони гирифтани шаҳрвандӣ зиёд ва осон мешавад. Аксари лн муҳоҷироне, ки аз таърихи гирифтани зани рус ва шаҳрвандии Русия нақл мекунанд, аввал эшон зани мувофиқ ва ба пул муҳтоҷро дарёфта пас он пешниҳоди оиладор шуданро иброз мекунанд ва баъд аз оиладор шудан зуд барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷат месупоранд. Аввал ба шаҳодатномаи хориҷии муҳоҷир муҳри сесолаии шаҳрвандии Русия зада мешавад ва пас гузашти як сол боз шаҳодатномаи панҷсола ва пас аз он шиносномаи Русия дода мешавад. Ин усули ба дастории шаҳрвандиро аксари муҳоҷирон истифода бурда, пас аз шаҳрвандии Русияро ба даст овардан, бо оилаи рус расман ҷудо мешаванд.

Имрӯз дар баробари ин ва дигар роҳҳо ҳар як муҳоҷири кории тоҷик орзӯ мекунад, ки ҳар чи зудтар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шавад, то аз ҳуҷҷатгузориҳои ҳармоҳаву иҷозатномаҳои солона озод шавад.

Нуралӣ Карим

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru