Пайк

ХАБАРҲО

Тоҷикистон хост будубоши шаҳрвандон дар Русия содда шавад

Тоҷикистон хостори содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандонаш дар Русия шуд. Ин масъала 31 май дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ гашт.

Хадамоти матбуотии перезиденти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот масъалаи "баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони корӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Русия" низ баҳс шуд.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Шароити сахти будубош дар Русия, бидуни ягон сабаб ронда ё рӯзу ҳафтаҳо дар боздошт нигоҳдорӣ шудан аз ҷумлаи мушкилотест, ки дар он кишвар домангири муҳоҷирони тоҷик аст. Аммо барои чархондани зиндагии хонаводаҳои бузурги худ дар Тоҷикистон аксаран ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва боз ҳам бо оғози фасли гармо рахти сафар мебанданд.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, 30 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Вай дар чаҳорчӯби сафараш дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) дар Душанбе иштирок мекунад.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru