Пайк

ХАБАРҲО

Сабаби марги Рӯҳафзо кист?

 

Имрӯз 20 декабр духтараки 13 солае ҷон ба ҳақ таслим кард, ки пайвандонаш беморхонаҳои шаҳри Кӯлобро сабабгори марги ӯ медонанд.

Шарипова Рӯҳафзо истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб маҳаллаи Тӯдакафш бино бар иттилои бобояш Шарифхон Шақурбонов гирифтори бемории зуком шуд. ӯро ба беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб оварданд. Баъди ташхиси дурӯза табибон ба хулосае омаданд, ки духтарак гирифтори зуком набуда, балки мубталои бемории қанд аст.

Шокиров, иҷрокунандаи сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо «Пайк» иброз дошт: «Беморро оварданд. Ташхис кардем, қандаш дараҷаи як буд. Бинобар ин мо ӯро ба беморхонаи индекренологӣ равон кардем.»

Ва аммо Шокиров гирифтор шудани кӯдакро ба бемории зуком ва пайи он гирифтор шудани ӯро ба бемории минингит ва инсефалит инкор намекунад. Дар охир Шокиров иброз дошт, ки бемориаш гузаранда набуд, барои ин мо иҷозат додем, ки ӯро баранд.

То ин дам духтарак хеле беҳолу бемадор шуд, ки ҳатто ёрои роҳ рафтан надошт. Пайвандонаш духтаракро рӯйи даст бардошта, барои ташхиси бемории қанд ба беморхонаи индекринологии шаҳр оварданд. Баъди боз ҳам ташхису табобат ӯро равонаи беморхонаи кӯдакона карданд. Аз онҷо беморро рӯйи даст бардошта ба беморхонаи вилоятии №2 шаҳри Кӯлоб оварданд.

Хуллас, кӯдакро аз як беморхона ба беморхонаи дигар кӯчонда бурданду гӯё бемориашро муайян карда натавонистанд. Саранҷом кӯдак ҷон дод.

Саволе бе посух мемонад, ки чаро бемори гирифтори зуком ва минингитро, ки бешак бемории сироятӣ аст аз беморхонаи бемориҳои сироятӣ ҷавоб доданд.Агар кӯдак гирифтори бемории қанд бошад, чаро як рӯз баъд аз бистарӣ шуданаш ӯро аз беморхонаи индекринологӣ ҷавоб доданд?

Шоқурбонов мегӯяд наход дар беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб ташхисгоҳҳои дуруст набошад, ки бемории шахсро муайян кунанд? Аз ҳамаи беморхонаҳо фақат дар беморхонаи кӯдакона дидем, ки дар ҳақиқат инсон қадру қимат дорад. Ҳама ҷо тозаю озода буду табибон 24 соат рӯйи бемор рост меистоданду табобат мекарданд. Чунин низом дар дигар беморхонаҳо мушоҳида нашуд.

«Пайк»

Комментарии  

 
#1 Рустам 20.12.2017 04:54
Табибони одамкушро чазо дихед!
Цитировать
 
 
#2 f 15.02.2018 12:06
:sad:
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru