Пайк

ХАБАРҲО

"Барқи тоҷик" гуфт, лимит ҷорӣ намешавад

Ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки дар фасли зимистон дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва сокинон бе маҳдудият барқ хоҳанд гирифт. Ҳамасола дар фасли зимистон аҳолии Тоҷикистон тариқи реҷа ё лимит барқ мегирифтанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 24-уми октябр бо пахши як хабарнома гуфт, бунёди нерӯгоҳҳо ва Маркази барқу гармидиҳӣ имкон медиҳад, ки сокинон дар давраи зимистон бе маҳдудият барқ бигиранд. "Барқи тоҷик" ҳамзамон аз сокинон даъват кардааст, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 14 октябр дар мулоқот бо соҳибкорон гуфт, ки соли гузашта дар ин рӯзҳо аҳолӣ аллакай барқро бо маҳдудият дарёфт мекард - ҳамагӣ 10 соат дар шабонарӯз.

"Аммо тавре мебинед, лимит ҷорӣ нашудааст. Мо тасмим дорем, лимитро комилан бекор кунем. Аммо аз худи сокинон, ба вижа аз соҳибкорон вобаста аст, ки барқро чӣ гуна истифода мебаранд", - афзуд президент.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки охири соли оянда нахустин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кор медарояд ва бо роҳандозии чархаи дувум камбуди барқ комилан рафъ мешавад.

Соли гузашта лимити барқ дар Тоҷикистон расман 1 ноябр эълон шуд. Он замон лимит ба ҷуз аз пойтахт ва шаҳрҳои калони кишвар, ҳама минтақаҳоро фаро мегирифт.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru