Пайк

ХАБАРҲО

Рӯзгор

Дар қисмати шимолии шаҳри Кӯлоб пирамардеро бо лақаби Мусича бисёриҳо мешиносанд. Касби ӯ ҳамарӯза кофтани партовҳост. Се халта дорад-якеро ба пушт ва дуи дигарро дар дастонаш гирифта, партов ба партов мегардад. Либосҳо ва сару рӯяш хеле ифлос аст. ӯро дар ин қисмати қисмати шаҳр ҳамарӯза даруни партовҳо мебинам. Қади аз миёна пасттар, мӯи сари дароз ва риши сафед дорад. Гарчанде, ки синну солаш аз рӯйи тахмин ба 70 сола наздик бошад ҳам, қоматаш рост асту ҳаракатҳояш ба пирон монанд нест. Маълум аст, ки дар ин ҷуссаи начандон калон ҳоло нерӯйи зиёд ниҳон аст. Ҳамин аст, ки бо се халтаи на камтар аз 10 килограмм вазн дошта, ҳамарӯза чандин километрро тай мекунаду боре дам намегирад. Ҳар бор ба худ савол медодам, чӣ кас аст партовков, барои чӣ мусичааш мегӯянд, чӣ мекобад, ҳамаи бозёфтҳояшро куҷо мебарад? Дар романи нависандаи Укроин Николай Василевич Гогол «Ҷонҳои мурда» (Мёртвые души) персонаже аст бо исми Плюшкин. Бо вуҷуди он, ки ин шахс хело бодавлат аст, ончунон хасис аст, ки ҳар чизеро аз кӯча ёбад ба хона мекашонад. Дар хонааш кӯҳи ашёи нодаркор ғарам гаштааст, аммо боз мехи зангзада ё сатили пусидаеро ёбад, гирифта оварда рӯйи он ғарам мепартояд. Чунин персонаж дар адабиёти Ғарб ҳам ҳаст бо исми Гарпагон. Гумон кардам Мусича ҳам мисли ҳамон персонажҳо аст. Ба худ андешидам, ки шояд дар хонаи ӯ ҳам кӯҳи партовҳо бошад, аммо не…

Нахуст дар як сӯҳбати сарироҳӣ номзади улуми сиёсатшиносӣ Додарбек Сайдалиев дар омади гап аз Мусича ёдовар шуд. Гуфт: «Ин шахси хело ифлосу зишт, мегӯянд замоне ҷавони зебо буд. Он вақт дар маҳаллаи Чарм Гарон зиндагӣ мекарду ҳама духтарони атроф ба ӯ ошиқ буданд.»

Ҳуш аз сарам парид. Дар навҷавонӣ ман ӯро хуб мешинохтам. Мусичаеро ба хотир овардам, ки дар ҷавонӣ рашки ҷавонону духтарон буд. Дар маҳаллаи мо истиқомат мекард. Солҳои 70-уму 80-ӯм мардум назар ба имрӯза хело муттаҳид буданду ба якдигар муҳаббати зиёд доштанд. Ҳар бегоҳ пиру барнои маҳаллаҳои Чарм Гарон ва Нон бои поён дар назди кинотеатри «Спутник», мустақар дар пушти автовокзали Кӯлоб ҷамъ меомаданд. Гурӯҳе аз ҳамсояҳо нишаста сӯҳбат мекарданду қисме аз ҷавонон қиморбозӣ, гурӯҳи дигар то саршавии кино бо якдигар дар назди касса рост истода дидорбинӣ мекарданд. Он вақт пирамардону кампиракҳо ҳам, ҳама кори хонаро партофта, бегоҳ ба тамошои филмҳои ҳиндӣ ё «Кинг-Конг» меомаданд. Мардум онқадар софдилу бекина буданд, ки як авбоши собиқадор ё собиқаи зиёди маҳбаснишинӣ дошта ба монанди Сангак Сафаров, метавонист бемалол бо як зиёӣ ё мулло нишаста дар кадом мавзӯе сӯҳбат кунад. Касе ҳам на муллоро айб мекарду на авбошро.

Ана дар чунин маҷлисҳои назди кинотеатр пайдошавии Мусича барин, ба истилоҳи имрӯза «модел», воқеаи хурд набуд. Даҳону биннии мақбули духтарон, мӯйлабҳои сиёҳу дурусти ҳарфи «п», мӯйи сари то китф дарозу каме ҷингилаи ялаққосӣ, дасту по ва қади меъёрӣ, чашмони сиёҳу мижжаҳои дароз, лаҳни ширин ӯро хеле дилкаш мекарданду ситорагарм. Махсусан духтарон пинҳонӣ аз волидайнашон дуздида-дуздида ба ӯ нигоҳи бомуҳаббат мекарданд. Ҳамаи ин аз назари мо навҷавонон пинҳон намемонд. Мо дар қиёфа ва тарзи либоспӯшӣ ба ӯ тақлид мекардем. Нахустин шуда ҳамин Мусича ба майкаи аз зери курта намоён нақшҳои чакан дузонда ба бар мекард. Туфлиҳои нӯгашон чун сӯзан тезро ҳам ба гумонам нахустин шуда Мусича мепӯшид. Дар миён гиреҳ бастани курта, пеши бари кушода, почаҳои то ба 45 см. васеъ (клёш), киссаҳо дар бари рон, як гули садбарг дар киссаи пеш ё пушти гӯшро ҳам аввалин шуда ҳамин ҷавон ба кӯча овард.

Ҳамон рӯзгор, худ мисли Мусича зебо буд… мисли хоби ширин гузашт.

Имрӯз ҳамин Мусича ёдгор аз он рӯзгор аст. ӯ шабаҳи ҳамон ва ҳамин рӯзгор аст-он вақт хеле зебо, имрӯз хеле ва хеле… хуллас партовков.

Билохира вазъият даст доду Худо розӣ шуду бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам. ӯ дар бораи овони ҷавонӣ хеле бо ҳарорат сӯҳбат кард, мисли он, ки мо дар ин мавод қисса кардем. Сипас аз рӯзгори имрӯзаи ӯ пурсидам, ки гуфт:

«Исмам Маҳмадулло Абдуллоев. Ҳоло касбам партовковист.  Аз саҳар то бегоҳ ҳама партовҳои маҳаллаҳои Борбад, Шоҳин, Якуми Май ва атрофи ин маҳаллаҳоро гашта шиша, оҳан ва коғаз меғундорам. Бегоҳ ҳамаи инро дар ҷойҳои махсус фурӯхта, 5-6 сомонӣ кор мекунаму бо ҳамин маблағ рӯз мегузаронам. Дар хонаи бародарам зиндагӣ мекунам, ризқамро аз рӯйи ҳамин касб худам меёбам. Зан ва фарзанд надорам. Соле қабл аз партовҳо чизе пайдо карда наметавонистам. Началники КЖКП номусалмон буд, ки партовҳоро саҳар ҳанӯз субҳ надамида кашонда мебурд. Доимо қуттиҳои партов холӣ буданду об зада руфтагӣ. Худо началникҳои ҳозираро баракат диҳад, баъзе аз партовҳоро ду-се ҳафта ҳам намебаранд. Барои мани бечора ашё бисёр аст. Вазминӣ дар ҳамин аст, ки вақтҳои охир ҳамкасбони ман зиёд шудаанд. Даҳ то 15 ҳамкасб дорам. Лекин началникҳо баракат ёбанд, ки ҳамаи мо ризқу рӯзиамонро меёбем…»

Барои мардум панд аст мавҷудияти Мусича барин махлуқ. Бубинед, ки рӯзгор бо он қиёфаи зебо ва либосҳои фохира чӣ кард. Шукри тани сиҳату неъмати имрӯз бояд кард, то фардо чун ҳама чиз аз даст рафт, ёди ин рӯзгор зиндагиатро рангин гардонад. Гумон дорам рӯзгори имрӯзаи Мусичаро рӯзгори гузаштаи ӯ рангин месозад, набошад кас намедонад ин мард ба чӣ хотир зиндагӣ мекунад…

Молик

Комментарии  

 
#1 Бобочон 03.10.2017 02:03
Рузгор оинаро мухточи хокистар кунад
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru