Пайк

ХАБАРҲО

Чаро сарбоз қасди тарконидан дошт? (Акс)

Як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми кӯшиши тарконидани худ ва як ҳамхизматаш безарар гардонида шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон  ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин сарбоз аз куҷое норинҷак (граната)-ро аз худ карда, қасди тарконидани худ ва ҳамхизматашро доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамхизматаш бо каме захмӣ шудан наҷот дода шуда, аммо худи он сарбоз безарар гардонида шуд.

"Аз куҷое граната пайдо мекунад ва қасди таркондани худу ҳамхизматаш доштааст, аммо мақомот худи ин сарбозро безарар карда, сарбози дигар бошад каме захмӣ мешавад. Ин сарбоз аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Қалхозобод)  будааст. Ҳоло нисбати ин ҳодиса додситони ҳарбии Хорӯғ парванда боз кардааст, тафтишот рафта истодааст",-гуфт манбаъ

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки қарор аст, ки ҳамин лаҳзаҳо ҷанозаи ин сарбоз гузаронида шавад.

Раҷабов Абдулло, раиси ҷамоати шаҳраки Балхӣ ба "Пайк" гуфт, ки ҷасади ин сарбозро дирӯз бегоҳӣ оварданд ва қарор аст, ки ҳамин лаҳзаҳо ҷанозааш дар масҷид гузаронида шавад. Раҷабов илова кард, ки ин сарбоз Сафарбек Хонов буда, соли таваллудаш 1997 мебошад.

Баҳром, як ҳамсояи Сафарбек Хонов ба "Пайк" гуфт, ки ҳама дар ҳолати шок қарор доранд ва касе чизе намедонад, ки ба ин сарбоз чӣ шудааст. Баҳром илова кард, ки ҳама дар ҷанозаи Сафарбек қарор доранд.

Аммо Шодибек Хонов, бародари Сафарбек Хонов дар як сӯҳбати кӯтоҳи худ ба "Пайк" аз Русия тавассути телефон гуфт, ки бародараш пеш аз ин ҳодиса ба бародари дигараш тамос гирифта пул талаб мекунад ва мегӯяд, ки агар пул надиҳад мушкилӣ пеш меояд. Шодибек илова кард, ки баъди ин, чунин кор рӯх дод. Ӯ гуфт, ки дар бадани бародараш осори як тир ва биннии шикаста мушоҳида кардаанд.

"Сафарбек як прапоршик қати ҷангашон мешавад ва ӯ ба бародари дигарам мегӯяд, ки 8 ҳазор рубл рои кун, ки проблема мешавад, агар рои накуненд ва маро инҷо тинҷ намегузоранд. Он прапоршик сокини ҳамон ноҳияи Дарвоз будааст",--илова кард Шодибек Хонов.

Хонаводаи Сафарбек гуфтанд, ки он як солу шаш моҳи пеш ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Ҳамдеҳагон аз ӯ тавсиф карданд, аммо гуфтанд, ки дар рӯи ҷанозааш аз тамоми мақомотӣ вилоят иштирок доштанд, вале касе барои гирифтани аксу видео иҷозат надод. нанд. Шодибек Хонов низ гуфт, ки ҳатто ба хонаводаи онҳо иҷозаи гирифтани аксу видео аз сӯи мақомот дода нашудааст.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Комментарии  

 
#1 Манучер 12.09.2017 01:39
Сарбоз дар холати каравул буданаш як боро мекапат ки Дарон бор камадиронам куш будааст камандир вада медихат ки ту хап кун ба касе чизро нагу ман ба ту пул чанкаи хохи ва отпуск медихам аз паен чан вакте мегузарат камандир дар вадахи додахаи наместат сарбоз ба пешаш меравад мегуят ки ман ба хама мегуеам ки фалон камандиро ман бораша капидам дар вакти каравулиям вае камандир бо ду афсари шерикаш мегуят ки ин сарбозро нобут кадан даркор як жояшуда онхо ба одамони берун занг зада мегуетки мо ин сарбозро илочаша наёфтм биёед инро нобут кунет 4-5 нафар омада ин сарбозро санаи 25 такрибан соати 10:30 мебаранд ва гар намегардат сарбоз УРО лату куб мекунан мегуенд ту ба касе гуфти аз ин бори капидахат мегует ман дар навор гирифтам хамаи кори гузаштаро чикори мекунед фонда надорад шуморо мёбан ба махкама кашида мешавед Вахо ин сарбозро дасту поеашро баста ба бадани у оби жушомадаги мерзанд мегуен ту ба ки доди тлифони навор гирифтаро наворхо дар ки астан сарбоз намегуед ки дар ки додаст.
Цитировать
 
 
#2 Манучер 12.09.2017 01:48
Бад УРО зада мекушан бад УРО аз масофаи 2 метро мепаронан дар дишаш леки сарбозро азоб дода куштан пас мепаронан бад УРО дар як курпаи даридаги печонда ба ноихаи калзозобот равно мекунан санаи 26 ба падари сарбоз мегуен ки писаратон кисми харбиро гаравгон гирифт МО хичи карда натонистем УРО бо синаепер парондем . лекин дар асл бегунох мурдахам
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru