Пайк

ХАБАРҲО

Сардори молия дурӯғ мегӯяд ё сардухтур?

Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб

Ҳамасола аз буҷаи кишвар барои таъмири муассисаҳо маблағҳои кофӣ   ҷудо мегардид, имсол бошад барои таъмири беморхонаҳо ва аксар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо нагардидааст.

Табибон аз маош беморхонаро таъмир карданд

Дар давоми имсол барои таъмири беморхонаҳо танҳо аз худи духтурон ва ҳамшираҳои шафқат маблағ барои таъмир  ҷамъоварӣ  карда истодаанд, ки ин ҳам бошад муқобили қавонони ҷории кишвар мебошад. Чунин беназоратию беэътиноиро дар беморхонаи Вилоятии шаҳри Кӯлоб ва таввалудхонаи минтақавии мустақар дар шаҳри Кӯлоб дидан мумкин аст. Дар ин беморхона масъулин аз ҳар табиби хурду миёна ва ҳатто фаррош барои таъмир маблағ ғундоштанд. Маблағ муайян аст  аз ҳамшираи шафқат 100 сомонӣ  аз табиби маълумоти олидор 150 сомонӣ ва аз фаррошон 70 сомонӣ гирифтаанд.

Доир ба масъалаҳои болозикр сардухтури тавваллудхонаи минтақаи Кӯлоб Зуфнун Ёрмадова дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: "мо имсол аз ягон нафар, барои таъмир ягон маблағ ҷамъ накардаем, ин қарори профсоюз мебошад, ки худи онҳо пул ҷамъ мекунанд, чӣ  кор мекунанд мо намедонем, ҳамаи инҳо дар салоҳияти худи онҳо медарояд, вале аз касе маҷбуран пул нагирифтаем".

Ба қавли дигар агар гӯем, ин гуна амалро маҷбурии ихтиёрӣ  меноманд.

Дар нишасти матбуотии моҳи июл муовини сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, оиди ин масъала хабарнигорон ба ӯ суол доданд, ки посух дод, ки чунин сухан нест, дар беморхона касе маблағ ҷамъ накардааст, вале ҳамоно баъди чанд лаҳза боз гуфт: ман худам ҳам пул додам, хай чикор мекунад?

Бале, дар воқеъ муовин дуруст қайд кард, ки барои таъмир маблағ ғундоштан кори хуб аст,  лек худ қазоват намо  хонанда, як хамшира дар айни ҳол 500 - 600 сомонӣ маош мегирад, нарху навои бозор рӯз то рӯз рӯ ба болоравӣ  дорад, бо ин миқдор маблағ метавон як оиларо ба ҳамаи маҳсулоти хӯрокворӣ  ва дигар мушкилоти рузғор таъмин намуд? Албатта не, боз дар ин мавсим, ки қариб ҳамаи онҳо барои хариди либоси мактабӣ  барои фарзандонашон пул қарз мегиранд.   Агар мабодо як ҳамшираи шафқат аз касе 5 сомонӣ гирифт, ҳатман аз ҳамаҷо санҷиш сари ҳамон духтур оғоз мешаваду ӯро дарҳол бо моддаи 247 қисми 3 парвандаи ҷиноӣ  мекушоянд, яъне бо гирифтани пора маҳкумаш мекунанд. Мӯҳтарам кормандони мақомотҳои дахлдор пеши роҳи чиновникҳоро гиред, то кормандони оддии беморхонаҳо бинанд, ки то чӣ андоза шумо қудрату нуфӯз доред!

Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб

Масъули таъмири беморхона Назарзода аст?

Бало ба паси ҳамаи ин амалҳои коррупсионӣ , бар мегардем сари масъалаи таъмир. Аз сабаби дар рӯхсатии меҳнатӣ  будани сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Назарзода Бахтиёр мо натавонистем оиди ин масъала маълумоте гирифта бошем, аммо Назарзода дар як сӯҳбати телефонӣ  ба мо чунин гуфт: “Имсол аз будҷа барои таъмир ягон маблағ ҷудо нашудааст.  Ҳоло мо ба додани рӯхсатпӯлӣ  банд мебошем.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки мӯҳлати рухсатиҳо ба анҷом расидаасту баъди як ҳафта дар тамоми муассисаҳо дарс оғоз мешаваду то ҳол ин ҷаноб дар бораи нақшаи пардохти рӯхсатпулӣ  сухан мегуфт!  Боз дар чанд ноҳияи дигар то ҳол кормандон маоши худро нагирифтаанд.

Роҷеъ ба ин масъала сардухтури беморхонаи вилоятӣ  дар шаҳри Кӯлоб чунин гуфт:

“Имсол аз будҷа барои таъмири беморхона маблағ ҷудо шудааст, аммо то ҳол мо намедонем чӣ қадар маблағ мебошад. Ҳоло чанд “бригада” дар атрофи беморхона ба таъмир банд мебошанд, ки мо бо онҳо шартнома надорем, ҳамаи инро худи Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб медонад, чун ҳамаи ин таъмиргаронро худи ӯ овардааст. Ҳоло бошад аксари ин кормандон мегӯянд мо корро партофта меравем чунки масъулини молия ба мо пул надода истодаанд”,--илова кард ӯ.

Пас, худ қазоват намо хонанда дар Раёсати молия бо ном шуъбаи аудит фаъолият мекунад, ки вазифаи онҳо санҷиши сарфи маблағҳои ҷудошуда  мебошад. Худи ҳамин маблағ барои таъмир ё маблағҳои  аз рӯйи қарори 600 ба даст омадаро бояд дар беморхонаҳо назорат кунанд ва изофанависиро ошкор намоянд. Ба ҳама маълум аст, ки бояд 30% маблағи қарори 600 барои худи бемор сарф шавад, аммо ҳайҳот, бемор ҳатто як “новакаин”-ро намебинад. Аммо шуъбаи аудитӣ  бошад, ҳамаи инро дида, чашм мепӯшад.  Инҷо гап сари 10-20 ҳазор нест, гап сари 100-200 ҳазор сомонӣ  меравад. Ҳоло бошад, худи сардори Раёсати молия ҳамаи корро як тараф монда ба таъмири беморхонаву меҳмонхонаи шахсиаш банд мебошад. Агар масъули таъмири беморхонаҳо  сардори молия  бошад, маълум аст, ки масъулини шуъбаи аудит, яъне зертобеин ба он беморхона наздик намешаванд. Ин матлаб албатта идома дорад, чунки корҳои пуштипардагӣ  дар Раёсати молия ба назар менамояд, ки зиёданд, мо инро ҳатман пайгирӣ  мекунем.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Комментарии  

 
#1 Динор Душанбе 24.08.2017 01:11
Назарзода албат устохои гастинисаи худша дар вакти бекори дар беморхона ба кор мебара, боз гастинса мебара, пулша аз бучет мета. Наход хами махинатсияра нафахмен?
Цитировать
 
 
#2 Давлат 24.08.2017 03:36
у нишастани главрача бин мегуй хамаи корш тамом шидай пулои карори 600 ба фикрм имсол бисе шидай
Цитировать
 
 
#3 Фаррух Кулоб 31.08.2017 13:18
Хардш супердуруггуан агар ухели дуруг наган хонаи далатира чхели шахси мекнан
Цитировать
 
 
#4 Фаррух Кулоб 31.08.2017 13:18
Хардш супердуруггуан агар ухели дуруг наган хонаи далатира чхели шахси мекнан
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru