Пайк

ХАБАРҲО

Фархор: боздошти сокини 23-солаи Афғонистон барои нигаҳдории 28 кило маводи мухадир

Мақомоти интизомӣ як сокини 23 солаи Ҷуҳурии исломии Афғонистонро дар ҳудуди ҷамоати Ғалаба ноҳияи Фархор бо 28 кило маводи мухадир боздошт кардаанд.

Як масъули Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар як амалиёти вижа онҳо аз ҳудуди ҷамоати Ғалаба Забиҳуллоҳ валади Нурулҳақи 23 соларо боздошт карданд. Ин манбаъ гафзуд, ки Забиҳуллоҳ сокини деҳаи Чармгарони вилояти Тахори Афғонистон буда, ҳангоми бозҷӯи аз он 28 кило маводи мухадир бозёт ва мусодира карда шуд.

ангоми бкофтуков аз дохили борхалтааш мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисии ВКД, 27 килую 340 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 520 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира карда шуд. Баъди мусодира маълум шуд, ки Забиҳуллоҳ бо худ 27 килову 860 грам маводи мухадир доштааст. Ҳоло нисбати ин ҳолат тафтишот оғоз шуда, нисбати ин шаҳрванди Афғонистон парванда боз шудааст",--гуфт манбаъ

Ин бори аввал нест, сокинони Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар хоки Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маводи мухадир боздошт мешавад.

Мақомоти марзбонӣ дар як нишати хабарии моҳи январӣ гуфта буд, ки дар оғози соли 2017 аллакай чанд ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ҳам сабт кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ду сокини шаҳри Кӯлоб бо ин ҷурм боздошт шуда буданд. Ба гутаи мақомот онҳо дар аввали сол 50 кило маводи мухаддир ва ҳам як силоҳ дар як амалиёти моҳи январ мусодира шуда, чор қочоқбари афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ безарар карда шуда буданд.

Дар маҷмӯъ, дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира шуда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Илова бар ин, 12 шаҳрванди Афғонистон, ки ба корҳои хоҷагидорӣ дар хатти сарҳад машғул буданд, аз сӯи сарҳадбонони тоҷик боздошт ва тибқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба намояндагони сарҳадбонони афғон таслим карда шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки 1400 километр марзи Тоҷикистону Афғонистон 1400 километр буда, яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru