Пайк

ХАБАРҲО

ВКД пайдо шудани ҷасади “тифли скочпечшуда” дар Ҳисорро дурӯғ хонд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон  овозаи ёфт шудани чаҳор ҷасад ва “тифли скочпечшуда”-ро аз рӯди Кофарниҳон бепоя хонда гуфтанд, ки чунин ҳодиса сабт нашудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба "Пайк" гуфтанд, ки рӯзи 14-уми август аз рӯдхонае дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади ҷавоне пайдо шуд, ки ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот маълум кардааст, ки ин ҷасади Хоҷаев Ҳасан, соли таваллудаш, 1997 сокини ноҳияи Ҳисор буда, рӯзи 10 август дар вакти оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарк шудааст.

"Ин як ходисаи нохуш аст ва мақомоти интизомӣ аз рӯи он санҷиши лозимӣ мебаранд",--гуфт манбаъ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ накунанд ва ҷони худро зери хатар нагузоранд. Инчунин, ин Вазорат хабарҳо дар баъзе аз сомонахо оиди дарёфти 4 ҷасад ва инчунин дар худуди ноҳияи Ҳисорро рад мекунад. Ёдовар бояд шуд, ки бархе аз расонаҳо  бо такя ба манобеъи худ хабар дода буданд, ки рӯзи 13-уми август аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Кони намкаи ноҳияи Ҳисор чаҳор ҷасади ғарқшуда ёфт шуда, ки дар миёнашон модару кӯдаки скочпечшуда буданд.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru