Пайк

ХАБАРҲО

Қаҳрамонии як марзбон дар Ҳамадонӣ. (Акс)

Як сарбози 19-солаи нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми наҷоти як кӯдак ҷони худро аз даст додааст.

Бахтовар Азимови 19 - сола як сол қабл баъди хатми мактаб - интернети №2 шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешавад ва ин сарбоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ хизматро шурӯъ карда, як ҳафта қабл ҳангоми наҷоти як кӯдаки даҳсола дар соҳили Корези оби чубек ҷони худро аз даст медиҳад. Шоҳидони ҳожиса мегӯянд, ки ин сарбоз як қаҳрамонӣ нишон дод, аммо аз об худро наҷот дода натавонист.

Басбӣ, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Саидқул Турдиевӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки замоне онҳо дар киштзор кор мекарданд овози доду фарёди занҳои гирид соҳиб баланд шуд. Хонуми Басбӣ гуфт, ки онҳо он замон расиданд, ки сарбоз бо либосҳои тан кӯдакро аз даруни об наҷот дод, аммо худ ҳаминқадар ҳаракат мекард, аммо аз об берун баромада наметавонист. У гуфт, ки онҳо ба сари мардони деҳа шитофтанд, ки сарбозро наҷот диҳанд, вале аз дасташон коре наомад.

"Дар гирду атрофи ин соҳил, ки аз дарёи Панҷ об ҷорӣ мешавад, сокинон ба кишоварзӣ машғуланд, яки овозӣ одамон баланд шуд. Мо ҳам омада дидем, ки як сарбоз ҷони кӯдакро наҷот дод, аммо худ кӯшиш мекард аз об баромада наметавонист. Мардон низ дар ҳамон ҳолат набуданд, як ду ҳамхизматаш  кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. То мо мардҳоро даъват кардем, ки алакай об ӯро нопадид карда буд",--гуфт мусоҳиби мо.

Мақомоти марзбонӣ мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ доранд ва рӯзҳои наздик аз қаҳрамонии ин сарбозонашон ба таври пурра ба расонаҳо иттилоъ хоҳанд дод.

Муҳаммад Улуғхуҷаев, котиби матбуотии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки дар ин маврид санҷиши хизмати рафта истодааст, пагоҳ ё рӯзи дигар дар мавриди қаҳрамонии ин сарбоз иттилоъ хоҳанд дод.

Шоҳидони ин ҳодиса мегӯяд, ки Бахтовар Азимов дар дидбонгоҳ хизмати Модар - Ватанро адо мекард, замоне дид, ки кӯдак дар об ғарқ шуд, яроқи худро ба замин гузошта ҷони худро дар об бо либосҳояш ҳавола дод ва кӯдакро берун овард, аммо худ ҷонашро аз даст дод. Ба гуфтаи масъулони судӣ - тиббӣ ҷасади ӯро ҳамон рӯз соати 17-10  баъди хушк кардани оби 30 метр дуртар аз зери куми рудхона берун оварданд ва ҷасадшро ба хонаводааш, ки дар Кӯлоб ба сар мебурданд интиқол доданд.

Бозоралӣ Абдурозиқов, яке аз наздикони Бахтовар Азимов, дар суҳбат ба "Пайк" гу3фт, ки ӯ аз хурдсолӣ модарашро аз даст дода, дар зери сояи амак ва зани ӯ бузург шуда буд. Абдурозиқов қисса кард, ки Бахтовар писаре буд, ки ба касеп озор намедод ва тамоми кори фармондаро ба душаш сарбаландона иҷро мекард. Ӯ гуфт, ки Бахтовар то дами марг дар кӯдаки 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб зиста, дар мактаб - интернат таҳсил карда, баъди хатми он соле қабл ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд.

Ёру дӯстони кӯдакии Бахтовар мегӯяд, ки ӯ боре ба касе сухани пасту баланд намезад, ин буд, ки дар роҳи Ватан - Модар ҷони худро аз даст дод, ки ин як қаҳрмонист. Ба гуфтаи дӯстонаш ҳар ҷавон дар сини 19 солгӣ мисли Бахтовар қаҳрамон шуда наметавонад. Шариф, яке аз дӯстони кӯдакии Бахтовар гуфт, ки ӯ ифтихор мекунад, бо як қаҳрамон ёру рафиқ буд.

Коршиносон низ мегӯяд, ки ба ингуна ҷавонон унвони қаҳрамонӣ дода шавад, то ба дигарон дар оянда ибрат шавад. Ин сарбозӣ нерӯҳои марзбонӣ як кӯдакро дар ҳоле аз ғарқшавӣ наҷот дод, ки чанди кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд ҷони сокинонро аз ғарқ шудан наҷот дода, аз сӯи мақомот қадрдонӣ шудаанд. Нерӯҳои марзбонӣ низ мегӯяд, ки онҳо сарбозӣ худро як қаҳрамон мешуморанд, ки ҷони худро дар роҳи мардумаш фидо кард.

Комментарии  

 
#1 Фаррух 10.08.2017 12:17
Маладес бехтар кор
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru