Пайк

ХАБАРҲО

Қаҳрамони "бакорат" ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. (Видео)

Додгоҳи ноҳияи Восеъ Зафар Пиров – ҳамсари Раҷаббии Хуршедро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Аз додгоҳи ноҳияи Восеъ ба «Пайк» гуфтанд, ки ин ҳукм ду ҳафта қабл содир шуд.

Зафар Пиров – ҳамсари Раҷаббӣ Хуршед, ки моҳи июн, баъд аз баҳси чиҳилрӯзаи бакорат ва истеъмоли сирко дар бемористон ҷон дод, як моҳ қабл бо қарори додгоҳи ноҳияи Восеъ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд. Зафар Пиров дар ҳоле ба ҳафт соли равонаи зиндон шуд, ки ду ҳафта қабл айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки ӯро ба ҳашт сол равонаи зиндон кунад. Аз додгоҳи ноҳияи Восеъ хабари ба ҳафт сол равонаи зиндон шудани Зафар Пировро ба "Пайк" тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки Зафар Пиров ду ҳафта қабл ба ҳафт равонаи зиндон шудааст.

Фирӯзи Хуршед, бародари Раҷабби Хуршед дар суҳбат ба «Пайк» гуфт, ки то охирон мурофия иштирок карданд ва додгоҳи ноҳия Зафарро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Ҷаноби Фирӯз гуфт, ки онҳо аз ҳукми баровардаи додгоҳ розиянд ва аз болои он шикоят нахоҳанд кард.

Ба ҳафт сол равонаи зиндон шудани Зафар Пиров дар ҳолест, ки прокурори  ноҳияи Восеъ моҳи июл  дар як нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи ҷиноии ба худкушӣ расондани Раҷаббӣ Хуршедро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод. Хонаводаи Раҷаббӣ шавҳари ӯро омили асосии марги духтарашон медонанд ва дар гузашта борҳо хостори боздошти ӯ шуда буданд. Зафар Пиров дар ҷараёни тафтиши парвандаи марги ҳамсараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд.

Аммо Зафар Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ, дар суҳбат ба "Пайк" гуфта буд, ки баҳси бакорат баъди шаби аввал маншаъ гирифт ва ӯ шубҳа пайдо кард, ки ҳамсараш нодухтар ба хонаи шавҳар омадааст ва ба ин мақсад духтарро барои ташхис ба Суд-экспертизаи шаҳри Душанбе бурданд. Зафар Пиров дар идомаи суҳбаташ қисса кард, ки баъди ташхис муайян шуд, ки духтар модарзодӣ будааст, аммо ӯ гуфта буд, ки бемории пуст доштанаш, ки модари арӯс ӯро фиреб карда буд, ки бемориии пусташ дар баданаш хурд аст, баъди издивоҷ маълум шуд, ки бемориаш бештар аст, ин ҳолат ӯро ба ташвиш оварда буд.

Аммо хонаводаи духтар бо исрор то ҳол мегӯяд, ки пеш аз издивоҷ онҳо домодашонро огоҳ карда буданд, ки духтарашон ба бемории пуст гирифтор аст, вале ӯ рози шуда буд, ки ин издивоҷро намегардонад ва бо Раҷаббӣ оиладор мешавад.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, ба "Пайк" бо чашми ашколуд қисса карда буд, ки духтараш баъд аз 1 моҳу 7 рӯзи издивоҷ даст ба худкушӣ зад, ки дар ин кор домодаш Зафарро гунаҳгор медонад, ки духтарашро маҷбур кардааст даст ба худкӯшӣ занад. Холаи Фазила гуфта буд, духтараш то синфи нӯҳум хонда, бинобар мушкили иқтисодӣ натавониста буд, ба таҳсилаш идома диҳад.

-Домод баъди тӯй духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам. Вале хушдоманаш розӣ нашуду гуфт, ки ҳамаи нофаҳмӣ ҳал шуд, аммо ин нофаҳми ва таънаи домод ба худкӯшии духтари ман анҷом ёфт,-гуфт Фазила Мирзоева.

Ин арӯси 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ се моҳ қабл хонадор шуда, дар сӯҳбати видеоии худ дар бемористон гуфта буд, ки ҳамсараш ба ӯ таъна мезад, ки нодухтар буда, ба хонаи шавҳар омадааст. Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки маҷбураш карданд, ки то ба ин роҳ биравад. Аммо хонаводаи домод ин ҳама иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯяд, ки зиндагии хубу хуш доштанд.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru