Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

Сардори молия дурӯғ мегӯяд ё сардухтур?

Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб

Ҳамасола аз буҷаи кишвар барои таъмири муассисаҳо маблағҳои кофӣ   ҷудо мегардид, имсол бошад барои таъмири беморхонаҳо ва аксар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо нагардидааст.

Табибон аз маош беморхонаро таъмир карданд

Дар давоми имсол барои таъмири беморхонаҳо танҳо аз худи духтурон ва ҳамшираҳои шафқат маблағ барои таъмир  ҷамъоварӣ  карда истодаанд, ки ин ҳам бошад муқобили қавонони ҷории кишвар мебошад. Чунин беназоратию беэътиноиро дар беморхонаи Вилоятии шаҳри Кӯлоб ва таввалудхонаи минтақавии мустақар дар шаҳри Кӯлоб дидан мумкин аст. Дар ин беморхона масъулин аз ҳар табиби хурду миёна ва ҳатто фаррош барои таъмир маблағ ғундоштанд. Маблағ муайян аст  аз ҳамшираи шафқат 100 сомонӣ  аз табиби маълумоти олидор 150 сомонӣ ва аз фаррошон 70 сомонӣ гирифтаанд.

Доир ба масъалаҳои болозикр сардухтури тавваллудхонаи минтақаи Кӯлоб Зуфнун Ёрмадова дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: "мо имсол аз ягон нафар, барои таъмир ягон маблағ ҷамъ накардаем, ин қарори профсоюз мебошад, ки худи онҳо пул ҷамъ мекунанд, чӣ  кор мекунанд мо намедонем, ҳамаи инҳо дар салоҳияти худи онҳо медарояд, вале аз касе маҷбуран пул нагирифтаем".

Ба қавли дигар агар гӯем, ин гуна амалро маҷбурии ихтиёрӣ  меноманд.

Дар нишасти матбуотии моҳи июл муовини сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, оиди ин масъала хабарнигорон ба ӯ суол доданд, ки посух дод, ки чунин сухан нест, дар беморхона касе маблағ ҷамъ накардааст, вале ҳамоно баъди чанд лаҳза боз гуфт: ман худам ҳам пул додам, хай чикор мекунад?

Бале, дар воқеъ муовин дуруст қайд кард, ки барои таъмир маблағ ғундоштан кори хуб аст,  лек худ қазоват намо  хонанда, як хамшира дар айни ҳол 500 - 600 сомонӣ маош мегирад, нарху навои бозор рӯз то рӯз рӯ ба болоравӣ  дорад, бо ин миқдор маблағ метавон як оиларо ба ҳамаи маҳсулоти хӯрокворӣ  ва дигар мушкилоти рузғор таъмин намуд? Албатта не, боз дар ин мавсим, ки қариб ҳамаи онҳо барои хариди либоси мактабӣ  барои фарзандонашон пул қарз мегиранд.   Агар мабодо як ҳамшираи шафқат аз касе 5 сомонӣ гирифт, ҳатман аз ҳамаҷо санҷиш сари ҳамон духтур оғоз мешаваду ӯро дарҳол бо моддаи 247 қисми 3 парвандаи ҷиноӣ  мекушоянд, яъне бо гирифтани пора маҳкумаш мекунанд. Мӯҳтарам кормандони мақомотҳои дахлдор пеши роҳи чиновникҳоро гиред, то кормандони оддии беморхонаҳо бинанд, ки то чӣ андоза шумо қудрату нуфӯз доред!

Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб

Масъули таъмири беморхона Назарзода аст?

Бало ба паси ҳамаи ин амалҳои коррупсионӣ , бар мегардем сари масъалаи таъмир. Аз сабаби дар рӯхсатии меҳнатӣ  будани сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Назарзода Бахтиёр мо натавонистем оиди ин масъала маълумоте гирифта бошем, аммо Назарзода дар як сӯҳбати телефонӣ  ба мо чунин гуфт: “Имсол аз будҷа барои таъмир ягон маблағ ҷудо нашудааст.  Ҳоло мо ба додани рӯхсатпӯлӣ  банд мебошем.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки мӯҳлати рухсатиҳо ба анҷом расидаасту баъди як ҳафта дар тамоми муассисаҳо дарс оғоз мешаваду то ҳол ин ҷаноб дар бораи нақшаи пардохти рӯхсатпулӣ  сухан мегуфт!  Боз дар чанд ноҳияи дигар то ҳол кормандон маоши худро нагирифтаанд.

Роҷеъ ба ин масъала сардухтури беморхонаи вилоятӣ  дар шаҳри Кӯлоб чунин гуфт:

“Имсол аз будҷа барои таъмири беморхона маблағ ҷудо шудааст, аммо то ҳол мо намедонем чӣ қадар маблағ мебошад. Ҳоло чанд “бригада” дар атрофи беморхона ба таъмир банд мебошанд, ки мо бо онҳо шартнома надорем, ҳамаи инро худи Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб медонад, чун ҳамаи ин таъмиргаронро худи ӯ овардааст. Ҳоло бошад аксари ин кормандон мегӯянд мо корро партофта меравем чунки масъулини молия ба мо пул надода истодаанд”,--илова кард ӯ.

Пас, худ қазоват намо хонанда дар Раёсати молия бо ном шуъбаи аудит фаъолият мекунад, ки вазифаи онҳо санҷиши сарфи маблағҳои ҷудошуда  мебошад. Худи ҳамин маблағ барои таъмир ё маблағҳои  аз рӯйи қарори 600 ба даст омадаро бояд дар беморхонаҳо назорат кунанд ва изофанависиро ошкор намоянд. Ба ҳама маълум аст, ки бояд 30% маблағи қарори 600 барои худи бемор сарф шавад, аммо ҳайҳот, бемор ҳатто як “новакаин”-ро намебинад. Аммо шуъбаи аудитӣ  бошад, ҳамаи инро дида, чашм мепӯшад.  Инҷо гап сари 10-20 ҳазор нест, гап сари 100-200 ҳазор сомонӣ  меравад. Ҳоло бошад, худи сардори Раёсати молия ҳамаи корро як тараф монда ба таъмири беморхонаву меҳмонхонаи шахсиаш банд мебошад. Агар масъули таъмири беморхонаҳо  сардори молия  бошад, маълум аст, ки масъулини шуъбаи аудит, яъне зертобеин ба он беморхона наздик намешаванд. Ин матлаб албатта идома дорад, чунки корҳои пуштипардагӣ  дар Раёсати молия ба назар менамояд, ки зиёданд, мо инро ҳатман пайгирӣ  мекунем.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шаҳритус: 20 нафар Алишер ва Хуршедро барои чӣ латукӯб карданд?

Падари як ҷавон дар ноҳияи Шаҳритус иддао дорад, ки писар ва дӯсти писарашро рӯзи 13 август як гурӯҳ ҷавонон зери латукуби қарор дода аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Ба гуфтаи хонаводаи ин ҷавон ҳоло ҳардуи онҳо ҷароҳати вазнин бардошта дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбати ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса шоми 13 уми август рӯх дода, беш 15 ҷавони деҳаи Айвоҷи ҷамоати Ҷура Назаров дар як тӯй маст шуда, ин ду ҷавонро зери латкуб қарор медиҳанд, ки ин ду ҷавон ҷароҳат бардошта ба бемористон оварда мешавад. Ин манбаъ гуфт, ки ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Элмурод Ярқулов, мудирӣ шӯъбаи ҷароҳҳӣ беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбат ба "Пайк" гуфт, ки ин ду ҷавонро дар ҳолати вазмини миёна ба шӯъбаи ҷароҳҳӣ ворид карданд. Ҷаноби Ярқулов илова кард, ки Хуршед Ашурови 30-сола ва Алишер Қурбонови 32-сола ва сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми  лату кӯб косахонаи сари онҳо аз 5 то 15 сатиметр кафидааст. Ӯ гуфт, ки баъди табобат ҳолати беморон хело дигаргун шудааст, аммо ин ҷавонон сухан гуфта наметавонанд, ва суханашонро тариқи қаламу дафтар баён мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки гурӯҳи ҷавонон ба як ҷавони дигар ҳамла карда, онҳорро зери латукуб қарор медиҳад. Дар моҳи апрел низ як гурӯталабагони макотиби миёна дар Душанбе ба ҳамдигар ҳамла карда, билохира бо қарори додгоҳ пушти панҷара рафтанд.

Салим Назаров, падари Хӯршед ва ҳамзамон собиқ корманди КДАМ дар сӯҳбати "Пайк" гуфт, ки ӯ дар ҳолати шок қарор дорад ва  наметавонад ин хабари шумро ба ҳамсар ва келинаш расонад. Ҷаноби Назаров дар идомаи суҳбат илова кард, ки аз он сабаб ин хабарро ба ҳамсараш ва келинаш намегӯяд, ки яке бемории дил дигаре ҳомиладор аст. Ӯ мегӯяд, ки то ҳол аз Худо тавалло дорад, ки ҳамсар ва келинаш нашаванд.

"Ман бо писарам барои зиндагиро пеш бурдан қитъаи замин гирифта, ба тарбузкорӣ машғулем. Ҳангоми мавсим аз ҳаргӯшаи кишвар барои харидории тарбуз меоянд. Се рӯз пеш аз ин воқеъа  дӯстӣ писарам Алишер аз шаҳри Кӯлоб омаду гуфт, тағо ман барои харидори тарбузи шумо омадам. Ман ба ӯ посух додам, ки бачам каме вақт лозим барои ҷамъовари тарбуз ва ӯ хост, ки то ҷамъоварӣ ба мо кӯмак кунаду баъдан тарбузҳои чиндаашро ба шаҳри Кӯлоб бибарад, аммо Хуршеду Алишер,  рӯзи 13-ум ҳангоми шаб аз сари замин баргаштанашон як тӯда ҷавонон якум писари маро аз пушти сар зада ним ҷон карда ва  Алишерр низ лату кӯб мекунанду дастояшонро баста дар сару қафаси сина мурданивор мезанаду аз ҷойи ҳодиса мегурезанд. Дар баобари ин ҳоло падару модари Алишер аз ин ҳолат хабар надоранд",--гуфт Салим Назаров.

Ҳоло падари Хуршед Ашурови 30 сола мегӯяд, ки ба гӯши онҳо овоза расида буд, ки  мақомот 24 нафарро ҳамуч гумонбар тафтиш доранд. Ба гуфтаи Салим Назаров аз ин гурӯҳи 24 нафараи ҳамлакунанда  ду нафараш бародари корманди БДА ноҳия бо номи Бегиҷон  ва писари амаки корманди танзими ноҳияи Шаҳритус будааст.

Салим Назаров дар давоми суҳбат илова кард, ки ин овоза ба воқеъият табдил ёфта ду рӯз қабл корманди танзими ноҳия ба наздаш омада, аз ӯ хостааст, аз даъвояш гузарад ва ин ду нафарро бубахшад. Ин падар гуф, ки баъди шунидани ин сухан онро аз наздаш бо суханҳо қабеҳ ронд.

"Назди ман як нафар омада, худро корманди танзим муаррифӣ кард ва гуфт, ки ду нафари онҳо писарони амаки ман ҳастанд ва онҳоро бубахшед. Дар посух ман низ гуфтам, агар писари ман писари шуморо ба чунин ҳолат меовард шумо чикор мекардед ва дар ғазаб боз чанд сухани қабех низ гуфта аз наздам рондамшон",--гуфт ӯ.

Хонаводаи Хуршед аз ҳолати латкуби фарзанд ва дӯсташ 3 рӯз сипари  мешавад, аммо тьо ҳол ягон падару модари ҷинояткорон аз ҳоли онҳо пӯрсон нашудаанд.

"Ин нафарон, ки писари маро бо ҳамроҳи дӯсташ ба чунин ҳол оварданд, агар дар батнашон хуни дусмусалмони медоштан аз ҳоли ману писарам ва  дӯстӣ ӯ хабар мегирифтанд. Агар ин ҳолатро дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ мекарданд маро аламам намекард чун, ки солҳои 92-93 солҳои бесаросомонӣ буд. Ҳоло мо як Ватани орому тенҷ дорем, аҷибаш ин аст, ки мурдани зананду касе аз ҳолат хабар нагирад. Ман дар ин муноқиша як чиро мебинам маҳалгароиро",--илова кард Салим Назаров.

Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки нисбати ин муноқиша парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва таҳқиқ идома дорад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъулини ҳукумати ноҳия танзиму тартиботи ҷаъмиятиро ба тартиб намедароранд.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Боздошти як сардухтур дар Кӯлоб

Амалҳои каррупсионии кормандони маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо хело ҳам афзоиш ёфта истода аст. Чандин маротиба мо сухан дар бораи амалҳои коррупсионии марказҳои саломатии ш. Кӯлоб маводҳо низ ба нашр расонида будем. Имрӯз ҳам мавзуъ маҳз ба ана ҳамин масоил бахшида мешавад.

Маркази саломатии №14 далели гуфтаҳост. дар тебеияти худ ҳоло 5 бунгоҳи тиббӣ дорад ва ҳар яки онҳо дар як гӯшаи шаҳр ҷоийгир мебошанд, ҳоло бошад дар ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ эмгузаронӣ, яъне иммунизатсия  ва барои хонандагоне, ки қадами нахустини худро ба синфи аввал мемонанд гувоҳномаи тиббӣ “формаи” 26 омода намуда истодаанд. Ҳар кадоми ин ҳуҷҷатҳо маблағи муайяни худро доранд гарчанде, ки хилофи қавонини ҷории кишвар низ бошад. Ҳамарӯза таввасути оинаи нилгун намоиш медиҳанд, ки ин намуди хизматрасониҳо ройгон мебошанд. Аммо ҳайҳот, дар ин маврид аксари сардухтурони Кӯлобшаҳр хабар надоранд ва аз ҳар волидоне, ки кӯдаконашонро аз иммунизатсия мегузаранд маблағ мегиранд.

Масъулини бунгоҳи тиббии маҳаллаи Зарринкӯҳ далели гуфтаҳои болост, ки масъулин барои ҳар намуди хизматрасониҳо ҳар гуна маблағ муайян намудаанд,  масалан барои иммунизатсия 8 сомонӣ, барои “формаи”26 бошад 25 сомонӣ муайян кардаанд.

Сангов Нураҳмад сокини ш. Кӯлоб маҳаллаи болозикр дар сӯҳбат бо “Пайк” чунин ибрози андеша намуд: “Чанд рӯз қабл ман фарзандамро, ки ҳамагӣ 1,5 сол дорад барои эмгузаронӣ ба бунгоҳи тиббии маҳалла бурдам. Ҳангоми ворид шудан ба ин макон духтур Салимов Ҷура ба ман гуфт, ки 3 сомонӣ пешбардохт намоям ва баъдан барои ташхис бошад, 5 сомонӣ диҳам. Аз ӯ пурсон шудам, ки оё ин намуди хизматрасонӣ ройгон нест? ӯ бошад асабонӣ шуда бо садои баланд чунин гуфт: -Иҷа марои чӣ мешинм ма ручка мехарм варақ мехарм иёра ба назар бгирен шмо гуфт, ҳамсуҳбати мо оғои Нураҳмад.

Фаришта ном сокини дигари ин маҳалла дар суҳбат гуфт, “кӯдакамро барои имунизатся бурдам аз ман ҳам талаби 5 сомонӣ намуданд”.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамин чанд рӯз қабл Салимов Ҷураро мақомоти прокуратуро бо ҳамин ҷурм боздошт намуда буд, гуфт яке аз ҳамишираҳои шафқати ҳамин бунгоҳ.

Роҷе бо ин масъала хостем бо сардухтури бунгоҳи тиббии маҳаллаи Заринкӯҳ Салимов Ҷура сӯҳбате дошта бошем. Ҷаноби Салимов дар суҳбат иброз дошт, ки “Мо дар муддати як моҳ як рӯзи муайян ба имунизатсия гузаронидан дорем, дар масъалаи аз куҷо гирифтани ваксина бошад, Бозоров Нуралӣ пурра моро таъмин менамояд, ки як ваксина миқдори 60 - 80 доллар арзиш дорад. Дар мавриди маблағ гирифтан бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки аз касе маблағ намепурсем ҳаркас аз рӯи имону инсофаш чанд пуле диҳад мо чизе намегӯем. Ҳамин ҳоло Шумо тамоми беморхонаҳои шаҳрро давр зада бинед дар ягон ҷо бо чунин маблағ яъне, 25 сомон гувоҳнома намедиҳанд, дар ҳамаҷо 35 – 40 сомон мебошад”.

Аммо сокини дигари ҳамин маҳалла хонум Маҳиноз ҳамаи гуфтаҳои Салимовро рад карда чунин ибрози андеша намуд, “писарам имсол бояд ба синфи як равад, барои гирифтани “формаи” 26 ба назди духтур рафтам аз ман талаби 25 сомонӣ намуд, шароити супурдани ин маблағро надоштам ба ӯ гуфтам, ки 10 сомонӣ дорам, аммо рафта пулро биёр баъд гувоҳномаи тиббиро мегири”.

Бозоров Нуралишо Шарипович, директори маркази Имунопрофлактикии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо “Пайк” гуфт: Ҳамаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳр сари вақт ба ваксина таъмин мегарданд. Ин намуди маҳсулоти дорӯвориро мо аз ташкилоти байналмилалии “Юнисеф” ба таври ройгон мегирем ва ройгон тақсим менамоем дар мавриди пулгирии баъзе духтурон шунида будем, аммо дар санҷишҳои мо чунин амалҳои коррупсионӣ ба назар нарасид.

Чунин беэътиноӣ ва беназоратӣ дар беморхонаи Ҷерқалъаи ҷамоати деҳоти зиракӣ низ ба назар мерасад, ки дар он ҷо барои як “Формаи” 26 40 сомонӣ мегиранд,ки ҳамин ҳам бошад бе муоина тиббӣ як варақро пур мекунанд. Ҳоло бошад сокини ш. Кӯлоб маҳаллаи Лағмон аз чунин беназоратӣ қисса мекунад.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

Фархор: боздошти сокини 23-солаи Афғонистон барои нигаҳдории 28 кило маводи мухадир

Мақомоти интизомӣ як сокини 23 солаи Ҷуҳурии исломии Афғонистонро дар ҳудуди ҷамоати Ғалаба ноҳияи Фархор бо 28 кило маводи мухадир боздошт кардаанд.

Як масъули Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар як амалиёти вижа онҳо аз ҳудуди ҷамоати Ғалаба Забиҳуллоҳ валади Нурулҳақи 23 соларо боздошт карданд. Ин манбаъ гафзуд, ки Забиҳуллоҳ сокини деҳаи Чармгарони вилояти Тахори Афғонистон буда, ҳангоми бозҷӯи аз он 28 кило маводи мухадир бозёт ва мусодира карда шуд.

ангоми бкофтуков аз дохили борхалтааш мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисии ВКД, 27 килую 340 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 520 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира карда шуд. Баъди мусодира маълум шуд, ки Забиҳуллоҳ бо худ 27 килову 860 грам маводи мухадир доштааст. Ҳоло нисбати ин ҳолат тафтишот оғоз шуда, нисбати ин шаҳрванди Афғонистон парванда боз шудааст",--гуфт манбаъ

Ин бори аввал нест, сокинони Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар хоки Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маводи мухадир боздошт мешавад.

Мақомоти марзбонӣ дар як нишати хабарии моҳи январӣ гуфта буд, ки дар оғози соли 2017 аллакай чанд ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ҳам сабт кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ду сокини шаҳри Кӯлоб бо ин ҷурм боздошт шуда буданд. Ба гутаи мақомот онҳо дар аввали сол 50 кило маводи мухаддир ва ҳам як силоҳ дар як амалиёти моҳи январ мусодира шуда, чор қочоқбари афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ безарар карда шуда буданд.

Дар маҷмӯъ, дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира шуда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Илова бар ин, 12 шаҳрванди Афғонистон, ки ба корҳои хоҷагидорӣ дар хатти сарҳад машғул буданд, аз сӯи сарҳадбонони тоҷик боздошт ва тибқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба намояндагони сарҳадбонони афғон таслим карда шудаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки 1400 километр марзи Тоҷикистону Афғонистон 1400 километр буда, яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

ВКД ҳувияти се боздоштшударо дар Маскав муайян мекунад. Видео

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба боздошти се шаҳрванди кишвар дар Маскав, ки ба роҳандозии амалиёти террористӣ муттаҳаманд, тафтишотро оғоз карданд. Ин афрод рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия эҳтимоли даст доштани онҳо дар як нақшаи террористиро мавриди санҷиш қарор додааст. Ӯ гуфт, "баъзе ҷузъиёт барои ҷониби Тоҷикистон мушаххас шудааст, аммо ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот феълан аз ироаи он худдорӣ мешавад."

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, яке аз корҳое, ки дар ин самт ҷараён дорад, марбут ба мушаххас кардани ҳуввияти боздоштшудаҳост. Рӯзи 14-уми август хабаргузориҳои русӣ аз қавли сохторҳои ҳифзи қонуни ин кишвар хабар доданд, ки дар чаҳорчӯби амалиёте чор гумонбари таҳиякунандаи як ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд ва се нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Мақомоти амниятии Русия онҳоро “ҷангҷӯёни узви ДИИШ” номида, додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар пушти дарҳои баста ҳукми ҳабси пешакии онҳоро ба муҳлати ду моҳ содир кард. Додгоҳи Лефортово рӯзи 14-уми август ҳукм кард, ки се шаҳрванди Тоҷикистон - Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ нигоҳдорӣ шаванд.

Амалиёти боздошти онҳоро ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ анҷом дода гуфтааст, ки ин афрод эҳтимолан як гурӯҳи террористӣ буданд ва мехостанд дар макони таҷаммӯи афроди зиёд дар пойтахти Русия, аз ҷумла дар нақлиёт ва маконҳои тиҷоратӣ, таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар ин амалиёт гӯё мехостанд аз маргталабон истифода кунанд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфтааст, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои амнияти ҳамоҳангсози гурӯҳи фаъолияташ дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ", як мутахассиси омодакунандаи маводи тарканда ва ду фарди интиҳоркунанда боздошт шудаанд.

Дар наворе, ки ниҳодҳои амниятии Русия аз ҷараёни боздошти ин афрод нашр карданд, дида мешавад, ки боздоштшудаҳо Калашников, норинҷак ва дигар маводи тарканда дар ихтиёр доштанд. Инчунин субҳи 15-уми август сохторҳои ҳифзи қонуни Русия аз ошкор шудани як захирагоҳи азими силоҳ дар атрофи шаҳри Маскав хабар дода ва гуфтанд, ки иртиботи онро бо гумонбарони боздоштшуда дар терроризм, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Рӯзи 3-юми апрели имсол дар пайи таркиш дар вагони метрои шаҳри Санкт-Петербург 15 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуд. Аз рӯи ин ҳодиса 10 нафарро дастгир карданд. Тафтишот сокинони Қирғизистон – бародарон Аброр ва Акрам Азимовҳоро ташкилкунандаи ҳамла ба метро мешуморад. Рӯзи 19-уми апрел Хадамоти федеролии амнияти Русия навори боздошти Акрам Азимов дар Маскавро пахш кард. Модари Азимов боздошти ӯро "саҳнасозӣ" номид ва гуфт, ки чанд рӯз пеш аз ин кормандони Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон писари ӯро аз бемористони хусусии Уш берун оварда, ба хадамоти махсуси Русия супурданд.

Охири моҳи июл боздоштшудаҳо аз шиканда дар “зиндони махфӣ”-и ФСБ шикоят карданд. Вакили онҳо Дмитрий Динзе гуфт, ки баъди ин кормандони хадамоти махсус Аброр Азимовро муҷбур карданд, ки шикояти худро дар мавриди шиканҷа бозпас бигирад, вагарна худаш ва наздиконаш кушта мешаванд.

Бар асоси омори расмӣ солона то 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки 90 дар сади онҳо аз тариқи Русия - Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.

Сотрудники ФСБ задержали боевиков, готовивших теракты на транспорте и в торговых комплексах в Москве

ВКД пайдо шудани ҷасади “тифли скочпечшуда” дар Ҳисорро дурӯғ хонд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон  овозаи ёфт шудани чаҳор ҷасад ва “тифли скочпечшуда”-ро аз рӯди Кофарниҳон бепоя хонда гуфтанд, ки чунин ҳодиса сабт нашудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба "Пайк" гуфтанд, ки рӯзи 14-уми август аз рӯдхонае дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади ҷавоне пайдо шуд, ки ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот маълум кардааст, ки ин ҷасади Хоҷаев Ҳасан, соли таваллудаш, 1997 сокини ноҳияи Ҳисор буда, рӯзи 10 август дар вакти оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарк шудааст.

"Ин як ходисаи нохуш аст ва мақомоти интизомӣ аз рӯи он санҷиши лозимӣ мебаранд",--гуфт манбаъ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ накунанд ва ҷони худро зери хатар нагузоранд. Инчунин, ин Вазорат хабарҳо дар баъзе аз сомонахо оиди дарёфти 4 ҷасад ва инчунин дар худуди ноҳияи Ҳисорро рад мекунад. Ёдовар бояд шуд, ки бархе аз расонаҳо  бо такя ба манобеъи худ хабар дода буданд, ки рӯзи 13-уми август аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Кони намкаи ноҳияи Ҳисор чаҳор ҷасади ғарқшуда ёфт шуда, ки дар миёнашон модару кӯдаки скочпечшуда буданд.

Қаҳрамонии як марзбон дар Ҳамадонӣ. (Акс)

Як сарбози 19-солаи нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми наҷоти як кӯдак ҷони худро аз даст додааст.

Бахтовар Азимови 19 - сола як сол қабл баъди хатми мактаб - интернети №2 шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешавад ва ин сарбоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ хизматро шурӯъ карда, як ҳафта қабл ҳангоми наҷоти як кӯдаки даҳсола дар соҳили Корези оби чубек ҷони худро аз даст медиҳад. Шоҳидони ҳожиса мегӯянд, ки ин сарбоз як қаҳрамонӣ нишон дод, аммо аз об худро наҷот дода натавонист.

Басбӣ, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Саидқул Турдиевӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки замоне онҳо дар киштзор кор мекарданд овози доду фарёди занҳои гирид соҳиб баланд шуд. Хонуми Басбӣ гуфт, ки онҳо он замон расиданд, ки сарбоз бо либосҳои тан кӯдакро аз даруни об наҷот дод, аммо худ ҳаминқадар ҳаракат мекард, аммо аз об берун баромада наметавонист. У гуфт, ки онҳо ба сари мардони деҳа шитофтанд, ки сарбозро наҷот диҳанд, вале аз дасташон коре наомад.

"Дар гирду атрофи ин соҳил, ки аз дарёи Панҷ об ҷорӣ мешавад, сокинон ба кишоварзӣ машғуланд, яки овозӣ одамон баланд шуд. Мо ҳам омада дидем, ки як сарбоз ҷони кӯдакро наҷот дод, аммо худ кӯшиш мекард аз об баромада наметавонист. Мардон низ дар ҳамон ҳолат набуданд, як ду ҳамхизматаш  кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. То мо мардҳоро даъват кардем, ки алакай об ӯро нопадид карда буд",--гуфт мусоҳиби мо.

Мақомоти марзбонӣ мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ доранд ва рӯзҳои наздик аз қаҳрамонии ин сарбозонашон ба таври пурра ба расонаҳо иттилоъ хоҳанд дод.

Муҳаммад Улуғхуҷаев, котиби матбуотии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки дар ин маврид санҷиши хизмати рафта истодааст, пагоҳ ё рӯзи дигар дар мавриди қаҳрамонии ин сарбоз иттилоъ хоҳанд дод.

Шоҳидони ин ҳодиса мегӯяд, ки Бахтовар Азимов дар дидбонгоҳ хизмати Модар - Ватанро адо мекард, замоне дид, ки кӯдак дар об ғарқ шуд, яроқи худро ба замин гузошта ҷони худро дар об бо либосҳояш ҳавола дод ва кӯдакро берун овард, аммо худ ҷонашро аз даст дод. Ба гуфтаи масъулони судӣ - тиббӣ ҷасади ӯро ҳамон рӯз соати 17-10  баъди хушк кардани оби 30 метр дуртар аз зери куми рудхона берун оварданд ва ҷасадшро ба хонаводааш, ки дар Кӯлоб ба сар мебурданд интиқол доданд.

Бозоралӣ Абдурозиқов, яке аз наздикони Бахтовар Азимов, дар суҳбат ба "Пайк" гу3фт, ки ӯ аз хурдсолӣ модарашро аз даст дода, дар зери сояи амак ва зани ӯ бузург шуда буд. Абдурозиқов қисса кард, ки Бахтовар писаре буд, ки ба касеп озор намедод ва тамоми кори фармондаро ба душаш сарбаландона иҷро мекард. Ӯ гуфт, ки Бахтовар то дами марг дар кӯдаки 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб зиста, дар мактаб - интернат таҳсил карда, баъди хатми он соле қабл ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд.

Ёру дӯстони кӯдакии Бахтовар мегӯяд, ки ӯ боре ба касе сухани пасту баланд намезад, ин буд, ки дар роҳи Ватан - Модар ҷони худро аз даст дод, ки ин як қаҳрмонист. Ба гуфтаи дӯстонаш ҳар ҷавон дар сини 19 солгӣ мисли Бахтовар қаҳрамон шуда наметавонад. Шариф, яке аз дӯстони кӯдакии Бахтовар гуфт, ки ӯ ифтихор мекунад, бо як қаҳрамон ёру рафиқ буд.

Коршиносон низ мегӯяд, ки ба ингуна ҷавонон унвони қаҳрамонӣ дода шавад, то ба дигарон дар оянда ибрат шавад. Ин сарбозӣ нерӯҳои марзбонӣ як кӯдакро дар ҳоле аз ғарқшавӣ наҷот дод, ки чанди кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд ҷони сокинонро аз ғарқ шудан наҷот дода, аз сӯи мақомот қадрдонӣ шудаанд. Нерӯҳои марзбонӣ низ мегӯяд, ки онҳо сарбозӣ худро як қаҳрамон мешуморанд, ки ҷони худро дар роҳи мардумаш фидо кард.

Чӣ водор кард, то Миҷгона сирко нӯшад?

Ё дар пушти ин худкӯши чи муаммо пинҳо аст?

Як сокини ноҳияи Фархор баъди хурдани сирко (уксус) ду рӯз қабл дар бемористон ҷон дод.  Аммо сару садое ҳаст, ки Миҷгона Валиеваи 25-сола, сокини ҷамоати Ватан баъди як моҷарои оилавӣ ҳамроҳи хушдоманаш сирко хурда ду рӯз қабл дар бемористони марказии ноҳия баъди шаш рӯзи табобати табибон ҷони худро аз даст дод.

Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 1-уми август рӯх дода, Миҷгона як ҳафта зери назари табибон қарор дошт. Ҷаноби Қурбонов қисса кард, ки баъди тасхиш муайян шуд, ки духтар як пиёла сирко (уксус) нушидааст. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд онҳо барои наҷоти ҷонаш талош карданд, аммо натиҷа надод.

-Рӯзи якуми август оварданд Миҷгонаро дар ҳолати вазмин буд, мо тамоми кӯшишамнро анҷом додем, аммо баъди шаш рӯз ин дуниёро падруд гуфт. Мақомот ҳамон замон омада, тафтишро оғоз намуда буданд. Духтар ду кӯдак доштааст,--гуфт Раҷабалӣ Қурбонов.

Аз ҳукумати ноҳияи Фкархор дар сӯҳбат ба "Пайк" хабари аз сирко даргузашти Миҷгона Валиеваро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки нисбати даст ба худкӯши задани Миҷгона Валиева кор бурда истодаанд.

Аз додситони ноҳияи Фархор низ ин хабарро тасдиқ карда гуфданд, нисбати ин ҳодиса муфатишон кор карда истодаанд. Бегмурод Тураев, додситони ноҳияи Фархор дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки онҳо аз Миҷгона пурсон шуда буданд, ки чаро ба ин кор даст задааст ва дар баёноташ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса худ муқаксир аст ва аз болои касе шикоят надорад.

- Хонаводаи Миҷгона мотам дошт, мо онҳоро даъват накардем, ҳарчанд, ки дар баёноташ низ гуфтааст аз болои касе шикоят надорад, аммо мо дирӯз хонаводаи ӯро даъват карда пурсон шудем, зеро мо ба баёноти ӯ қонеъ шуда наметавонем, зеро дар хонавода ҳарчи шуданаш мумкин аст. Аз ин сабаб ҳоло мо ҳамаи тарафро пурсон шуда, ҳатто ҳамсояро пурсон шуда, баъд хулоса мебарорем,--гуфт додситон Фархор

Аммо Дилбар Талбова, роҳбари занони ноҳия ба "Пайк" гуфт, ки ин казияро онҳо пайгирӣ карданд, аммо гуфт, ки онҳо ҳоло касеро гунаҳгор карда наметавонанд. Хонум Талбова илова кард, ки замоне онҳо дар бемористон буданд, хушдоманаш шахсан ба келинаш кумаки аввалин мерасонид. Ӯ гуфт, ки ҳатто хонаводаи духтар низ нахостанд дар ин бора даъво кунанд ва онҳо ба тақдир тан додаанд.

"Вақте мо ба беморхона рафтем, хушдоманаш ва дигар аъзои хонавода ҳама ҷамъ буданд. Мо замоне пурсида истода будем, ки хушдоманаш гуфт, ки гузоред, то келинамро нигоҳу бин кунам баъди сиҳат шуданаш чизе мехоҳед пурсед. Аммо ин кори дасти мақомот аст, вале хонаводаи духтар гуфт, ки онҳо ба тидқидр тан додаанд, ки ин ҳолат дар насибаш будааст",-афзуд Дилбар Талбова

Миҷгона Валиеваи 25 сола, дар ҳоле аз хурдани сирко фавтид, ки дар моҳи май Раҷаббии Хуршед, сокини 18 солаи Восеъ ва аруси 40 рӯза баъди баҳси бакорат сирко нушида дар бемористон ҷон дод. Баъди таҳқиқи қазия Зафар Пировро боздошт ва айбдодркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кунад.

Страница 2 из 5

Суроғаи мо:

Joomla ru