Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

Афюн насиби нашъамандон нашуд

Як манбаи мўътамади ПАЙК,куфт,ки  сокини шаҳри Қурғонтеппа С.Д. ҳангоми ба сокини ноҳияи Вахш Ю.Ш. додани бастаи селофании шубҳанок мавриди боздошт қарор гирифт.Дар рафти гузаронидани муоинаи шахсии С.Д. аз даруни киссаи тарафи чапи ӯ як адад бастаи селофании рангаш сиёҳ, ки дохили он хамираи қаҳваранги монанд ба маводи мухаддираи навъи афъюн дарёфт гардид.Тибқи ташхиси лабараторӣ маводи мазкур ба навъи гашиш тааллуқ дошта, вазни холиси он 58,3 гр-ро ташкил медиҳад.  Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо дастрасии қисми 1 моддаи 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Писари муовини сарвазир аз ҷавобгари озод мешавад?

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Фаромӯз Саидов, писари муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов қатъ шудааст. Моҳи сентябри соли гузашта, бар асари садама бо ширкати писари 23-солаи нахуствазири Тоҷикистон дар Душанбе, ду нафар ҷон бохта буданд.

Шариф Ҳабибуллоев, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки пас аз баррасиҳо муайян шуд, ки садама бо ширкати Фаромӯз Саидов бинобар ҷой доштани мушкили техникӣ сар задааст ва ба ҳамин далел, тафтиши ин парванда қатъ шудааст.

Ин масъули Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, ки ин парванда ҳоло аз тарафи муфаттиш қатъ карда шуд ва барои баррасӣ ба додситонӣ пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи вай, додситонӣ далелҳои қатъи ин парвандаро баҳсу баррасӣ намуда  қонунӣ будани онро муайян мекунад.

Зимнан, шаби 10 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола рух дод ва масъулони вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари он ду нафар ҳалок шудааст. Фаромӯз Саидов баъди ин сонеҳа дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуд.

 

Страница 7 из 7

Суроғаи мо:

Joomla ru