Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

Чаро арӯси 18 сола заҳр хурд?

Додситони ноҳияи Восеъ дар робита ба марги Раҷаббии Хуршеди 18-сола бо моддаи 109, яъне ба худкуши расонидан парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ин ҳодисаро тафтиш карда истодаанд.

Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола дар охири моҳи майи соли равон тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини 24-солаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Абди Афазови ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд.

Зафар Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ, имрӯз дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, баҳси бакорат баъди шаби аввал маншаъ гирифт ва ӯ шубҳа пайдо кард, ки ҳамсараш нодухтар ба хонаи шавҳар омадааст ва ба ин мақсад духтарро барои ташхис ба Суд-экспертизаи шаҳри Душанбе бурданд. Зафар Пиров дар идомаи суҳбат қисса кард, ки баъди ташхис муайян шуд, ки духтар модарзодӣ будааст, аммо ӯ мегӯяд, ки бемории пуст доштанаш, ки модари арӯс ӯро фиреб карда буд, ки бемориии пусташ дар баданаш хурд аст, баъди издивоҷ маълум шуд, ки бемориаш бештар аст, ин ҳолат ӯро ба ташвиш оварда буд.

Зафар Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ

Аммо хонаводаи духтар мегӯяд, ки пеш аз издивоҷ онҳо домодашонро огоҳ карда буданд, ки духтарашон ба бемории пуст гирифтор аст, вале ӯ рози шуда буд, ки ин издивоҷро намегардонад ва бо Раҷаббӣ оиладор мешавад.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, ба "Пайк" бо чашми ашколуд қисса кард, ки духтараш баъд аз 1 моҳу 7 рӯзи издивоҷ даст ба худкушӣ зад, ки дар ин кор домодаш Зафарро гунаҳгор медонад, ки духтарашро маҷбур кардааст даст ба худкӯшӣ занад. Холаи Фазила гуфт, духтараш то синфи нӯҳум хонда, бинобар мушкили иқтисодӣ натавониста буд, ба таҳсилаш идома диҳад. Модар дар идомаи суҳбат гуфт, духтараш доим ба кори хона банд буд ва бародараш иҷоза намедод, ки аз дар берун равад, вале чанд моҳи пеш хонаводаи Зафар Пиров ӯро хостгорӣ карданд.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ

- Домод баъди тӯй духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам. Вале хушдоманаш розӣ нашуду гуфт, ки ҳамаи нофаҳмӣ ҳал шуд, аммо ин нофаҳми ва таънаи домод ба худкӯшии духтари ман анҷом ёфт,-гуфт Фазила Мирзоева.

Ин арӯси 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ 37 рӯз қабл хонадор шуда, дар сӯҳбати видеоии худ дар бемористон мегӯяд, ки ҳамсараш ба ӯ таъна мезад, ки нодухтар буда, ба хонаи шавҳар омадааст. Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки маҷбураш карданд, ки то ба ин роҳ биравад. Аммо хонаводаи домод ин ҳама иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯяд, ки зиндагии хубу хуш доштанд.

 

Афсари маҷрӯҳшудаи КДАМ-ро аз Кӯлоб ба Душанбе мебаранд

Ҳамин ҳоло 19 май тараддуди аз Кӯлоб ба пойтахти кишвар, барои идомаи табобат бурдани  афсари маҷрӯҳшудаи КДАМ дар ҷараён аст. Чуноне, ки расонаҳо хабар дода буданд ин афсар шаби 14 май бар асари ҳамлаи ашхоси номаълум 23 захми корд бардошта буд. Вазъи саломатии ин афсар муътадил аст.

Корманди ШВКД-и шаҳри Кӯлоб Марям Шариповаро, ки  баъди ду рӯзи ҳамла ба корманди КДАМ ашхоси номаълум латту кӯб карданд, барои ташхис ва табобат ба беморхонаи вилоятии №2 дар ш. Кӯлоб оварданд. Мувофиқи иттилои табибон ҳоли ӯ хуб аст.

Суиқасд ба ҷони корманди милиса дар Кӯлоб

Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Кӯлоб

Шаби 16 ба 17 май шахси номаълум суиқасд ба ҷони корманди ШВКД-и шаҳри Кӯлоб лейтенанти милиса Шарифзода Марям Бурӣ, соли таваллуд 1993, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб кӯчаи Исмоили Сомонӣ (хонаи маъруф бо собиқ гастрономи №20) анҷом дод.

Бино бар иттилои ҳамсояҳо соатҳои 20-00 шаб Марям аз модар иҷозат гирифта, барои пардохти маблағ барои телефони дастӣ ба берун баромад. Дар роҳрав ду шахси номаълум, ки яке дуртар нишаста буд, дигарӣ наздик омада ба гардани ин духтар ҳалқа андохта кушиши буғӣ карданро кард. Корманди милиса барои ҳифзи ҷони худ мубориза оғоз кард. Ба иттилои худи ӯ модар аз тиреза  ин ҳодисаро дида, овоз бароварда ба берун баромад. Кушишҳои модару духтар натиҷа доданд, қотил ба мақсад нарасид, амали буғӣ карданро то охир ба анҷомрасонида натавонист.

Ҳоло Марям дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Кӯлоб бистарӣ аст.  Бино ба иттилои сардухтури беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»: «латхурии бофтаҳои мулоими девораи пеши шикам, латхурии соқи пои чап» ба қайд гирифта шудааст.

Бино бар иттилои табибон ҳоло вазъи саломатиаш бад нест. Мақомоти расмӣ аз ифшои ин хабар худдорӣ мекунанд. Ин хабар дар шаҳри Кӯлоб дар ҳоле паҳн гашт, ки шаби пеш суиқасд ба ҷони корманди Амнияти Миллӣ дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Бар асари ин ҳамла корманди 25 солаи КДАМ ҳудуди 10 захми корд хурдааст. Ҳоло вазъи саломатии ӯ ҳам хуб аст.

Гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷуии мақомоти ШВКД дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ паи дарёфти гумонбар дар суиқасд ба ҷони ин ду нафар талош доранд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки шояд ин кормандони мақомоти қудратӣ бо рафтори бади худ гумонбаронро дар ҷиноёти гуногун таҳқир ва шиканҷа карда бошанду ҳоло кайфари онро мечашида бошанд. Ва аммо ҳамсояҳои Марям дар сӯҳбат бо «Пайк» иброз доштанд, ки узви оилаи ин духтар хеле шахсони ҳалиму меҳрубон ҳастанд. Яке аз ҳамсояҳо, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, ки худи Марям хеле духтари ҳалиму меҳрубон ва боодоб асту атрофиёнро эҳтиром мекунад.

«Пайк»

Афсари тоҷик барои марги ҳамхидматаш 2 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, "прапоршик"-и қисми марзбонии "0307", воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар марги ҳамхидматаш Умедҷон Ҳасанов гунаҳкор дониста, 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳасанови 27-сола 20 октябри соли 2016, пас аз 13 рӯзи хидмат дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон аз зарби 11 тир кушта шуд. Мақомот он замон гуфтанд, ки ӯ ҳини муқовимати мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар марз ҷон дод.

Падари Умедҷон Ҳикмат Ҳасанов гуфт, дар аввал бовар дошт, ки писараш аз тири қочоқбарони афғон кушта шудааст. "Хонаи мо дар наздикии маҳалли хидмати писарам ҷойгир аст. Он шаб мо садои тирро шунидем ва хеле нигарон шудем ва эҳсос кардам, ки ҳодисаи нохуше рух додааст. Баъдан хабар доданд, ки писарат ҳангоми задухурд бо қочоқбарон кушта шуд", - афзуд Ҳасанов.

Аммо, ба гуфтаи Ҳасанов, баъди он ки кормандони қисми низомии мазкур пай дар пайи санади додгоҳӣ - тиббиро аз ӯ талаб карданд, ӯ шубҳа карда, барои санҷиши ҳодиса нахуст ба Додситонии кул ва баъдан ба додситонии низомии кишвар муроҷиат намуд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гашт, ки Умедҷон Ҳасанов аз 11 тири ҳамхидмати худ Алишер Абдуқодир ҷон додааст. Ба гуфтаи муфаттиш, он шаб миёни марзбонҳои тоҷик ва қочоқбарони афғон задухурди мусаллаҳона дар ҳақиқат сурат гирифтааст, вале Алишер Абдуқодир аз беэҳтиётӣ ба тарафи ҳамхидмати худ оташ кушодааст.

Пайвандони Алишери Абдуқодир куштори Умедҷон Ҳасановро тасодуфӣ меноманд. Вале волидайни Умедҷон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва тасмим доранд, ки ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Мусодираи охирин дороии "Ҳоҷӣ Ҳалим"

Хонаводаи Абдуҳалим Назарзода фармондеҳи ошӯбгар ва кушташудаи тоҷик мегӯянд, ки мақомот аз онҳо хостаанд, то манзили зисташонро дар шаҳри Душанбе холӣ кунанд.

Духтари Назарзода Файзигул Назарова гуфт, намояндагони мақомоти интизомию ниҳодҳои дигари давлатии кишвар ҳафтаи гузашта ба хонаашон, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур омада, ҳукми мусодираи манзили зисти онҳоро нишон доданд.

Назарова афзуд, мақомот ба онҳо гуфтанд, ки хонаро ҳарчӣ зудтар холӣ кунанд, чун дар акси ҳол маҷбур мешаванд, ҳукми додгоҳро бо зӯр ба иҷро расонанд. Дар ин ҳавлӣ, ба гуфтаи ӯ, ҷамъан 13 узви се хонавода, аз ҷумла ӯву фарзандонаш, ҳамсари бародар ва модараш зиндагӣ доранд

Дар манзили зисти мазкур фарзандони Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи Абдуҳалим Назарзода ҳам зиндагӣ мекунанд, ки ӯро бо гуноҳи "даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ" ва даъват барои бетартибиҳои оммавӣ ба 22 соли зиндон маҳкум карданд.

Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ва генерали собиқ, ки ба ошӯби мусаллаҳона дар рӯзи 4 -уми сентябри соли 2015 айбдор мешуд, 12 рӯз баъд, дар пайи як амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ 16-уми сентябр дар дараи Ромит кушта шуд.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо иддае аз ҳамроҳонаш, аз анбори вазорати дифоъ аслиҳаву муҳимоти ҷангиро гирифта ба як посгоҳе дар маркази шаҳр ҳамла карданд ва чанд маъмури амниятиро куштанд. Дар натиҷаи ин ошӯб ва ҳам амалиёт ба зидди афроди мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар маҷмӯъ 30 нафар ҷон бохтанд.

Мақомоти Тоҷикистон баъдан эълон карданд, ки муовини пешини вазири дифои кишвар моликияти зиёдеро ғайриқонунӣ аз худ кардааст ва ҳамаи онҳо ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд. Аз ҷумла се истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб, тарабхонаву ресторан дар Душанбе, ферма дар Рашт ва моликияти дигар.

Чаро Ҳикматулло Шарипов қасди ҷони худ кард?

 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти чаҳор рӯз қасди худкушии Ҳикматулло Шарипов, сокини 37-солаи Ваҳдатро дар наздикии бинои шаҳрдории Душанбе тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин ҳодиса ба қазияи манъи ҳаракати таксиҳои арзон дар пойтахт рабт надорад. Мақомоти умури дохилӣ рӯзи 15 апрел бо пахши изҳороти расмӣ гуфтанд, қасди худкушии Шарипов аз ҷанҷолу ҷудошавии ӯ аз ҳамсараш Шаҳноза Муъминова сарчашма мегирад. "Ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад", - гуфтанд онҳо.

Дар изҳороти ВКД гуфта шудааст, "рӯзи 11.04.2017, соати 16-30, Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст. Дар натиҷа маълум гардид, ки аз соли 2014 бо се фарзанд бинобар муноқишаҳои доимӣ аз ҳамсараш Муъминова Шаҳноза ҷудо шуда, ба сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст."

Мақомот мегӯянд, дар чанд соли охир Ҳикматулло Шарипов "дар натиҷаи муноқиша бо модарарӯсаш Улматова Эътибор, хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд, ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад."

Зокир Файзиев ва Шарифҷони Зокир, гумонбарони таркиши Қӯрғонтеппа

Ҳасанбой Раҳмонов

Мқомоти интизоми дар вилояти Хатлон баъди як моҳи таркиши маргбор дар рӯ ба рӯи Пракуратури ҳарбии шаҳри Қурғонтеппа, номи гумонбарони ҳодисаро ошкор карданд. Дар ин таркиш як нафар ҷон бохта буд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ имрӯз 12 апрел дар шаҳри Қурғонтеппа гуфтанд, ки падару писар, Зокир Файзиев ва Шарифҷони Зокир, сокинони деҳаи Зарбдори шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин таркиш гумонбар буда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Парвандаи онҳо аз рӯи моддаи “терроризм”-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ "падар 49 ва писар 21"- сол дошта, Зокир Файзиеви 49-сола, то замони боздошташ ронандаи мошини борбари “Дулан” буда, писараш Шарифҷони Зокири 21-сола, дар ҷое кор намекардааст.

Дар пайи таркиши рӯзи 12 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, посбони литсейи тамоюли технологӣ, ҷон бохта буд. Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиш бар асоси моддаи “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз баёни ҳамагуна иттилоъ аз ҷараёни тафтиши парвандаи падару писар ва ҳодисаи таркиши маргбор дар маркази Қӯрғонтеппа худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳқиқ мушаххас хоҳад кард, ҳодиса чӣ гуна рух дода ва ангезааш ҳам чӣ будааст.

Озордиҳандагони идораи комуналӣ зиндонӣ шуданд

Дар Маскав ду нафар собиқ кормандони идораи комуналии ноҳияи Тимирязев ба 5 ва 6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ду нафар, роҳрӯбонро дастгир карда ба хотири «тарбия додан» латту кӯб карданд. Дар ин бора дар сомонаи прокуратураи шаҳри Маскав хабар додаанд.

Бино бар иттилои манбаъ моҳи сентябри соли 2015 кормандони хадамоти комуналӣ Николай Кондратсеви 23 сола ва Даниил Зуеви 25 сола аз шаҳри Белгород омада дар хобгоҳи Хадамот ғайриқонунӣ иқомат гузиданд. Дар ин бора ду нафар аз роҳрӯбон ба идораи пулис хабар доданд.

"14 сентябри соли 2015 бо мақсади «тарбия» додани кормандон Зуев ва Кондратсев ду корманди идораи комуналиро бо мошини худ ба беруни шаҳр бурда, то ду рӯз нигаҳ дошта, таҳқиру таҳдид ва латту кӯб кардаанд.»-гуфта мешавад дар сомона.

Страница 6 из 7

Суроғаи мо:

Joomla ru