Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

Толибҷон аз дасти шиканҷаи пулис ҷон дод?

Кормандони милитсияи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл) Толиб Давлатов ном сокини ноҳияи Шаҳритусро бо зарбу лат куштаанд.

Қобилҷон Муродов - сокини н. Шаҳритус дар сӯҳбат ба “Пайк” гуфт, ки домоди ӯ -Толибро рӯзи 25.07.2017 кормандони пулиси н. Дӯстӣ аз дохили 1 ошхонаи н. Шаҳритус ба гумони хариду фурӯши маводи нашъадор қапида, ба самти н. Қубодиён бурданд. Дар дохили мошин ӯро лату кӯб кардаанд. Дар натиҷа Толиб дар ними роҳ, дар дохили мошин ҷон додааст.

Қобилҷон мегӯяд, домоди ӯ Толиб бар асоси шиканҷаи кормандони пулиси н. Дӯстӣ ба марг расидааст, дар бадани Толиб осори лату кӯб ва зарбу фишор дида мешавад ва ӯ аниқ зери шиканҷа мурдааст. Сокинони маҳаллиии н.Шаҳритус мегӯянд, ки ӯ барои истифода аз маводи нашъадор гунаҳгор дониста мешуд. Наздикони Толиб низ тасдиқ мекунанд, ки пулис ӯро ба ҳамин хотир боздошт кардааст, аммо набояд кӯшта мешуд ва бояд тибқи қонун ҷазо мегирифт. Дар аксҳое, ки ба ихтиёри “Пайк” расидааст, осори шиканҷа дар бадани Толиб ба назар мерасад. Ба гуфтаи наздикони Толиб, тани беҷони ӯро вақте ба беморхона бурданд, дар танаш ягон осоре аз сӯзандору набуд. Ҳоло назари мақомоти марбут дар ин бора нест, вале хулосаи экспертиза ҳамин аст, ки ин мард дар натиҷаи лату кӯб кӯшта шудааст.

Ҳодисаи кӯшта шудани Толиб дар дохили мошин чунин сурат гирифтааст: Гуфта мешавад, тақрибан соатҳои 13:00 дақиқа, ӯро аз тарабхона дар ноҳияи Шаҳритус 3 нафар корманди пулис боздошт карда, Қобилҷон мегӯяд, ки Толиб воқеан маводи нашъадорро истифода мекард, лек ба хариду фурӯши он аслан машғул набуд, аммо ӯ бояд тибқи қонун ҷазо мегирифт ва кушта шуданаш онҳоро дар ҳолати равонӣ қарор додааст. Ва Қобил тақозо дорад, ки ҳодисаи ба марг расонидани Толиб бояд дуруст ва дар доираи қонун сурат гирад ва афроди гунаҳкор муҷозот шаванд. Тибқи нақли хешовандони Толиб, дар хулосаи экспертиза гуфта шудааст, ки пардаи гӯши ӯ дарида, зарба ба пушти сар ва сараш сабт шудааст. Ҳоло гуфта мешавад, чандин нафар аз сокинони н. Шаҳритус, ки то ин ҷониб маҳз аз ҷониби ҳамин кормандони полис озору азияти зиёд дидаанд, тасмим доранд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бубаранд.

Тибқи нақли хешовандони Толиб, 13 нафар аз сокинони ноҳия то кунун аз ҷониби ин гурӯҳи пулис мавриди шиканҷаву тӯҳмат ва азият қарор гирифтаанд. Ҳамчунин овозаҳо меафзоянд, маҳз ҳамин кормандони милитсия бо тӯҳмат аз 13 нафар шаҳритусӣ аз 5000 то 20000 сомонӣ маблағ рӯёндаанд. Ҳоло 1 гурӯҳ ҷабрдидагони шаҳритусӣ аз болои кормандони пулис ба мақомот аризаи шикоятӣ додаанд.

«Ин кормандони пулиси н. Дӯстӣ, собиқ кормандони пулиси н. Шаҳритус буда, ба чунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ даст зада, аз сокинони ноҳия бо тӯҳмат маблағ мерӯёнданд», -афзуд Қобил Муродов, язнаи Толиб…


Баҳодур Уроқов, “Пайк”

Зафар Пиров - ҳамсари Раҷаббӣ ба ҳабс гирифта шуд. Видео

Cуди ноҳияи Восеъ Зафар Пиров – ҳамсари Раҷаббӣ Хуршедро, ки моҳи июн, баъд аз баҳси чиҳилрӯзаи бакорат ва истеъмоли сирко дар бемористон ҷон дод, ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Далер Холиқмуродзода, раиси Суди ноҳияи Восеъ гуфт, ки Пиров ҳафтаи гузашта дар доираи парвандаи марги ҳамсараш боздошт гардид. Алайҳи Зафар Пиров бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба ҳабси пешаки гирифтани Зафар Пиров дар ҳолест, ки прокурори  ноҳияи Восеъ ду ҳафта пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи ҷиноии ба худкушӣ расондани Раҷаббӣ Хуршедро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод. Хонаводаи Раҷаббӣ шавҳари ӯро омили асосии марги духтарашон медонанд ва дар гузашта борҳо хостори боздошти ӯ шуда буданд. Зафар Пиров дар ҷараёни тафтиши парвандаи марги ҳамсараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд.

Аммо Зафар Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ, дар суҳбат ба "Пайк" гуфта буд, ки баҳси бакорат баъди шаби аввал маншаъ гирифт ва ӯ шубҳа пайдо кард, ки ҳамсараш нодухтар ба хонаи шавҳар омадааст ва ба ин мақсад духтарро барои ташхис ба Суд-экспертизаи шаҳри Душанбе бурданд. Зафар Пиров дар идомаи суҳбаташ қисса кард, ки баъди ташхис муайян шуд, ки духтар модарзодӣ будааст, аммо ӯ гуфта буд, ки бемории пуст доштанаш, ки модари арӯс ӯро фиреб карда буд, ки бемориии пусташ дар баданаш хурд аст, баъди издивоҷ маълум шуд, ки бемориаш бештар аст, ин ҳолат ӯро ба ташвиш оварда буд.

Аммо хонаводаи духтар бо исрор то ҳол мегӯяд, ки пеш аз издивоҷ онҳо домодашонро огоҳ карда буданд, ки духтарашон ба бемории пуст гирифтор аст, вале ӯ рози шуда буд, ки ин издивоҷро намегардонад ва бо Раҷаббӣ оиладор мешавад.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, ба "Пайк" бо чашми ашколуд қисса карда буд, ки духтараш баъд аз 1 моҳу 7 рӯзи издивоҷ даст ба худкушӣ зад, ки дар ин кор домодаш Зафарро гунаҳгор медонад, ки духтарашро маҷбур кардааст даст ба худкӯшӣ занад. Холаи Фазила гуфта буд, духтараш то синфи нӯҳум хонда, бинобар мушкили иқтисодӣ натавониста буд, ба таҳсилаш идома диҳад.

- Домод баъди тӯй духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам. Вале хушдоманаш розӣ нашуду гуфт, ки ҳамаи нофаҳмӣ ҳал шуд, аммо ин нофаҳми ва таънаи домод ба худкӯшии духтари ман анҷом ёфт,-гуфт Фазила Мирзоева.

Ин арӯси 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ 37 рӯз қабл хонадор шуда, дар сӯҳбати видеоии худ дар бемористон гуфта буд, ки ҳамсараш ба ӯ таъна мезад, ки нодухтар буда, ба хонаи шавҳар омадааст. Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки маҷбураш карданд, ки то ба ин роҳ биравад. Аммо хонаводаи домод ин ҳама иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯяд, ки зиндагии хубу хуш доштанд.

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ

Зафар Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ

 

 

 

Марҳабо Олимӣ: 257 зан ба бемории (ВИЧ - СПИД) гирифтор аст

Марҳабо Олимӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.07.2017 дар  нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 656 нафар ба бемории табобатнашавандаи ВИЧ СПИД мубталоанд ва бояд қайд кард, ки аз ин шумора 257 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд аст.

Вобаста ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, 10 ҳазору 378 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру нрҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардида, 6 ҳазору 776 нафари онҳо ба маблағи 896 ҳазору 625 сомонӣ ҷаримабандӣ ва 1441 нафар огоҳонида шуданд. Ҳамзамон, 2161 парвандаҳои шаҳрвандон ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода шудаанд, гуфта шуд дар ин нишаст.

Доир ба масъалаи мудири бахши  кор бо занон ва оилаи шаҳри Истаравшан, ки сару садоҳо атрофи номаш дар расонаҳои хабарӣ зиёд аст Муовини раис гуфт: Дар ин самт  тадқиқот рафта истодааст, айни замон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тафтишот  идома дорад ва дар сурати тасдиқи амали номбурда, албатта тибқи қонунгузорӣ чора дида мешавад.

Чаро ба худкӯшӣ расондаҳо ҷазо намегиранд?

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задани занону духтарон бештар мушоҳида мешавад. Ҷомиашиносон мегӯяд, ки сабаби даст ба худкӯшӣ задани занон аз ҳад зиёд нисбаташон хушунат равона мешавад, ки ба он тоб наоварда, аз ҳама роҳи осонро интихоб карда, даст ба худкушӣ мезананд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафта қабл як арӯси 18 сола дар ноҳияи Восеъ даст ба худкӯшӣ зада, дар сӯҳбати кӯтоҳи видеоӣ худ ин ҳамаро ба моҷарои хонаводагӣ рабт дода, мегӯяд, ки маҷбур шуд то ба ин роҳ равад.

Баҳси пардаи бакорат, ё бемории пуст Раҷаббиро ба худкушӣ водор кард?

Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола дар охири моҳи майи соли равон тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини 24-солаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Аммо ин наздикшавӣ билохира ба ҷудоӣ овард. Шаби васл бо баҳсҳои  тулонӣ дар мавриди нодухтар будани арӯс анҷомид.

Зариф Пиров, ҳамсари Раҷаббӣ, имрӯз дар сӯҳбат бо "Пайк" гуфт: «Баҳси бакорат баъди шаби аввал оѓоз шуд. ӯ шубҳа пайдо кард, ки ҳамсараш нодухтар ба хонаи шавҳар омадааст ва ба ин мақсад духтарро барои ташхис ба Суд-экспертизаи шаҳри Душанбе бурданд. Зафар Пиров дар идомаи сӯҳбат қисса кард, ки баъди ташхис муайян шуд, ки ҷурми духтар модарзодӣ будааст.»

Баъди ин баҳси дигаре дар мавриди бемории сафедпустӣ доштани духтар оѓоз шуд. Домод мегӯяд, ки модари арӯс ӯро фиреб карда буд, ки бемориии пусташ дар баданаш хурд аст, баъди издивоҷ маълум шуд, ки бемориаш бештар будааст, ин ҳолат ӯро ба ташвиш овард.

"Ман қарз гирифта, зан гирифтам, дар шаби аввал миёни ду ё се дақиқа хонадории мо ба охир расид. Ма баъди ин ҳодиса гуфтамаш ту нодухтар ҳастӣ ва гуфтамаш, ки хез омода шав ман туро ба хонаатон мебарам ва дар пеши поям афтида гирист ва гуфт, ки маро ба хона набар, ки бо табар резаам мекунанд. Баъди ин ҳодиса ба ман забонхат дод, ки аз болои ман зан гир, вале маро напарто. Афсус, ки як рӯз забонхаташро худаш дарондааст. Ман чаро ӯро ҷавоб надодам, чун модарам бемор буд ин корро накардам, вале баъди ду рӯз овози ман баромад, ки зани ман нодухтар аст, аммо ман ҳайрон шуда будам, ки ман ба касе нагуфтам. Баъдан дар тилефон записашро гирифта, ба амаку таѓояш бурда нишон додам ва гуфтам, ки омада духтаратонро баред, аммо онҳо ба ман фишор оварданду дигар. Баъдан занам гуфт, ки маро духтур бар ва ҳақиқатро аз духтур шунав ва ман ин корро кардам, ба бемеристони ноҳиявӣ бурда, ҳатто бо духтур баҳс кардам, чаро бемории пуст чунин буд ба ман нагуфтед. Билохира ба Душанбе бурда экспертиза кардам, эксперт гуфт, ки занат модарзодӣ аст ва ман хурсанд шуда, ба хона баргаштам. Аз ин миён понздаҳ рӯз гузашт ва баъдан модарам огоҳ шуд, гуфт, ки дар куҷо буден ба хонаи хусуру хушдоманат занг зада пурсидем, гуфтан ба инҷо наомаданд. Баъдан иқрор шудам, ки аз занам шубҳа пайдо кардам ба экспертиза бурдам, шубҳа бартараф шуд, зиндагиамонро давом медиҳем. Билохира зиндагӣ рӯз аз рӯз ширин мешуд ва аммо инро на барои касали пуст дигар ба хотири ҷаннат  кардаму баъдан хостам дар Россия кор карда дар ягонҷои дигар зан гирам. Хуллас ман дар панҷуми июл билет доштам, пурсид, ба панҷума меравӣ? Ба саволаш ҷавоб додаму Қуръонро овардам, ки қасам хур, ки баъди рафтани ман бо ҳамон одаме, ки зиндагии туро сузондааст во намехурӣ. Дудила шуд, ки гуям ё нагуям ба хонаи дарун даромад ва ман низ китобро гузошта ба берун баромадам. Каме рафтам ва боз аз роҳ гаштам, гуфтам занамро зиқ кардам, хурсандаш кунам, ки аз хона баромаду гуфт, ки уксус хурдам. ӯро ҳамон ҳолат гирифта ба ошхона бурда об ва дуѓ додам, то бартараф шавад, то он замон мошинро гирифта ба беморхона бурдем ва тамоми кӯшишамро кардам, аммо афсус нашуд",--гуфт Зариф Пиров

Аммо хонаводаи духтар ба суханони домодашон розӣ нашуда мегӯянд, ки онҳо пеш аз издивоҷ домодашонро огоҳ карда буданд, ки духтарашон ба бемории пуст гирифтор аст, вале ӯ розӣ шуда буд, ки ин издивоҷро намегардонад ва бо Раҷаббӣ оиладор мешавад.

Домоди ман чаро то ҳол дар озодист?

Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, ба "Пайк" бо чашми ашколуд қисса кард, ки духтараш баъд аз 1 моҳу 7 рӯзи издивоҷ даст ба худкушӣ зад, ки дар ин кор домодаш Зафарро гунаҳгор медонад, ки духтарашро маҷбур кардааст даст ба худкӯшӣ занад. Холаи Фазила гуфт, духтараш то синфи нӯҳум хонда, бинобар мушкили иқтисодӣ натавониста буд ба таҳсилаш идома диҳад. Модар дар идомаи суҳбат гуфт, ки духтараш доим ба кори хона банд буд ва бародараш иҷоза намедод, ки аз дар берун равад, вале чанд моҳи пеш хонаводаи Зафар Пиров ӯро хостгорӣ карданд.

- Ман худам рӯзи дароз дар бозор дангича савдо мекардам, духтари бечораам бошад додари маъюбашро нигоҳубин мекард ва аз хона ба ҷое намерафт. Хонаводаи писар омад гуфт, ки ба мо чунин духтар даркор аст ва дар ин байн ба мо гуфтанду рафтанд. Баъди як моҳ пулро ба мо оварданд ва ман ба модари писар гуфтам, ки духтари ман як гуноҳ дорад, ки бемории пуст аст. Дар сурати табобат кардан ӯ сиҳат мешавад, агар иҷозат диҳед табобат карда бад диҳам, аммо онҳо розӣ нашуданд. Ҳатто ба домод тилфон карда гуфтам, ки биё суҳбат кунем. Омад, суҳбат кардам ва ба ӯ ин мушкилиро низ гуфтам ва онҳо розӣ шуданд. Мо туй кардем, арӯсро бурданд. Баъди анҷоми тӯй домод духтарамро барои ташхис ба Душанбе бурдааст, ба наздашон рафтам. Гуфтам, ки ӯро ба хонаи худамон мебарам. Вале хушдоманаш розӣ нашуду гуфт, ки ҳамаи нофаҳмӣ ҳал шуд. Билохира мор шудану духтари маро шикор карданд. Ҳоло бошад домодам сабаби марги духтари ман аст, аммо дар озодӣ гаштугузор дорад. Агар ман мешудам, ҳоло кайҳо маро бурда муҷозот карда буданд. Қуҷост қонун, ки сабаби маргӣ духтари ман шудааст, дар озодӣ гаштааст,-гуфт Фазила Мирзоева.

Аммо додситони ноҳияи Восеъ дар робита ба марги Раҷаббии Хуршеди 18-сола бо моддаи 109, яъне ба худкушӣ расонидан парвандаи ҷиноӣ оѓоз карда, ин ҳодисаро тафтиш карда истодаанд. Тарафҳо мегӯянд, ки онҳо ба мақомот даъват шуда, баёнот дода истодаанд.

Худкӯшии зан натиҷаи зулми мардон аст ё...

Ин аввалин арӯс ё келини хонадон нест, ки даст ба худкӯшӣ мезанад. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки ҳарчанд ҳуқуқҳои марду зан баробар аст, аммо аксари вақт ҳуқуқи зан аз сӯи мардон поймол шуда, занҳоро зулми мардон таҳрик ба худкӯшӣ медиҳад.

Моҳинав Раҳматова, яке аз занҳои дигарест, ки баъди як ҳафтаи талоқи шавҳар ӯро иҷоза надодааст, то ба хонаи падар баргардад ва аз ҳақи худ талош кунад. Ин духтари 28 сола ҳоло ду духтар дорад, аммо мегӯяд, ки ба хотири вайрон нашудани оилааш шаш сол азобу уқубати шавҳарро тоқат кард, аммо ислоҳ нашуд ва зулмаш болои шавҳар бештар мешуд. Ин хонум мегӯяд, ки акнун барои ҳақи худ мубориза хоҳад бурд, то шавҳараш ба корҳои кардааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ин занро чунон ҳуқуқҳояш дар як чулистони ноҳияи Темурмалик поймол шудааст, ки ҳар боре, ки дар назди кормандони полис бо забони дарозаш ба сари духтар дод мезад, дигар духтар аз тарс чизе гуфта наметавонист. Ҳоло ин духтар мегӯяд, ки аллакай аз болояш ба пулис шикоят кардааст, то чораашро дида бароянд.

"Ҳолате шуд, ки ӯрёни модарзодӣ карда, маро бо тасмаҳо мезад, аммо барои фарзандонам тоқат мекардам, вале талоқ карду боз дар хона маро нигоҳ дошт ва нагузошт ба ҷое равам. Агар як ё ду рӯзи дигар ба сари ман намеомаданд, шояд ҷасади хунуки маро ба хонаи падар мебурданд. Бовар мекунед, ҳолате шуд, ки қариб маро кӯшад, аммо зиндагӣ гуфта тоқат кардам. Ҳоло аз хурдани шаттаву лагад, сарам дар ҷояш нест, ҳамаше чизеро дар назарам гум кардаам",--гуфт Моҳинав Раҳматова.

Ин яке аз қаҳрамонзани мо буд, ки наздиконаш аз дами марг ӯро наҷот дода ба хона оварданд. Аммо назидкони Иқлимоҳ сокини деҳаи Файзобод аз марг ӯро наҷот дода натавонистанд. Ин сокини ноҳияи Балҷувон як рӯз қабл хонаи волидайн рафта, аз кушта шуданаш шикоят мекунад, аммо хонавода ба сухани ӯ бовар намекунад.

Хиромон Бобохонова, модари Иқлимоҳ дар як суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки духтараш аз тарси шавҳар як гусолаи гумшударо кофта аз деҳаи ҳамсоя ба деҳаи онҳо омад ва шабро дар хонаи модар сипарӣ карда, ба кофтани гусола баромад, аммо наёфт ва ҳинӣ бозгашт ба модар гуфтааст, ки ин охирон дидор бо волидайн буд. Хонум Бобохонова, ки рӯи бистари беморӣ аз сӯзи духтар хоб буд, ки то ҳол боло кардани дастони духтараш, ки хай очаҷон гуфта буд, аз ёдаш намеравад. Ин кампир гуфт, ки духтараш қурбонии ҷаҳл шуд, аммо то имрӯз касе домодашро муҷозот накардааст ва домод дар озодӣ гаштугузор дорад.

"Духатарам ҳамон рӯз аз хона рафт, баъди чанд соат ба мо гуфтанд, ки оед ба хона, ки духтаратон чикоре кардааст. Мо рафта расидем, аллакай ҷасади духтарам дар хона мондагӣ буд. Духтарам гӯё худкӯшӣ карда бошад. Дар хонаи мо говкобӣ омада як шаб дар хона монд, аммо пагоҳ рафтан гуфт, ки агар гусоларо наёбам, шавҳарам маро мекӯшад. Ҳамон шаби расида, духтари моро латукуб карда кӯшта, дар гардани худаш заданд, ки гӯё дар як ҳамоми паст, ки сари одам мерасад худкӯшӣ кардааст. Мо шикоят кардем, аммо то ҳол касе ба доди мо намерасад",--гуфт Хиромон Бобохонова

Даст ба худкӯшӣ задани занонро, аксари вақт ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар моҷароҳои хонаводагӣ ва бо ҳам наомадани зану шавҳар ба ин ҳад оварда мерасонад. Аммо аксари мардон, ки ба худкушӣ расонидан занонашон муҷрим шинохта мешаванду аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуда, боз ба ин корашон идома медиҳанд. Ҳолодонҳо мегӯянд, ки дар чунин ҳолат мардон ҷазои муносиб гиранд, шояд ин кор такрор нашавад. Аммо баъзе ҷомеашиносон низ мегӯянд, ки дар ин кор натанҳо мардон муқассиранд, балки занон низ дар баробари мардон гунаҳгор ҳастанд. Аммо дар ин миён даст ба худкӯши задани як арӯси 18-сола кам ба чашм мехурад.

"Пайк"

РУСТАМ НАЗАРЗОДА: 63 НАФАР ДАР РӮДХОНАҲО ВА КӮЛҲО ҶОНИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОДАНД

Зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух дод, ки ин офатҳои таббиӣ ҷони 27 шаҳрвандро гирифтанд. Бар замми ин зарари моддии офатҳои мазкур 14 миллиону 541 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, иброз дошт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.

Раис илова намуд: Мавриди зикр аст, ки ҳодисаҳои табиии имсола 92 хонаи истиқоматӣ (20 хона пурра), 556.87 га. замини кишт, 15 пул, 7 муассисаҳои томактабӣ ва мактабиро хароб карданд.

Дар идомаи нишасти хабарии ниҳодаш Назарзода гуфт: дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ 63 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бояд гуфт, ки Кумита нақша дорад сохтори худро нав кунад ва яке аз вижагиҳои сохтори нави кумита ин ҷоннок кардани хизматрасониҳо дар ноҳияҳо аст.

Боздошти милиса барои гирифтани пора

Як нозири минтақавии Шуъбаи умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикстон дар шаҳри Бустони вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи Оҷонсии зидди корупсия боздошт шудааст.

Сомонаи Оҷонсии зидди фасод хабар медиҳад, ки капитани милитсия Шарипов Мулорӯзӣ Ғозибекович дар вазифаи нозири минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд «А» барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 14.000 сомонӣ талаб намудааст. Ба иттилои ин манбаъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шарипов Мулорӯзӣ Ғозибекович зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 14.000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шудааст. Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод нисбати Шарипов Мулорӯзӣ Ғозибекович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шаҳрдорӣ: Ба соҳибкорон то ду сол сабукӣ дода мешавад

Акс аз facebook

Ҳукумати шаҳрдори Душанбе барои соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Корвон" зарар диданд, сабукиҳо пешниҳод кардааст. Дар аташ гирифтани шаби 2-юми июл дар бозори "Корвон"-и Душанбе, беш аз 280 дӯкон ва нуқтаҳои савдо, ба коми оташ рафтааст.

Аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар доданд, ки  Рустами Эмомалӣ қабл аз зӯҳри 3-юми июл бо соҳибкороне, ки дар сӯхтори шаби гузашта дар бозори "Корвон" зарар диданд, мулоқот карда, соҳибкороне, ки дар ин ҳодиса зарар диданд, то ду соли оянда аз пардохти чеки ҳаррӯза ва иҷорапулӣ озод карда мешаванд.

Аз ин пештар, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари сӯхтор дар "Корвон" -- бузургтарин бозори шаҳри Душанбе, 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо, зарар диданд. Ин идора бар пояи хулосаи пешакӣ, сабаби сар задани ин оташсӯзиро, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ", эълон кард.

Дар торнамои вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон, ки субҳи 3-юми июл нашр шуд, дар шарҳи ин ҳодиса омадааст.

-Рӯзи 2-юми июли соли 2017, соати 20:03-дақиқа, дар ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати 480 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ҳам сабт нашудааст. Аммо ин ниҳод ҳаҷми хисороти ин оташсӯзиро эълон накарда ва гуфтааст, ки "зарари сӯхтор муайян карда мешавад."

Пайдо шудан ҷасади як корманди судиҷрочии ноҳия Восеъ аз дарёи Сурхоб

Мақомоти ноҳияи Восеъ ҷасади судиҷрочии додгоҳи ноҳияро баъди як рӯзи нопадид шуданаш аз дарёи Сурхоб дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистон пайдо кардаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Восеъ имрӯз дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки ин корманди судиҷрочӣ як рӯз қабл нопадид шуда, дирӯз бегоҳӣ ҷасадашро аз дарёи Сурхоби деҳаи Қурбоншаҳид пайдо карданд. Ба гуфтаи ин манбаъ нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Аммо ин манбаъ гуфт, ки баъди ташхиси чанд соата маълум нашуд, ки ин марги маҷбурӣ ё чизе дигар аст. Инро таҳқиқи пурра собит хоҳад кард.

-Аз рӯзе пеш гум шуда буд, дирӯз бегоҳӣ тақрибан соатҳои ҳашти шаб ҷасадашро аз дарёи Сурхоб пайдо карданд. Ҳоло нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷинояти оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Аммо аз ташхиси чанд соата ки ҳоло хулосааш набаромадааст марги маҷбурӣ гуфта намешавад, вале баъди таҳқиқи ҳодиса муайян карда мешавад, ки ин корманди судиҷрочӣ аз чӣ фавтидааст. Ҳарчанд оби дарё низ кам буд,--гуфт ин манбаъ аз мақомот.

Дар Тоҷикистон марги мармузи кормандони суд бисёр кам иттифоқ меафтад. Мақомот низ мегӯяд, ки тафтиш собит хоҳад кард, ки ин марги маҷбурист ё ин ки  чизи дигар.

Тафсилот дар ҳафтавори «Пайк» ва ин сомона нашр мешавад

Страница 5 из 7

Суроғаи мо:

Joomla ru