Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

Имшаб дар ду садамаи автомобилӣ 3 нафар ҷон бохт ва 7 нафар маҷрӯҳ шуд

Шаби гузашта соатҳои 20:30 дақиқа дар маҳаллаи 13-ум микрорайони шаҳри Кӯлоб садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод. Нақлиёти тамғаи «Nexla» рақами қайди давлатиаш 00 -15 ва дигараш, ки аз зарби сахт бархурдан рақамаш ҳам нопадид буд. Мо онро маълум карда натавонистем, танҳо ҳаминро медонем, ки тамғаи нақлиёт opel astra «караван» буд. Мувофиқи гуфтаи масъулини беморхонаи Вилоятӣ дар ш. Кӯлоб дар ин ҳодиса 2 нафар ҷони худро бохтанд  Исомов Зоир соли таваллудаш 2000 истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб маҳаллаи Н.Б Поён №186 ва дигар бошад Сафаров Шуҳрат соли таваллудаш 1995 ноҳияи Кӯлоб деҳаи Сари Осиёб мебошад. Ҳоло бар асари ин садама 7 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки боз дар ин шаб як автомошинаи дигар дар роҳи Кӯлоб- Муъминобод самти ҳаракати худро гум карда ба ҷарї меравад, ки дар ин ҳодиса бошад, як нафар ба ҳалокат мерасад.

Шарҳи бештари ин ҳодисаро дар шумораи ояндаи рӯзнома мутолиа фармоед.

Муҳаммади Мусавӣ


Рӯзгор

Дар қисмати шимолии шаҳри Кӯлоб пирамардеро бо лақаби Мусича бисёриҳо мешиносанд. Касби ӯ ҳамарӯза кофтани партовҳост. Се халта дорад-якеро ба пушт ва дуи дигарро дар дастонаш гирифта, партов ба партов мегардад. Либосҳо ва сару рӯяш хеле ифлос аст. ӯро дар ин қисмати қисмати шаҳр ҳамарӯза даруни партовҳо мебинам. Қади аз миёна пасттар, мӯи сари дароз ва риши сафед дорад. Гарчанде, ки синну солаш аз рӯйи тахмин ба 70 сола наздик бошад ҳам, қоматаш рост асту ҳаракатҳояш ба пирон монанд нест. Маълум аст, ки дар ин ҷуссаи начандон калон ҳоло нерӯйи зиёд ниҳон аст. Ҳамин аст, ки бо се халтаи на камтар аз 10 килограмм вазн дошта, ҳамарӯза чандин километрро тай мекунаду боре дам намегирад. Ҳар бор ба худ савол медодам, чӣ кас аст партовков, барои чӣ мусичааш мегӯянд, чӣ мекобад, ҳамаи бозёфтҳояшро куҷо мебарад? Дар романи нависандаи Укроин Николай Василевич Гогол «Ҷонҳои мурда» (Мёртвые души) персонаже аст бо исми Плюшкин. Бо вуҷуди он, ки ин шахс хело бодавлат аст, ончунон хасис аст, ки ҳар чизеро аз кӯча ёбад ба хона мекашонад. Дар хонааш кӯҳи ашёи нодаркор ғарам гаштааст, аммо боз мехи зангзада ё сатили пусидаеро ёбад, гирифта оварда рӯйи он ғарам мепартояд. Чунин персонаж дар адабиёти Ғарб ҳам ҳаст бо исми Гарпагон. Гумон кардам Мусича ҳам мисли ҳамон персонажҳо аст. Ба худ андешидам, ки шояд дар хонаи ӯ ҳам кӯҳи партовҳо бошад, аммо не…

Нахуст дар як сӯҳбати сарироҳӣ номзади улуми сиёсатшиносӣ Додарбек Сайдалиев дар омади гап аз Мусича ёдовар шуд. Гуфт: «Ин шахси хело ифлосу зишт, мегӯянд замоне ҷавони зебо буд. Он вақт дар маҳаллаи Чарм Гарон зиндагӣ мекарду ҳама духтарони атроф ба ӯ ошиқ буданд.»

Ҳуш аз сарам парид. Дар навҷавонӣ ман ӯро хуб мешинохтам. Мусичаеро ба хотир овардам, ки дар ҷавонӣ рашки ҷавонону духтарон буд. Дар маҳаллаи мо истиқомат мекард. Солҳои 70-уму 80-ӯм мардум назар ба имрӯза хело муттаҳид буданду ба якдигар муҳаббати зиёд доштанд. Ҳар бегоҳ пиру барнои маҳаллаҳои Чарм Гарон ва Нон бои поён дар назди кинотеатри «Спутник», мустақар дар пушти автовокзали Кӯлоб ҷамъ меомаданд. Гурӯҳе аз ҳамсояҳо нишаста сӯҳбат мекарданду қисме аз ҷавонон қиморбозӣ, гурӯҳи дигар то саршавии кино бо якдигар дар назди касса рост истода дидорбинӣ мекарданд. Он вақт пирамардону кампиракҳо ҳам, ҳама кори хонаро партофта, бегоҳ ба тамошои филмҳои ҳиндӣ ё «Кинг-Конг» меомаданд. Мардум онқадар софдилу бекина буданд, ки як авбоши собиқадор ё собиқаи зиёди маҳбаснишинӣ дошта ба монанди Сангак Сафаров, метавонист бемалол бо як зиёӣ ё мулло нишаста дар кадом мавзӯе сӯҳбат кунад. Касе ҳам на муллоро айб мекарду на авбошро.

Ана дар чунин маҷлисҳои назди кинотеатр пайдошавии Мусича барин, ба истилоҳи имрӯза «модел», воқеаи хурд набуд. Даҳону биннии мақбули духтарон, мӯйлабҳои сиёҳу дурусти ҳарфи «п», мӯйи сари то китф дарозу каме ҷингилаи ялаққосӣ, дасту по ва қади меъёрӣ, чашмони сиёҳу мижжаҳои дароз, лаҳни ширин ӯро хеле дилкаш мекарданду ситорагарм. Махсусан духтарон пинҳонӣ аз волидайнашон дуздида-дуздида ба ӯ нигоҳи бомуҳаббат мекарданд. Ҳамаи ин аз назари мо навҷавонон пинҳон намемонд. Мо дар қиёфа ва тарзи либоспӯшӣ ба ӯ тақлид мекардем. Нахустин шуда ҳамин Мусича ба майкаи аз зери курта намоён нақшҳои чакан дузонда ба бар мекард. Туфлиҳои нӯгашон чун сӯзан тезро ҳам ба гумонам нахустин шуда Мусича мепӯшид. Дар миён гиреҳ бастани курта, пеши бари кушода, почаҳои то ба 45 см. васеъ (клёш), киссаҳо дар бари рон, як гули садбарг дар киссаи пеш ё пушти гӯшро ҳам аввалин шуда ҳамин ҷавон ба кӯча овард.

Ҳамон рӯзгор, худ мисли Мусича зебо буд… мисли хоби ширин гузашт.

Имрӯз ҳамин Мусича ёдгор аз он рӯзгор аст. ӯ шабаҳи ҳамон ва ҳамин рӯзгор аст-он вақт хеле зебо, имрӯз хеле ва хеле… хуллас партовков.

Билохира вазъият даст доду Худо розӣ шуду бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам. ӯ дар бораи овони ҷавонӣ хеле бо ҳарорат сӯҳбат кард, мисли он, ки мо дар ин мавод қисса кардем. Сипас аз рӯзгори имрӯзаи ӯ пурсидам, ки гуфт:

«Исмам Маҳмадулло Абдуллоев. Ҳоло касбам партовковист.  Аз саҳар то бегоҳ ҳама партовҳои маҳаллаҳои Борбад, Шоҳин, Якуми Май ва атрофи ин маҳаллаҳоро гашта шиша, оҳан ва коғаз меғундорам. Бегоҳ ҳамаи инро дар ҷойҳои махсус фурӯхта, 5-6 сомонӣ кор мекунаму бо ҳамин маблағ рӯз мегузаронам. Дар хонаи бародарам зиндагӣ мекунам, ризқамро аз рӯйи ҳамин касб худам меёбам. Зан ва фарзанд надорам. Соле қабл аз партовҳо чизе пайдо карда наметавонистам. Началники КЖКП номусалмон буд, ки партовҳоро саҳар ҳанӯз субҳ надамида кашонда мебурд. Доимо қуттиҳои партов холӣ буданду об зада руфтагӣ. Худо началникҳои ҳозираро баракат диҳад, баъзе аз партовҳоро ду-се ҳафта ҳам намебаранд. Барои мани бечора ашё бисёр аст. Вазминӣ дар ҳамин аст, ки вақтҳои охир ҳамкасбони ман зиёд шудаанд. Даҳ то 15 ҳамкасб дорам. Лекин началникҳо баракат ёбанд, ки ҳамаи мо ризқу рӯзиамонро меёбем…»

Барои мардум панд аст мавҷудияти Мусича барин махлуқ. Бубинед, ки рӯзгор бо он қиёфаи зебо ва либосҳои фохира чӣ кард. Шукри тани сиҳату неъмати имрӯз бояд кард, то фардо чун ҳама чиз аз даст рафт, ёди ин рӯзгор зиндагиатро рангин гардонад. Гумон дорам рӯзгори имрӯзаи Мусичаро рӯзгори гузаштаи ӯ рангин месозад, набошад кас намедонад ин мард ба чӣ хотир зиндагӣ мекунад…

Молик

Белорусдухтар: МАРО ДАР ЯК ШАБ ТО БА 15 НАФАР МЕФУРӯХТАНД

Баъди чанд моҳи «кор» ба муддати камаш 20 сол пир шудам. Мисли ашё будам, ҳар рӯз мефурухтанду мехариданд. Гоҳо дар як шаб хизмати 10 то 15 мизоҷро мекардам.  Башараи мизоҷон батадриҷ бароям як башараи умумии хунуки нафратовар шуданд. Бисёре аз онҳо ба ман арақ медоданд, рад намекардам. Баръакс, барои фаромуш кардани ин ҳама бадбахтӣ кушиш мекардам то беҳол шудан бинӯшам.

Барои ҳар духтар Агнешка 80 то 100 доллар музд мегирифт, аммо ба мо чизе намедод. Хӯроки басерӣ намеёфтем. ӯ усулан ҷонибдори «шиками сер қуввати кор» набуд, балки мегуфт бо шиками нимгурусна инсон хуб кор мекунад. .

Боре араби навбатӣ маро харида киро карда ба хонааш овард, нӯшидан пешниҳод кард. Намедонам ба май чӣ ҳамроҳ кард, ки зуд беҳӯш шудам. Аз дарди ҷонкоҳи дастон ба худ омадам. Ба ҳӯш омада дидам, ки дар бадани ман сигаретро хомӯш мекунад. Ман дод задам, аммо ӯ даҳонамро бо латта баста ба пойҳоям бензин рехта дар дод. Дигар чизеро дар хотир надорам.

Бори дигар дар қароргоҳи худамон ба ҳӯш омадам. Дар дастонам ҷои сухта аз сигарет буду дар пойҳоям қариб пуст набуд. Агнешка салоҳ надид, ки табиб даъват кунад, фақат дорӯ харид. Маро духтарон табобат карданд. Қариб ду моҳ «кор» карда натавонистам.

Маҳбас дар муқоиса бо хоначаи Агнешка ҷаннат буд

Баъди сӯзондан бадани ман барои мизоҷон зишт ва номақбул шуд. Аммо Агнешка умед дошт, ки касе ёфт мешавад, ки маро бихарад. Фикри аз инҷо гурехтан майнаамро ором намегузошт.

Дар яке аз рӯзҳои навбатпоӣ дар тарабхонае ман гуфтугӯи мизоҷон бо забони русиро шунидам. Пушти миз ду ҷавон менишаст. Наздик омада ба сӯҳбат ҳамроҳ шудам. Маълум шуд, ки онҳо аз Русия барои дамгирӣ ба Дубай омадаанд. Дарк кардам, ки барои гурехтан имконият пайдо шуд. Ман бачаҳоро зорию тавалло кардам, ки ба ман кумак кунанд. Розӣ шуданд.

Онҳо маро «харида» ба меҳмонхона оварданд. Аз онҷо ба пулис занг зада, ҳамаро нақл кардам. Ба ҷои он, ки пулис ба ман кумак кунад маро боздошта таҳдид карданд, ки ба онҳо ришва диҳам, набошад бо ҷурми фоҳишагӣ маро ба маҳбас мефиристанд. Пул надоштам, маро ба маҳбас бурданд. Дар муқоиса бо хонаи Агнешка маҳбас ҷаннат буд-се бор хӯрок ва ягон мард набуд.

Баъди як моҳ маро аз он мамлакат хориҷ карданд.

Мардҳоро чашми дидан надорам

Ба хона бар гашта қарор додам ҳамаро фаромӯш кунам. Ба милиса нарафтам, нахостам ба зулми пурсандагон гирифтор шавам. Дере нагузашта, барои аз ёд рафтани гузаштаи талх, якҷо бо хоҳарам аз зодгоҳ ба шаҳри Баранович куч бастем. Дар инҷо холаам зиндагӣ мекунад. Дар бораи рақс дигар ҳатто хаёл карда наметавонистам. Бо дасту пойҳои сухта ва маъюб на рақсида метавонистаму на касе ҳам маро ба кор мегирифт. Савдогар шудам. Моҳона барои зиндагии ману хоҳарам мерасад.

Ҳоло 25 сола бошам ҳам қиёфаам мисли 40 солаҳост. Кӯдак карда наметавонам. Дӯстдошта надорам, мардҳоро бад мебинам, намехоҳам, ки ба ман даст расонанд. То ҳанӯз шабҳо хобҳои даҳшатнок дида, таги обу арақ парида мехезам. Даҳшати 5 сола азобам медиҳад.

Ба ҳамаи духтарон рӯ оварда мегӯям: пули бе дарди миён вууд надорад.  Агар ба шумо дар хориҷа кӯҳи тилло пешниҳод кунанд, қабл аз розӣ шудан сад бор фикр кунед! Намехоҳам, ки тақдири талхи маро каси дигар аз сар гузаронад.

Барои маълумот: Мутаассифона дар Тоҷикистон ҳам то ҳанӯз даллаҳое ёфт мешаванд, ки ҳамасола даҳҳо нафар духтарон, аз ҷумла ноболиѓонро фиреб дода, барои кори сабук ва пули бисёр ёфтан ба хориҷи кишвар мебаранд ва ба ѓуломӣ фурӯхта даромади муфти ҳаром ба даст меоранд ва ҳаёти духтаронро месӯзанд. Ѓолибан, даллаҳо Аморати Арабро майдони фаолияти худ қарор додаанд, чунки онҷо арабҳои серпул ва маишатталаб зиёданд. Ин ҳамон қавмест, аз табори паёмбари Худо (гарчанде, ки паёмбар болотар аз мафҳуми қавму миллат аст). Ҳамон тоифае, ки баъзе аз мусалмонони гумроҳ онҳоро парчамбардорони ислом ҳукм карда ба онҳо дар пӯшиши либос ва тарзи намозгузорӣ тақлид мекунанд. Даллаҳо дар тамоми дунё фаолият доранду шайхҳои пешвоҳои ислом бо ҳамёнҳои пур интизори духтарони зебои осиёӣ ва аврупоиянд, аммо пули додаи оҳоро духтарони қурбонии истисмори шаҳвонӣ намебинанд, балки ташкилкунандагони ин амали ѓайришаръӣ даромади хуб мегиранд.

Танҳо аз ватани ҳамин духтари қаҳрамони мақола, бино бар иттилои Вазорати Корҳои Дохилаи ҷумҳурии Белорус танҳо дар моҳҳои январ майи соли 2017, 50 зан, аз ҷумла 10 ноболиѓро фиреб дода гирифтори истисмори шаҳвонӣ кардаанд. 21 нафари дигарро мақомот аз роҳ гардонидаанд.

Тарҷума аз русӣ

 

Кӯдакро спиннер кушт

Саҳари рӯзи душанбе ҷасади духтараки сесолаеро ёфтанд. Сабаби марги кӯдак бозии нави спиннер будааст.

Спиннер – бозии навбаромади хитоӣ аст, ки дар тамоми дунё зуд маҳбуби пиру ҷавон гашт. Ин бозича шабона рӯйи ҷогаҳи духтарак дар Лос Анҷелоси Амрико аз барќ нерӯ мегирифт, ки дар гирифта бадани кӯдакро сӯзонда хокистар кард.

Мутахассисон таи чанд соли ахир тавсия медиҳанд, ки бозичаҳои хитоиро барои кӯдакон нахаранд. Худи ҳамин сол ҳудуди сад кӯдак аз ин бозичаи чархзананда осеб диданд.

 

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду кочоқбар кушта шуд

Ду кочоқбари афғон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар ду амалиёти ҷудогона дар хоки Тоҷикистон кушта шуд. Тибқи иттилои Маркази матбуотии Қушунҳои сарҳадии КДАМ, қочоқбари аввал рӯзи 14 сентябр дар ноҳияи Панҷ ва дигарӣ рӯзи 15 сентябр дар Ҳамадонӣ кушта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сарҳадбонон бо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо як гурӯҳ кочоқбарон вориди даргирӣ шуда як танашон кушта ва нафари дигар ба Афғонистон фирор кард.

“Дар ҷои ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дасти Ф-1 ва 1 адад телефони мобилии Самсунг дарёфт ва мусодира шуд”, мегӯяд манбаъ.

Ҳодисаи дуюми кушта шудани кочоқбар дар ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст. Дар ин ҳодиса ҳам миёни қочоқчиён ва марзбонон як задухӯрд сурат гирифт. Пас аз кушта шудани кочоқбар ва фирори ҳамроҳонаш, аз маҳали ҳодиса “тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тир дарёфт шудааст”.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва хатари убури қочоқчиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ яке аз нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Чаро сарбоз қасди тарконидан дошт? (Акс)

Як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми кӯшиши тарконидани худ ва як ҳамхизматаш безарар гардонида шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон  ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин сарбоз аз куҷое норинҷак (граната)-ро аз худ карда, қасди тарконидани худ ва ҳамхизматашро доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамхизматаш бо каме захмӣ шудан наҷот дода шуда, аммо худи он сарбоз безарар гардонида шуд.

"Аз куҷое граната пайдо мекунад ва қасди таркондани худу ҳамхизматаш доштааст, аммо мақомот худи ин сарбозро безарар карда, сарбози дигар бошад каме захмӣ мешавад. Ин сарбоз аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Қалхозобод)  будааст. Ҳоло нисбати ин ҳодиса додситони ҳарбии Хорӯғ парванда боз кардааст, тафтишот рафта истодааст",-гуфт манбаъ

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки қарор аст, ки ҳамин лаҳзаҳо ҷанозаи ин сарбоз гузаронида шавад.

Раҷабов Абдулло, раиси ҷамоати шаҳраки Балхӣ ба "Пайк" гуфт, ки ҷасади ин сарбозро дирӯз бегоҳӣ оварданд ва қарор аст, ки ҳамин лаҳзаҳо ҷанозааш дар масҷид гузаронида шавад. Раҷабов илова кард, ки ин сарбоз Сафарбек Хонов буда, соли таваллудаш 1997 мебошад.

Баҳром, як ҳамсояи Сафарбек Хонов ба "Пайк" гуфт, ки ҳама дар ҳолати шок қарор доранд ва касе чизе намедонад, ки ба ин сарбоз чӣ шудааст. Баҳром илова кард, ки ҳама дар ҷанозаи Сафарбек қарор доранд.

Аммо Шодибек Хонов, бародари Сафарбек Хонов дар як сӯҳбати кӯтоҳи худ ба "Пайк" аз Русия тавассути телефон гуфт, ки бародараш пеш аз ин ҳодиса ба бародари дигараш тамос гирифта пул талаб мекунад ва мегӯяд, ки агар пул надиҳад мушкилӣ пеш меояд. Шодибек илова кард, ки баъди ин, чунин кор рӯх дод. Ӯ гуфт, ки дар бадани бародараш осори як тир ва биннии шикаста мушоҳида кардаанд.

"Сафарбек як прапоршик қати ҷангашон мешавад ва ӯ ба бародари дигарам мегӯяд, ки 8 ҳазор рубл рои кун, ки проблема мешавад, агар рои накуненд ва маро инҷо тинҷ намегузоранд. Он прапоршик сокини ҳамон ноҳияи Дарвоз будааст",--илова кард Шодибек Хонов.

Хонаводаи Сафарбек гуфтанд, ки он як солу шаш моҳи пеш ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Ҳамдеҳагон аз ӯ тавсиф карданд, аммо гуфтанд, ки дар рӯи ҷанозааш аз тамоми мақомотӣ вилоят иштирок доштанд, вале касе барои гирифтани аксу видео иҷозат надод. нанд. Шодибек Хонов низ гуфт, ки ҳатто ба хонаводаи онҳо иҷозаи гирифтани аксу видео аз сӯи мақомот дода нашудааст.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Шаҳритус: 20 нафар Алишер ва Хуршедро барои чӣ латукӯб карданд?

Падари як ҷавон дар ноҳияи Шаҳритус иддао дорад, ки писар ва дӯсти писарашро рӯзи 13 август як гурӯҳ ҷавонон зери латукуби қарор дода аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Ба гуфтаи хонаводаи ин ҷавон ҳоло ҳардуи онҳо ҷароҳати вазнин бардошта дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбати ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса шоми 13 уми август рӯх дода, беш 15 ҷавони деҳаи Айвоҷи ҷамоати Ҷура Назаров дар як тӯй маст шуда, ин ду ҷавонро зери латкуб қарор медиҳанд, ки ин ду ҷавон ҷароҳат бардошта ба бемористон оварда мешавад. Ин манбаъ гуфт, ки ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Элмурод Ярқулов, мудирӣ шӯъбаи ҷароҳҳӣ беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбат ба "Пайк" гуфт, ки ин ду ҷавонро дар ҳолати вазмини миёна ба шӯъбаи ҷароҳҳӣ ворид карданд. Ҷаноби Ярқулов илова кард, ки Хуршед Ашурови 30-сола ва Алишер Қурбонови 32-сола ва сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми  лату кӯб косахонаи сари онҳо аз 5 то 15 сатиметр кафидааст. Ӯ гуфт, ки баъди табобат ҳолати беморон хело дигаргун шудааст, аммо ин ҷавонон сухан гуфта наметавонанд, ва суханашонро тариқи қаламу дафтар баён мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки гурӯҳи ҷавонон ба як ҷавони дигар ҳамла карда, онҳорро зери латукуб қарор медиҳад. Дар моҳи апрел низ як гурӯталабагони макотиби миёна дар Душанбе ба ҳамдигар ҳамла карда, билохира бо қарори додгоҳ пушти панҷара рафтанд.

Салим Назаров, падари Хӯршед ва ҳамзамон собиқ корманди КДАМ дар сӯҳбати "Пайк" гуфт, ки ӯ дар ҳолати шок қарор дорад ва  наметавонад ин хабари шумро ба ҳамсар ва келинаш расонад. Ҷаноби Назаров дар идомаи суҳбат илова кард, ки аз он сабаб ин хабарро ба ҳамсараш ва келинаш намегӯяд, ки яке бемории дил дигаре ҳомиладор аст. Ӯ мегӯяд, ки то ҳол аз Худо тавалло дорад, ки ҳамсар ва келинаш нашаванд.

"Ман бо писарам барои зиндагиро пеш бурдан қитъаи замин гирифта, ба тарбузкорӣ машғулем. Ҳангоми мавсим аз ҳаргӯшаи кишвар барои харидории тарбуз меоянд. Се рӯз пеш аз ин воқеъа  дӯстӣ писарам Алишер аз шаҳри Кӯлоб омаду гуфт, тағо ман барои харидори тарбузи шумо омадам. Ман ба ӯ посух додам, ки бачам каме вақт лозим барои ҷамъовари тарбуз ва ӯ хост, ки то ҷамъоварӣ ба мо кӯмак кунаду баъдан тарбузҳои чиндаашро ба шаҳри Кӯлоб бибарад, аммо Хуршеду Алишер,  рӯзи 13-ум ҳангоми шаб аз сари замин баргаштанашон як тӯда ҷавонон якум писари маро аз пушти сар зада ним ҷон карда ва  Алишерр низ лату кӯб мекунанду дастояшонро баста дар сару қафаси сина мурданивор мезанаду аз ҷойи ҳодиса мегурезанд. Дар баобари ин ҳоло падару модари Алишер аз ин ҳолат хабар надоранд",--гуфт Салим Назаров.

Ҳоло падари Хуршед Ашурови 30 сола мегӯяд, ки ба гӯши онҳо овоза расида буд, ки  мақомот 24 нафарро ҳамуч гумонбар тафтиш доранд. Ба гуфтаи Салим Назаров аз ин гурӯҳи 24 нафараи ҳамлакунанда  ду нафараш бародари корманди БДА ноҳия бо номи Бегиҷон  ва писари амаки корманди танзими ноҳияи Шаҳритус будааст.

Салим Назаров дар давоми суҳбат илова кард, ки ин овоза ба воқеъият табдил ёфта ду рӯз қабл корманди танзими ноҳия ба наздаш омада, аз ӯ хостааст, аз даъвояш гузарад ва ин ду нафарро бубахшад. Ин падар гуф, ки баъди шунидани ин сухан онро аз наздаш бо суханҳо қабеҳ ронд.

"Назди ман як нафар омада, худро корманди танзим муаррифӣ кард ва гуфт, ки ду нафари онҳо писарони амаки ман ҳастанд ва онҳоро бубахшед. Дар посух ман низ гуфтам, агар писари ман писари шуморо ба чунин ҳолат меовард шумо чикор мекардед ва дар ғазаб боз чанд сухани қабех низ гуфта аз наздам рондамшон",--гуфт ӯ.

Хонаводаи Хуршед аз ҳолати латкуби фарзанд ва дӯсташ 3 рӯз сипари  мешавад, аммо тьо ҳол ягон падару модари ҷинояткорон аз ҳоли онҳо пӯрсон нашудаанд.

"Ин нафарон, ки писари маро бо ҳамроҳи дӯсташ ба чунин ҳол оварданд, агар дар батнашон хуни дусмусалмони медоштан аз ҳоли ману писарам ва  дӯстӣ ӯ хабар мегирифтанд. Агар ин ҳолатро дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ мекарданд маро аламам намекард чун, ки солҳои 92-93 солҳои бесаросомонӣ буд. Ҳоло мо як Ватани орому тенҷ дорем, аҷибаш ин аст, ки мурдани зананду касе аз ҳолат хабар нагирад. Ман дар ин муноқиша як чиро мебинам маҳалгароиро",--илова кард Салим Назаров.

Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки нисбати ин муноқиша парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва таҳқиқ идома дорад. Вале саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъулини ҳукумати ноҳия танзиму тартиботи ҷаъмиятиро ба тартиб намедароранд.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Боздошти як сардухтур дар Кӯлоб

Амалҳои каррупсионии кормандони маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо хело ҳам афзоиш ёфта истода аст. Чандин маротиба мо сухан дар бораи амалҳои коррупсионии марказҳои саломатии ш. Кӯлоб маводҳо низ ба нашр расонида будем. Имрӯз ҳам мавзуъ маҳз ба ана ҳамин масоил бахшида мешавад.

Маркази саломатии №14 далели гуфтаҳост. дар тебеияти худ ҳоло 5 бунгоҳи тиббӣ дорад ва ҳар яки онҳо дар як гӯшаи шаҳр ҷоийгир мебошанд, ҳоло бошад дар ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ эмгузаронӣ, яъне иммунизатсия  ва барои хонандагоне, ки қадами нахустини худро ба синфи аввал мемонанд гувоҳномаи тиббӣ “формаи” 26 омода намуда истодаанд. Ҳар кадоми ин ҳуҷҷатҳо маблағи муайяни худро доранд гарчанде, ки хилофи қавонини ҷории кишвар низ бошад. Ҳамарӯза таввасути оинаи нилгун намоиш медиҳанд, ки ин намуди хизматрасониҳо ройгон мебошанд. Аммо ҳайҳот, дар ин маврид аксари сардухтурони Кӯлобшаҳр хабар надоранд ва аз ҳар волидоне, ки кӯдаконашонро аз иммунизатсия мегузаранд маблағ мегиранд.

Масъулини бунгоҳи тиббии маҳаллаи Зарринкӯҳ далели гуфтаҳои болост, ки масъулин барои ҳар намуди хизматрасониҳо ҳар гуна маблағ муайян намудаанд,  масалан барои иммунизатсия 8 сомонӣ, барои “формаи”26 бошад 25 сомонӣ муайян кардаанд.

Сангов Нураҳмад сокини ш. Кӯлоб маҳаллаи болозикр дар сӯҳбат бо “Пайк” чунин ибрози андеша намуд: “Чанд рӯз қабл ман фарзандамро, ки ҳамагӣ 1,5 сол дорад барои эмгузаронӣ ба бунгоҳи тиббии маҳалла бурдам. Ҳангоми ворид шудан ба ин макон духтур Салимов Ҷура ба ман гуфт, ки 3 сомонӣ пешбардохт намоям ва баъдан барои ташхис бошад, 5 сомонӣ диҳам. Аз ӯ пурсон шудам, ки оё ин намуди хизматрасонӣ ройгон нест? ӯ бошад асабонӣ шуда бо садои баланд чунин гуфт: -Иҷа марои чӣ мешинм ма ручка мехарм варақ мехарм иёра ба назар бгирен шмо гуфт, ҳамсуҳбати мо оғои Нураҳмад.

Фаришта ном сокини дигари ин маҳалла дар суҳбат гуфт, “кӯдакамро барои имунизатся бурдам аз ман ҳам талаби 5 сомонӣ намуданд”.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамин чанд рӯз қабл Салимов Ҷураро мақомоти прокуратуро бо ҳамин ҷурм боздошт намуда буд, гуфт яке аз ҳамишираҳои шафқати ҳамин бунгоҳ.

Роҷе бо ин масъала хостем бо сардухтури бунгоҳи тиббии маҳаллаи Заринкӯҳ Салимов Ҷура сӯҳбате дошта бошем. Ҷаноби Салимов дар суҳбат иброз дошт, ки “Мо дар муддати як моҳ як рӯзи муайян ба имунизатсия гузаронидан дорем, дар масъалаи аз куҷо гирифтани ваксина бошад, Бозоров Нуралӣ пурра моро таъмин менамояд, ки як ваксина миқдори 60 - 80 доллар арзиш дорад. Дар мавриди маблағ гирифтан бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки аз касе маблағ намепурсем ҳаркас аз рӯи имону инсофаш чанд пуле диҳад мо чизе намегӯем. Ҳамин ҳоло Шумо тамоми беморхонаҳои шаҳрро давр зада бинед дар ягон ҷо бо чунин маблағ яъне, 25 сомон гувоҳнома намедиҳанд, дар ҳамаҷо 35 – 40 сомон мебошад”.

Аммо сокини дигари ҳамин маҳалла хонум Маҳиноз ҳамаи гуфтаҳои Салимовро рад карда чунин ибрози андеша намуд, “писарам имсол бояд ба синфи як равад, барои гирифтани “формаи” 26 ба назди духтур рафтам аз ман талаби 25 сомонӣ намуд, шароити супурдани ин маблағро надоштам ба ӯ гуфтам, ки 10 сомонӣ дорам, аммо рафта пулро биёр баъд гувоҳномаи тиббиро мегири”.

Бозоров Нуралишо Шарипович, директори маркази Имунопрофлактикии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо “Пайк” гуфт: Ҳамаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳр сари вақт ба ваксина таъмин мегарданд. Ин намуди маҳсулоти дорӯвориро мо аз ташкилоти байналмилалии “Юнисеф” ба таври ройгон мегирем ва ройгон тақсим менамоем дар мавриди пулгирии баъзе духтурон шунида будем, аммо дар санҷишҳои мо чунин амалҳои коррупсионӣ ба назар нарасид.

Чунин беэътиноӣ ва беназоратӣ дар беморхонаи Ҷерқалъаи ҷамоати деҳоти зиракӣ низ ба назар мерасад, ки дар он ҷо барои як “Формаи” 26 40 сомонӣ мегиранд,ки ҳамин ҳам бошад бе муоина тиббӣ як варақро пур мекунанд. Ҳоло бошад сокини ш. Кӯлоб маҳаллаи Лағмон аз чунин беназоратӣ қисса мекунад.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

Страница 3 из 7

Суроғаи мо:

Joomla ru