Пайк

ХАБАРҲО

ИҶТИМОЪ

БИГЗОР ИНТЕРНЕТ ҚИММАТ ШАВАД!


Дар ҳоле, ки даҳҳо нафар дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз болоравии нархи интернет изҳори норозигӣ кардаанду мекунанд, ман комилан ҷонибдорам, ки нархи интернет боло бурда шавад. Воқеъияти рӯзгор аст, ҳар қадар мол арзон шуд, сифаташ паст мегардаду муҳимияташро аз даст медиҳад. Мутаассуф дар фейсбуки тоҷикии мо ками андар кам матолиби хонданӣ меёбем. Аксарият иғвоангезона ва мутаассуф, саршори дашному ҳақорат навишта мешаванд. Шоир бо муаллим ҷанг мекунад, духтур бо ронанда, нозири роҳ бо мансабдор ва аз ҳама муҳиму аҷибаш дар фейсбук аксарият атрофи ҷангу хархашаи хушдоману келин баҳс меороянд! Ва барои худ расонаи таблиғгаре ҳам доранд, ки натанҳо аз ҷанҷолҳои оилавӣ хабар менависад, ки ҳатто аз гум шудани «саги опозитсионер» ва ҳомилагии гурбаи кадом роҳбари ҳизб ҳам «матолиби хонданӣ» пешкаш мекунанд. Ин чӣ маънӣ дорад? Маънояш ин аст, ки фарҳанги мардум коста шуда ва хабари нормро аз сафсаттаҳои кӯчагӣ фарқ карда наметавонад. Айбу шарм як сӯ истад, зишт аст, аз масоили хонаводагии мардум хабарҳои «топ» сохтан! Унро ҳам аз хонаводаҳои оддӣ, ки барои ҷомеъа таъсире надоранд. Ба гунаи мисол, ба хонандаи тоҷик чӣ фарқ дорад, ки бобои Қурбон кампирашро мезанад? Ба кӣ ҷолиб аст, ки саги Раҳматулло Зоиров мурда аст ё зинда? Барои кӣ донистан шарту зарур аст, ки як ҷавони хундарҷӯши 19-сола номзадашро гул ҳадя мекунад ё пул?! Вале маҳз ана ҳамингуна ҳабарҳо дар фейсбуки тоҷикӣ мавриди таваҷҷӯҳи сахти ҷомеъа карор доранд, ки ҷойи нигаронист! Чӣ, ин мардум дигар кор надорад, ки атрофи мушкили ҷиддитаре баҳс орояд? Магар мавзӯъи муҳимтари дар зиндагии як миллати бутун, ки дигар марзи 9 милионро гузаштааст, нест?!

Дар зимн бояд қайд намуд, ки интернет барои мардуми мо воқеан зарар дошту дорад. Дар кишваре, ки ҷавононаш ба ҳадде расидаанд, ки динро аз ифротизм фарқ карда наметавонад, маҳз ана ҳамингуна мушкилот сар мезананд, ки кайҳо сар задаанд. Даҳҳо оилаи тоҷик аз рӯи надоштани маьлумоти кофӣ оиди дини Ислом ва дурӣаз хештаншиносиву адами фарҳанги истифодаи интернет, ба Сурия кӯч бастанду сари хонаводаҳояшон даҳҳо мушкил овардаанд! Магар беҳтар нест, ки интернет ҳам қиммат шаваду на ҳама имкони дастрасӣ ба интернет дошта бошад?! Албатта, беҳтар аст, аммо ин фақат андешаи ман аст, ҳоло розӣ шудану нашудан, ихтиёри ҳамин мардумест, ки боз ҳам фаҳмидаву нофаҳмида дар интернет алайҳи сиёсати давлат ва қонунҳои ҷории кишвар, ҳарф мезананду оқибат пушти панҷара меафтанд. Ва баьд волидонашон оби дида бари рӯ, мотам мебардоранд, ки «писарамро ба хотири як класс равонаи зиндон карданд». Ҳоло фарқаш чӣ, ки писарат классро зер карда ё лайкро, муҳим дар ҳамингуна кишвар ба сар мебарем, ки тибқи қавонини қабулшуда, ҳамун классро ҳам нодуруст зер кардан. Ҷиноят аст ва надонистани қонун касеро аз кирдори ҷиноияш озод карда на-ме-та-во-на-ддд!

Дуруст аст, ки кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто ҳамин Қирғизистони ба таъбири мардумӣ «ҳамсояи дар ба девор»-амон ҳам, дар таъмини интернет чунон пешсаф аст, ки ногуфтанӣ ва ҳатто дар ҷаҳон дар сафи чандгонаи пешсафи интернети арзонтарин ворид мешавад ва мо ҳам ҳаќ дорем мисли ҳамсояҳо дар асри 21 ба интернети арзонтару босифат таъмин гардем. Аммо магар мо фарҳанги комиле дорем, ки лоақал дар сатҳи ҳамун қирғизҳо, даъво кунем, ки ҳақи истифодаи дурусти интернет дорем?! Маъзарат хонандаи азиз, вале фикр намекунам, ки дошта бошем. Як бор андешед, ки аз Қирғизистон чанд нафар ба сафи ДИИШ ворид шуду аз Тоҷикистон чанд нафар?! Фикр доред, қирғизҳо зиёд кофиранд, ки мисли «мо мусалмонҳо» ному насабашонро баъди хондани як номаи электронии кадом хоҷаи хориҷӣ иваз накардаву тарки ҳама рӯзгор накардаву ба Сурия нарафанд?! На азизон, қирғизҳо фарҳанги истифодаи интернет доранд, дар саҳафоти интернетӣ машғули кору фаолияти зарурии хешанд. Мо чӣ? Чунон динро омехтаи матбуот кардему ба сиёсат ворид сохтем, ки нисфи мардум девонавор бархесту ба сафи ДИИШ пайваст!

Сохтмончӣ корашро нимкора кардаву дар Ютуб алайҳи ҳукумат доду вой карда митинг эълон мекард ва ин таърихи 1000 соли қабл нест, ҳамагӣ 2 соли пеш аст! Ба худ омадан лозим, зиндагӣ кардан даркор ва дуру дарозу хушбахт ва барои насли фардо як ватани ифтихорӣ бояд мерос гузошт. Ин чӣ гап аст, ки дуредгар ҳам эълони ҳизбдорӣ мекунаду бензинфурӯш ҳам даъвои созмондорӣ мекунаду мулло ҳам даъвои ҳукуматронӣ?! Сиёсатмадорон мурданд магар, ки минбарҳо ба 2-3 ҷодагард монда, ки мардум биншинаду гӯш диҳад?! Аз пешрафти Амрико рашк мекунанду аз дастовардҳои Русия меболанду мехоҳанд мисли Чиноиҳо комёбу мисли ҷопониҳо муваффақ бошем, аммо ба назар мерасад, ки ин ҳамаро дар фаолиятҳои фейсӣ мебинанд. Гуё ҳукуматро таҳқир кардан, кишварҳои ғарбро ба рӯзи хуш расонда. Ҳама шуда мухолифи давлат. Аммо аслан намефаҳманд, ки бо ун мағзҳои пучу каллаҳои холӣ унҳо мухолифи худашонанд на аз каси дигар. Ин ҳама натиҷаи чист? Натиҷаи арзонии интернет ба мардуме, ки аз фарҳанги истифодааш фарсахҳо дур аст.

Ҳафтаи гузашта қазияи омаду рафти як бекорхуҷаи дигар бо номи Шарофиддин Гадоев сархати хабарҳои баъзе расонаҳо шуд. Омад гуфт: ман ҷонибдори давлатам» ва рафту гуфт: маро заданду кӯфтанду лату кӯб карданд, аммо ба ҳайси далел як куртаи чиркинашро баровардаву мегӯяд: ин ҳама хун аст. Маълум, ки созмонҳои байналмилалӣ аз ханда дилкаф шудаву дарк карданд, ки ин ҳамватани мо ё аз ақл бегона аст ё Аврупоро гӯл заданист, ки дигар ҳиҷ ба ҳарфҳояш таваҷҷӯҳ накардаву ҳамагӣ тарки утоқ карданд. Ин яъне чӣ? Яъне ҳамин интернети дастрас ҳар бесаводро шонс дода, ки худро сиёсатмадор номанду одамони содае мисли худашонро бо фиребу найранг ба ҳамун чоҳҳои хатое баранд, ки худашон дигар ғутаваранд!

Албатта шароити рӯзгори мардуми мо як кам барои таъриф нест, ки болоравии нархҳо ба вежа нархи интернет ба фоидааш бошад, аммо аз сӯи дигар фикр мекунам, дар сурати қимматтар будани нархи интернет, нафароне ба истифодаи интернет даст мезананд, ки воқеан зарӯранд, на ҳама ун сохтмончиҳое, ки корашон мондаву дар Ютуб «прямой эфир» доранд!

Ҳоло аз қазияҳои сиёсии фейс бигзарем, ки Инстаграмми тоҷикӣ макони фаҳшу фуҷур шуда. Кор ба ҳадде расида, ки дар баромадҳои мустақими иддае аз сарояндаҳо як тӯда ворид шудаву машғули дашному ҳақорати ҳамдигаранд. Ба ҳамагӣ маълум аст, ки саҳифаи Инстаграммро дар тамоми дунё аксаран сарояндаҳову мардуми машғули шоубизнес истифода мекунанд. Аз кишварҳои наздик, дар Инстаграмм ҳатто президенти Чеченистон ҳам ҳасту духтари президенти собиқи Узбекистону президенти Русия ҳам. Аммо онгуна, ки гуфтем аксаран чеҳраҳои машғули фарҳангу мусиқӣ дар ин саҳифа фаоланд. Ва аммо аз тоҷикон чӣ? Даҳҳо сарояндаи тоҷик ҳам унљо саҳифа дорад, вале даҳҳо ҷавонони девонаавзо ҳам саҳифаҳои худро фаол кардаву машғули ҷанҷолу ҳархашаҳои интернетиянд. Ин наворҳо ҳатто ба Ютуб ҳам борҳо роҳ ёфтаву зераш садҳо лайку класс ҳам гузоштаанд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки ҳатто шўхиҳои дағалу таҳқиромез дар ин шабака афзудаанд, ки мутаассуф дастандаркоронашон ҳамватанони мову шумоянд ва аксараш дар дохили Тоҷикистон ба сар мебарад. Пас шояд вақти он расида, ки мақомот нархи интернетро воқеан ҳам боло барад, то мардуми аз фарҳангу санъат дур, сели таҳқиру сафсаттаҳояшонро сари сарояндагони маъруфи кишвар нарезанд?!

Дар Ютуб аз ҳама бефарҳангона маҳз ҳамватанони азизи мову шумо фаолият мекунанд. Албатта Ютуб шабакаи маъруфтар асту бар худаш ҳам нозир дорад, ки баъзе аз наворҳои дур аз ахлоқро оҷилан пок мекунад, аммо мутаассуф, таҳкиру ҷанҷолҳои зиёд дар наворҳои сохтаи мо тоҷикон бештар ба чашм мехӯрад. Ҳоло атрофи комментҳо дар ин шабакаи маъруф хамӯширо афзал медонам!

Шояд қимматии нархи интернет ба касе хуш наояд ва ҳатто ба ман ҳам ва шояд таъсире дар болобарии фарҳанги истифодаи интернет дода натавонад, аммо лоақал бефарҳангии як тӯдаи комилан бадахлоқро аз дурбинҳои сомонаҳои интернетӣ дур месозад ва шояд мардуми бегона аз корҳои интернетӣ, машғули касбу кори дурусттару беҳтари худашон гарданд, то ки бефарҳангияшонро ба маърази ом пешкаш накунанд!

Шарифхони Т махсус барои Пайк Маскав

АБДУҶАББОР ЗАРДИЕВ, АВВАЛИН ГАРМХОНАҲОРО ДАР КӮЛОБ МЕСОЗАД

ё

чаро масъулини соҳаи кишоварзӣ то ба ин андоза бемасъулиятанд?

Абдуҷаббор Зардиев, раиси хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб машғули сохтмони гармхонаҳои хеле замонавӣ ва ба талабот ҷавобгӯ аст. Ин нахустин хоҷагиест, ки ба ин ҳаҷм ва ин сатҳу сифат дар минтақаи Кӯлоб даст ба сохтмони чунин гармхонаҳои гаронбаҳо задааст. Ҳоло 10 адад гармхона сохта ба истифода дода шудааст. Чуноне, ки худи раиси хоҷагӣ ба «Пайк» иттилоъ дод, хоҷагӣ якҷо бо масъулини ҷамоати Зиракии шаҳр тасмим доранд худи ҳамин сол боз 10 адад чунин гармхонаҳоро дар ҳаҷми 2 гектар сохта ба истифода диҳад.

Ин гармхонаҳо интизор меравад, ки дар мавсим бозори истеъмолии шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофро бо сабзавоти барвақтии нисбатан арзон таъмин намояд. То ин дам соҳибкорони кӯлобӣ ин навъи маҳсулоти ниёзи мардумро аз беруни минтақа бо нархи гарон ба шаҳр ворид месохтанд.

Рӯзе, ки мо ба хоҷагии Ҳамадонӣ сафар доштем, кишоварзон машғули ба гармхонаҳо ворид кардани кучатҳои расидаи помидори барвақтӣ буданд. Дар баъзе аз гармхонаҳо ниҳолҳои помидор аллакай гул карда буданду майл ба ҳосил бастан доштанд. Аз хоҷагидор пурсидем, ки кучатҳои помидорро аз куҷо харидорӣ мекунанд. Абдуҷаббор Зардиев гуфт, ки ин кучатҳоро худи мо дар хоҷагӣ парвариш мекунем.

Ҳама гармхонаҳо бо шабакаи обери қатрагӣ ва таҷҳизоти бӯғии гармкунанда таъминанд.

Ростӣ то ба ин дам мо гумон мекардем, ки кишоварзони минтақа ба ин кор қодир нестанд. Баъди дидани ин манзара, яъне ба гармхонаҳои барҳаво ворид сохтани кучатҳои хеле сабзу зебо мутмаин шудем, ки кишоварзони кӯлобӣ ҳам мисли кишоварзони минтақаи Бохтар ба ин кор қодиранд. Воқеан, мӯҳтарам Зардиев гуфт, ки чанд кишоварзи чашми кордонро аз минтақаи Бохтар барои таҷрибаомӯзӣ даъват кардаанд.

Баъди ин хеле хушҳол шудем, ки ниҳоят дар шаҳри Кӯлоб ҳам сабзавоти барвақтии худӣ пайдо мешавад.

Дар ҳоле, ки дар шаҳр 4 ҷамоат маҳфуз асту ҳазорҳо гектар замини обӣ дар ихтиёр доранд, то ба ин замон аз масъулин касе ҷуръат намекард даст ба сохтмони чунин гармхонаҳои барои мардум хеле зарурӣ занад. Дар ҳоле, ки бо муҷарради боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ниёз ба сабзавоти барвақтӣ дар минтақаи Кӯлоб пайдо шудааст.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳама соҳибихтиёр гаштаанду онҳоро маҷбур ба сохтмони ин ё он иншоот кардан хилофи қонун аст. Ва аммо вазифаи масъулини ҳукумати шаҳр иборат аз ҳамоҳангсозии соҳаи  кишоварзӣ ва умуман умури соҳа ва ҳамаи сохторҳои шаҳр аст. Ҳангоми пурсиш тақрибан хоҷагидореро пайдо накардем, ки аз камтарин фаолияти ҳамоҳангсозии муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин сухан кунад. Қабл аз ӯ ин вазифаро муовини дигар ишғол мекард, ки усулан аз соҳаи кишварзӣ огоҳ набуд ва худ ба ин иқрор буд. Ҳоло ҳам, ки сарвари хоҷагии Ҳамадонӣ хеле наздик ба шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг дар 3 километрии бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Зиракӣ чунин гармхонаҳои кори калон месозад, мо гумон кардем, ин корро хоҷагидор бо дастуру супориш ё тавсияи масъули соҳаи кишоварзии ҳукумати маҳалл- Каримзода анҷом дода истодааст. Ҳамин саволро ба хоҷагидор додем, ки гуфт, ин масъули кишоварзӣ умуман ба назди гармхонаҳо наомадааст.

Мо ҳам иллати то ба ин дам дар Кӯлоб набудани гармхонаҳо ва умуман касодии кори кишоварзиро дар бетаваҷҷӯҳӣ ё ҳатто бемасъулиятии масъулини соҳа мебинем. Ба андешаи мо фақат бо ҳамин иллат на танҳо соҳаи кишоварзии Кӯлобшаҳр, балки соҳаи чорврпарварӣ ҳам рӯ ба касодӣ овард.  Агар фермаи чорвопарварии хоҷагии Ҳамадониро ба инобат нагирем, охирин фермаи чорвои калонро ду соли пеш раиси хоҷагии «Хатлон» Азиз Раҷабов ба савдо зада буду касе аз масъулин напурсид, ки чаро.

Ба андешаи мо ҳоло вақти он расидааст, ки хоҷагиҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб интизори ҳамоҳангсозии масъулини соҳаи кишоварзӣ нашуда, ба беруни минтақа бештар сафар карда, меҳмони кишоварзони дигар манотиқи кишвар шаванд ва таҷриба омухта, онро дар минтақаи худ амалӣ созанд. Набошад бозори истеъмолии шаҳр минбаъд низ бо гаронтарин нархи маҳсулот дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Бонкҳои минтақаро низ лозим аст, ки бештар ба кишоварзони муваффақ қарзҳои имтиёзнок дода ба рушди кишоварзӣ мусоидат кунанд.

А. Иброҳим

ҲАТТО РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҲАМ БА ДОДИ МО НАРАСИД


Ё худ Басманда писари угайи вилоят аст?

Ба Сармуҳаррири рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Пайк» мӯҳтарам   Аҳмади Иброҳим. Аз номи сокинони деҳаи Басминдаи ноҳияи Ғончӣ (ҳозир Деваштич,вилояти Суғд).

Аввало ассалому алайкум мӯҳтарам Аҳмадҷони Иброҳим.

Деҳаи Басманда дар миқёси ноҳияи Деваштич вилояти Суғд воқеъ гардида нуфӯси аҳолиаш зиёда аз 10000 нафарро ташкил медиҳад. Масофаи байни маркази ноҳия то деҳаи Басманда қариб 40 км ва аз маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо дурии 100 км ҷойгир аст. Мо як гурӯҳ сокинони деҳа, оид ба талабот ҷавобгӯӣ набудани  муассисаҳои тандурустии деҳаамон ба унвони раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода,мактуб  бо ҳамин мазмун ирсол доштем. Ҳамаи он нафароне,ки ному насабашон дар сатрҳои поён зикр мегардад,маслиҳат доданд,ки ҳамаамон овора нашавему  як нафарамон ба қабули раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода рафта мактуб,яъне аризаи дархостиро супорем. Мазмуни мактуб ҳамин буд, ки «Ба Шумо, мӯҳтарам раис, оиди ба талаботи рӯз мувофиқат накардани биноҳои хизматрасонии тиббии деҳаи Басмандаро мерасонем. Дар деҳа солҳои 70-ум асри ХХ-ум тариқи ҳашар 1адад (амбулатория),яъне нуқтаи тиббӣ бо масолеҳи хоку кулӯх сохта будем,айни ҳол ҳамчун маркази саломатӣ дар қисми шарқии деҳа дар як ҷои селроҳа воқеъ буда, бо ном ба сокинон хизмат мерасонад. Боз дар қисми шарқии деҳа дар вақти колхози ба номи Лелин (раисаш С. Холиқов), яъне соли 1968 биноеро сохта бо 4 ҳуҷра ҳамчун К.Б.О ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ –сартарошӣ, сехи дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва инчунин почта истифода мебурдем. Вале бинобар афзоиши зиёди тибиии аҳолӣ ва вазнин гардидани вазъи шароити иҷтимоии мардум аз ҳисоби маблағҳои ҷудокардаи собиқ совхози «Басманда»(роҳбараш Ҳ.Азимов)бо тариқи ҳашар соли 1996 ин бинои хизматрасонии маиширо «азнавсозӣ» намуда, боз бо тариқи ҳашар «беморхона» гӯён бино сохта, барои 25 кат, аз ҷумла,шӯъбаи зоишгоҳ барои 5 кат табдил додем. Ин бино ҳам дар мавзеъи Даҳанаи «Чашма» наздикии баландии собиқ «Хокканак»-и сокинони деҳа , ки барои масолеҳи бинои сохтмонҳояшон бо маркаб хок мебурданд, сохта будем.

Бо афзоиши рӯз то рӯзии аҳолӣ роҳбарияти хоҷагии деҳа ба хулосае омад,ки дар бинои шӯъбаи алоқаи деҳа ду ҳуҷраи майдаеро чун ба сифати бунгоҳи тиббӣ табдил диҳанд. Бо вуҷуди ҳамаи ҳамин, ин биноҳои кӯҳнаю таъмирталаб бо ҳаму каму костагӣ нигоҳ накарда ба мардум хизмат карда истодаанд. Раҳмат ба табибони дилсӯз.

Афзоиши аҳолӣ, хоҳу нохоҳ зиёдшавии бемориҳои сироятиро ба бор меорад ва дар шароити муосир боло бурдани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро тақозо намуда, сохта истифодабарии биноҳои ҳозиразамони тиббии  асри 21-умро талаб менамояд .Дурии роҳҳои ноҳамвор,чуқӯриву вайрона будани роҳҳои аз замони Иттиҳди Шӯравӣ боқимонда , ки камтар регу шағал  меандозему мегӯем ,ки роҳҳоро таъмир кардем ва инчунин барои як деҳаи сернуфуси аҳолӣ доштаи ноҳияи Деваштич, вуҷуд надоштани автомашинаи  «Ёрии таъҷилӣ чӣ мушкиливу сарсону саргардон гардидани ин деҳаи «бетолеъ»-ро ба бор меоварад, худашон медонанду боло, яздони Пок. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, болоравии нархи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо дар имрӯза тарзи ҳаётгузаронии мо сокинон маълум аст. Тасаввур кунед, ки зани ҳомилаи дар ҳоли зоиш қарор доштаро чӣ гуна бо роҳҳои ноҳамвор ва мошинҳои кирокаш ба маркази ноҳия ба зоишгоҳ 40 км. бурдан имкон дорад. Аз ин лиҳоз, мӯҳтарам раис, барои сокинони деҳаи дурдасти Басмандаи вилоят  аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем,ки як беморхонаи замонавӣ бо асбобу анҷоми лозимӣ барои 10 000 нафар аҳолӣ  дар доираи сиёсати ободкориву  созандагии пешгирифтаи  фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат Президенти азизу муътабари ҳар яки мову Шумо, сохта диҳед. Ин ба шарафи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ тӯҳфаи арзанда мешуд.»

Ин аризаи дархости санаи 07-04-2018 дар мақомоти  иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд. Ҷавоби муроҷиати мо собиқадорон аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки санаи 10-уми апрели соли 2018 №4/Т-908 ба қайд гирифта шуда, чунин мазмун дорад: Ҳангоми баррасии муроҷиат ба Шумоён посух дода шуд,ки  бо сабаби дар буҷети ноҳия барои руйпуш намудани хароҷотҳои ғайринақшавӣ набудани маблағи озод дархости Тошев Тоҷибой саҳмдорони хоҷагии деҳқонии  Ҳ. Қурбонов дар соли 2019 оиди ба таъмири саросарии беморхона ба инобат гирифта мешавад. Сардор Ф.Мақсудзода  03.05.2018 №01-14/1184.»

Санаи 26 майи соли 2018 бори дуюм банда, яъне Тошев Тоҷибой ба қабули раиси вилоят номнавис шудам. Бандаро муовини раиси вилояти Суғд,Анвар Яъқубӣ қабул карданд. Ҷавоби мактуби дархостӣ оиди сохтани беморхона дар деҳаи Басманда бо имзои муовини раиси вилоят Яъқубӣ Анвар: «Маълум гардид,ки дар ҳақиқат беморхонаи марказии №4-и ноҳияи Деваштич ба таъмир ниёз дорад. Соли 2017 аз ҷониби маъмурияти беморхонаи мазкур бо маблағи 138000(яксаду сию ҳашт ҳазор) сомонӣ сметаи хараҷотӣ тартиб дода шуда, бинобар аз сабаби нокифоя будани маблағи буҷети маҳаллӣ таъмир гузаронида нашудааст. Ҳамчунин дар соли 2017 бо тариқи ҳашар ба маблағи 15000(понздаҳ ҳазор) сомонӣ як қисми корҳои таъмирӣ аз ҷумла тунукапӯш  намудани қисми берунаи бинои мазкур пурра гузаронида шудааст. Бинобар дар ҳолати пайдо шудани имкониятҳои молявӣ муроҷиати Шумо ба назар гирифта шуда, ҳангоми тартиб додани буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои соли 2019 таъмири асосии беморхонаи мазкур ба нақша гирифта мешавад. Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ

25-06-2018№04-1069/Т14

Ана ҷавобу мана ҷавоб. Мо муроҷиаткунандагон хоҳиш кардем ки як беморхонаи ҳозиразамон бо таҷҳизотҳояш аз ҳисоби буҷети вилояти овозадори Ҷумҳурӣ, яъне вилояти Суғд сохта шавад, на ин ки таъмир аз ҳисоби буҷети як ноҳияи камбағале, ки дотатсионӣ асту маоши мардум ва нафақаи барҷомондагонро базӯр медиҳад. Ана ба ин ҷавобу суханрониҳои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мӯҳтарам Ф. Мақсудзода ба банда, яъне истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич Ҷ/д Ваҳдат сокини деҳаи Басманда Тошев Тоҷибой гӯш андозед аз 02.07.2018№01.14/1704.

«Бинобар бо мақсади баррасии пурраи муроҷиати мазкур дар маҳал мувофиқ намудани ҳуҷҷатҳо омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ талаб карда мешавад. Аз ин лиҳоз бо мақсади гузаронидани санҷишҳои дақиқ ва ҳаматарафа ҳаллу фасл намудани муроҷиати Шумо мӯҳлати баррасии он тибқи қонун дароз карда шуд. Сардор Ф. Мақсудзода.»

Саволе ба миён меояд -кадом санҷишҳои дақиқ ва ҳаматарафа ҳаллу фасли муроҷиат? Муаммое сарбаста. Ана боз як мактуби ҷавобии мо муроҷиаткунандагон аз номи 10 000 нафар сокинони деҳаи Басманда оиди сохта ба истифода додани як беморхона бо лавозимотҳояш,ки ба номи банда яъне Тоҷибой Тошев аз тарафи сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ф.Мақсудзода омадааст. Мазмуни зайл: ҳангоми ташриф ба беморхонаи ноҳияи №4 маълум гашт ки шӯъбаҳои беморхона ба таъмири куллӣ ва пайваст намудан ба шабакаи гармдиҳӣ ниёз дорад. Ба ин мақсад дар соли 2017 ба маблағи 138,0 ҳазор сомонӣ харҷнома тартиб дода шудааст ва бинобар нокифоя будани буҷети маҳаллӣ таъмири бинои беморхонаи мазкур гузаронида нашуд. Ҳангоми баррасии муроҷиат ба шумо посух дода шуд, ки  бо сабаби дар буҷети ноҳия барои рӯйпуш намудани хароҷотҳои ғайринақшавӣ набудани маблағи озод таъмири кулли беморхона дар соли 2019 ба инобат гирифта мешавад. Сардор Ф Мақсудзода. Чигуна суханҳои тасаллобахшу умедворсоз аз тарафи сардори раёсати тандурустии вилоят мӯҳтарам Ф.Мақсудзода ба гӯшамон фораму ҷиззоб садо медиҳанд. Ҳангоми ташриф ба беморхонаи ноҳиявии №4 маълум гашт ки шӯъбаҳои беморхона ба таъмири куллӣ ва пайваст намудан ба шабакаи гармидиҳии марказонидашуда ниёз дорад. Кадом шабакаи гармдиҳии марказонидашуда…? Муаммоест сарбаста. Ё ин ки мӯҳтарам Ф. Мақсудзода калимаи шабакаи марказонидашударо ба забон овардаанд он шабакаи марказонидашудаи беморхонаи марказии воқеъ дар маркази ноҳияи Деваштич шаҳраки Ғончиро ки аз деҳаи Басманда ба масофаи зиёда аз 40 000 метр ё 40 км дур воқеъ асту ба ҳамон гармидиҳӣ пайваст месозанд? Ё худ беморхонаи дар ҳудуди деҳа воқеъ гардида аз соли 1996, яъне 22 сол боз барои табобати сокинони Басманда дар фасли зимистони қаҳратун баҳору боридани барфу жола ва мавсими боронҳои дарозмуддат ,ки ба ин деҳа хос аст, соҳибони шахси бемор барои печкаҳои шӯъбаҳоро бо гармӣ таъмин кардан аз хонаҳояшон сӯзишворӣ ба монанди таппаку ҳезум бурда таъмин мекунанд? Имрӯзҳо,ки фасли зимистон дар деҳаи Басманда ҳукмронӣ дораду гирду атроф барфпуш аст, он бемороне,ки дар ин беморхонаи «намунавӣ»-и №4 деҳаи Басманда хобидаву табобат мегиранд, гирифтори боз ҳамон ташвишу талвоса сарсону саргардониҳо баҳри гарм кардани печкаҳои ҳуҷраҳо бо ҳамон таппаку ҳезум гаштаанд.

Чӣ илоҷ, редаксияи азизи рӯзномаи додрасу мушкилкушои  халқ «Пайк», тақдиру насибаи мо сокинони ба қавле сарсахту камнасибаи 10000 нафараи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамин будааст. Ба ҳаминаш ҳам шукр,ки зери осмони софу беғубор тинҷу ором дар як давлати биҳиштосо таҳти Сарвари оқилу доно созандаву бунёдкор Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаолият ва зиндагонӣ карда истодаем. Мо сокинон тариқи ВАО ҳар як сафарҳо вохуриҳо ва ҷамъомадҳое,ки Сарвари давлат, инчунин он ободиву сохтмонҳо тунелу роҳҳои тахту ҳамвор боғу бустонҳо, стансияҳои барқӣ, табобатгоҳҳову биноҳои ҳозиразамони мактабҳо, марказҳои адрасу атласбофӣ,ҳунарҳои мардумиро ва дигар ободиҳоро дида ба Сарвари давлат таҳсину офаринҳо мегӯем. Сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем.

Аммо дастуру супоришҳои ин сарвари худодода барои мо истиқоматкунандагони деҳаи Басманда амалӣ намегарданд. Эҳ агар камбудиҳои ин деҳаро рӯи коғаз оварем, ҷилд ҷилу асар роман, қиссаҳо, китобҳо мешаванд. Хайр чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд. То кай ин навис навису муроҷиатҳои бепоёни мо сокинон ба охир мерасаду сокинон соҳиби як беморхонаи замонавӣ гардида, саломатиашонро барқарор менамоянд. Ҳаминро қайд кардани ҳастем, ки масъулини ин соҳаи тиббии ноҳияву вилоят худ дар утоқҳои кори васеъу барҳаво бо ҳамаи лавозимотҳо таъмину аз пушти ин вазифаҳояшон маош мегиранду аҳли оила ва фарзандҳояшонро таъмин мекунанду бо роҳи тахту ҳамвор мошинҳои сабукрави ҳозиразамони хизматӣ ба кор мераванду иҷрои вазифа менамоянд. Гумон мебаранд, ки табибони беморхонаи як деҳаи дурдасти вилоят ҳам мисли онҳо ҳастанд, ҳаргиз ин тавр нест?

Як чизро хотиррасон менамоям, ки он масъулоне, ки муроҷиати мо сокинонро дар ҳузури банда як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳ.Қурбонов, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди сардори хоҷагии Сӯфиев Мирзобой, Сангинов Бозорбой ва дигарон бо  иштироки сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Маҳмадалиев Н.Р сартабиби беморхонаи №1 Машарифов Ш.К, раиси хоҷагии деҳқонии Ҳ. Қурбонов- Миров Раҳмонқул вохӯрӣ гузаронида будем ва ҳамаи он камбудӣ ва он норасогиҳоро нақл карда буданд ва онҳо аз ҳамаи он нуқтаҳои хизматрасонии тиббии деҳа дидан карданд. Ҳаминро бояд қайд намоем, ки ҳамаи он масъулоне, ки Худо накарда бемор шаванду дар чунин як беморхонаи №4 Басманда, ки дар сатрҳои болоӣ зикр ёфт, хобида ба чашмони худ бинанд, ки соҳибони бемор бо таппак ҳуҷраҳои хобби беморхонаро гарм мекунанд шояд ба қадри азобу ранҷи мо барин беморону сокинони сарсахт мерасидагӣ мешаванд.

Ҳамин тавр не «Пайк»-и азиз!? Дар охир аз ту «Пайк»-и овозадори мушкилкушою додраси халқи оддии мо, кулли сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ҷ/д Ваҳдат, вилояти Суғд на фақат додраси мо, балки тамоми ҷумҳурӣ аз ту илтиҷову зориву тавалло мекунем, ки арзу доди моро ба вазири тандурустии ҷумҳурӣ мӯҳтарам Олимзода Насим расонед. Ба он касс расонед, ки масъулин ҳар сол бағали мор обо чормағзи пус пур мекунанд.

Бо эҳтирому самимияти беандоза аз номи сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич, вилояти Суғд, рафиқон Тошев Тоҷибой Камолов Абдумавлон, Азимов Ҳошим, Холиқов Абдусаттор, Суфиев Мирзобой, Ҳақназаров  Маҳмадназар, Ғафуров Қузибек, Раҷабов Қурбон, Расулов Ғафур, Ғафуров Сабур, Юлдошев Рустам, Ашуров Насриддин, Тоҷиев Мирзоюсуф, Қурбонов Ҷумъабой, Худойбердиев Худойдод, Маҳмудова Мақсадой, Раҷабов Раҳматбой, Ҳотамов Султон, Қурбонова Оим, Тошов  Миршариф ва дигарон.

САФАРИ МАХФИИ САРВАЗИР БА КӮЛОБ

Ҳафтаи гузашта сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард. Пештоз бояд бигӯям, ки сарвазир дар Кӯлоб, намедонам барои чӣ  аз эҳтироми хосаи мардум бархурдор аст.Мардум дар кӯчаю бозор фақат аз ҳисси масъулиятшиносӣ ва донишу малакаи Қоҳир Расулзода ҳарф мезанад, ин ҳақиқат аст на тамаллуқзаниҳои беинтиҳои масъулини чоплус. Аммо банда дар ҳақиқат намедонам, ки сарвазирро чаро мардум то ба ин ҳадд эҳтиром мекунанд. Чун мардуми оддӣ дар ҷаласаҳои гузронидаи ӯ марбут ба ободонии шаҳри Кӯлоб ширкат намеварзад, чун авом дар ин ҷаласот роҳ надорад. Омадани сарвазирро масъулини таҳҷоӣ ҳам аз намояндагони Васоити Ахбори Омма пинҳон медоранд. Ҳар чизе, ки роҷеъ ба омадани сарвазир дар ВАО гуфта шуд, маҳсули мушоҳидаҳо аст аз дурр ва овозаи соҳибкорони дар ҷаласа ширкат дошта..

Бори аввал сарвазир се моҳ қабл ба Кӯлоб омад ва соҳибкоронро дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр гирд оварда дар бораи ободии шаҳр ва фаол гардонидани корхонаҳои саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ сӯҳбат орост. Инро ҳам масъулини ҳукумати шаҳр аз ҳама пинҳон доштанд. Мегӯянд сарвазир аввалин шахси воломақом буд, ки ба соҳибкор-вазири номдори ҷумҳурӣ Бег Сабуров ҳушдор дод, ки корхонаҳои саноатии харидаашро фаъол гардонад. Ба ин нукта равшанӣ меандозем. Ин ҳамон соҳибкорест, ки баъди ҳазор сол мардуми Кӯлоб дар борааш  хоҳад гуфт: «ин ҳамон соҳибкор-вазирест, ки корхонаҳоро харида ба дарашон қулф зада мардумро аз ҷои кор ва ризқу рӯзӣ маҳрум сохта буд» Ё худ «Бег, ҳамоне, ки шояд худро Беги Кӯлоб муаррифӣ карда Боғи Фарҳангии шаҳрро кандаю валангор сохта мехоҳад меҳмонхонаи навбатӣ созад? Ҳамон гуна баландошёнае, ки пушти он дар масофаи ҳамагӣ 10 метр мақбараи алломаи Машриқзамин ва аждоди Паёмбари Худо ҳазрати Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, чун ҳоҷатхонаи ин бино ба чашм мерасад?»

Меҳмонхонаи навбатӣ ба он хотир гуфтем, ки қабл аз ин Бег ду меҳмонхонаи дигар дар маркази шаҳр сохтаасту ҷиҳати бемеҳмонӣ рӯ ба муфлисӣ овардаанд. На идораи андоз дилу гурдаи пардохти ҳаққи ҳалоли ҳукуматро аз ӯ мекунаду на дигар хадамот.

Чун дар бораи корхонаҳои саноатии харидаи ӯ ва қулф задаву маҳфуз нигоҳ доштаи ӯ борҳо гуфта будем, алҳол такрори матлабро барои худ раво намебинем.

Ва аммо ҷорӯбкаши дарбори Бег Сабуров- мӯҳтарам Муҳаммадсодиқ Кулулов дар як сӯҳбати телефонӣ на бе эҳсосоти пинҳонӣ ба банда гуфта буд, ки «Бег Кӯлобро обод карда истодааст.»

Ҳамин рӯзҳои наздик телевизиони маҳаллӣ низ аз «ободкорӣ»-ҳои Бег намоиш таҳия карда буд. Масъули намоиш бо исми Хайрандеш сияҳкориҳои вазирро пинҳон дошта мегуфт: «Соҳибкор (Бег дар назар аст. А.И) корхонаи «Пахтаи Кӯлобро», ки солҳо бекор мехобид харида обод карда истодааст.» Телефони ин, ба истилоҳи дохили муассиса, журналистро, дастрас карда занг зада хостам бипурсам, ки наход фаромӯш карда бошад, ки то харидорӣ шудани муассиса аз ҷониби «соҳибкор» ҳудуди 100 нафар сокинони шаҳр дар онҷо кор карда ризқ дарёфт мекарданд ва соҳибкори ҷонхалоси дигар, ки муассисаро фурӯхта буд бо исми Лашкарӣ Мирзоев кашида кашидаю мурда мурда бошад ҳам андоз месупорид ва аз ин ҳисоб буҷҷаи шаҳрро ғанӣ мегардонид. Акнун 4 сол боз корхона бекор хобидааст.

Алҳол кас ҳайрон мешавад, ки чӣ гуна вайронкор худро ободкор муаррифӣ мекунад ва чанд нафари дигарро пайдо карда метавонад, ки вайронкории ӯро «ислоҳ» карданӣ мешаванд.

Аммо як ҳақиқат бандаро ором намегузорад. Оё Бег Сабуров аз ҳамаи объектҳои харидаи худ андози замин месупорад? Агар ҳа, ин дар як моҳ баробар ба миллионҳо сомонӣ мешавад. Оё сардори кумитаи андози шаҳри Кӯлоб Зуҳуршо Назарализода даст болои сина монда гуфта метавонад, ки Бег андозҳоро сари вақт месупорад? Агар супорад, чаро нақшаи андози шаҳр базӯр иҷро мешавад? Ё зери коса нимкосае ҳасту мо намедонем?

Мегӯянд аввалин масъалае, ки сарвазир ҳангоми ташрифаш ба шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дод ҳамин кургиреҳҳои андохтаи Бег аст дар таноби шаҳрдорӣ. Аммо чун ташрифи сарвазир сахт махфӣ будааст, мо ҳам ҳақиқатро дар ин бора намедонем, то ба ту, хонандаи азиз, баён дорем. Кушиш кардем, аммо масъулини ҳукумати шаҳр инро сахт пинҳон доштанд. Мегӯед аз кӣ пурсидем? Саволи бамаврид. Аз масъули Маркази матубот ва бойгонии шаҳр Сулаймон Ситамов ва худи раиси ҳукумати шаҳр Хайрулло Амонулло. На аввалӣ ва на дуввумӣ роҷеъ ба масъала маълумот надоданд. Аз Ситамов мустақиман пурсидему ба раис 5 савол пешниҳод кардем, ки ё хаттӣ ё рӯёрӯ посух бигӯяд. Аммо ду ҳафта гузашту то ҳанӯз мо интизори вақт ёфтани раису гирифтани посухем. Намедонам, шояд ёрдамчии раис, ҷавоне бо исми Фирӯз дилу гурда накард, ки саволҳоро ба раис бирасонад, гарчанде гуфт расондам. Чун медонем, ки раис аз мардум ва ВАО дур фосила мегирад, аз ин лиҳоз ба ёрдамчӣ дар мавриди ба раис расонидани саволҳои хаттии мо бовар кардем. Инак, ҳамон 5 савол:

Мусоҳиба


бо раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мӯҳтарам Хайрулло Амонулло, барои саҳифаи «Дар меҳмонии «Пайк».

Мӯҳтарам Амонулло Хайрулло, аввало ин ҳама корҳои созандагиро дар шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бароятон муборак мегӯем.

  1. Лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз ташрифи ахирии сарвазири кишвар якҷо бо вазирони дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Кӯлоб чӣ буд?
  2. Моҳи майи имсол сарвазири кишвар дар шаҳри Кӯлоб бо соҳибкорони минтақа вохӯрӣ гузаронд. То ҷое огоҳем, соҳибкорони алоҳида дар назди сарвазир барои бунёди иншооти гуногун баъзе ваъдаҳо доданд. Лутфан бигӯед, ки кадоме аз онҳо ба ваъда вафо карду кадоме карда истодааст ва ҳам кадоме то ҳанӯз ба иҷрои ваъда камар набастааст?
  3. Алҳол дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ оғоз шуданд ва босуръат идома доранд. Бигӯед, ки дар байн сохтмони чанд коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, чанд нафарро бо кор фаро гирифта метавонанд?
  4. Мӯҳтарам раис, оё Шумо мувофиқ ҳастед, ки дар шаҳри Кӯлоб муҷассамаи қаҳрамони Тахористон Катани диловар гузошта шавад? Бостоншиносони муосир гувоҳанд, ки диловарӣ ва ҳисси ватандӯстии ӯро дар набард бар зидди урдуи ғосиби Александри Македонӣ ҳатто муаррихони бузурги юнони қадим ба монанди Ариан, Страбон, Скиллак  васф кардаанд.
  5. Ояндаи Кӯлобро, Шумо мӯҳтарам раис, чӣ гуна мебинед?

Ба хотири он матнро пурра овардем, ки мабодо ёрдамчӣ саволҳоро ба раис нарасонда бошад, раис дар саҳифаи ҳафтавор ба онҳо посух гӯяд, то билохира мӯҳри «махфӣ» аз рафти ташрифи сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода билохира бардошта шавад…

Кӯлобро бошад на сарвазир на Бег ва на сағиру кабири беруна обод карда метавонад. Кӯлобро мардуми шарифи Кӯлоб бо иқбол ва дастгирии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод хоҳанд кард. Хосса пирони кор сохтмончиён ва саноатчиёни чирадасти Кӯлоб ба монанди Раҳим Ҳабибулло, Бобоҷон Пираков, Шарипов, Мирзомурод Расулов ва даҳҳо ободкунандагони дигар шукр, ки дар қайди ҳаётанду боқувват.

А. Иброҳим

АКРАМЗОДА: ВАЗИФАИ МО ДАСТГИРӢ КАРДАНИ КИШОВАРЗОН АСТ

Савол: Лутфан бигӯед, ки истилоҳи Агролизинг чӣ маънӣ дорад? Муассисаи Шумо кай таъсис ёфта буд?

Акрамзода: Ташаккур барои даъват ба меҳмонии Пайк ва мехоҳам изҳори сипос аз кормандони ин рӯзнома кунам, ки шабу рӯз заҳмат мекашанд, то фазои иттилоотии на танҳо вилояти Хатлон, балки тамоми ҷумҳурӣ пур бошад. Воқеан ҳафтавор тавонист дар муддати кӯтоҳи мавҷудияташ мақом ва ҷойгоҳи хоси худро пайдо кунад.

Корхонаи Агролизинг 30 ноябри соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.Асосан бо тариқи иҷораи молиявӣ таъмин кардани техника ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ ба тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли хоҷагидориашон, мӯҳтавои фаолияти мост.

Аз замони таъсисёбӣ чӣ миқдор мошинолот ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст, кадом минтақаҳо бештар аз хизматрасонии Шумо истифода мебаранд?

Акрамзода: Асосан эҳтиёҷоти мардум ба техникаҳои хоҷагии қишлоқ хеле зиёд аст, чунки мувофиқи меъёри  талаботе, ки дар ҷумҳурӣ бошад, дар ҳама бахшҳо тамоми намуди техника ва таҷҳизот ягонтаи он пурра таъмин нест. Барои пурра таъмин кардани деҳқонон ва кишоварзони ҷумҳурӣ ба мо қариб зиёда 4 миллиард сомонӣ лозим аст, ки  мо пурра бо трактор, комбайн,  мошинолот аз ҷумлаи тухмипошакҳо , испорҳо ва дигар намуди техникаҳо  кишоварзони ҷумҳуриро таъмин намоем. Хушбахтона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳисоботи роҳбари корхона  моҳи июли соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд, оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағироти куллӣ ба миён омад.То соли 2015 ҳамагӣ аз маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 28 млн сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Тамоми паҳлӯҳои хоҷагии қишлоқ оиди таъминоти  техника ва мошинолоти кишоварзӣ пурра тағир ёфт .Дар маҷлиси Ҳукумат қарор қабул карда шуд, ки шурӯъ аз соли 2016, минбаъд ба корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳурявии «Тоҷикагролизинг»  маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии кишоварзон ҷудо карда шавад ва хушбахтона соли 2016 ба маблағи 15 млн сомонӣ , соли 2017 50 млн сомонӣ ва соли 2018 30 млн сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин хело кори кишоварзонро осон гардонид. Агар дар давраи 8 соли фаъолият корхона ҳамагӣ ба маблағи 102 млн сомонӣ техникаю таҷҳизот ворид карда бошад, пас дар ана ҳамин се соли боқимонда ба маблағи қариб 200 млн сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ  аз дохил ва хориҷи кишвар ворид карда шуд .Дар маҷмуъ зиёда аз 1500 камбайну таракторҳо харидорӣ ва ворид шудааст. Қариб 5000 мошинолоти кишоварзӣ харидори шудааст, ки дар маҷмуъ 300 млн сомониро ташкил медиҳад.Корхона дар асоси дархости кишоварзон кору фаъолият мекунад.Албатта дар минтақаҳое, ки соҳаи пахтакорӣ тараққӣ кардааст, талабот зиёдтар аст ва маблағҳои воридшуда муфид истифода шудаанд. Бо тариқи иҷораи молиявӣ ба вилояти Хатлон 45% , ба вилояти Суғд 15 %, ба ноҳияҳои тобеи марказ 22 % ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10%  рост меояд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки кишоварзон ба он ру ба ру мегаштанд, нархи дандоншикани дарави заминҳои ғалладона аз ҳисоби норасоии камбайнҳои ғалладарав  буд. Маблағҳо ҷудо шуданд ва мо дар давоми се сол зиёда аз 70 комбайни ғалладарав ворид кардем. Масалан дар минтақаи Олимтойи ноҳияи Данғара 1 га заминро бо маблағи 550 сомонӣ дарав мекарданд.  Вақте рақобат шуд, техникаи мо талафоту хароҷоташ кам ки буд, маблағи ҳақи хизмат аз техника то 300 сомонӣ поён фаромад, ки ин барои деҳқонон дастгирии хеле назаррас шуд. Маблағҳои буҷетӣ бояд зери назорат бошанд, хоҳишмандон ба идораи хариду фурӯши мол муроҷиат мекунанд. Дар асоси тендер нархҳоро муайян мекунанд ва нархҳо бояд дастрас бошанд. Техникаҳоеро, ки мо харидорӣ мекунем  нисбатан арзон аст. Ҳадафи мо таъмин намудани кишоварзон бо техникаи зарурию муосир ва дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ аст. Дар ҷумҳурӣ 170 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки онҳо имконоти техникиашон пурра  таъмин нест. Шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар ҷумҳурӣ ба 59 адад расидааст, ки ба воситаи ин марказҳо метавонем ба корафтодагон, кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат расонем. Ҳадафҳои мо ин аст, ки таъкидҳои Президенти кишвар Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ табдил диҳем. Аксарияти корҳое, ки тариқи дастӣ кишоварзон анҷом медоданд, минбаъда ҳадафи мо ин аст, ки тариқи техника ба роҳ монем, ки хушбахтона ин иқдоми моро деҳқонон хуб дарк ва дастгирӣ намуданд. Яке аз мушкилот дар чанд соли охир  шинонидану ғундоштани картошка буд, ки мо тайи ду сол аст онро тариқи техника анҷом медиҳем, ки ин кори деҳқонро якчанд маротиба осон мегардонад. Нақшаҳои минбаъдаи мо ҳамин аст, ки мувофиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат бояд дар наздиктарин фурсат як қатор дастгоҳҳое барои кишт ва ҷамъоварии пиёз ворид намоем, ки аллакай ба ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ, Данғара ва дигар навоҳии кишвар дастгоҳи пошидани тухми пиёз ва чидану ҷамъоварӣ кардани пиёз дастгоҳҳоро тақсим намудем. Вақте кор ба воситаи техника шуд арзиши аслӣ кам мешавад, хоҷагӣ имконият пайдо мекунад, ки фоида бисёртар  ба даст биёрад, вақте вай фоида ба даст овард, имконият пайдо мекунад, ки техника харидорӣ намояд.  Корхонаи мо хизматрасон аст ва мо бояд ба мардум хизмат кунем .Пеш муҳлати техникаҳо- трактор, камбайн то се сол буд, таҷҳизот то 1 солу 5 моҳ муҳлат медодем.Буҳрони иқтисодиро мо ба назар гирифта, муҳлати шартномаҳои тарафайнро   дароз намудем, аз 3 то 6 сол илова кардем.Фоизҳои мо хеле ночиз аст ва дар давоми як сол мо аз мизоҷони худ 12% мегирем.Агар пеш аз муҳлати дар шартнома ношондода пули таҷҳизот ё техникаи мо пардохт шавад, умуман фоиз аз ин қабил ашхос ситонида намешавад. Мо вобаста ба хости мардум амал мекунем, дилхоҳ ҳолат мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем.

Кишоварзоне, ки ин мошинолотро гирифтаанд, оё сари вақт аз уҳдаи пардохти маблағи боқимондаи он мебароянд?

Акрамзода:  Кор бидуни мушкилот намешавад, баъзе таҷрибаҳо нишон доданд, ки мо бояд ҳолатҳои пурра сопоридани маблағҳо аз ҷониби шарикони худро тариқи комиссия санҷем. Дар ҳолати аз соҳибони техника ва таҷҳизот вобаста набудани ҳолати ногувори ба амал омада, яъне хушксолӣ, хароб гаштани заминҳои кишт ва дигар ҳолатҳои ҷойдошта мавриди санҷиш қарор мегирад ва мо метавонем муҳлати шартномаи худро дароз намеоем.Дар ҳолатҳои дидаю дониста хунукназарӣ кардани хоҷагидорон нисбати напардохтани маблағ мо онҳоро тариқи мақомоти дахлдор ҷаримабандӣ менамоем. Танҳо дар натиҷаи муроҷиати хаттии шахсони таҷҳизоти моро дар асоси шартнома гирифта, комиссияи Лизингӣ ҳолатҳои дар муроҷиати хаттӣ омадаро санҷида мебинанд. Мувофиқи хулосаи камиссия мо ҳолатҳои ҷойдоштаро ба назар мегирем.

Мӯҳтарам Акрамзода, бигӯед, ки асосан мошинолоти кадом мамлакатҳо ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд?

Акрамзода: Дар соҳаи пахтакорӣ, мо асосан таҷҳизот ва техникаамонро аз Узбакистон ворид мекунем, ки маблағи сарфшуда 7 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумҳуриҳои Чин, Туркия, Беларусия, Русия , Эрон ва Олмон таҷҳизот ворид намудем. Мувофиқи амру супоришҳои роҳбари давлат, ки маблағ дар дохил монад, мо бо як қатор корхонаҳои ватанӣ шартнома карда, баъзе таҷҳизоти лозимиро  аз дохил харидорӣ намудем. Ният аст, ки дар наздиктарин фурсат муассисаи "Сомон Кӯлоб"-ро дубора ба кор андозанд ва мо ҳамкориро бо ин корхона ба роҳ монем.

Ташаккур барои сӯҳбати пурмуҳтаво ва муфид.

Барнои БЕГМАДЗОДА

РОҲИ ПУРХАТАРИ ДУШАНБЕ-СУҒД КАЙ БЕХАТАР МЕШАВАД?

Шанбеи ҳафтаи гузашта барои иштирок дар тӯйи дӯстамон  тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ ба вилояти Суғд сафар доштем. Ростӣ пас аз сафар дар нимашаб аз ин роҳ хулоса баровардан мумкин аст, ки шояд дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати хатарнокӣ дигар роҳе ба андозаи ин роҳ вуҷуд надошта бошад.

Терминали “Маром” бемаром шудааст

Терминали мусофирбари “Маром”, ки дар баромадгоҳи шимоли Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, бесарусомон ва бесоҳиб менамуд. Нарху наво арзон, аммо аз тарафи муқобил, яъне аз самти вилояти Суғд ба Душанбе, нархҳо осмонбӯсанд. Чун ба истилоҳи ронандагони терминал “аз ин тараф одам нест, барои  ҳамин бояд  аз он тараф ду баробар қимат орем”. Инро бинед, ки ягон масъул ё вазифабадӯше дар ин вақт ёфт  нашуд, ки пешгиркунандаи ин нобаробарии иҷтимоӣ бошад. Вале афсус, ки ба ин нобаробарӣ ҳар рӯз, ҳар ҳафта ва ҳар моҳ дар ин терминал сокинон рӯ ба рӯ мешаванд. Пас аз кашмакашии зиёд ба як сабукрави хурд нишастем ва роҳ сӯйи шаҳри Истаравшан пеш гирифтем. Қариб шом буд, ки аз шоҳроҳи ноҳияи Варзоб гузаштем, ки роҳ хуб ва чароғон буд. Пас аз фаро расидани торикӣ ба ағбаи Анзоб расидем, ки ба ноҳияи куҳистони Айнӣ дохил мешуд. Аз як тараф ронандагони саросемаву бемасъулият мехоҳанд муқобили ҳаракат бароянд, аз тарафи дигар номусоид будани ҳаво ва чароғон набудани роҳи ағба мушкилоти ҳаракат дар роҳҳоро барои мошинҳо зиёд мекард. Аз нақби чароғони як километраи “Дӯстӣ” гузаштем, ки аз ҷониби чиноиҳо сохта шуда буд. Роҳ чандон мушкил набуд, аммо...

Нақби “Истиқлол” нақби  аҷал

Аммо баъд ба нақби “Истиқлол”, ки аз ҷониби роҳсозони ҷумҳурии Эрон сохта шуда буд, дарозиаш қариби 5 км аст, расидем. Нақби хурд, ки дар бари нақби асосӣ ҷойгир аст, махкам буд . Вориди нақб шудем, “гӯри торик”-ро мемонд, ягон чароғ надошт. Бинобар кор накардани системаи ҳавотозакунии нақб дохилаш пури дуду ғубори нақлиётӣ буд. Наметавон аз суръати 25-30  мошинро зиёд ронд, зеро боварӣ нест, ки идомаи роҳи нақб ҳамвор ё таъмиршуда бошад. Пас аз қариби 10-13 дақиқа аз нақб баромадем. Роҳ вазнин ва гардишҳояш борику пурхатар буд.

Ширкати IRS ва тарозуҳои он сабаби гаронии раҳкиро будааст

Тааҷҷубовараш дар он аст, ки наздики 250-300 метр мондан ба плазаҳои толлингии ширкати хориҷии IRS роҳ ҳамвору чароғон аст. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ягона роҳи пулакӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, аммо аз чӣ бошад, ки дар шаб сафар дар ин шоҳроҳ хатарзо аст ва пардохт низ гарон.  Аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Ашт 6 плазаи толлингии ширкати IRS гузошта шудааст. Ронандагони таксиҳои Истаравшану Душанбе мегӯянд, ки мо дар сафари яктарафаи ин роҳ 48 сомонӣ пардохт мекунем, аз ин сабаб мо низ маҷбурем роҳкироро барои шумо қимат кунем ва агар роҳ ройгон мешуд, мо низ мисли дигар минтақаҳо мусофиронро арзон мебурдем. Ҳамаи ин гарониҳо сабабаш маҳз ҳамин тарозуҳои IRS мебошад, мегӯянд ронандаҳо, зеро гаронбудани нархи роҳкироро низ ба он рабт медиҳанд.

Пас аз гузаштан аз плазаи толлингии Шаҳристон, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон мавқеъ дорад, мо ба наздикии Истаравшан расидем.

Роҳи бесоҳиби Истаравшан-Деваштич

Мебояд аз шаҳри Истаравшан то шаҳраки Калининободи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) мерафтем, ки роҳи ин минтақа дар вилояти Суғд аз ҷиҳати ноободӣ ва валангорӣ ҷои якумро мегирад. Агар мо аз Душанбе то Истаравшан, ки 220 км масофа дорад, дар 4 соат омада бошем, пас роҳи Истаравшан - шаҳраки Калининобод 25-30 км-ро дар муддати 1.5-2 соат тай кардем. Дар ягон қисмати роҳ порае аз асфалтҳои шӯравӣ боқӣ намондааст ва кайҳост, ки дар нақшаи Ҳукумати вилояти Суғд гӯё таъмири ин роҳ ворид шуда бошад, аммо ҳанӯз нишонае аз он ободӣ нест.

Идомаи роҳ дар торикӣ давом меёфт, зеро ба гуфти сокинони маҳал қариби як моҳ аст, ки дар ин ҳудуд барқро 4-5 соат дода шабурӯз онро хомӯш мекунанд ва мардум худро бо шамъу чароғ ва фурӯзонаку гармии печкаҳову сандалӣ фиреб медиҳанд.

Пас аз ин қадар мушкилӣ мо ба манзили лозимиамон расидем, аммо аҳволи роҳ, нобаробарии истифодаи роҳ ва шароити зисти  мардуми кӯҳистони маҳал моро то замони навиштани ин мушкилот ором нагузошт...

Нуралӣ Карим

ҚАРОР РӮИ КОҒАЗУ ПУЛГИРӢ ДАР АВҶ


Ба ҳар масъуле, ки муроҷиат кардем, танҳо ва танҳо аз боби ройгон будани муоинаи тиббии ҷавонони навхонадор (домоду арӯс) лаб мекушоду қарори мазкурро пеш мегузошт. Вале як тадқиқоти хурди мо нишон дод, ки ин қарор ба манфиати омма набуда, балки ашхоси манфиатхоњ онро помол кардаанд.

Чанд рӯзе аз хабарнигори ҷавони ҳафтавор Исломи Раҷабалӣ дарак нашуду диламон қарор нагирифта ба ӯ телефонӣ тамос гирифтем. Ҳамкасби мо иброз дошт, ки чандест, ки пушти маросими тӯям саргардонам ва бояд аз муоинаи тиббӣ гузарам. Чун чанде ҷавонон бобати пулакӣ муоина кардани табибон ба редаксия шикоят карда буданд, фурсатро ғанимат дониста, ба масали «Аз нӯги хамир фатир» гуфта, барои кушодани гиреҳи бастаи муоинаи тиббӣ ва мушкилоти ҷавонон дар рафти он тадқиқоти хурди журналистиро анҷом додем.

Пештоз бояд хотиррасон шавем, ки тибқи моддаи 15-и Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2011 таҳти №791 гузаштани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, (домоду арус) дар марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ройгон, яъне (бепул) муқаррар гардидааст. Инчунин, дар ҳамин қарори қабулгардида омадааст, ки «Муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад». Ҳоло мо дар зер ба таври пурра барои хонандаи закӣ дар беморхонаҳои вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб буда чӣ гуна сурат гирифтани муоинаи тиббии никоҳшавандагонро рӯи саҳифа меорем

Беморхонаи наркологӣ: қонундонҳо қонуншиканӣ мекунанд

Ин беморхона, ки яке аз нуқтаҳои тавсиявии муоина барои навхонадорон аст, ки бояд аз қайди ин беморхона ҳатмӣ гузаранд. Вақте, ки хостем ба сармутахассиси беморхона Сайлонбӣ Тағоева муроҷиат кардем, (сардухтур дар рухсатии меҳнатӣ будааст) мавсуф сараввал худро ҳомии қонун гирифта, қонунҳое, ки мо аз ибтидо онро сармашқи фаолияти кории худ гардондаем, хотирнишон сохт. Ҳол он ки маълумоти ба мо даркорӣ ба ягон гуна сирри махфӣ бастагӣ надошт. Аз ин хулоса кардем, ки ин нафар бояд аз ҳама ҷиҳат дар касби худ риоякунандаи қавонини ҷорӣ бошад. Дар хусуси муоинаи тиббии навхонадорон иброз дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 309 нафар аз муоина гузаштаанд. Касоне, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи САҲШ муроҷиат менамоянд, онҳое, ки камбизоат ҳастанд ва ҳатто бидуни ҳуҷҷати ҳуқуқӣ низ бепул хизмат мерасонем ва аз касе пул намегирему нагирифтаем. Вақте аз ин нафари «серталаб» ва «ба касби худ содиқ» аз мӯҳтавои қарори болотар дарҷшуда пурсон шудем, то дами варақгардон кардани чанд поп-файлу ҳуҷҷатҳои дигар натавонист дар кадом моддаву банд зикр шудани онро ба мо фаҳмонад. Хонум Тағоева дар рафти мусоҳиба ҳам аз ҳар ҷиҳат қоидаҳои кориро ба мо нишон медод ва ҳатто моро гунаҳкор низ кард. Дар оддитарин суол низ ба эҳсосот дода мешуду бо садои баландаш муҳити ҳуҷраи кориашро ноором месохт.

Мутаассифона, маҳз худи ҳамин масъули «қонундон» аз хабарнигори мо 20 сомонӣ гирифтааст-10 сомонӣ ҳаққи духтару 10 сомонии дигар аз они писар. Ана дар ҳамин сурат дарк кардем, ки Тағоева ки аз худ қонундони асил метарошид ба хотири манфиат қарори мазкурро кайҳост, ки пушти пой мезадааст.

Мутаассифона, қарори мазкур аз ҷониби дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, бахусус духтурони беморхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб риоя намешавад. Гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ дар ин муассисаҳо барои никоҳшавандагон зиёд мушкил ва нигаронкунанда мебошад.

Дар беморхонаи вӣлоятӣ ҳуҷҷати ҳуқуқиро талаб намекунанд

Санаи 17 - уми октябри соли равон барои муайян кардани гурӯҳи хун ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб рафтем. Дар ташхисгоҳ гӯё ҳама ба даҳон об гирифта бошанд, ягон тан аз масъулон напурсиданд, ки барои чӣ хунатро месанҷӣ ё роҳхати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали зистатро дорӣ ё не? Маблағ барои муайян кардани гурӯҳи хун 15-сомонӣ нархгузорӣ шуда буду мо низ ягон ќарору ќавонинро иќтибос наоварда ин маблағро супоридему беморхонаро тарк гуфтем.

Ғаюров дар ҳуҷраи корӣ нишаста, камбудиҳоро намебинад

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бобати масъалаи ҷойдошта чунин гуфт: «Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани муоинаи тиббӣ барои домоду арӯс ройгон аст. Яъне бепул муқаррар гардидааст. Ростӣ ман ҳам ин овозаҳоро мешунавам, аммо ягон нафар аз никоҳшавандагон то ба имрӯз ба мо муроҷиат ё шикоят накардааст. Тайи 2-3 моҳ боз ягон нафар шикоят кардагӣ нест. Ҳама мегӯянд, ки духтурони беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб аз никоҳшавандагон маблағ меситонанд. Дар солҳои аввал ҳам гузаштани муоинаи тиббӣ пӯлакӣ набуду духтурон маблағ мегирифтанд. Баъди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  ройгон шуд. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки аслан никоҳшавандагон аз ду муоина -гепотит ва ВНМО мегузаранд.»

Дар воқеъ, ҷаноби Ғаюров дуруст мегӯяд, ягон нафар муроҷиат накардаву шикоят набурдааст. Агар дар утоқи корӣ нишаставу танҳо ба оморҳо рӯ оварӣ албатта, ки ҳеҷ шикояте ба гӯшат намерасад. Он ҷавононе, ки аз ташхис мегузаранду боз аз онҳо пул ҳам мегиред, худ гирифтори сад мушкилу дигар проблемаи ҷашни тўяшонанд, аз куҷо серкории худро як сӯ гузошта ба назди шумо шикояткунӣ меомадаанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ низ муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба бахши иҷтимоӣ Кенҷамо Маҷидова гуфта буд, ки муоинаи ҳатмии ҷавонон ба таври ройгон сурат мегирад…

Маркази ВНМО: муоина «ради галочка»

Давлатов Акрам, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО-и ш. Кӯлоб, ки ҳамзамон дар утоқи кории Ғаюров қарор дошт, мегӯяд, ки домоду арӯс дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷат аз САҲШ ҳуқуқи ройгон гузаштан аз ВНМО - ро доранд. Бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда мо бе маблағ наметавонем аз муоинаи тиббӣ гузаронем. Тибқи Қарори 600 як нафар 22 - сомонӣ нархгузори карда шудааст. Ду нафар бошад маблағи гузаштани муоинаи тиббӣ 44 - сомониро ташкил медиҳад. Давлатов мегӯяд, ки дар сурате, ки шаҳрванд ҳуқуқу  уҳдадориҳои худро намедонад, дилхоҳ нафар аз ӯ маблағ меситонад.

Ба саволи мо, ки  дар 9 моҳи соли ҷорӣ чанд нафар (домоду арӯс) аз муоина гузаштаанд ва чанд ҳолати манфии бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст? Давлатов дар ҷавоб гуфт, ки ҳамагӣ дар бадани як нафар (духтар) бемории ВНМО ба қайд гирифта шуд. Ва онҳо оиладор шуданд. Мо ҳуқуқи вайрон кардани оилаҳоро надорем ва ба онҳо роҳҳои бемориро мефаҳмонем. Дар сурати натиҷаи манфӣ ба онҳо ягон ҳуҷҷат намедиҳем. Дар ҳоле, ки ВНМО маризии сирояткунанда асту ба атрофиён хатар доштанаш аён аст, чаро ки дар маркази мазкур ба ин масъала диққат намедиҳанду нафари беморро боз аз хонадоршавӣ манъ намедоранд? Пас, ташхис танҳо барои ба қайд гирифтану пул кор кардан аст?

Дар маркази бемориҳои пӯст ҷавонони сироятёфтаро иҷозаи хонадоршавӣ намедиҳанд

Дар Маркази вилоятии бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии ш. Кӯлоб акси фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон хело ҷиддӣ сурат мегирифтааст. Ин нуқтаро сардухтури марказ Муродов қайд кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон 542-нафар никоҳшавандагон аз ташхис гузаштаанд, ки аз инҳо як нафар бемории оташаки дараҷаи якум маълум гардид. То як давраи муайян издивоҷро мавқуф гузоштем ва се моҳ онҳоро зери назорат қарор додем ва табобат кардем. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки нархгузорӣ тибқи қарори №600 –и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Аз писар 19 - сомонӣ аз духтар 10-сомонӣ мебошад. Онҳое, ки аз САҲШ роҳхат дошта бошанд, ройгон аз ташхис мегузаранд. Дар сурати надоштани роҳхат маблағ ситонида мешавад. Маркази вилоятии бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии шаҳри Кӯлоб дар як сол анқариб ба маблағи 60-70 ҳазор сомонӣ ба сокинон ройгон хизмат мерасонидааст.

Миёни кормандони тиб корҳои фаҳмондадиҳӣ кам аст

Аксари масъулони марказҳои саломатӣ аз мӯҳтавои амиқи «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2011 таҳти №791 гузаштани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, (домоду арус) дар марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ройгон муқаррар гардидааст» бехабаранд. Инчунин муқаррароти моддаи 15 Кодекси Оилаи ҶТ-ро сарфи назар мекунанд. Ҳар вақти муроҷиат мутасаддиёне, ки ба қабули ҳуҷҷатҳо ва махсусан бо ҷавонони хонадоршаванда сару кор доранд, талаб кардани ҳуҷҷати тасдиқшавандаро (САҲШ) дуюмдараҷа медонанд. Аз ин рӯ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва сартабибонро зарур аст, ки ҳадди ақал дар як моҳ як ё ду маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мизҳои мудавварро таъсис дода, ба ин тариқ зердастони худро қонуншиносу аз тартиби қарору фармонҳои соҳавӣ ба таври зарурӣ огоҳ созанд.

Худойдоди Ислом

Исломи Раҷабалӣ

“ҶИЯН”-И ПРОКУРОР ХОНАҲОРО МЕСАНҶАД?

Ба таваҷҷӯҳи додситони кулл

Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ

“ҶИЯН”-И ПРОКУРОР ХОНАҲОРО МЕСАНҶАД?

Дар солҳои ахир сомонаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти нафароне хабар медиҳад, ки худро ҷияни вазиру кабир муаррифӣ намуда, даст ба ҷиноятҳои сангин мезананд, аммо ин сару садоҳо ва муҷозоту ҳушдор барои бархе нафарон то ҳол мояи ибрат нашудааст ва чунин шахсон аз номи додситониву  вазирон истифода карда, манфиат меҷӯянд.

Ҷияни додситон Машрабзода, ё муовини раиси Кумитаи заминсозӣ?

Тайи чанд моҳи ахир дар шаҳри Кӯлоб сокинон аз он шикоят доранд, ки муовини Кумитаи заминсозии шаҳр Аҳлиддин Бобозода худро ҷияни додситони минтақаи Кӯлоб Машрабзода муаррифӣ карда, даст ба тафтиши ғайриқонунии хонаҳои мардум зада истодааст. Касе, ки аз болои Ҷаноби Бобозода шикоят кардан хост, муовин ӯро таҳдид карда, худро ҷияни Машрабзода муаррифӣ намудаву даст ба корҳои ғайриқонуниаш зада истодааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар ҳар шаҳру новоҳӣ ҳаққи санҷидани ҳуҷҷатро дар он ҳоле муассиса пайдо мекунад, ки дар он иҷозаи муовини раиси соҳавии шаҳру навоҳӣ ва комиссия ташкил шуда, баъдан ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Аммо сокинони шаҳр мегӯянд, ки Аҳлиддин Бобозода, омада ба онҳо танҳо шаҳодатномаи хизматӣ нишон дода, аз онҳо ҳуҷҷати хонадориро талаб мекунад. Сокинон мегӯянд, ки намедонанд мақсади ӯ дар чист,аз ин боб чизе намегӯяд.

Ашуралӣ Мадалиев, сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба “Пайк” гуфт: ҳафтаи гузашта хонаводааш ба ӯ занг зада гуфтанд, ки як нафар аз Кумитаи замини шаҳр омада ҳуҷҷати хонаро пурсон дорад. Мард мушаввашхотир гашта аз ҷои кораш зуд ба хона рафта дид ва пурсон кард, ки ин нафар кист ва барои чӣ ҳуҷҷати хона барои ӯ лозим аст. Дар посух танҳо шаҳодатномаи хизматиашро нишон дода, ҳуҷҷатҳои хонаро талаб кардааст. Мадалиев қисса кард, ки ҳуҷҷаташро гирифта ба идораи Кумитаи замин рафт ва ҳуҷҷатро диду чизе нагуфта онњоро баргардонид.

“Ростӣ ман ҳиччиро нафаҳмидам, ки барои чӣ ҳуҷҷати хонаро Кумитаи замин ва он ҳам муовинаш бо нишон додани ҳуҷҷат месанҷад. Хонаводаам ба ман занг зад, аз Кумитаи замин омада ҳуҷҷати хонаро пурсон шудаанд. Рафтам, шаҳодатномаи хизматиашро нишон доду гуфт, ки ҳуҷҷати хонаатро гирифта ба кумитаи замин ой ва мо низ бурда нишон додем, дигар чизе нагуфт ва гашта рафтем”,--нақл кард Ашуралӣ Мадалиев.

Шаҳрдорӣ посух надод, Аҳлиддин Бобозода чигуна ваколат пайдо кард?

Аммо саволе матраҳ мешавад, ки пас дар шаҳру навоҳӣ идораи Меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки вазифаи аслии онҳо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб меравад дар чист? Магар бе иҷозат, бе имзои масъулини боло ва таъсиси комиссия тафтиши худсаронаи ҳуҷҷатҳои хонаи шаҳрвандон суистифода аз мансаби давлатӣ нест? Ин ҳам дар ҳоле, ки Бобозода на танҳо аз мансаби худ, балки аз мансаби прокурори минтақаи Кӯлоб суистифода кардааст, чуноне, ки гуфтем худро ҷияни прокурор муаррифӣ мекунад. Дигар шаҳрвандони ҳайратзада то ҳанӯз намедонанд, ки  ҷаноби Аҳлиддин Бобозодаро кӣ ваколатдор кардааст, ки рисолати муовини раиси шаҳр Пулод Ҳафизовро, ки раиси комиссияи манзил аст, бар дӯш гирад. Ё шояд гумон мекунад, ки ҷияни прокурор буданаш мансаби махсус аст?

Аз ин рӯ барои дақиқ кардани масъала ва ба корафтодагон фаҳмондани он ба назди ҷанобӣ Аҳлиддин Бобозода раҳсипор шудем ва хостем донем, ки ин ҳодиса то чӣ андоза воқеъӣ мебошад. Ҷаноби Аҳлиддин Бобозода аз курсии нишастааш бар нахеста, бо телефон сӯҳбат анҷом медод ва мо худро муаррифӣ кардем, ки аз рӯзномаи “Пайк” омадем, то воқеиятро фаҳмем, ки ӯ дар кадом асос ҳуҷҷати хонаи сокинонро месанҷад. Посух гуфт, ки рафта иҷозаи раиси шаҳрро гиред, баъд сӯҳбат хоҳад кард. Аммо дар ин миён саволе пайдо мешавад, ки чаро Аҳлиддин Бобозода, муовини Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб барои тафтиши ҳуҷҷати хонаҳо иҷозаи раиси шаҳҳро нагирифт ё ҳаддӣ ақал муовини соҳавиро? Баъди пофишорӣ ва саволҳои пайдарпайи мо аз мудири кадом идора ва кадом ашхос сӯҳбат мекард, худро роҳбари ин корхона ва заминҳои шаҳри Кӯлоб медонист ва суханро ба ҳар тараф мебурд, ки гуноҳаш фош нашавад. Аммо худ намедонист, ки чӣ кореро бе иҷоза анҷом дода истодааст. Гуфтор дарҳаму барҳам ва берабту бенизом буд.

Машрабзода: ман чунин ҷиян надорам!

“Барои санҷиш мо ба раиси шаҳр пешниҳод кардем, вале ҷавоб нагирифтем, вале аз рӯзе дар ин вазифа таъин шудам ба санҷиши ҳуҷҷатҳои хонаҳо машғулам”,--мегӯяд Аҳлиддин Бобозода.

Вале ин муовини раиси Кумитаи заминсозӣ иқрор мешавад, ки то ҳол раиси шаҳр ҷавоб ба дархости ӯ надодааст, аммо чигуна бе иҷозати раиси шаҳр ҳуқуқи тафтишро пайдо кард ё шояд худаш, ба саволи мо, ки чаро худро ҷияни додситон муаррифӣ мекунад, дар посух боз ҳам аз ҷияну писари кадом одам буданаш сӯҳбат мекард, ки ба мо ҳеҷ рӯшан нашуд ин шахс дар асл ҷияни кист.

Аммо барои дақиқ кардани ин, ки Аҳлиддин Бобозода, муовини Кумитаи заминсозии шаҳр дар воқеъ ҷияни додситонӣ ҳаст (чуноне, ки боисрор мегуфт) ба суроғи ӯ рафтем.

Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ин ҳамаро инкор кард ва гуфт, ки ӯ чунин шахс гуфтани ҷиян дар Кӯлоб надорад. Машрабзода суҳбаташро идома дода гуфт, ки ӯ ду ҷияни биологӣ дорад, он ҳам дар Кӯлоб нестанд ва ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки ҷиянҳояш аз мансаби ӯ суистифода кунанд.  Ӯ дар идома гуфт, ки ин нафарро ҳатман ба додситонӣ даъват карда, қазияро санҷида мебинад.

Баъди анҷоми сӯҳбат ҳангоме, ки мо тарки бинои додситонӣ мекардем ҷаноби Аҳлиддин Бобозода ба назди додситон даромад. Сӯҳбаташон бо чӣ анҷомид, мо намедонем, аммо борҳо мушоҳида кардем, ки чунин ашхос ҳамвора аз об хушк баромадаанд.

Ин аввалин нафаре нест, ки баъди чанде ҷинояташ ошкор шуда, аз сӯи мақомот ҷазо дода мешавад. Ҳатто афроде буд, ки худро писари Пешвои миллат муаррифӣ карда, даст ба даҳҳо ҷиноят зада буд. Шояд Аҳлиддин Бобозода низ дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб кору фаъолият карда, аз номи додситони минтақа суистифода карда бошад. Ҳатто шояд даст ба чунин аъмоли ғайриқонунӣ зада бошад, ки ин дигар ба салоҳияти худи додситону дигар мақомот вобаста аст. Ҳоло ин аввалин корҳои ғайриқонунии як нафар, он ҳам муовини Кумитаи замини шаҳр аст, ки ошкор мешавад ва дар оянда низ дар ин масъала бар хоҳем гашт, зеро пеш аз Аҳлиддин Бобозода даҳҳо нафари дигар фаъолият карда буданд, аммо боре сокинон аз тафтиши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои хонаҳояшон шикоят надоштанд. Тафтиш буд, аммо он ҳам дар баҳсҳои хонаводагӣ ва ғасбу дигарҳо буд, ки он бо иҷозаи суд анҷом мешуд. Аммо сокинони калонсол низ мегӯянд, ки дар ҳаёти сарашон бори аввал мебинанд, ки аз идораи заминсозӣ омада, ҳуҷҷати хонадорӣ месанҷанд ва боз худро ҷияни прокурор муаррифӣ мекунад. Охир пеш аз замин додан онқадар месанҷанд ва ҳуҷҷат омода месозанд, ки сари калобаатро гум мекунӣ.

Барнои Бегмадзода

Страница 1 из 7

Суроғаи мо:

Joomla ru